Автор: ИИПСАЕ
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Зимни музокироти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хоса дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин самтҳои минбаъдаи корҳои дарпешистода ҷиҳати таъмиқ ва васеъ намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон муайян карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Дар оғози музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои худ ва тамоми мардуми ӯзбеки бародарро бо ҷашни дар пешистодаи сисолагии соҳибистиқлолии давлатии Ӯзбекистон самимона шодбош гуфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди устувори рушди ҳамкории ду кишвари бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар бахши амниятӣ махсус таъкид карда, бори дигар ба Президент ва Ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар шакли доруворӣ ва таҷҳизот, инчунин беморхонаи сайёр дар давраи душвори пандемияи нави коронавирус, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба робитаҳои муваффақонаи ҷонибҳо дар заминаи сохторҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ ишора карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ, ки дар арафаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вилояти Хатлон баргузор гардид, баҳои баланд доданд.
Пешвои миллат қайд карданд, ки натиҷаҳои ин форум ва дар маҷмӯъ гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ аз мавҷудияти имконоти бузург барои тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, шаҳодат медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии маблағҳои созишномаҳо, лоиҳаҳо ва шартномаҳои тиҷоратии байниҳукуматӣ, ки ба имзо расидаанд ва дар чорчӯбаи сафар имзо мешаванд, ба зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ мерасад.
Зимни муҳокимаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нав, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорат ва тавсеаи ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои ду кишвар нигаронида шудаанд, табодули афкор сурат гирифт.
Аз ҷумла, ҷонибҳо дар бораи лоиҳаи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тахминии 320 мегаватт ва таъсиси як ширкати муштараки сармоягузорӣ, андешаронӣ карданд.
Ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарони ду давлат ба фаъолияти корхонаи муштараки “Артел Авеста Электроникс” (Artel Avesta Electronics), ки соли гузашта ифтитоҳ ёфт, баҳои баланд доданд.
Дар ин зимн, ҷонибҳо масъалаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар заминаи корхонаҳои соҳавии саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва металлургияи рангаи Тоҷикистон, инчунин дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии тарафайн дар истифодаи фаъолонаи афзалиятҳои соҳаи кишоварзии ду кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни музокирот дар ҳайати васеъ Сарони давлатҳо ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷонибҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои корҳо дар соҳаи тиҷоративу иқтисодиро шуниданд.
Дар рафти мулоқот ба доираи васеи ҳамкориҳои ҷонибҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикони аҳолии Ӯзбекистон изҳори миннатдории махсус карданд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи фарҳанг ба хотири таҳкими дӯстии асил ва самимии мардумони ду кишвар, ки таърихи қадима дорад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти ибратбахши нобиғаҳои адабиёту фарҳанг Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ як филми пурмазмуни таърихӣ таҳия намоянд.
Ҳангоми баррасии мавзуъҳои минтақавӣ ба масъалаҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ диққати зарурӣ дода шуд. Ҷонибҳо дар бораи вазъи низомиву сиёсии Афғонистони барои ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави он мубодилаи афкор карданд. Зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои ҷонибҳо барои барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон қайд карда шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ Пешвои миллат ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки ба вазъи захираҳои оби минтақа таъсир мерасонад, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ин росто, ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва муайян кардани санаи солонаи “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора гардид. Ба ҳамкории фаъоли минбаъдаи ду кишвар дар пешбурди ин ташаббусҳо изҳори умед карда шуд.
Дар охири мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯстони ӯзбекистонӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаи раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай изҳори миннатдорӣ карданд.