Мавлоно Убайди Зоконӣ ва латифаҳои арабӣ

Автор: Мардони Тоджиддин

Расм

Омӯзиши мероси адабии классикони гузашта барои мо фоидаи беандоза дорад, зеро аз он мо чизҳои гуногунро ёд мегирем ва дар бораи ҳаёти пешгузаштагон маълумоти гаронбаҳо ҳосил менамоем. Дар осори адибони асрҳои миёна ҳамчун дар оина ҳаёти пурошӯби халқ инъикос ёфтааст. Аз як тараф ин адибон дар асарҳои мансур ва манзуми худ инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, рафоқат, меҳнатдӯстӣ, ишқу муҳаббати пок ва дигар хислатҳои наҷиби одамиро тараннум карда, аз тарафи дигар нафрат ва кинаву адовати худро нисбат ба зулму истибдод, истисмори одам аз тарафи одам баён менамудаанд, фисқу разолати замони мудҳиши феодалиро фош мекарданд.

Омӯзиш ва тадқиқу таҳлили осори пешгузаштагон аз он ҷиҳат муфид аст, ки мо саҳифаҳои инкишофи афкори сиёсию иҷтимоӣ ва фалсафии халқамонро як-як аз пеши чашм мегузаронем ва дониши худро аз он дурдонаҳо мукаммал месозем. Бе донистани гузаштаи мо илму дониши ҳозиразамонро ба роҳи дурусти ҳаётӣ ва пояи мустаҳкам монда наметавонем. Ҳаминро дар назар дошта В.И. Ленин дар баромади худ дар съезди III комсомол чунин арз карда буд: «Танҳо дар он сурат коммунист шудан мумкин аст, агар кас хотираи худро бо дониши ҳамаи он ганҷинаҳое, ки инсоният кор карда баровардааст, бой гардонад» [1, 2].

Гузаштагони мо мероси илмӣ ва адабии пурбаҳое боқӣ мондаанд, вале боиси таассуф аст, ки ворисон дар замони ҳозира аз он сарвати ғании маънавӣ пурра баҳравард нагардидаанд, зеро як қисми он ба забони арабӣ то ҳол мавриди тадқиқу таҳлили ҳаматарафа ва тарҷума қарор нагирифтааст. Чунон ки маълум аст, суханварони форсу тоҷик дар асрҳои миёна баробари бо забони модарии худ асар таълиф намудан ба забони арабӣ низ асарҳо эҷод мекарданд. Дар асрҳои VIII−IX миёни адибони форснажод ба арабӣ асар навиштан ва шеър сурудан расм шуда буд. Ҳатто дар асри X, ки давраи ташаккулу такомул ва гул-гулшукуфии забон ва адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад, дар Мовароуннаҳру Хуросон як зумра шоироне ба арсаи адабиёт қадам ниҳоданд, ки бо забони арабӣ ва ё ба ду забон-дарӣ ва арабӣ-шеър мегуфтанд, асарҳои насрӣ меофариданд. Ба ин ҷилди чоруми тазкираи «Ятимат уд-даҳр»- и Абу Мансур ас-Саолабӣ шаҳодат медиҳад, ки намунаҳои эҷодиётит 119 адиби арабизабони форсу тоҷикро дар бар гирифтааст. Гарчанде аз ибтидоли асри X сар карда забони форсӣ-тоҷикӣ мавқеи худро қариб дар ҳамаи соҳаҳо қавӣ намуда доираи нуфузи забони арабиро хеле танг карда буд, дар адабиёт анъанаи арабигӯӣ давом дошт. Дар давраҳои минбаъда ҳам анъанаи мазкур дар эҷодиёти суханварони номии форсу тоҷик ба монанди Умари Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Ҷомӣ ва бисёр дигарон идома ёфтааст.

Қисми арабизабони эҷодиёти онҳо маҳз барои анъанаи хушку холӣ офарида нашуда, балки барои хонандагони арабидон, ки дар он замона кам набуданд, таълиф гардидааст. Асарҳои ба забони арабӣ навишташудаи намояндагони адабиёти форсу тоҷик қисми таркибии эҷодиёти онҳо мебошад ва бе омӯзиши вай мо дар бораи симои онҳо тасаввури куллӣ пайдо карда наметавонем. То ҳол дар натиҷаи саъю кӯшиши олимони шарқшиносу адабиётшинос, мутарҷимон як силсила асарҳои илмӣ ва бадеии муаллифони асрҳои миёнаи форсу тоҷик, ки ба забони арабӣ аст, дастраси оммаи васеи хонандагон гардонида шудааст. Аммо бо ҳамин кор дар ин соҳа ба анҷом нарасида, балки акнун оғоз ёфтааст. Осори арабизабони адибони асрҳои миёнаи форсу тоҷик як ганҷи бебаҳои дастнорасидаеро ташкил медиҳад, ки кашфкунандагони худро мунтазир аст. латифаҳои арабии Мавлоно Низомиддин Убайдуллоҳи Зоконӣ дурдонае аз ин ганҷ мебошад.

Убайди Зоконӣ яке аз ситорагони дурахшони осмони илму адаб буда, бо эҷодиёти худ чун шоири ширинсухан ва ҳаҷвнигори забардаст дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шӯҳрати зиёде дорад. Эҷодиёти ӯ солҳост, ки диққати шарқшиносони мамлакатҳои гуногунро ба худ ҷалб намуда, доир ба он рисолаҳо ва мақолаҳои зиёде навишта шудаанд, қисме аз онҳо ба якчанд забони аврупоӣ тарҷума гардидааст. Бояд гуфт, ки ақидаҳои муҳаққиқон оид ба шахсият ва ҷаҳонбинии Убайди Зоконӣ тамоман мухталифанд. Баъзеи онҳо эҷодиёти ӯро дар алоқамандӣ бо маҳдудияти давраи феодалӣ наомӯхта, муҳити таърихиеро, ки Убайди Зоконӣ дар он мезист, аз назар соқит карда, ба ӯ хусусиятҳоеро нисбат медоданд, ки онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ доро намебошад. Дигарон, баръакс бештар ба қабоҳати забони осори ӯ алалхусус латифаҳои тоҷикӣ ва арабиаш ишора карда, дар бораи қиммат ва арзишҳои эҷодиёти ӯ аз рӯи шубҳа сухан меронанд. Ақидаи дуюм миёни адабиётшиносон роиҷ буда сабабгори он шудааст, ки омӯзиши эҷодиёти Убайди Зоконӣ чандин сол ақиб монда роҷеъ ба он ягон тадқиқоти мукаммале ба анҷом нарасид. Ҳатто шарқшиноси намоёни советӣ Е.Э. Бертельс як вақт пайрави ақидаи мазкур будааст, ки аз ин гуфтаи зерини ӯ бармеояд: «Зоконӣ-образчаи равшани дуруштӣ, сукут ва вайроншавии қувваҳои маънавию ахлоқӣ дар замони машаққатноки ҳукумронии муғулон мебошад. Ришханд ва истеҳзои дағал, беҳаёӣ ва қабоҳат, ки ба дараҷаи бемаънигӣ ва фачигарӣ мерасад, ин аст хусусият ва хислатҳои эҷодиёти ӯ» [2, 65]. Ин албатта, ба эҷодиёти Убайди Зоконӣ рӯякӣ нигоҳ кардан аст. Убайди Зоконӣ чуноне, ки маълум аст дар латифаҳои худ ақидаҳояшро нисбат ба ҳодисаҳои гуногуни замонаш дар шакли ҳазлу шӯхи пардапӯш кардааст, вале ҳар як тадқиқотчӣ ва ё хонандаи оддӣ бояд бо диққат онҳоро мутолиа намуда, вобаста ба шароити иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии замони зиндагии нависанда хулосаҳои дуруст ва обективӣ барорад. Ҳар як хонанда ҳангоми хонандаи кадом асари бадеие, ки набошад бояд фикр ва тахайюли худро ба кор бурда, он образу ҳодисаҳоеро, ки адиб ба воситаи рамзҳо тасвир кардааст, тасаввур кунад ва фаҳмида гирад. Ва, чуноне ки Карл Макс дар ин бора қайд карда буд, «адиб вазифадор нест, ки ба хонанда ҳалли ояндаи таърихии зиддиятҳои ҷамъиятии тасвиркардаашро дар шакли тайёр пешкаш намояд» [3, 333].

Дар ин ҷо шароити феодализми асримиёнагӣ ва муҳити даҳшатноки истилои муғулҳо, ки Убайд дар он зиндагӣ кардааст, аз мадди назари Е.Э. Бертельс дар канор мемонад. Истилои муғулҳо мудҳиштарин ҳодисаи асрҳои миёна буда, ба сари мардумони Осиёи Миёна ва Эрон азобу уқубатҳои зиёде овард. «Юғи муғулӣ,- гуфта буд Маркс,- бо ифлосии хунолуди худ халқеро, ки қурбони вай гашта буд, на танҳо пахш мекард, балки иззати нафси ӯро таҳқиру поймол менамуд» [4, 185]. Синфи доро дар ин давра на танҳо бар зидди истилогарони аҷнабӣ мубориза набурд ва манфиатҳои миллии халқро ҳимоя накард, балки ҳамроҳи онҳо мардуми заҳматкашро боз ҳам бештар истисмор мекардагӣ шуд. Ин ҳолатро мушоҳада карда, Убайди Зоконӣ нештари ҳаҷви худро боз ҳам тезтар ва заҳрноктар сохта, бар зидди табақаҳои болои фисқу фуҷур ва фасоди ҷамъияти замонаш равона мекунад.

Дар ҳақиқат ҳам як қатор латифаҳои тоҷикӣ ва арабии Убайди Зоконӣ аз ҳайси мазмун ва забон берун аз ахлоқанд. Лекин ҳаминро бояд дар назар дошт, ки онҳо барои ҳакиме ё ашрофе бахшида нашудаанд, балки ба оммаи халқ равона карда шудаанд. Дар зери пардаи шӯхӣ ва ҳазли қабеҳ мавзуъҳое ниҳонанд, ки аз танқид ва эътироз ба муқобили ахлоқи фосидаи давр иборатанд. Ҳаминро пай бурда шарқшиноси маъруфи рус А. Кримский чуин навишта буд: «Аз латифаҳои беодобонаи Убайди Зоконӣ тасвирҳои беҳамтои урфу одатҳои ҳамон давр низ зоҳир мегарданд ва аз онҳо оҳанги заҳролуди фошкунанда бо як қувваи азиме садо медиҳад» [5, 106].

Бо мурури замон нуқтаи назари муқаққиқон оид ба эҷодиёт ва забони осори Убайди Зоконӣ комилан тағйир ёфт. Ҳанӯз дар солҳои 40-ум олими англис Эдвард Браун доир ба Убайди Зоконӣ мулоҳизаҳои худро баён намуда изҳори ақида карда буд, ки бо вуҷуди ҳама бадзабонӣ ва ҷасорати калом ӯ ба диққат ва аҳамияти бештар аз он ки ба ӯ то кунун медоданд, ҳақ дорад [6, 286].

Дар солҳои охир якчанд кори тадқиқотӣ анҷом дода шудааст, ки ба масъалаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Убайди Зоконӣ ва равшан намудани баъзе ҷиҳатҳои торики эҷодиёти ӯ бахшида шудааст. Аз ҷумлаи ин тадқиқот рисолаи Насурулло Довудӣ «Дар шинохти Убайди Зоконӣ»-ро номбар кардан зарур аст, ки ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тарҷумаи ҳол, мероси илмию адабӣ, ақоиди сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии Убайди Зокониро дар бар гирифтааст.[7, 185].

Муҳаққиқи дигари эронӣ Ғуломҳусайн Юсуфӣ дар бораи хусусиятҳои латифаҳои Убайди Зоконӣ сухан ронда аз ҷумла чунин менигорад: «Зароифи ӯ бедоркунанда аст. Табассуме, ки бар лабони ӯ нақши баста бештар ба як нешханд шабеҳ асту гоҳ ба заҳрханд. Дар аксари ин нуктаҳои ширин талхии ғаму ранҷ нуҳуфтааст» [8, 307-314].

Гарчанде дар солҳои гуногун як қисми осори Убайди Зоконӣ аз тарафи олимон нашр карда шуда бошад ҳам, [1] то қарибӣ куллиёти ӯ вуҷуд надошт. Ниҳоят соли 1962 дар Теҳрон куллиёт бо саъй ва эҳтимоми адабиётшиноси эронӣ Парвиз Атобакӣ ба табъ расонида шуд, ки шомили тамоми асарҳои мансур ва манзуми шоир мебошад. Муқаддима ва шарҳи ҳоли шоир бо қалами Аббос Иқболи Оштиёнӣ тааллуқ дошта дар он оид ба Убайди Зоконӣ чунин навишта шудааст: «Агарчи қисме ӯро аз зумраи ҳаззолон мешуморанд, вале ҳаққи инсоф ин аст, ки бо вуҷуди ёфт шудани базлаву ҳазлу ҳаҷв дар ашъори ӯ, пояаш аз он болотар аст, ки ӯро ҳаззол шуморидаанд. Балки дар миёни шуаро аввалин латифасанҷ ва нодирасарост ва дар ин шева касе ба пояи ӯ нарасидааст» [9, 35-36].

Ширин Баёнӣ низ дар асари худ «Таърихи оли Ҷароил» дар бораи ҳаёт, эҷодиёт ва замони зиндагии Убайди Зоконӣ маълумоти мухтасаре медиҳад. [10, ?].

Шарқшиносони советӣ низ дар соҳаи омӯзиши эҷодиёти Убайди Зоконӣ корҳои зиёдеро ба амал баровардаанд, ки мақоми ӯро дар таърихи адабиёти асрҳои миёнаи форсу тоҷик равшан инъикос менамоянд.[2]

Дар адабиётшиносии советии тоҷик номи Убайди Зокониро нахустин бор устод Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» зикр кардааст. Ӯ ду порча аз «Ахолоқ-ул-ашроф» ва баъзе намунаҳоро аз рисолаи «Таърифот» гирд овардааст [11, 114-117].

Дертар олимони тоҷик бахшида ба Убайди Зоконӣ як қатор асарҳои илмӣ-тадқиқотиро анҷом доданд, ки аз онҳо рисолаи Мӯсо Раҷабов «Мировоззрение Убайда Зокони» (Ҷаҳонбинии Убайди Зоконӣ) ва мақолаи калони Х. Мирзозода «Ҳаҷвнависи бузург Убайди Зоконӣ» бештар ҷолиби диққат мебошанд.

Х. Мирзозода инчунин «Куллиёти мунтахаби Убайди Зоконӣ»-ро тартиб дода ба табъ расонидааст. Дар вақтҳои охир китобҳо ва дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мақолаҳои зиёд доир ба Убайди Зоконӣ ва намунаҳо аз мероси адабии ӯ ба чоп расиданд, ки ин дар соҳаи омӯзиш ва таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти бостонии тоҷик саҳми арзандае мебошад.[3]

Бо таассуф бояд қайд кард, ки дар аксари адабиёти номбаршуда оид ба латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ сухане намеравад, ё ба вуҷуд доштани онҳо ишора карда шуда намунае оварда намешавад. Дар асари зикршудаи Э. Бравн танҳо се латифаи арабӣ ҷой дода шудааст [6, 283-284]. Дар китоби «Боғи дилкушо» (мураттиб М. Бақоев) ду-се латифаи арабӣ иштибоҳан дар қатори латифаҳои тоҷикӣ дохил карда шудаанд [12, 36-37]. Маҷмуаи осори мунтахаби Убайди Зоконӣ, ки аз тарафи Н. Кондыриева тартиб дода шуда дар Москва ба забони русӣ аз чоп баромадааст, баробари порчаҳо аз асарҳои мансур ва манзуми шоир тарҷумаи русии бисту панҷ латифаи арабиро дар бар мегирад [13, 136-141]. Ягона китобе, ки латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ дар он нисбатан пурра оварда шуда бошанд, куллиёти дар Теҳрон чопшудаи ӯст, ки 94 латифаро дорост.

Латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ дар мавзуъҳои гуногун навишта шуда мазмуни амиқи иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқию тарбиявӣ доранд. Ин латифаҳо на барои шод гардонидани завқ ва табъи хонандагон офарида шудаанд, балки муаллиф дар онҳо нафрату адовати худро нисбат ба табақаи ҳоким, аҳли сарват ва ақидаи зиддифеодалон, нисбат ба кирдори ношоистаи динпарастони мутаассиби ислом ба таври қатъӣ баён мекунад. Дар латифаҳои арабӣ ғазаб ва эътирози Убайди Зоконӣ ба муқобили зулму асорати сармоядорон аз болои мардуми мазлум ва бенавои шаҳру деҳот, бар зидди зуҳуроти мухталифи ахлоқи фосиди давр чӯш мезанад. Бесабаб нест, ки худи шоир хонандаро огоҳ ва таъкид мекунад:

Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфторро,

Ҳаҷв бигзору ҷид аз ӯ бардор!

Убайди Зоконӣ дар латифаҳои арабӣ инчунин бо танқиди урфу одат ва ақидаҳои динӣ баромад кардааст. Ӯ феодалон ва такягоҳи онҳо муфтиҳо, қозиҳо, муҳтасибҳо ва дигар мансабдорони рӯҳониро ҳадафи ҳаҷв мекунад. Аз тасвирҳои ӯ дар пеши назари мо рӯҳониён зоҳиран поку ботақво, вале ботини фосиду фасодкор намоён мегарданд. Рӯҳониён ва феодалон мехоҳанд бо ҳар гуна ҳилаву фиреб мардуми заҳматкашро дар зулумоти рӯҳию маънавӣ нигоҳ доранд. Аз ин рӯ, онҳо зулму тааддии худро дучанд карда, ҳама гуна озодфикрӣ ва эътирознамоиро пахш мекарданд. Дар мамлакат ҷаҳолат, бесаводӣ ва қашшоқии том ҳукмфармо буд. Ҳар қадаре, ки синфи доро халқи ситамкашро бераҳмона истисмор намуда, бой мегардид, мардуми одӣ ҳамон қадар камбағалтару қашшоқтар мешуд. Суханони зерини Маркс, ки дар бораи ҳаёти асримиёнагии Ғарб гуфта шудаанд, ба замони зиндагии Убайди Зоконӣ низ рост меоянд. Ҳамаи табақаҳои болоии империя, навишта буд Маркс аз ҳисоби макидани охирин қатраҳои хуни деҳқонон рӯз мегузарониданд [14, 357].

Ҳамин вазъиятро Убайд бо чашмони худ мебинад ва аз ин рӯ, теғи ҳаҷви худро ба муқобили рӯҳониёни олимансаб, муқаллидони расму оини динӣ, ки мардумфиребӣ ва мардумозориро касби худ намудаанд, равона месозад. Вале ин ҳанӯз даҳригӣ (атеизм) намебошад. Убайди Зоконӣ дар муҳити асримиёнагӣ, ки дар он идеологияи ислом хело пурқувват буд, зиндагонӣ карда берун аз мафкураи он истоданаш имконнопазир буд. «Убайди Зоконӣ, қайд карда буд А.М. Баҳоваддинов аз рӯи ақидаи худ материалист намебошад. Ӯро даҳрӣ шуморидан ҳам мумкин нест. Ӯ аз қабили он мутафаккиронест, ки аҳволи вазнини оммаи меҳнаткаши замони худро медиданд, рӯҳониён ва расму оини диниро зери танқид мегирифтанд, аммо роҳҳои аз ин даҳшатҳои феодализм халосшавии халқро намеёфтанд, гарчи самимона ҷустуҷӯ мекарданд» [15, 198].

Убайди Зоконӣ, ки қисми зиёди умрашро дар байни халқ гузаронидааст, тамоми азобу машаққатро якҷоя бо халқ дарк намудааст ва аз ин рӯ, дар асарҳои вай, аз ҷумла латифаҳои арабӣ, на танҳо фикру ақидаҳои шахсии Убайд, балки афкори ҷамъиятии ҳамзамонаш ифода гардидааст. Ба ин маънӣ суханони адиби машҳури даниягӣ Г. Ибсенро овардан ҷоиз аст, ки гуфтааст: «Ҳеҷ як нависанда азобу уқубатро танҳо аз сар намегузаронад, он азобе, ки ӯ мекашад, азоби ҳамаи ҳамзамонон ва ҳамватанон мебошад» [16, 653].    

Убайди Зоконӣ хулқу атвори халқи одиро борҳо дарк ва мушоҳида кардааст ва дар латифаҳои арабиаш, соддагӣ, тезфаҳмӣ, оқилӣ, ҳозирҷавобӣ, рӯҳбаландӣ, ва зиндадилии намояндагони оммаи васеи мардуми заҳматкашро бо муҳаббат тасвир менамояд ва дар пеши назари мо ӯ ҳамчун тарафдор ва ҳомии мазлумон ҷилвагар мешавад. Ягон образ, ҳодиса, хислат ва феълу атвори одамон аз назари Убайди Зоконӣ дар канор намондааст. Барои ӯ ягон чизи ғайри муҳим ва аз аҳамият холӣ нест. Натиҷаи ҳамин буд, ки Зоконӣ ба ҷиҳатҳои мухталифи ҳаёт дахолат намуда, дар ҳаҷвияҳои арабӣ чӣ ҳодисаву масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва чи ҳолату вазъияти гуногуни рӯзгорро инъикос кардааст. Убайди Зоконӣ ба проблемаҳои ҷиддии замони худ, аз ҷумла зулми истилогарони муғул ва амалдорони маҳаллӣ аз болои халқи ситамкаш, баҳсу муноқаша ва ҷангу ҷидолҳои мазҳабӣ, ки аксаран бо хунрезиҳо анҷом ёфта, ба сари мардум азобу кулфатҳои зиёде меоварданд, бештар таваққуф намудааст. Умуман, ба муҳити феодализми асримиёнагӣ ҷангу мқҳорибаҳои динӣ-мазҳабӣ ва ба воситаи яроқ ҳал намудани зиддиятҳои байнифеодалӣ хос буд. Ҳол ин буд, ки навкарон барои хизмати шоҳу феодалҳо аз байни халқ ҷамъ карда мешуданд ва дар ҷангҳои байниҳамдигарии феодалҳо истифода бурда мешуданд. Онҳо барои чӣ ҷангидани худро надониста, бо амри аҳли сарват хуни якдигарро мерехтанд. Ин масъала дар яке аз латифаҳои Убайди Зоконӣ ба ин мазмун ифода шудааст:

Аз сарбозе пурсиданд: «Ту ба ҷанг нарафтӣ магар?» Гуфт: «Ба Худо савганд, ки ман ягонторо ҳам аз душманон нашиносам ва онҳо низ маро намешиносанд, пас миёни мо чӣ тавр душманӣ ба вуқӯъ ояд?»

Ҳаҷви Убайди Зоконӣ ба муқобили табақаҳои ҳукмрону истисморгар равона карда шуда, тамоми хислатҳои пасти онҳо филҷумла разолат, фисқу фасод, мунофиқӣ ва ғурур, ҷоҳпарастӣ ва ҷаҳолат, тамаллуқ ва тамаъкориро ошкор месозад. Убайд дар латифаҳои арабиаш аз тарафи асҳоби мулку сарват ва ҳокимон талаву тороҷ шудани халқ хонавайронӣ, гуруснагӣ ва бебизоатии оммаҳои меҳнаткашро тасвир намуда, образҳои бечорагону бенавоёни замони худро муҷассам сохтааст. Ва дар ҳамаи латифаҳои форсию арабии Убайд ҳамин хусусияти меҳру муҳаббат доштани ӯ нисбат ба халқ баръало зоҳир мегардад.

Агар мо латифаҳои арабии Убайди Зокониро бо он латифаҳое, ки дар байни халқ маълуму мақбуланд муқоиса намоем, ба якдигар қаробати бевосита доштанашонро дида метавонем. Чӣ аз ҷиҳати мавзуъ, ғоя, афкор, ифоданокӣ, образнокӣ ва чӣ аз ҷиҳати таъбиру суханронӣ онҳо ба ҳам хело монанду наздиканд. Бешубҳа, Убайди Зоконӣ аз ганҷинаи эҷодиёти даҳанакии халқ васеъ истифода бурдааст. Аз тарафи дигар, латифаҳои эҷодкардаи вай низ дар байни омма паҳн шудаву машҳур гардида, ба фолклор дохил шудаанд. Ва ҳоло муайян кардани манбаъи латифаҳо, яъне ба Убайди Зоконӣ ё ба халқ мансуб будани онҳо кори ниҳоят мушкил аст. Чуноне, ки В. М. Асрорӣ дуруст қайд менамояд: «ҳаҷву мазҳакаи Убайди Зоконӣ дар ҳама шакли хоси худ иҷтимоӣ ва ниҳоят тезу тунд буда, ба хусусияти халқӣ ва соддабаёниаш оммавӣ шуда, монанди фолклор аз даҳон ба даҳон гузашта, паҳн гардидааст» [17, 135].   

Эҷодиёти Убайди Зоконӣ аз эҷодиёти даҳанакии халқ сарчашма ва ғизо гирифта, ба ақлу хирад ва заковати он робитаи зич дорад. Барои тақвияти ин фикр бо овардани як мисол аз латифаҳои арабии ӯ иктифо менамоем:

Рӯзе Анӯшервон барои шунидани арзу доди мардум нишаста буд. Марди пастқаде наздаш омад ва фарёд зад:

- Ба ман зулм карданд!

Гуфт:

- Дурӯғ магӯ. Наход ба ту барин одами кӯчак касе зулм кунад?

Гуфт:

- Эй шоҳ, он касе, ки ба ман зулм кард, аз ман ҳам пастар буд.

Шоҳ бихандид ва фармуд, ки кори ӯро аз рӯи инсоф ҳал кунанд.

Ин латифа пеш аз замони Убайди Зоконӣ миёни мардум хеле паҳн будааст, зеро он дар асари муаллифи сурёнӣ Илья бар Шинайя (ваф.1026 м.) дар боби «Пандҳои судбахши ҳакимони форс» бо андаке тағйирот оварда шудааст:

Рӯзе дар кӯча назди шоҳ Хусрав одами пастқаде пеш омад зор-зор гириста гуфт:

- Илтиҷо мекунам, адолати хешро бинмой, ки маро зулм карданд! Хусрав аз ӯ рӯй гардонд ва сукут кард. Он гоҳ яке аз ашроф пурсид:

- Чаро шикояти ин мардро гӯш кардан нахостӣ?

Шоҳ гуфт:

- Ба чунин пастқадон касе зулм намекунад.

Марди шиквагар мисли барзагов фарёд баровард:

- Эй ҷаноби шоҳ, касе ки ба ман зулм кард, аз ман ҳам пасттар буд!

Инро шунида Хусрав табассум кард ва фармуд то шикояти худро арз кунад.

Дар адабиёти классикии форсу тоҷик анъанаи ҳаҷвсароӣ дер боз вуҷуд дошт. Ҳаҷвро мо дар осори шоироне, ки пеш аз Убайди Зоконӣ умр ба сар бурдаанд, мебинем, аз ҷумла дар ашъори Фаррухӣ, Унсурӣ, Анварӣ, Манучеҳрӣ ва ғайраҳо. Аммо ҳаҷви онҳо бештар характери алоҳидаи шахсӣ дошта, хеле маҳдуд буд. Онҳо бештар фикру ақидаи фардии худро нисбат ба ягон шахс, ё ҳодиса баён менамуданд вале аз ҳаҷву танқид кардани ҳодисаҳои типпии сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ё ахлоқии даври худ даст мекашиданд. Ҳаҷв дар эҷодиёти Саъдӣ, хусусан дар «Мутоибот» -аш низ бисёр дида мешавад. Дар байни ҳикояҳои пандуахлоқии Саъдӣ ҳикояҳоеро низ дидан мумкин аст, ки дар онҳо ҳодисаҳои гуногуни ҷамъиятии давраш ҳаҷву танқид карда шудаанд. Аммо ҳаҷви Убайди Зоконӣ бошад, характери умумиҷамъиятӣ дошта, масъалаҳои мухталифи замони феодализми асримиёнагиро мунгтазам фош мекунад. Аз ҳар як ҳаҷвияи Убайди Зоконӣ оҳангҳои эътирози ғазаболуд ба гӯш мерасад. Ба эҷодиёти Зоконӣ менависад,- И. С. Брагинский,- «типи ҳаҷве хос аст, ки аз танқиди ночиз ва баъзан қабеҳи шахсони алоҳида иборат набуда, балки ҳаҷви иҷтимоиест, ки фасоди ҷамъиятиро фош мекунад. Ана маҳз дар ҳамин аст аҳамияти фанонопазирии ҳаҷвиёти Зоконӣ, ки асосан дар рисолаҳои мансури ӯ сабт ёфтааст» [18, 352]. Ин гуфтаи И. С. Брагинский бевосита ба латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ низ тааллуқ дорад.

Убайди Зоконӣ беҳтарин намунаи ҳаҷвро офарида, чун санъаткори моҳир дар ин соҳа нишон додааст. Ӯ дар соҳаи ҳаҷв дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми олиеро ишғол менамояд ва аз рӯи характери эҷодиёти худ дар ин жанри адабӣ аз пешгузаштагони худ як дараҷа боло меистад. Дар ҳамин асос, мо Убайди Зокониро ба маънои пурра асосгузори ҳаҷвнависӣ дар адабити форсу товик меномем, зеро ба ибораи В. И. Ленин: «Хизматҳои таърихии шахсони бузург на аз рӯи он тақдир карда мешаванд, ки онҳо нисбат ба талаботи замони ҳозира чиро накардаанд, балки ба онҳо аз рӯи он баҳо дода мешавад, ки нисбат ба пешгузаштагони худ онҳо чи чизи нав додаанд» [19, 2, 51].

Таъсири Убайди Зоконӣ ба адабиёти минбаъда, хусусан дар соҳаи ҳаҷв ниҳоят бузург аст. Баъдтар дар адабиёти форсу тоҷик як қатор шоирон ва нависандагони барҷастае пайдо шуданд, ки дар эҷодиёти онҳо анъанаи ҳаҷвсароии Убайди Зоконӣ давом карда, такмил дода шудааст ва бозҳам ривоҷу равнақ ёфтааст. Зайниддин Восифӣ, Мушфиқӣ, Салмони Соваҷӣ, Фахриддин Алии Сафӣ, Абу Исҳоқ, Яғмои Ҷандақӣ ва бисёр дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки дар эҷодиёти онҳо таъсири Убайди Зоконӣ бараъло дида мешавад ва ҳатто баъзе латифаҳову ҳикояҳои онҳо аз ҷиҳати мавзуъ ва мазмун ба латифаҳои форсию арабии Убайди Зоконӣ хело наздиканд.

Бояд қайд кард, ки дар адабиёти халқҳои гуногун дар давраҳои мухталиф ҳаҷвнигорони моҳир вуҷуд доштанд, ки ба воситаи мазҳакаву ҳаҷвияҳои худ ахлоқи ҷамъияти давронашонро зери танқид мегирифтанд, тамасхур мекарданд. Масалан, нависандаи машҳури адабиёти араб Абу Нувос ҳанӯз дар асри IX дар тамоми Шарқи Миёнаву Наздик бо латифаҳои ҳаҷвии худ шӯҳрат пайдо карда буд. Убайди Зоконӣ забони арабиро хуб медонист ва табиист, ки бо адабиёти араб, махсусан бо эҷодиёти Абу Нувос шинос буд. Аз ин рӯ, номи Абу Нувос дар якчанд латифаҳои форсию арабии Убайди Зоконӣ зикр шудааст ва ҳатто аналогияи баъзе ҳаҷвияҳои дар девони Абу Нувос будагиро дар байни латифаҳои арабию форсии Убайд мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, латифаи зерини Абу Нувосро мегирем:

Ривоят мекунанд, ки рӯзе амир-ул-муъминин Рашид ҳамроҳи Абу Нувос ба сайругашт баромаданд ва дар яке аз кӯчаҳои шаҳр мастеро диданд, ки дар ҳолати хандаовар бо худ гап мезад. Ва доду фарёд мекард. Рашид бозистода ҳаракатҳои ӯро тамошо мекард, баъд ба Абу Нувос нигарист ва дид, ки ӯ аз шиддати ханда ба худ печутоб мехурад. Халифа баҳоли ҳардуяшон хандида аз Абу Нувос пурсид: «Ту чаро ба ӯ механдӣ ва худат ҳар рӯз дар ҳамин аҳвол мебошӣ?» Абу Нувос Гуфт: «Қасам ба Худо, эй амир-ул-муъминин, ки ягонбор дар ҳаётам мастро надидаам». «Чӣ тавр?»- ҳайрон шуд халифа. «Ана ҳамин тавр, - ҷавоб дод Абу Нувос, - зеро ман пеш аз дигар мардум маст шуда баъди ҳамаашон ҳушёр мешавам. Аз ин рӯ, надонам, ки мастон чӣ гуна бошанд» [20, 41].   

Мазмуни ҳамин латифаи Абу Нувос дар латифаи арабии Убайди Зоконӣ чунин сурат гирифтааст:

Рӯзе Абу Нувос марди мастеро дид ва дар тааҷҷуб монда хандидӣ. Ба  ӯ гуфтанд: «Чаро механдӣ? Охир худатро ҳар рӯз ҳол ин аст». Гуфт: «Ман ягонбор мастро надидаам». Пурсиданд, ки «чӣ тавр?» Гуфт: «Чунки ман пеш аз дигарон маст шуда, пас аз онҳо ҳушёр мешавам ва намедонам, ки ҳоли мастон чӣ гуна бошад?»

Латифаи дигари Абу Нувосро мисол меорем, ки он низ ҳамоҳанги яке аз латифаҳои тоҷикии Убайди Зоконӣ мебошал:

Боре Абу Нувос дар роҳ истода бо марди фақире сӯҳбат мекард, ки аз наздаш ҷанозае бигзашт. Зани мурда гирякунон аз паси тобут мерафт ва оҳу фиғон кашида фарёд мезад: «Оҳ, шери ман! Туро ба куҷо мебаранд! Оҳ пуштупаноҳам, ту дар он манзили холӣ, ки на фарш дораду на сақф ва на нон дар он асту на об, чӣ кор мекунӣ?» Абу Нувос ба фақире, ки ҳамроҳаш буд, назар карда гуфт: «Аз паси онҳо бирав, зеро мурдаро ба хонаи ту бурда истодаанд» [20, 46]. Мард хиҷил шуд ва одамони он ҷо буда хандиданд.

Латифаи Убайди Зоконӣ:

Ҷанозаеро ба роҳе мебурданд. Дарвеше бо писар бар сари роҳ истода буданд. Писар аз падар пурсид, ки «Бобо, дар ин ҷо чист?» Гуфт: «Одамӣ». Гуфт: «Куҷош мебаранд?» Гуфт: «Ба ҷое, ки на хӯрданӣ бошад ва на пӯшиданӣ, на нон ва на об, не ҳезум ва не оташ, на зар, на сим на бурё, на гилем». Гуфт: «Бобо, магар ба хонаи мо мебарандаш?»

Чуноне ки аз рӯи ҳамин латифаҳои дар боло зикршуда дидем, ҳаҷвияҳои Абу Нувос ва Убайди Зоконӣ аз ҷиҳати мавзуъ ба ҳамдигар хеле наздиканд. Ин гуна мисолҳо зиёданд, вале барои возеҳ кардани ин масъала ҳамин ду латифа кофист.

Инчнин латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ бо як қатор ҳикояҳои бағдодии «Ҳазору як шаб» зич алоқаманд ва ҳамоҳанг мебошанд. Масалан, латифаи зерини Убайди Зокониро мегирем:

Рӯзе Ҳорун ар-Рашид ва Ҷаъфари Бармакӣ дар боғ сайругашт мекарданд, ки ногаҳ аз наздашон пирамарде, ки дарди чашм дошт, харсавор гузашт. Ҳорун ар-Рашид ба Ҷаъфар ишора кард чашмакӣ зад. Ҷаъфар пурсид: «Ҳой, мӯйсафед, ба куҷо равонӣ?» «Корат набошад,»— ҷавоб дод ӯ. «Ман ба ту доруеро мегӯям, ки ба он чашмонатро даво бикунӣ,» — гуфт Ҷаъфар. Гуфт: «Муҳтоҷи доруят нестам». «Ба ҳар ҳол, шояд лозим шуда монад. Ду мисқол ҳаворо гир ва ғубори рӯи обро ҷамъ карда, бо пӯсти чормағз омехта кун ва ба чашмат марҳам карда бибанд. Дарҳол зардоби чашмат нест мешавад». Пирамард ба хар такя намуда, боде сар дода гуфт: «Ин пули доруят. Агар нафъе бахшад, зиёдтар медиҳам». Ҳорун ар-Рашид аз ҳозирҷавобии пирамард ба завқ омада хандид.

Латифаи мазкур дар «Ҳазору як шаб» зери унвони «Ҳикояти подоши табобат» оварда шуда, чунин садо медиҳад:

«Аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки рӯзе аз рӯзҳо Ҳорун ар-Рашид бо Абӯяъқуби надим бо Ҷаъфари  вазири Бармакӣ ва Абу Нувос берун омад, дар саҳро мегаштанд. Пиреро диданд, ба харе савор гаштааст. Ҳорун ар-Рашид ба Ҷаъфар гуфт: «Аз ин мард пурс, ки аз куҷо меояд». Ҷаъфар ба он мард гуфт: «Аз куҷо меоӣ?» Он мард гуфт: «Аз Басра меоям». Ҷаъфар гуфт: «Ба куҷо меравӣ?» Он мард гуфт: «Ба Бағдод меравам». Ҷаъфар гуфт: «Дар Бағдод чӣ хоҳӣ кард?» Гуфт: «Аз баҳри чашми худ дору мегирам». Ҳорун ар-Рашид ба Ҷаъфар гуфт: «Ба ин шахс мазоҳ кун». Ҷаъфар гуфт: «Агар ба ӯ мазоҳ кунам, сухани нохуш нахоҳам шунид». Халифа гуфт: «Ба ҳақе, ки маро дар зиммати туст, савганд медиҳам, ки ба ӯ мазоҳ кун!» Ҷаъфар ба он шайх гуфт: «Агар туро доруе биомӯзам, ки ба ту суд бахшад, маро чӣ мукофот медиҳӣ?» он мард гуфт: «Худо туро подоши накӯ диҳад». Ҷаъфар гуфт: «Гӯш дор, то ман доруе, ки аз барои ҳеҷ кас нагуфтаам ба ту гӯям». Он мард гӯш дод. Ҷаъфар гуфт: «Сад мисқол рушноии офтоб ва сад мисқол моҳтоб ва сад мисқол партави чароғ бигир ва инҳоро бо як ҷо ҷамъ кун ва се моҳ дар пеши бод бигзор, пас аз он дар лаганде, ки так надошта бошад, се моҳ онҳоро бикуб, пас аз он сурмадоне гузошта дар вақти хоб истеъмол кун ва се моҳ давом кунон, Худо хоҳад сиҳат мешавӣ».

Шайх чун суханони Ҷаъфар шунид, дар пушти хар биншаст ва боди мухолиф сар дод ва гуфт: «Дар ин соат инро аз ман бигир, вақте ки ман ин дору ба кор барам, Худо офият ба ман арзонӣ фармояд, туро канизаке бидиҳам, ки дар зиндагӣ туро хизмат кунад, чун Худо ба зудӣ марг ба ту насиб гардонад ва ба зудӣ рӯҳи туро ба сӯи оташ фиристад, он канизак аз андуҳе ки дошт, дар шабонарӯз ба рӯҳи ту боди мухолиф сар диҳад ва муддати умр ба гиряи ту бинишинад».

Ҳорун ар-Рашид чун ин бишнид, чандон бихандид, ки бар пушт биафтод ва ба он мард се ҳазор дирҳам инъом дод» [21,3, 218-220]. 

Шинос будани Убайди Зоконӣ бо адабиёт ва фолклори араб аз он ҳам маълум мегардад, ки дар латифаҳои арабии ӯ образу қаҳрамонони эҷодиёти даҳанакии халқҳои араб ба мисли Ҷуҳа, Мазид, Ҳорун ар-Рашид, Муъовия, аш-Шаъбӣ ва дигарҳо вомехуранд.

Дар баъзе латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ оятҳои Қуръонро ҳам дидан мумкин аст, зеро барои фош кардани бесаводӣ ва ҷаҳолати рӯҳониёни ислом, ки худро олимони дин ва шариат тарошида халқро фиреб медиҳанд, Убайди Зоконӣ аз зпбони онҳо оятҳои нодуруст хондашуда, ё тафсиршударо меорад.

Масалан:

Марде аз назди имоме мегузашт, ки ӯ ҳангоми намоз ояти Қуръонро ғалат мехонд: «Алиф. Лом. Мим. туркҳо мағлуб шуданд». Чун оятро ба охир расонд, мард ба ӯ гуфт: «Ба гумонам дар Қуръон навишта шудааст, ки румиҳо мағлуб шуданд». «Эй нодон, онҳо ҳам душманони моянд ва барои мо миёни онҳо фарқе нест»,— ҷавоб дод имом.

Умуман, агар мо тамоми эҷадиёти Убайди Зокониро бо диққат аз назар гузаронем, дар пеши назари мо як шахси бузург-олим, адиб ва файласуфи нуктасанҷ ҷилвагар мешавад. Ва кас латифаҳои тоҷикию арабии вайро хонда, борҳо ба худ суол медиҳад, ки чаро ингуна шахси мутафаккир ва нависандаи барҷаста аксари эҷодиёти худро ба навиштани ингуна латифаҳои сабуку хандаовар, қабеҳзабон ва дар баъзе мавридҳо зоҳиран аз ахлоқ берун, бахшидааст. Маҳз ҳамин сабаб буд, ки шарқшиносон муддати хеле дароз ба Убайди Зоконӣ ва латифаҳои ӯ аҳамияти зиёд намедоданд ва аз ин рӯ, маҳсули эҷодии ӯ ба дигар забонҳо қариб тарҷума нашудааст. Аммо чуноне ки дар боло гуфтем, Убайди Зоконӣ ин латифаҳоро на барои шод гардонидани завқи хонандагон офаридааст, балки бо онҳо ӯ мехост, ки диққат ва эҳтимоми муосирони худ ва наслҳои ояндаро ба хислатҳои манфии ахлоқу атвори замонааш ҷалб намоянд.

Аз як тараф латифаҳои Убайди Зокониро танҳо ҳамчун воситаи ханда шуморидан мумкин нест, зеро ӯ дар онҳо созу гудози худро аз беадолатиҳои давраш, ғаму андӯҳ ва ҳамдардии худро ба ҳамватанони мазлуму ситамдидааш баён кардааст. Ба ақидаи мо, он суханоне, ки ҳаҷвнависи маъруфи турк Азиз Несин дар замони ҳозира гуфтааст, ба характери эҷодиёти Убайди Зоконӣ ниҳоят мувофиқ меоянд.

Азиз Несин мегӯяд, ки «ман ҳаҷвияҳои худро гириста-гириста менависаму мардум бошанд онҳоро хандида-хандида мехонанд». Ба латифаҳои чӣ тоҷикӣ ва чӣ арабии Убайди Зоконӣ ҳам аз ҳамин гӯшаи назар нигоҳ кардан лозим аст. Яъне, Убайд онҳоро бо хуни дили худ эҷод кардааст.

Аз тарафи дигар, истеъмол шудани калима ва ибораҳои ғайриахлоқӣ дар латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ набояд боиси тааҷҷуб гардад, зеро ин ҳодиса дар асрҳои миёна чӣ дар адабиёти форсу тоҷик ва чӣ дар адабиёти антиқӣ ва классикии Ғарб ҷой дошт. Агар мо асарҳои Саъдӣ, Восифӣ, Мушфиқӣ,, Қоонӣ, ё ин ки Ювенал, Данте, Бокаччо, Чосер, Шекспир, Климан Маро, БОнавентур Депере, Франсуа Рабле ва дигар муаллифонро як-як варақ занем, мебинем, ки дар онҳо низ калима ва ибораҳои беодобонаи кӯчагӣ бисёр истеъмол шудаанд. Маълум аст, ки истифодабарии ин қабил калимаву ибораҳо аз бадахлоқӣ, сабукфикрӣ, ё каммаҳоратии муаллиф далолат намекунад. Баръакс аз ин зайл асарҳо мо дар бораи бузургӣ ва дар айни замон соддагии онҳо тасаввур пайдо мекунем.

Дар таърихи адабиёти миллии тоҷик мо силсилаи беохири асарҳоеро мебинем, ки дар онҳо унсурҳои демократӣ ва сотсалистӣ дар шакли басе содда бошад ҳам, зоҳир шудаанд ва тараққӣ ёфтаанд, зеро чуноне, ки В. И. Ленин дар асари худ «Мулоҳизаҳои танқидӣ доир ба масъалаи миллӣ» қайд намудааст, дар ҳар як маданияти миллӣ унсурҳои маданияти демократӣ ва сотсалистӣ, дар шакли заиф бошад ҳам, вуҷуд доранд, чунки дар ҳар як миллат оммаи меҳнаткаш ва истисморшаванда ҳаст, ки шароити зиндагии он ногузир идеологияи демократӣ ва сотсалистиро ба вуҷуд меорад» [22, 3]. Албатта, дар шароити ҳукмронии ислом ва феодализм дар асрҳои миёна, имконияти ба шакли васеъ ривоҷу равнақ ёфтани унсурҳо вуҷуд надошт. Вале ҳамон чизи мавҷуда ҳам ба мо имконият медиҳад, ки дар заминаи он адабиёти ҳозираамонро пойдор ва мустаҳкам намоем. Адабиёти классикии тоҷик анъанаҳои барҷаста ва қадим дорад, ки онҳо асоси ганҷинаи маданияти бои халқи тоҷикро ташкил медиҳанд. Қайд кардан зарур аст, ки дар адабиёти классики асримиёнагии тоҷик муаллифони зиёде буданд, ки эҷодиёти худро ба мадҳу тавсифи табақаҳои болои ҷамъияти феодалӣ бахшидаанд, аммо аксарияти классикони мо дар осори худ поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, рафоқат, ишқу муҳаббати пок, ватандӯстӣ ва дигар хислатҳои наҷиби инсониро тараннум кардаанд.

Дар асарҳои Убайди Зоконӣ низ аз ҷумла латифаҳои арабиаш талқини ҳамин гуна хислатҳои наҷиб мушоҳида карда мешавад. Ва мо аз Убайди Зоконӣ, ҳамчунон аз дигар гузаштагон, ба ибораи В. И. Ленин «танҳо унсурҳои демократӣ ва сотсалистиро мегирем» [22, 8], зеро ин унсурҳо ба рӯҳияи тарбияи коммунистии одами нав дар ҷамъияти мо мувофиқ мебошанд. Чунин шуморидан мумкин аст, ки латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ ба ҳамин мақсад хизмат карда метавонанд.

 

Намунаҳо аз латифаҳои арабии Убайди Зоконӣ

Аз зардуштие пурсиданд, ки тафсири «Инно ли-л-Лоҳ ва инно илайҳи роҷиъун» чӣ бошад?

Гуфт:

  • Тафсирашро надонам, вале ҳамин қадараш ба ман маълум аст, ки инро на дар азон, на дар тӯт арӯсон ва на дар байни дӯстон ба забон нагиранд.

Марди масте назди масҷид хобида буд. Субҳдам муаззин азон гуфт ва дар қавлаш ғалат кард гӯён: «Иннан-н-авама хайрун мина-с-салот». Маст инро шунида бедор шуд ва: «Қасам ба Худо, ки ту ҳазорҳо бор бар ҳақ ҳастӣ, -гӯён хобашро давом дод».

Яҳудие аз насронӣ дар бораи Мӯсо ва Исо пурсид, ки кадомашон беҳтар аст.

Гуфт:

  • Исо мурдаро ҳам зинда мекард, вале Мӯсо одамеро дида зада мекушт. Ғайр аз ин, Исо ҳанӯз дар гаҳворааш забон бароварда буд, Мӯсо бошад пас аз чилсолагияш ба сухан даромад. Агар бовар накунӣ, гиреҳи забонамро бикушо, то ки ба ту фаҳмонда диҳад.

Назди Абулайно дастурхон кушоданд ва полудаи бемаззаеро оварданд. Онро чашида Абулайно гуфт:

  • Эҳтимол ин полуда пеш аз занбурҳо асалбарориро омӯхтан пухта шуда бошанд.

Рӯзе Ҷуҳа барои харидани дарозгӯше ба бозор мерафт. Марде ӯро дида пурсид:

  • Ба куҷо равонӣ?

Гуфт:

  • Ба бозор, то харе бихарам.

Гуфт:

  • «Иншоаллоҳ», бигӯй.

Гуфт:

  • Чӣ ҷои «иншоаллоҳ», гуфтан аст, вақте ки хар дар бозору пул дар кисаам?

Чун ба бозор даромад, дуздон даррасиданд ва ӯро зада пулҳояшро бирабуданд. Вақте ки бозмегашт, ҳамон мард аз пешаш баромад ва пурсид:

  • Аз куҷо меоӣ?

Гуфт:

  • Аз бозор иншоаллоҳ, хар нахаридам иншоаллоҳ, бепулу маъюб ба хона меравам, иншоаллоҳ.

Марде аъробиеро аз аҳволи зани бемораш пурсид. Ӯ дар ҷавоб гуфт:

  • Ҳанӯз гаштааст зинда ва чун морест газанда.

Зани Мазид ҳомила буд ва боре ба рӯи шавҳараш нигариста гуфт:

  • Вой бар ман, ки чизе дар шикам дорам ба ту монанд бошад.
  • Вой ба ҳолат, агар ба ман монанд набошад,— гуфт Мазид.

Зане ба шавҳараш мегуфт:

  • Магар шармат намеояд, ки ин қадар забонбозӣ мекунӣ ва ҳол он ки чунин ҳамсарӣ ҳалолу хуб дорӣ?

Гуфт:

  • Дар бобати ҳалол буданат гапат дуруст аст, вале дар бобати хубиат ноҳақ.

Зане ба сари шавҳараш «Ҳой дайюс, ҳой муфлис![4]« гуён дод мезад. Шавҳараш гуфт:

  • Ба Худо шукр, ки ягон гуноҳе надорам. Гуноҳи якум аз туст ва дуюмаш аз Худо.

Қозие ба ҳозирон муроҷиат карда гуфт:

  • Ҳой мардум, Худоро шукр гӯед!

Мардум шукр гуфтанд ва дар тааҷҷуб шуда пурсиданд:

  • Чӣ шудааст?

Қозӣ гуфт:

  • Худоро шукр гӯед, ки малоикаҳоро мисли одамизод наофаридааст, вагарна аз боло истода бо наҷосаи худ либосҳоямонро ифлос мекарданд.

Аз рӯбоҳе пурсиданд:

  • Чанд ҳилаи аз саг халос шуданро медонӣ?

Гуфт:

  • Зиёда аз ҳазор, вале беҳтаринаш он аст, ки бо ҳам вонахурем.

Марде ба чоҳ нигарист ва дар он акси худро дид.

Ба назди модараш омада гуфт:

  • Дар чоҳ дузде пинҳон шудааст.

Модараш низ ба чоҳ нигариста фарёд зад:

  • Ба Худо қасам ҳамроҳаш қаҳбае низ ҳаст.

Марде ба шикамдарди сахт гирифтор шуд ва шаби дароз худро зориву тавалло мекард, ки дардро аз ӯ дур кунад, аммо баръакс дард шиддат меёфт. Чун саҳар шуд, бемор, ки акнун умедашро аз дунё канда буд, калимаи шаҳодат мехонд ва ба Худо муроҷиаткунон мегуфт:

  • Худовандо, ҷоямро ҷаннат кун!

Баъзе аз ҳозирон гуфтанд:

  • Ҳой аҳмақ, аз аввали шаб то ин дам бод сар медодӣ ва аз Худо хоҳиш мекардӣ, ки дардатро дур созад, аммо вай дуоятро нашунид. Пас Ӯ хоҳиши ба ҷаннат рафтанатро мешунавад магар?

Абу Нувосро диданд, ки дар дасташ косаи хамр, аз тарафи росташ ангур ва аз тарафи чапаш мавиз буд. Баъди нӯшидани ҳар қадаҳи хамр ангур ва мавиз мехӯрд. Аз ӯ пурсиданд:

  • Ин чист?

Гуфт:

  • Инаш падар, инаш писар ва инаш рӯҳи муқаддас аст.

Марде аз бом афтид ва ҳар ду пояш бишкаст. Мардум ба диданаш меомаданд ва чӣ тавр рӯй додани ҳодисаро мепурсиданд. Чун рафтуо ва суолпурсӣ афзуд, дили бемор танг шуд ва ӯ ҳодисаро ба варақе навишт. Ба ҳар касе ки аз ҳолаш пурсон мешуд, хомӯшона варакро дароз мекард.

Зане бемор шуда ба шавҳараш гуфт:

  • Агар ман бимирам, ту чӣ кор мекарда бошӣ?

Гуфт:

  • Агар намурӣ ман чӣ кор мекарда бошам?

Аз аъробие пурсиданд:

  • Шумоён шурбои гармро чӣ меномед?

Гуфт:

  • Гармшӯрбо.

Гуфтанд:

  • Агар хунук шавад, чӣ меномедаш?
  • Мо намегузорем, ки он хунук шавад, — ҷавоб дод аъробӣ.

Аъробие ба сафари дуру дароз баромад ва чун баргашт аз ӯ пурсиданд:

  • Аз сафар чӣ фоида кардӣ?

Гуфт:

  • Ба ҷуз кайфияти намоз нахондан дигар фоидае нагирифтам.

Аъробие ба панҷ ангушт ғизо мехӯрд. Аз ӯ пурсиданд:

  • Чаро ин тавр мекунӣ?

Гуфт:

  • Агар бо се ангушт хӯрам, дигар ангуштон ба ғазаб оянд.

Аз дигаре пурсиданд:

  • Чаро ба панҷ ангуш таом мехӯрӣ?

Гуфт:

  • Чӣ кунам, ки аз ин беш надорам.

Дар мусобиқаи аспдавонӣ аспе пеш мегузашт. Марде аз шодӣ мепарид ва бонг мезад. Шахсе, ки дар канораш буд, аз вай пурсид:

  • Магар он асп аз они туст?

Гуфт:

  • Не, валекин лаҷомаш аз ман аст.

Аъробиеро рӯбоҳ газид. Доругареро оварданд ва ӯ пурсид:

  • Туро чӣ ҷонваре газид?

Гуфт:

  • «Саг» ва шарм дошт, ки бигӯяд «рӯбоҳ».

Чун доругар ба тайёр кардани дору шурӯъ кард, аъробӣ гуфт:

  • Ягон чизеро бад-он илова кун, ки ба газидаи рӯбоҳ низ даво бошад.

Гандадаҳоне назди табиб омад ва аз дарди дандон шикоят кард. Чун табиб даҳони ӯро кушод, бӯи нохуше ба машомаш расид ва ӯ гуфт:

  • Аз дасти ман муолиҷаи ин намеояд, назди ахлотпартоён рав!

Шахсе беморпурсӣ омад ва муддати дароз наздаш биншаст. Бемор гуфт:

  • Аз ин рафтуои одамон хеле хаста шудам.

Гуфт: Мехоҳӣ, ки бархоста дарро бандам?

  • Оре, вале аз берун,— ҷавоб дод бемор.

Шахсе, ки бемор аз вай дилгир шуда буд, пурсид:

  • Ягон хоҳиш дорӣ?

Бемор гуфт:

  • Он ки туро набинам.

Ба аъробие гуфтанд:

  • Ту пир шудаӣ ва умратро табоҳ кардаӣ. Тавба кун ва ба ҳаҷ рав!

Гуфт:

  • Харҷи сафар надорам.

Гуфтанд:

  • Хонаатро бифрӯш.

Гуфт:

  • Вақте баргаштам куҷо зиндагӣ кунам? Ва агар барнагардаму муҷовири каъба монам, оё Аллоҳ нагӯяд: «Ҳой аҳмақ, ҳой аблаҳ, чаро хонаатро фурӯхтӣ ва хонаи маро манзили худ қарор додӣ?»

Марде даъвои Худоӣ кард. Малик-уз-замон ба ҳабсаш фармон дод. Марде назди ӯ омада пурсид:

  • Худо дар ҳабс мешавад магар?

Гуфт:

  • Худо дар ҳама ҷо ҳозир аст.

Аъробие дар ҳаҷ буд ва пеш аз дигар мардум дохили каъба шуд ва дарҳои онро баста гуфт:

  • Худовандо! Пеш аз он ки дигарон даррасанд ва туро заҳмат афзоянд, гунаҳҳои маро бубахш!

Марде дигареро дид, ки бар хари лоғаре нишаста ва пурсид:

  • Ба куҷо меравӣ?

Гуфт:

  • Ба намози Ҷумъа мешитобам.

Мард ҳайрон шуд:

  • Вой ба ҳолат, охир имрӯз сешанбе аст?

Гуфт:

  • Агар ин хар то рӯзи шанбе ҳам маро ба масҷид расонад, хурсанд хоҳам шуд.

Мазидро саг газид ва ба ӯ гуфтанд:

  • Агар он сагро тарид бихӯронӣ, ба зудӣ шифо хоҳӣ ёфт.

Гуфт:

  • Он гоҳ ягон саге дар ҷаҳон маро нагазида намемонад.

Шахсе хонаеро иҷора гирифт, ки чӯбҳои сақфаш бисёр садо мебароварданд. Ӯ соҳиби хонаро чеғ зада аз ин ҳол огоҳ кард. Соҳибхона посух дод, ки чӯбҳо зикри Худо мекунанд. Иҷоранишин гуфт:

  • Некӯст, вале тарсам аз он аст, ки пас аз зикри Худованд ногаҳ ба саҷда нараванд.

Мардеро, ки даъвои пайғамбарӣ мекард, назди халифа Муътасим оварданд. Муътасим гуфт:

  • Шаҳодат медиҳам, ки ту пайғамбари аҳмад ҳастӣ.
  • Оре, аз ин рӯ ба назди қавме чун шумоён фиристода шудам.

Марде пеши Абулайно аз занаш шикоят кард.

Абулайно гуфт:

  • Мехоҳӣ ки занат бимирад?

Гуфт:

  • Не, қасам ба Худо, ки инро намехоҳам!
  • Магар ҳол аз ӯ шикоят накарда будӣ, ки азобат медиҳад?

Гуфт:

  • Бале, аммо метарсам, ки аз мурдани ӯ хурсанд шуда, дилкаф нашавам.

Марде аз дигаре чизе талбид, вале дашном шунида ба ғазаб омад:

  • Суханамро рад мекунӣ ва боз дашном ҳам медиҳӣ?

Гуфт: Намехоҳам, ки аз наздам дасттиҳӣ биравӣ.

Гурӯҳе ба сафар баромаданд ва ҳамроҳашон туфайлие буд. Вақти таомхӯрӣ яке гуфт:

  • Ман нон овардам.
  • Ман ҳалво овардам,— гуфт дигаре.

Туфайли ором буд. Аз ӯ пурсиданд:

  • Ту бо худ чӣ овардӣ?

Гуфт:

  • Лаънат.

Аз гапи ӯ ба завқ омада хандиданд ва ҳама якҷоя таом хӯрданд.

Марде ба Ҳаҷҷоҷ гуфт:

  • Дишаб туро дар хоб дидам, гӯё ба ҷаннат афтида бошӣ.

Гуфт:

  • Ман шаб маст будам, лекин ту аз ман ҳам масттар будаӣ, ки чунин хоб дидаӣ.

Марде ҷомаеро бидуздид ва ба бозор бурд, то бифрушад, вале ҷомаро аз ӯ дуздиданд. Чун баргашт аз ӯ пурсиданд:

  • Ба чанд фурухтӣ?

Гуфт:

  • Ба ҳамон нархе, ки харида будам.

Ба сӯфие гуфтанд:

  • Ҷуббаатро бифрӯш.

Гуфт:

  • Агар сайёд доми худ фурӯшад бо чӣ шикор кунад?

Дар хонаи Исҳоқи Мосулӣ ғуломе мезист, ки дар ҷамъомадҳо соқӣ буд. Рӯзе хӯҷаинаш аз ӯ пурсид:

  • Аҳволат чӣ тавр аст?

Гуфт:

  • Ҷанобам, дар ин хона бадбахттар аз ману ту касе нест.
  • Чаро? — ҳайрон шуд хӯҷаин.
  • Чунки ту ҳамаро нон медиҳӣ ва ман об, — ҷавоб дод ғулом.

Марди бадрӯе бо ҳамсӯҳбаташ дар бораи дину мазҳаб муноқиша карда истода гуфт:

  • Ту ба кофирон эътиқод дорӣ магар?
  • Не, танҳо ба ононе, ки ба гумонашон Худованд онҳоро басе зебо офаридааст, — ҷавоб дод ҳамсӯҳбаташ.

Кале ба песе гуфт:

  • Ин чӣ гап? Ба танат ҷавшан пӯшидаӣ, вале кулоҳи оҳанин надорӣ?
  • Хостам, ки онро аз ту бигирам, — гуфт пес.

Марди қабеҳсурате ба оина нигариста мегуфт:

  • Худоро шукр, ки маро чунин зебо офаридааст! Хизматгораш дар назди дар истода ин гапҳоро мешунид дар ин вақт касе соҳиби хонаро пурсид. Хизматгор баромада ба ӯ гуфт:
  • Хуҷаин дар хона нишаста ба Худо дурӯғ бофта истодааст.

Марди биникалоне занеро хостгорӣ карда, ба ӯ мегуфт:

  • Ту ҳоло шарафи маро нафаҳмидаӣ. Ман одами хеле хушмуомила ва ба ҳар гуна ноҳинҷориву вазниниҳо пуртоқатам.
  • Дар хусуси пуртоқатиат шубҳае надорам, — гуфт зан, — ки чунин бини калонро чиҳил сол бардошта гаштаӣ.

Марде назди Иёс ибни Муовия омад ва пурсид:

  • Агар хурмо хӯрам зарар дорад магар?

Гуфт:

  • Не.
  • Агар сиёҳдона бо нон хӯрам-чӣ?

Гуфт:

  • Ин низ безарар аст.
  • Агар аз болояш як сател об нӯшам чӣ мешавад?

Гуфт:

  • Чизе намешавад.
  • Пас чаро шароби хурмоиро, ки аз ҳаминҳо таркиб ёфтааст, ҳаром мешуморанд?— пурсид он мард.

Иёс дар навбати худ ба он мард суол дод:

  • Агар ба сарат хок пошанд, дардат меояд?

Гуфт:

  • Не.
  • Агар аз болоят як сатил об резанд, ягон ҷоят мешиканад магар?

Гуфт:

  • Не.
  • Вале агар аз хоку об хишт сохта, дар офтоб хушк кунанд ва пас бо он ба сарат зананд, чӣ мешавад?

Гуфт:

  • Он маро мекушад.
  • Он ҳам мисли ҳамин бувад,— гуфт Муовия.

Марде аз аш-Шаъбӣ дар бораи нигоҳубин кардани риш пурсид.

Гуфт:

  • Ришатро пеш аз хоб ба сиркоб андохта мон.

Гуфт:

  • Метарсам, ки тар мешавад.
  • Набошад пас аз хоб ба сиркоб андоз.

Пирамарди мастеро, ки дар дасташ шишаи шароб ва уд дошт, назди Ҳишом ибни Абдулмалик овардаанд. Ҳишом фармон дод:

  • Танбӯрашро ба сараш зада бишканед ва барои набиз нӯшидан то мурдан бизанедаш!

Пирамард бигрист. Аз ӯ пурсиданд:

  • Ту аз задан тарсида мегирйӣ магар?

Гуфт:

  • Не, балки гиряаам аз он аст, ки шумоён удро танбӯр номида ва маи ноб чун мушкро набиз хонда онҳоро таҳқир кардаед.

Волиро сухан хуш омад ва ӯро бахшид.

Нукта: «Ба хонаи касе бевақт омадан ва аз ҳад зиёд нишастан-аломати аҳмақист».

 

Тавзеҳот

Анушервон — Кисро Анушервон (531-579 меодӣ), подшоҳи давлати Сосониён;

Абу Нувос — шоири дарбори Ҳорун ар-Рашид, номи пуррааш Абу Нувос ал-Ҳасан ал-Ҳонӣ (762-814), шоири лирик ва ҳаҷвнигори араб, ки падараш ва модараш форсинажод буд;

Ҳорун ар-Рашид — ибн ал-Маҳдӣ халифаи панҷуми сулолаи Аббосиён, солҳои ҳукумрониаш (789-809);

Ҷаъфар ибни Яҳё ал-Бармакӣ — вазири Ҳорун ар-Рашид, соли 803 дар Ироқ ба қатл расонида шуд;

«Алиф, Лом, Мим .... туркҳо мағлуб шуданд». Тарзи дурусташ «Алиф, Лом, Мим .... румиҳо мағлуб шуданд». Нигаред: Қуръони карим, сураи «Рум», ояти дуюм;

«Инно ли-л-Лоҳ ва инно илайҳи роҷиъун». Ин ҷумла ояти 156-уми сураи «Бақара» аст, ки матни пуррааш чунин аст: «Аллазина изо асобатҳ-ум- мусибатун, қолу: инно ли-л-Лоҳ ва инно илайҳи роҷиъун». (Агар онҳо ба мусибате гирифтор шаванд, ҳамоно гӯянд: дар ҳақиқат мо аз они Худо будаем ва ба назди Ӯ хоҳем баргашт).

«Иннавма хайрун мина-с-салот» (Ба ростӣ, хобидан аз намоз хондан беҳтар аст.) Ин ҷумла аз ҳадиси набавӣ гирифта шуда шакли дурусташ ин аст: «Ас-салоту хайрун мин ан-навми» (Намоз хондан аз хоб кардан беҳтар аст);

«... Исо мурдаро ҳам зинда мекард»— ишора ба ояти 110-уми сураи «Моида» (Дастурхон)-и Қуръон мебошад, ки дар он чунин гуфта шудааст: «Ва из тахлуқу мин ат-тин ка ҳайатит-тайри биизни, фатанфуху фийҳо, фатакуну тайран... ва тухриҷу-л-мавта биизни». Дар ин ҷо Худо ба Исо муроҷиат намуда мегӯяд: «Агар бо рухсати ман аз пой сурати парандаеро бисозӣ ва ба вай ҷон дарориву онро парандаи ҳиқиқӣ кунӣ, онгоҳ бо рухсати ман ту мурдаро ҳам зинда тавонӣ кард».

«Исо ҳанӯз дар гаҷворааш забон бароварда буд...»— ишора ба ояти 29-уми сураи «Марям», ки дар он гуфта шудааст: «Фаашорат илайҳи, қолу: Кайфа такаллама ман кона фи-л-маҳди сабийя?» (Вақте, ки ба вай ишора кард, гуфтанд: «Чӣ тавр кӯдаке, ки ҳанӯз дар гаҳвора аст, гап зада метавонад?»);

Абулайно Муҳаммад ибн ал-Қосим, соли 817 дар аҳвоз таваллуд шуда соли 896 дар Басра вафот кардааст;

Полуда — як навъи таомест, ки аз асал ё дигар шириниҳо тайёр карда мешавад.

Аъробӣ — исми рамзӣ буда, маънояш «касе» ё «фалонӣ» мебошад; арабҳои бодиянишинро низ аъробӣ мегуфтанд;

Муовия ибни Абу Суфён— асосгузори давлати Уммавиён, солҳои ҳукмрониаш 661-680;

Ҷуҳа — яке аз қаҳрамонҳои асосии латифаҳои халқии арабӣ амсоли Хоҷа Насриддин, Мазид, Ибода, Ҳорун ар-Рашид, Муовия, аш-Шаъбӣ, Абулайно, Абулҳорис, Абу Нувос ва дигарон низ аз ҷумла қаҳрамонони латифаҳои халқӣ ва образҳои серистеъмоли эҷодиёти даҳанакии арабҳо мебошанд;

«Ҳанӯз гаштааст зинда ва чун морест газанда»— ишора ба ояти бистуми сураи «Тоҳо»-и Қуръон аст, ки чунин садо медиҳад: «Фаалҳоҳо фаизо ҳия ҳайятун тасъо» (Онро партофту вай ҳамоно чун мори зинда ба ҳаракат даромад). Дар ин ҷо ривояти динӣ дар бораи Мӯсо ва асои сеҳрноки ӯ дар назар дошта шудааст, ки мувофиқи он агар Мӯсо асои беҷонашро ба тарафе ҳавола кунад, вай ба монанди мори зинда ҳаракат мекардааст. Зоконӣ аз сермаъногии калимаи «ҳайятун»-и арабӣ, ки дорои маънои мор ва ҳам сифати ҷинси занона мебошад, истифода намудааст;

Мазид — номи пуррааш Мазид Садо уд-давла, соли 961 дар Ироқ вафот кардааст;

Муътасим — халифаи ҳаштуми сулолаи Аббосиён, солҳои ҳукмрониааш 833-842;

Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф — волии Ироқ (660-714), дар золимӣ шӯҳрат пайдо кардааст;

Ҷубба — як навъи либоси пашмине, ки онро асосан сӯфиҳо ва дарвешон мепӯшиданд;

Ҳишом ибни Абдулмалик, даҳумин халифаи сулолаи Умавиён, солҳои ҳукмрониаш 724-743;

Набиз — як навъи шароб.

 

Адабиёт

  1. В.И. Ленин. Вазифаҳои иттифоқи ҷавонон, Душанбе:1969.
  2. Е.Э. Бертельс. Очерки истории персидской литературы. ЛВН, 1928.
  3. К.Маркс, Ф.Энеглс, Асарҳо, ҷилди 36.
  4. Архиви К. Маркс ва Ф. Энгелс, Асарҳо, ҷилди 6.
  5. А. Кримский. История Персии, её литератури и дервешской теософии, Москва, 1914-1917 г.
  6. Э. Бравн. Таърихи адабии Эрон, аз Саъдӣ то Ҷомӣ (тарҷумаи форсӣ), Теҳрон, 1948.
  7. Журнали Сухан №7, давраи 16 мурдодмоҳи соли 1345.
  8. Ғуломҳусайн Юсуфӣ. Шухтабъи огаҳ. Дар китоби сию чор хитоба. Ҷ. 1. (Маърузаҳои савуми кунгураи таҳқиқоти эронӣ), интишороти бунёди фарҳанги Эрон. 153.
  9. Куллиёти Убайди Зоконӣ. Теҳрон, 1962.
  10.  Ширин Баёнӣ. Таърихи оли Ҷалоир, Теҳрон, 1345.
  11.  С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. Самарқанд-Москва, 1925-1927.
  12.  Убайди Зоконӣ. Боғи дилкушо. Мураттиб М. Бақоев, Душанбе, 1969.
  13.  Убейд Зокони. Веселая книга. Составитель Н. Кондыриева. Москва. 1965.
  14.  К.Маркс, Ф.Энеглс, Асарҳо, ҷилди 7.
  15.  А.М. Багоутддинов. Очерки по истории таджикской философии. Сталинобод. 1961.
  16.  Г. Ибсен. Сочинения. Том 6. Москва. 1958.
  17.  В. Асрорӣ. Халқ ва адабиёт. Душанбе: 1968.
  18.  И. С. Брагинский. Из истории таджикской и персидской литератур. Москва. 1972.
  19.  В. И. Ленин. Асарҳо.
  20.  Абу Нувос. Девон. Бейрут: 1970.
  21.  Ҳазору як шаб. Иборат аз шаш ҷилд. Душанбе: 1962.
  22.  В. И. Ленин. Критические заметки по националному вопросу. Москва: 1971.

 

 


[1] Масалан ҳанӯз соли 1885 дар Истанбул М. Фертте  мунтахаби  латоифи шоирро ба табъ расонид, ки дебочаи онро Мирзо Ҳабибӣ Исфаҳонӣ навишта буд.

[2] Е.Э. Бертельс. «История персидской литературы», Ленинград, 1926; Е.Э. Бертельс. «Очерки истории персидской литературы». ЛВН, 1928; И.С. Брагинский. «Очерки из истории таджикской литературы», Сталинабад, 1956; И.С. Брагинский. «О сатире в литературах Ближнего Востока и образе Муллы –Насреддина»  дар китобаш «Проблемы востоковедения», Москва, 1974; В.А.Жуковский «Отчет о пребывании в Персии», нигаред: Ю.Е. Боршевский. «К характеристике рукописаного наследия». В.А.Жуковского дар китоби «очерки по истории русского востоковедения», том 5 Москва, 1960;  Боби адабиёти тоҷик дар китоби «Литература народов Средней Азии и Казахстана», Москва, 1960; Убейд Закани дар китоби «Литература Востока в средние веки», том 2, Москва, 1970.

[3] С. Ш. Муллоҷонов. «Девони дастхати қадимтарини Убайди Зоконӣ». «Шарқи Сурх». № 1, 1948; «Устоди ҳаҷв Убайди Зоконӣ», жур. «Хорпуштак», № 2, 1957; Намунаҳо аз рисолаи «Дилкушо», газ. Ҳақиқати Ӯзбакистон 3/9-1965; К. Остонов «Ақидаҳои зиддидинии Убайди Зоконӣ», газ. «Маориф ва маданият», 6/6 1972.

[4] Дайюс (арабӣ) — шахсе, ки байни марду зан миёнаравӣ мекунад. Муфлис — камбағал, фақир бенаво.

НАЗАД