Автор: ИИПСАЕ
19-20 - уми октябри соли 2018 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» баргузор гардид.
Дар Симпозиуми байналмилалӣ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ, ноиби Президенти ТИКА Сурейя Эр, ректори Донишгоҳи шаҳри Қуния профессор Мустафа Шаҳин, сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кӯксал, мудири Институти таҳқиқоти Мавлонои Донишгоҳи Салчуқи шаҳри Қуния профессор Алӣ Темизел олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Симпозиуми байналмилалиро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳаводорони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро хайрамақдам гуфт. Ӯ зикр кард, ки мутафаккир ва яке аз нобиғагони барҷастаи назми тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар Тоҷикистон ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд. Осору афкори ӯ мавриди арҷгузорӣ ва омӯзиши пайваста қарор дода шуда, барои гиромидошти шахсияти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Симпозиуми имрӯза низ аз қабили ҳамоишҳоест, ки барои дарки тафаккури Мавлоно мусоидат хоҳад кард.
«Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин сабаб, баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои таҳқиқу омӯзиши Мавлоно ва осори гаронарзишу гуногунмавзӯи ӯ муҳим ва ба манфиат аст»,-иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.
Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ иброз дошт, ки Мавлоно дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст. Аз ин рӯ, таҷлили зодрӯзи ӯ ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон ва посдории хотири ӯ бо ташкили Урси Мавлоно дар моҳи декабр дар Туркия ба ҳукми анъана даромада, ба рамзи дӯстиву қаробати маънавии мардумони Тоҷикистону Туркия табдил ёфтааст. Ба ин маънӣ, Симпозиуми имрӯза низ дар таҳкими ҳамкории фарҳангии ду кишвари дӯст нақши худро хоҳад гузошт.
Низомиддин Зоҳидӣ гуфт: «Мавлоно ба эътирофи муҳаққиқони Ғарб яке аз хонданитарин шоирони ҷаҳон дар Амрико дар ду даҳсолаи охир маҳсуб мешавад. Тарҷумаи асарҳои Мавлоно ва китобҳо роҷеъ ба рӯзгор ва осори ӯ пайваста бо теъдоди бузург нашр ва харидорӣ мешаванд. Фикр мекунам ин ба се омил вобастагӣ дорад: ба шахсияти хориқулодаи адабу ирфон будани Мавлоно, посухгӯи ниёзҳои маънавиву ахлоқии имрӯзу фардои инсоният будани олами андешаҳои ин орифи бузург ва рӯҳияи башардӯстонаю моҳияти инсонгароёна доштани осори Мавлоно».
Ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Сурейя Эр зимни суханронии худ ба ҷониби Тоҷикистон, махсусан ба Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ташаббус ва саҳмашон дар доир намудани ин Симпозиуми муътабари илмӣ изҳори сипос намуд ва изҳор дошт, ки шахсияти Мавлоно ва осори нотакрори ӯ кайҳо марзҳоро убур кардаву ба мероси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст: «Дар Туркия ба шахсият ва олами тафаккури Мавлоно эҳтироми зиёд доранд. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния ба яке аз маконҳои муқаддас ва зиёратгоҳи хурду бузург табдил ёфтааст, ки ин аз бузургии андешаву таълимоти ин нобиға дарак медиҳад».
Пас аз оғози расмии Симпозиум намоишгоҳи нусхаҳои қадимӣ ва хаттотӣ дар васфи ҳазрати Мавлоно ифтитоҳ карда шуд, ки иштирокдорони ҳамоиш аз он дидан карданд.
Баъдан Симпозиум ба кори худ идома дод ва донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ барои рӯшанӣ андохтан ба паҳлуҳои гуногуни шахсият ва осори Мавлоно маърӯзаҳо қироат намуданд.
Дар рӯзи аввали Симпозиуми байналмилалии илмӣ (19-уми октябр) профессор ва мавлоношинос Хуршедҷон Зиёев дар мавзӯи “Мероси мансурии Ҷалолиддини Балхӣ ва аҳамияти он дар рушди илм ва фарҳанги тоҷикӣ”, устоди Донишгоҳи Кириккале, профессор Аднан Караисмаилоглу дар мавзӯи “Шоирони классикӣ ва ашъори Мавлоно” (Туркия), намояндаи созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ Сайид Маҷид Содот Киёӣ дар мавзӯи “Инсони ормони дар “Маснавии маънавӣ” (Эрон), устоди Донишгоҳи Таҳор Абдул Қайюм Қавим дар мавзӯи “Нақши гунаҳои такрор дар мусиқии шеъри Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммад” (Афғонистон), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар мавзӯи “Мероси Мавлоно васлгари фарҳангҳост” (Тоҷикистон), устоди Донишгоҳи Маданияти шаҳри Истанбул Иҳсан Фазлиоглу дар мавзӯи “Ҳаёти фалсафӣ ва илмии тамаддуни исломӣ дар даврони Мавлоно” (Туркия), сардори бахши забон ва адабиётҳои шарқи факултаи DTC-и Донишгоҳи Анқара Ҳиҷабӣ Кирлангич дар мавзӯи “Саҳми “Маноқиб ал-орифин” дар таҳлили ашъори Мавлоно” (Туркия), Доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова дар мавзӯи “ Инсонмеҳварии афкори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ” (Тоҷикистон), намояндаи Донишгоҳи Н. Эрбакани шаҳри Қуния Билал Кушпинар дар мавзӯи “Вижагиҳои аслии метафизикии Мавлоно” (Туркия), намояндаи Институти шарқшиносии Ал-Берунӣ Бобур Аминов дар мавзӯи “Роеҷеъ ба се дастнависи “Маснавии маънавӣ” (қ. 17) аз китобхонаи хусусии Б. Бухороӣ дар шаҳри Тошканд” (Ӯзбекистон), доктори илмҳои филологӣ профессор Абдунабӣ Сатторзода , дар дар мавзӯи «Мероси Мавлоно ва меъёрҳои интисоби арзишҳои миллӣ» (Тоҷикистон), мудири Институти тадқиқоти Мавлонои Донишгоҳи Салчуқи шаҳри Қуния професор Алӣ Темизел дар мавзӯи “Асарҳо дар бораи зиндагии Мавлоно ба забони туркии усмонӣ” (Туркия), ва доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов дар мавзӯи “Шеъри Мавлоно дар манзумаҳои мусиқии Варорудон (садаҳои 18-19 ва оғози садаи 20) (Тоҷикистон) маърузаҳои муфассал ва судманд намуданд.
Аз ҷумла, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар баромади хеш қайд намуд, ки солҳои охир дар сомонаҳои интерентӣ ва барномаҳои радиоии дохилӣ ва хориҷӣ ба муносибати ба миён омадани масъалаи дар ЮНЕСКО ҳамчун мероси миллӣ сабт намудани асари Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ» баҳси моли кадом миллат ва кишвар будани он аз нав оғоз шуд. Намояндагони баъзе аз кишварҳои (Афғонистон, Эрон, Туркия ва ғайра) иддао карданд, ки Мавлоно ва «Маснавии маънавӣ»-и ӯ сирф ба онҳо тааллуқ дорад, на ба ягон миллат ва сарзамини дигар. Ва дар ин даъвои беасоси худ то ба ҳадде раисданд, ки гуфтаанд: «Мо ба ҳеҷ кас ва кишваре иҷозат намедиҳем, ки Мавлоно, ифтихори моро ба феҳрести ЮНЕСКО ба номи худ сабт кунад» (Ҳорун Ҳакимӣ, Афғонистон).
Ба гуфтаи ӯ ҳодисаи интисоби арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ғайра), аз ҷумла мероси Мавлоно, ба ин ва ё он миллат ва кишвар сабабҳои зиёд дорад. Аммо иллати аслиаш дар ин аст, ки то ҳол меъёрҳои илмии интисоби арзишҳои миллӣ ба ин ва ё он миллат ва кишвар муайян ва муқарар нашудаанд ва аз тарафи умум эътироф нагардидаанд.
Ба андешаи профессор мушаххас, таҳқиқ ва муқарар намудани меъёрҳои илмии интисоби арзишҳои миллӣ барои ба таври дуруст муайян кардани интисоби воқеии ин ё он адиб, олим, фарҳангӣ ва ғайра мусоидат хоҳад кард ва ба сар задани баҳсҳои бебунёд ва ғайриилмӣ имкон нахоҳад дод.
Симпозиуми байналмилалӣ, ки 20 -уми октябр низ давом кард, дар он як зумра донишамндон ва муҳақиқони дохиливу хориҷӣ осору афкори Мавлоноро мавриди муҳокима қарор доданд.
Устоди Донишгоҳи илмҳои иҷтимоӣ шаҳри Анқара, професор Мустафа Чевик дар мавзӯи «Мавҷудият ва лапиш аз нигоҳи Мавлоно» (Туркия), сарходимии илмии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Зафар Мирзоев дар мавзӯи «Мавлоно омӯзгоритаълимоти пиндору гуфтору кирдори нек» (Тоҷикистон), устоди Донишгоҳи Раббонии шаҳри Кобул Тоҷ Муҳаммад Зарир дар мавзӯи «Асаргузории ғайбати суғро ва куброи Шамс бар афкор ва осори Мавлоно» (Афғонистон), намонядаи Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия Тимучин Чевикоглу дар мавзӯи «Мусиқии Мавлавӣ» (Туркия), устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, дотсент Нуралӣ Нурзод дар мавзӯи «Шамси Табрезӣ ва Мавлонои Балхӣ дар қаламрави таърих ва фарҳанги тоҷик» (Тоҷикистон), устоди Донишгоҳи Докуз Эйлул, профессор Ибраҳим Эмироглу дар мавзӯи «Аз нигоҳи Мавлоно ақлро чӣ гуна бояд истифода бурд?» (Туркия), устоди Донишгоҳи Теҳрон Эраҷ Шаҳбозӣ дар мавзӯи «Қиёс ба нафс аз нигоҳи мавлоно» (Эрон), намояндаи Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рудакӣ Ҷамолиддин Саидов дар мавзӯи «Мавлавӣ - шоири миллӣ ва байналмилалӣ» (Тоҷикистон), устоди Донишгоҳи Неҷметтин Эрбакан, профессор Дилавер Гурер дар мавзӯи «Мақоми Шамси Табрезӣ дар тарвиҷи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз шариат ба ҳақиқат» (Туркия), доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодимуҳаммад Суфизода дар мавзӯи «Хамриёти Мавлоно» (Тоҷикистон), намояндаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон Эргаш Очилов дар мавзӯи «Шоири башарият» (Ӯзбекистон), мудири шуъбаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад дар мавзӯи «Симои инсони комил дар «Маснавии маънавӣ» и- Ҷалолиддини Балхӣ» (Тоҷикистон) ва машваратчии фарҳанг ва тарғиботи сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Қирғизистон, дотсент Нурӣ Шимшеклер дар мавзӯи «Назари Мавлоно ба асрори чигунагии зиндагии инсонҳо бо якдигар» (Туркия) маъруза намуданд.
Аз ҷумла, устоди Донишгоҳи Докуз Эйлул, профессор Ибраҳим Эмироглу қайд намуд, ки дар осори худ Мавлоно бо мафҳуми ақл ба андозаи васеъ ва бо интиқод сару кор менамояд. Гарчанде дар ҷодаи ишқ ва олами метафизика нокофӣ будани ақл дар ҳар маврид зикр мешавад, аммо дар баъзе ҳолатҳои дигар таъкид намудани аҳамияти ақлро набояд фаромӯш кард. Ақл як ҳастии олие мебошад, ки Худованд пеш аз офаридани ду олам халқ намудааст. Ақл роҳнамост.
Ба андешаи ӯ Мавлоно дар мавриди дуруст истифода бурдани ақл истода, доимо ҳамчун роҳнамо соҳиб шудани ҳам ақл ва ҳам динро тавсия медиҳад. Аз мисолҳои овардааш хусусиятҳои онҳое, ки ақлро дуруст истифода мебаранд ва онҳое, ки дуруст истифода намебаранд, аён ҳастанд.
“Дуруст истифода набурдани ақл бошад маънои онро дорад, ки мо ин монеаҳо ва домҳои дарпешистодаи ақлро медонем ва ба онҳо аҳамият намедиҳем”, - илова намуд профессор Ибраҳим Эмироглу.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, мудири Институти таҳқиқоти Мавлонои Донишгоҳи Салчуқи шаҳри Қуния Алӣ Темизел ва ноиби Президенти ТИКА Сурейя Эр миннатдории худро ба ширкаткунандагони Симпозиуми байналмиаллӣ расониданд. Инчунин, ба як қатор баромадкунандагон аз номи Кумитаи тадорукоти Симпзомиуми байналмилалии илмӣ сертификат тақдим гардид.
Дар охир, баёнияи Симпозиуми байналмилалии илми таҳти унвони “Мавлоно - васлгари халқҳо ва тамаддунҳо” қабул шуд.