Автор: ИИПСАЕ
Ба муҳаққиқон ва ҳаводорони осори ирфонӣ маълум аст, ки тасаввуф яке аз равияҳои асосии ирфонӣ дар кишварҳои Шарқ, бахусус Шарқи исломӣ мебошад. Қатъи назар аз ин ки муносибати гурӯҳҳои динӣ илмӣ ва иҷтимоӣ ба тасаввуф чи гуна буда, яъне муносибати мусбат ё манфӣ, таълимоти тасаввуф дар давоми асрҳои X-XIX ва ҳатто асри XX-ум ҳамчун ақидаи фарогир оид ба инсон ва мақоми ӯ дар ҷаҳон ташаккул ёфтааст. Ин равия ақидаи динӣ, идеалистӣ ё пантеистӣ аст, ҷавоби якранг дода наметавонем, зеро тасаввуф дар доираи дини ислом рушду нумӯ ёфтааст ва мутафаккирони бузурги он ҷавҳари асосии таълимоти ислом-ваҳдониятро эътироф кардаанд ва онро ҳамчун меҳвари таълимоти худ қарор додаанд. Аз тарафи дигар он як таълимоти идеалистӣ, зеро ба баҳсҳои фалсафӣ низ даст зада, барои радди акидаҳои моддигароии зурвония, даҳрия, машшоия ва ғайра як силсила ақидаву далелҳоро пешниҳод намудааст.
Дар мавриди мавҷудияти баъзе унсурҳои фалсафаи моддигароӣ дар тасаввуф низ метавон мисолҳо овард, зеро намояндагони тасаввуф мақоми инсонро баланд бардошта, таҳаввули онро аз ҳолати моддаи сода то шахсияти дорои хислатҳои илоҳӣ зикр кардаанд. Дар баъзе мавридҳо дар осори онҳо дуализми тану рӯҳ ҳамчун ҷавҳарҳои мустақили дар инсон ба ҳам омада, тасдиқ мешавад.
Мо ба ин се ҷиҳат ба ин мақсад ишора намудем, ки дар фалсафаи ҷаҳонӣ ин ҷиҳатҳо ҳамчун вуҷуҳи муштарак вуҷуд доранд. Ва вуҷуд доштани онҳо дар мероси фарҳанги интеллектуалии ҷаҳонӣ ва баҳсу мунозираҳои фалсафию ирфонӣ ва динӣ боиси гуфтугӯи фарҳангҳо шудааст.
Мероси Мавлонои Румӣ низ як чузъи муҳим ва баёнгари гуфтугӯи фарҳангҳо мебошад. Зеро ӯ тамоми андешаҳои динию ирфонию фалсафиро фаро гирифта, хостааст дар заминаи Қуръону ҳадис ва донишҳои исломӣ синтези ақидаҳои мухталифро ба вуҷуд орад.
Муҳаққиқони мактаби мавлавия ва Мавлоно, аз ҷумла Хуршед Зиёев, Муҳиба Маҳмадҷонова, Нодир Одилов, Луис, Шефик Ҷан, Гулпинорлӣ Степанянц Т., Смирнов А.В., А Шиммель ва дигарон сарчашмаҳои андешаҳои Мавлоно ва моҳияти ақидаҳои фалсафию ирфонии ӯро таҳқиқ карда, фикрҳои ҷолиб ва тозаи ин мутафаккири бузургро роҷеъ ба Худо, табиат, ҷомеа ва инсон баён кардаанд.
Ман бо ин муҳаққиқон дар ин масъала ҳамназарам, ки Мавлоно дар таҳқиқи бадеӣ ва ирфонии проблемаҳои ахлоқ ва тарҳрезии як таълимоти муҳими таҳаммулгароӣ хидмати бузург кардааст.
Мутолиаи зоҳирии осори Мавлоно сирф бар пояи шариати исломӣ қарор доштани таълимоти ӯро нишон медиҳад, вале баррасии амиқтари осораш ба натиҷа меорад, ки ӯ таҳқиқи моҳияти инсонро дар маркази таълимоти худ гузоштааст. Бинобар ин инсон дар таълимоти Мавлоно падидаи олии табиӣ ва рӯҳонист, ки қудрати илоҳиро дар худ таҷассум кардааст. Вале дар таълимоти онтологии Мавлоно ҳамон андешаи афлатунии ҳастии воқеӣ олами рӯҳ ва ҳастии моддӣ вуҷуди маҷозист, ки баробар ба нестӣ мебошад, эътироф гардидааст. Мавлоно мегӯяд:
Партави Хуршед дар девор тофт,
Тобиши ориятӣ девор ёфт.
Бар кулӯхе дил чи бандӣ, эй салим,
Воталаб асле, ки тобад ӯ муқим.
(Маснавӣ, д. 2 б. 708-709)
Тавре маълум аст, ақидаҳои маздоия ва монавия таъсире ба афкори файласуфони аҳди аввали Юнон, аз ҷумла Пифагор ва Афлотун доштаанд. Ва баъдан, андешаҳои фалсафию ирфонии ин файласуфон ва пайравонашон ба донишмандони Шарқи исломӣ таъсири равшане кардаанд.
Дар бораи мақоми осори Мавлоно Идрис Шоҳ навиштааст, ки ҳидоятҳои ҳакимонаи ӯ «дар муддати ҳафтсад сол ҳамчун қутбнамо самти ҳикматро нишон медиҳанд. Ин роҳ барои ҳама кушода аст, ҳарчанд на ҳама метавонад онро тай намоянд. Китобҳои Румӣ барои баъзеҳо китоби дарсӣ аст, барои баъзеҳо роҳнамои амал, барои баъзеи дигар китобҳои мутолиаи интелектуалӣ мебошанд. Вале, бидуни баҳс китобҳои ӯ ҳозиразамон ҳастанд, чунон ки чандин асрҳо пеш аз ин чунин будаанд.»1
Воқеан ҳам, таъкидҳои зиёди Мавлоно дар ҷиҳати динро аз кин ҷудо намудан ва онро аз зоҳирпарастӣ пок намудан ҳамеша мавзӯи муҳими эътиқоди аҳли башар, пайравони ҳамаи дину мазҳабҳо, аз ҷумла аҳли ислом, будааст. Вале барои расидан ба ин мақсади аслӣ нобоварӣ ба ҳамдигар, бухлу ҳасад ҷоҳпарасти ва сарватпарастӣ монеъи асосӣ будааст.
Оташи ин кинаҳо ва душманиро на танҳо дар қарнҳои гузошта, балки имрӯз низ дар асри бистуяк, ки гӯё инсоният ба дараҷаи баланди тамаддун расидааст, ба чашми сар дида истодаем. Масъалаи мазкурро Мавлоно аз ҷиҳати психологӣ хеле хуб таҳлил кардааст, ки ҳақ ба ҷониб будани суханони иқтибосшудаи муалифи зикршударо тасдиқ мекунад.
Баррасии як порае аз «Маснавии маънавӣ» дар бораи «Оташ афтодан дар шаҳр ба айёми Умар (рҳ)» барои равшан намудани фикри Мавлоно ба мавқеъ хоҳад буд.
Мавлоно ба вуҷуд омадани задухурди диниро дар замони Умар ва сабаби онро чунин тавзеҳ мекунад:
Оташе афтод дар аҳди Умар,
Ҳамчу чӯби хушк мехӯрд ӯ хаҷар.
Дар фитод андар бинову хонаҳо,
То зад андар парри мурғу лонаҳо.
Ними шаҳр аз шӯълаҳо оташ гирифт,
Об метарсид аз ону мешигифт.
Машкҳои обу сирка мезаданд
Бар сари оташ касони ҳушманд.
Боло гирифтани ҷангу ҷидол натиҷаи афзудани синтеза мебошад:
Оташ аз истеза афзун мешудӣ,
Мерасид ӯро мадад аз беҳадӣ.
Вақте мардум ба Умар муроҷиат мекунанд, ӯ сабаби ин ҳодисаро шарҳ медиҳад:
Гуфт: Он оташ зи оёти Худост,
Шуълае аз оташи зулми шумост…
Гуфт: нон дар расму одат додаед,
Даст аз баҳри Худо накшодаед.
Баҳри фахру баҳри бӯму баҳри ноз
Н-аз барои тарсу тақвою ниёз.
Мол тухмасту ба ҳар шӯра манеҳ,
Теғро дар дасти ҳар раҳзан мадеҳ.
Роҳи пешгирии чунин ихтилофҳоро Мавлоно аз номи Умар баён мекунад:
Аҳли динро боз дон аз аҳли кин,
Ҳамнишини Ҳақ биҷӯ, бо ӯ нишин.
(1, 3713-3725)
Аз нигоҳи Мавлоно яке аз сарчашмаҳои бадбахтии инсон бедонишӣ ва ҷаҳолат аст. Ӯ донишро ба маънои васеъ ҳам донишҳои динӣ ва ҳам дунявӣ медонад, ҳарчанд донишҳои аслии диниро болотар мегузорад. Имрӯз гуфтаҳои Мавлоно дар ин бора аҳамияти бештаре касб кардаанд, зеро маҳз андешаҳои экстремистӣ боиси ба вуҷуд омадани амалҳои ихтилофангез ва фоҷиаҳои бузург гардидаанд. Аз ин рӯ барои фарҳангҳои гуногун донишро ҳамчун бедорӣ аз хоби ғафлат медонад ва таассубу бадбиниро натиҷаи нодонӣ мешуморад. Мавлоно дар ҳангоми баёни ҳикоятҳо ва ривоятҳои гуногун, аз ҷумла аз номи паёмбар ва ёрони ӯ, шайхони тасаввуф ва шахсиятҳои бузурги воқеӣ ва ё астураӣ мардумро ба дониш ва меҳру муҳаббат даъват менамояд ва маърифатро равшанибахши василаи камоли инсонӣ ва ормонию осудагӣ медонад:
Хоб бедорист, чун бо дониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.
Чунки зоғон хайма бар баҳман заданд,
Булбулон пинҳон шуданду тан заданд…
Офтоби маърифатро нақл нест,
Машриқи ӯ ғайри ҷону ақл нест.
Хоса хуршеди камоле, к-он сарист,
Рӯзу шаб кирдориӯ равшангарист.
Маълум аст, ки дар замони муосир, чунон ки аз васоити ахбор бештар маълум аст, яке аз омилҳои монеъшаванда ба ҷорӣ шудани адолати иҷтимоӣ сӯиистифода аз мансабҳо ва ривоҷи амалҳои коррупсионӣ мебошад, ки корпоратсияҳои байналмилалӣ ва амалдорони сатҳҳои гуногун ба он даст мезананд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва адолатпарварони олами тамаддун аз он дар ташвиш ҳастанд. Суханони Мавлоно дар ин маврид муносиб аст, зеро ӯ муборизаи худро бо фасод эълон кардааст, ки ҳамнавои тақозои фарҳангҳои муосир низ мебошад:
Ҷаҳлро беиллатӣ олим кунад,
Илмро иллат каму золим кунад.
То ту ришват настадӣ бининдаӣ,
Чун тамаъ кардӣ зариру бандаӣ.
Аз ҳаво ман хӯйро во кардаам,
Луқмаҳои шаҳватӣ кам хӯрдаам.
Чошнигири дилам шуд бо фурӯғ,
Ростро донад ҳақиқат аз дурӯғ.
(2, 2753-2756).
Намунаи олии камолоти инсонӣ, ба ақидаи Румӣ, дастёбӣ ба ҳолатест, ки инсон дар ягонагӣ бо Худо асли худро пайдо мекунад ва ҳуввияти хешро низ нигоҳ медорад.
Имрӯз баъзе муҳаққиқон ақидаи тасаввуфро оид ба такомули инсон бо назарияҳои гузашта ва муосир муқоиса намуда, ҷиҳатҳои ҳайратангези таҷрубаи равоншиносии суфиёнро таҳлил кардаанд. Профессори донишгоҳи Луоивили ИМА Муҳаммад Шафеӣ дар ин бора менависад: «Дар давоми ҳазорсолаи охир орифони исломӣ дар бораи сохторҳои асосии шахсият муфассал навиштаанд. Назарияи онҳо ба таври ҳайратангез бо нуқтаҳои психоанализ ва психология эго мутобиқат доранд. Ба таври муфассал муқоиса кардани ин назарияҳо на танҳо арзиши таърихӣ дорад, балки метавонад ҷиҳатҳои муҳими инкишоф ва ҳамгироии шахсиятро, ки дар ҳудудҳои забонӣ, замонӣ ва фарҳангӣ маҳдуд нагаштааст, маълум намояд.
Назарияи равоншиносии тасаввуфро баррасӣ намуда, мо набояд фаромӯш созем, ки ҳар гуна мансубият ба низоми маҳдудро ҳатто ба қадри муайян манфиатовар бошад ҳам, суфиён маҳдудияти озодии дарки инсон ва иқдоме барои таҳрифи ҳақиқат ҳисоб мекунанд. Қатъи назар аз вобастагӣ ва дорои сохтор будан, моҳиятан тасаввуф низоми кушода мебошад, ки аксарияти ақидаҳои илмӣ, динӣ, эҷодӣ ва бадеии ин ё он давраро ҷазб, қабул, дигаргун ва пайванд месозад.» (Муҳаммад Шофеӣ с. 20).
Таъсири мутақобилаи фарҳангҳо огоҳона ва баъзан ноогоҳона низ сурат мегирад. Ақидаҳои умдаи ирфонӣ гоҳо дар осори файласуфон ва орифон таҳти таъсири фарҳангҳои дигар низ таборуз намудааст. Агар ба осори Мавлоно аз ин ҷиҳат назар кунем, мебинем, ки ақидаҳои файласуфони Юнон, аз ҷумла Афлотун ва Плотин ба мушоҳида мерасад. Ҳарчанд Мавлоно ва аҳли тасаввуф зидди фалсафаи юнонӣ ҳастанд, лекин баъзе ақидаҳои ин файласуфон дар қолбаи исломӣ дар осорашон баён шудааст. Масалан, баъзе нуқтаҳо дар осори Мавлоно бартарӣ доштани идеяро бар ҷаҳони моддӣ ифода кардаанд.
Мавлоно мегӯяд:
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мо бақӣ ту устухону решаӣ.
(2, 277)
Яъне ҳамон назарияи мусули Афлотун, ки олами моддиро ҳеҷ ва идеяҳоро воқеияти ҳақиқӣ медонист, баёни тоза дар нисбати инсон ёфтааст, яъне ҳақиқати инсон ҳамон андеша ва афкори ӯст. Дар заминаи ҳамин назария Мавлоно ахлоқу афкори одамонро тавзеҳ мекунад. Хулосаи ӯ ин аст, ки андешаи хуб инсонро хуб месозад ва андешаи бад, одамро бад месозад.
Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ,
В-ар бувад хоре ту ҳаймай гулханӣ.
(2,278)
Агар осори Мавлоно ва мутафаккирони тасаввуфро мутолиа намоем, пас маълум мешавад, ки онҳо хостаанд рози ҳастиро кашф намоянд ва мақсади будани инсонро таъин созанд. Бинобар ин тасаввуф, аз ҷумла ва махсусан фаъолияти эҷодии Мавлоноро метавон як мактаби равонковӣ ё равоншиносии фардӣ донист, маҳз ба воситаи тамринҳои психологӣ ба инсон аз тариқи сайри маънавӣ ба сӯи Худо ақидаи оптимизмро талқин менамояд ва мехоҳад одамро аз ноумедиҳои иҷтимоӣ наҷот бахшад. Аз ин ҷиҳат таълимоти Мавлоноро метавон як навъ экзистенсиализми хушбинона номид. Агар онро бо экзистенсиализми асри XIX ва XX-и Ғарб муқоиса намоем, дарк мекунем, ки ҳар ду як мақсади муҳимро дар пеш гузоштаанд.
Ясперс мақсади таълимоти худро чунин тавзеҳ дода буд: «Яке аз далоили ман ба пизишкӣ ва равонковӣ ҳамин будааст, хостам ҳадду марзи имконоти инсониро бишносам, маонии он чиро ба одат мекӯшад то мактум (пӯшида) дорад ё нодида бигирад, дарёбам»2.
Донишманди амрикоӣ, ки тасаввуфро бо назарияи психоанализи муқоиса кардааст, бо тааҷҷуб навиштааст, ки «ҳакимоне, ки рафтори инсонро дар Шарқу Ғарб ба мушоҳида гирифтаанд, ҳарчанд фосилаи зиндагиашон аз ҳамдигар ҳазор сол аст, тафовутҳои фарҳангӣ ва замониро бартараф карда, ба хулосаи ягонаи монанд омадаанд. Суфиён ба таҷрубаи ирфонии худ такя намуда, ақидаи қувваҳои ҳаракатдиҳандаи нафси ҳайвониро дар инсон дарк намудаанд, ки аз қувваҳои ҷимоӣ ва ғазаб иборат аст. Фрейд ва муҳаққиқони дигари эго дар заминаи таҷрубаи худи таҳлили шахсият, мушоҳидаи ҷиддӣ ва муназзами беморон дар сеансҳои психотерапӣ ва ҳам дар натиҷаи мушоҳидаи рафтори кӯдакон низ ба ҳамон хулосаи мавҷудияти қувваҳои ҳайвонии ботинӣ – “ид” омадаанд, ки аз таҷовузи сексуалӣ ва импулси таҷовуз иборат мебошад». (Шафеӣ. С. 28-29).
Агар Фрейд ва намояндагони психоанализ омилҳои ботинии худи инсонро дар дараҷаи аввал қарор дода бошанд, Мавлоно нафсро васеътар мефаҳмад. Он на танҳо қувваи шаҳвонӣ, балки қувваҳои дигари манфиро низ дар бар мегирад, ки монеъи такомули маънавии инсон мегарданд. Ғайр аз ин дар таълимоти Мавлоно ҷанбаи иҷтимоӣ мавқеи муҳим дорад. Вале асоси тафриқаҳои иҷтимоиро Мавлоно дар ниҳояти кор дар ғалабаи нафси ҳайвонӣ мебинад ва аз офатҳои нафси ҳайвонӣ озод шуданро пирӯзии нафси инсонӣ мешуморад. Ӯ ба ин назар аст, ки:
Тафриқа дар рӯҳи ҳайвонӣ бувад,
Нафси воҳид рӯҳи инсонӣ бувад.
(2, 188)
Дар ин ҷо мо ба баҳси мактабҳои гуногуни фалсафию ирфонӣ дар бораи нафс таваққуф намекунем. Танҳо ишора мекунем, ки таълимоти машшоиён оид ба нафс ва намудҳои он, ки асосан ба таълимоти Арасту такя мекунед, ба андешаҳои суфиён ва Мавлоно аз ҷумла таъсир кардааст.
Вале дар доираи гуфтугӯи тамаддунҳо васеъ шудани доираи таваҷҷуҳ ба мероси Мавлоно дар замони муосир гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ақидаҳои инсонпарваронаи Мавлоно ва устодону пайравони ӯ ҳанӯз ҳам ифодагари ниёзҳои инсоният ба ваҳдат ва эҳтироми инсонҳост. Бинобар ин тазодҳои байни динҳо ва мазҳабҳо, ки имрӯзҳо фарогири кишварҳои шарқию ғарбӣ шудаанд, ҳанӯз ҳам дорои аҳамият будани мероси ғании ин мутафаккир ва ҷойгоҳи муҳим доштанашро дар мероси маънавии инсоният нишон медиҳад.
Баъзе хусусиятҳои универсалии таълимоти суфиён, аз ҷумла Мавлоно, сабаб шудаанд, ки иддае аз муҳаққиқони Ғарбӣ, чунонки Кныш А. Д. зикр кардааст: «онро ҳамчун ифодаи ҳақиқати универсалии фавқул конфессионалӣ донистаанд»3.
Ҳарчанд ин ақида зоҳиран муболиғаомез менамояд, вале дар воқеияти амр мероси Мавлоно имрӯз низ барои васли фарҳангҳо, динҳо ва инсонҳо даъват менамояд, зеро он ба ваҳдати инсоният нигаронида шудааст.
Манбаъҳо:
1 Муҳаммад Шофеи. Свобода от себя. С. 346.
2 Масеҳ. Ясперс. Иқтибос аз Тадайюн Атоуллоҳ «Ҷилваҳои тасаввуф ва ирфон». С. 608.
3 Кныш А. Д. Мусульманский мистицизм. С. 8
Академик,
Кароматулло Олимов