МОҲИЯТ ВА СТРАТЕГИЯИ ТАЪМИНОТИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Амнияти озуқаворӣ яке аз муҳимтарин ҷузъи амнияти иқтисодии дохилии ҳар кишвар мебошад. Дар адабиёти иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ категорияи нисбатан нави иқтисодӣ мебошад. Истилоҳи аслии англисӣ - (food security) ба ду маъно тарҷума мешавад: ҳамчун амнияти озуқаворӣ ва таъминоти озуқаворӣ [2.].
  Масъалаи мавҷудияти озуқа - яке аз афзалиятҳои дастгирии аҳолӣ буда, таъминоти озуқаворӣ ҳадафи бунёдӣ ва умда барои иқтисодиёти ҳамаи давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин самт таъсири равандҳои калидии рушди худи иқтисодиёти кишвар, ташаккул ва инкишофи бозори маҳсулоти ғизоӣ, истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, мизони вобастагии озуқавории кишвар аз бозори ҷаҳонӣ, қобили пардохти молиявӣ будани истеъмолкунандагони кишвар ва минтақаҳои алоҳида ба ҳам меоянд.
  Проблемаҳои амнияти озуқаворӣ ҳамчун дараҷаи иқтисодӣ солҳои наздик  мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли инкишофи таърихи ҷаҳонӣ бисёре аз олимон дар осорҳои худ мушкилоти озуқавориро дар маҷмӯъ бо масъалаҳои дигари ҳаёти кишоварзии ҷомеа мавриди назар қарор медоданд.
  Оғоз аз соли 1972 дар форумҳои байналмилалии озуқа бори аввал ба тағйири муносибат ба ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ ишора карда шуд. Таъминоти озуқаворӣ ба амнияти озуқаворӣ тағйир ёфт, ки ба ислоҳоти назаррас дар сиёсати аграрии аз ҷониби ҳукумати кишварҳои гуногун  оварда расонид.
  Дар адабиёти илмӣ тафсири зиёди мафҳуми амнияти озуқаворӣ мавҷуданд.
  Аз назари мо, амнияти озуқавории кишвар табиатан бояд ҳамчун ҳолати иқтисодиёт дарк карда шавад, зеро дар он новобаста аз вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ, таъмини пойдори аҳолӣ бо маводи озуқавории дар миқдори илмӣ асоснокшуда кафолат дода, шарту шароит барои нигоҳ доштани истеъмолот дар сатҳи қоидаҳои тиббӣ фароҳам оварда мешавад. Бо чунин муносибат имконияти муайян намудани на танҳо дарки моҳиятани амнияти озуқаворӣ, балки ошкор кардани шарту шароити муҳими дастрасӣ ба он  ба миён меояд.
  Низоми амнияти озуқаворӣ, ба андешаи мо, бояд дар заминаи се ҷанба баррасӣ карда шавад: миқдорӣ, сифатӣ ва иҷтимоӣ - иқтисодӣ, ки ҳар яки онҳо асосҳои ташаккул ва омилҳои афзоиши худро доранд.
  Ҷанбаи миқдорӣ қонеъгардонии эҳтиёҷоти ҷорӣ ва ташкили захираҳои озуқавориро тавсиф мекунад. Ба афзоиши он то ҳадди ақал расонидани воридот ва боло бурдани истеҳсолоти худӣ, истифодаи оқилонаи иқтидори истеҳсолӣ, сатҳи ташкили истеҳсолот, маҷудияти инфрасохтори мутараққии бозаргонӣ таъсир мерасонад.
  Дар навбати худ ҷанбаи сифатӣ таъмини  навъҳои муносиби маводи ғизоӣ, амният ва назофати экологии онҳоро дар назар дорад. Ҷанбаи мазкур таҳти таъсири экологияи хок, об, ҳаво, риояи қатъии равандҳои технологӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосири пешрафтаи истеҳсолу коркард, нигоҳдорию ҳамлу нақли маҳсулот ва ғайра қарор дорад.
  Ҷанбаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ аз фароҳам овардани шароити иқтисодӣ барои масрафи кофии маҳсулоти ғизоӣ аз рӯи миқдор, навъ ва сифат аз ҷониби гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ – иқтисодии аҳолӣ иборат мебошад.
  Ҳамин тариқ, амнияти озуқаворӣ аз як тараф, мушкилоти соҳаи агросаноатӣ мебошад, ки дар ин маврид ба майли худтаъминкунӣ бо маводи озуқа табдил меёбад ва аз тарафи дигар, ба қатори мушкилоти макроиқтисодӣ, ки бо истеҳсолоти самараноки ҷамъиятӣ, сатҳу тафриқаи даромади аҳолӣ, бекорӣ ва ғайраҳо робита дорад, дохил мешавад. Ҳангоми ҳалли он ба назар гирифтани ҳолате муҳим аст, ки дар раванди харидории маводи озуқаворӣ ва дар худи равиши истеъмол ҳам тартиби бозаргонӣ ва ҳам танзими давлатӣ рӯи кор гирифта мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Парлумони кишвар дастёбӣ (расидан) ба истиқлолияти озуқаворӣ ва амнияти ҷумҳуриро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат номид. Дар робита ба ин, ӯ хусусан қайд кард: "Бахши дигари муҳими иқтисодиёти миллӣ - кишоварзӣ мебошад, ки аз сатҳи тавсеаи он асосан амнияти озуқавории кишвар вобастагӣ дорад”. Таҷрибаи байналмилалии таъмини амнияти озуқаворӣ нишон медиҳад, ки кишвар дар он ҳолат метавонад истиқлолияти худро дар масъалаи пуррагардонии бозори озуқа нигоҳ дорад, агар саҳми воридот дар масрафи дохилӣ на бештар аз 25% бошад. 
  Азбаски имрӯз ҳеҷ гузинаи дигаре барои истеҳсолоти худӣ дар ноил гаштан ба ҳадафи гузошташуда вуҷуд надорад, давлат муваззаф аст, то ба ҳайси кафолати амнияти озуқаворӣ ва амали мувозини бозори озуқаворӣ маблағи зарурӣ пайдо кунаду, барои ба шакли муайян даровандан ва ташаккули афзалиятноки соҳаи аграрӣ шароити мусоид фароҳам орад.
                                                                       Адабиётҳо
Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олӣ.  (15 апрели соли 2009). Душанбе, Нашриёти  «Шарқи озод»..2009 с. саҳ.68 – 69.
1.Киёмидинов Х. Продовольственная безопасность и пути ее обеспечения в Республике Таджикистан (монография) Душанбе: «Ирфон», 2009. 166с.
2.Ушачев И.Г. Развитие интеграционных процессов отечественного и мирового аграрного рынков. В кн.: Организационно-экономические основы аграрного рынка: Сб. ст.-М.-МН.; Армита - Маркетинг, Менеджмент, 1997, с.3-11.

Қиёмидинов Ҳ
 сарходими илмии
шуъбаи Осиёи марказӣ

НАЗАД