Муносибатҳои Тоҷикистон бо Сингапур: раванд ва дурнамо

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Ҷумҳурии Сингапур дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамчун кишвари хурди минтақа буда, як давлати рушдкардаи  ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин кишвар аз ҷаҳони сеюм ба ҷаҳони якум табдил ёфта, дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илму инноватсия рушд кардааст. Бояд зикр кард ки асосгузори рушди ” муъҷизаи иқтисодӣ” Сингапур ин сахми сарвазир Ли Куан Ю буда, дар тули 30 соли давлатдориаш кишвари худро бойю пешрафта кардааст. Аҳолиаш тибқи маълумоти соли 2021 тақрибан 6 058 739 [1] нафар буда  ва ҳудудаш-728,0 км² - ро дар бар мегирад. Пойтахташ шаҳри Сингапур ва забони давлатиаш англисӣ, чинӣ, малайзӣ ва тамилӣ мебошад. Ҷумҳурии Сингапур-ҷумҳурии парлумонӣ-президентӣ буда, аз 14-уми сентябри соли 2017  Президент- Ҳалима Яқуб ва сарвазир Ли Сянлун аз 12 августи 2004 мебошад.
Муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ аз он ҷумла Ҷумҳурии Сингапур аз самтҳои авлавиятдори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар “Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ чунин дарҷ ёфтааст: "Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Индонезия. Малайзия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Сингапур ва кишварҳои дигари минтақа аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад.[2] Вазъи муносибатҳои дуҷониба бо ин кишварҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам меорад"
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур 8 декабри соли 1995 барқарор шудаанд. Сафорати Сингапур дар Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Москва мебошад.
Аз 2 ноябри соли 2003  дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Сингапур То Чо Тонг вохӯрӣ намуд. Роҳбарони ду кишвар оид ба масъалаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.[3]
           Аз 3-5-уми феврали соли 2004 собиқ Вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии   Сингапур ташриф оварда буд. Дар ин сафари расмӣ барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ба ҷониби Сингапур як қатор лоиҳаҳои Созишномаҳо, аз ҷумла:
- Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя;
- оид ба канорагирӣ аз андозбандии дураката;
- оид ба тиҷорат ва туризм;
-оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ пешниҳод шуда буд.
          Тоҷикистон дар ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Сингапур, ба роҳ мондани алоқаи корӣ бо институтҳои молиявӣ ва сармоягузории ин кишвар ҳавасманд мебошад.
Ҷумҳурии Сингапур, ҳамчун кишвари Осиёи Шарқии Ҷанубӣ барои
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёт манфиати калон
дорад.
Аз 2 – уми апрели соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Сингапур қарор доштанд. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Сингапур Селлапан Рама Натан истиқбол гирифт. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи  олӣ  бо  иштироки  сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: - «Кишвари мо барои рушди муносибатҳо бо Сингапур чун яке аз кишварҳои мутараққии олам аҳамияти хоса медиҳад ва мо ба густариши ҳамкории судманд дар ҳама арсаҳо манфиат дорем”.
Таъкид гардид, ки наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Сингапур дар масоили рӯзмарраи байналмилалӣ барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаи хуб мегузорад. Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, обтаъминкунӣ, кишоварзӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳои кӯҳӣ ва техникаю технологияи муосир аз самтҳои асосии робитаҳои минбаъдаи Тоҷикистону Сингапур арзёбӣ гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Сингапур Ли  Хсин Лунг мулоқот намуда, тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишварро баррасӣ намуд. Миёни ду кишвар ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид:
  1. Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур;
  2. Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Сингапур;[4]
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро 4 санади дуҷониба ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷа ҳаҷми тиҷоратии дуҷонибаи байни кишварҳо дар соли 2018 ба 2 миллион 524 ҳазор доллари ШМА расид.[5]
Бояд қайд, ки илм ва маориф аз системаҳои муҳимтарини ҳар як давлат ба ҳисоб меравад ва тавассути он соҳаҳои дигар низ рушду нумўъ меёбанд. Ҳамчунин таҳқиқу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки системаи маориф ва илми кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз он ҷумла Индонезия, Малайзия ва Сингапур дар баробари доштани усулҳои навтарин ва сифати баланд бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои мухталифро ба роҳ мондааст. Аз байни ин се давлати муттараққии Шарқ Сингапур дар ҷои аввал меистад, зеро он дар системаи мазкур бо 146 кишвари ҷаҳон махсусан абарқyдратони ҷаҳон Аврупо ва Амрико лоиҳаҳои гуногуни илмӣ-амалӣ ва таълимиро ба роҳ мондааст [1, с. 104].   
Кишварҳои Сингапур ва Малайзия низ аз доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон беканор нестанд. Дар ин радиф 1 июли соли 2020 Санади ҳамкорӣ - Ёддошти тафоҳум оид ба ифтитоҳи Намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) дар Душанбе ба имзо расид. Ифтитоҳи филиали Донишкадаи мазкур дар пойтахт тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мегардад.
Лозими зикр аст, ки дар марҳилаи аввал дар филиали Донишкада таълим аз рўи се ихтисос - мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), туризм ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ (ҳифз аз ҳуҷуми кибернетикӣ дар самти идоракунии давлатӣ, низоми бонкӣ), ки бевосита аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он бармеояд, ба роҳ монда мешавад.
Донишкадаи мазкур (Management development Institute of Singapore – MDIS) соли 1956 таъсис ёфта, тӯли беш аз 60 соли фаъолият намояндагиҳои худро дар аксар давлатҳои ҷаҳон таьсис додаааст ва яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар маҳсуб меёбад[6].
Шарикони Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) муассисаҳои олии таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба амсоли мамолики Ѓарб буда, хатмкунандагони он бо дипломи дараҷаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби шўроҳои илмии мактабҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, сарфароз гардонида мешаванд.          
Бояд қайд ки Сингапур баъди ба даст овардани истиқлолият соли дар 1965 кишвари  қафонда буд, ки ҳатто  оби тозаи нушоки ва қуми сохтмонро аз кишварҳои ҳамсоя ворид кардааст. Сингапур дар рушди кишвар  аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, таҷрибаи онҳоро омўхта роҳҳои  рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, илму инноватсияи  ин давлатҳои муваффақ истифода намудааст. Ва имрўз иқтисодшиносони ҷаҳон Сингапурро ҷои беҳтарин барои тиҷорат мешуморанд. Ин кишвар дорои инфрасохтори аълои молиявӣ, суботи сиёсӣ ва системаи ҳуқуқии дараҷаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар Сингапур зиёда аз 3,5 ҳазор ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон фаолият мекунанд ва 120 ширкатҳои фаромиллӣ дар ин кишвар намояндагиҳои худро доранд.
 Сингапур дорои низоми андозбандӣ бо тамоми системаи ҳавасмандгардонӣ мебошад, ки ба ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ чунин равона шудааст:
  • интиқоли бебоҷи фоида ва репатриатсияи сармоя;
  • кафолати сармоягузорӣ;
  • Озод кардан аз андоз аз фоизи  аз пасандозҳои бонкӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар қаламрави  ин кишвар зиндагӣ мекунанд;
  • озод кардан аз дукаратаи андозбандӣ;
Умуман, ин иқдомҳо барои ҷалби сармоягузорон аз хориҷ анҷом дода мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имконоти хуби энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва инчунин захираҳои бойи табиӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, барои дар амал татбиқ намудани имкониятҳои мавҷуда бо назардошти таҷрибаи Сингапур метавонем чунин таҷрибаҳоро дар сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ пеш барем.Ҳарчӣ бештар ҳамкориҳои илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худро бо Сингапур тақвият бахшида, ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои энергетика, коркарди ашёи хом, сарватҳои зеризаминӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтиссос ба соҳаҳои низоми бонкӣ ва низоми маорифро ба роҳ монем.
Пешниҳодҳо:
  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон аз таҷрибаи Ҷумҳурии Сингапур  истифода  барад.
  2. Амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи Сингапур истифода шавад ва мутахассисони ин кишварро барои татбиқи “ҳукумати электронӣ” ҷалб карда шавад.
26 Январ соли  2021 Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониашон чунин зикр карданд:” Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд”[7].
Зеро фалсафаи пешбарандаи рушди иқтисоди Сингапур ин «Ҳар гуна хидмати давлатӣ, агар имконпазир бошад, бояд дар шакли электронӣ он пешниҳод карда шавад", ки ин Ҳукумати электронии Сингапур мебошад. Раванди ташаккули ҳукумати электронӣ аз соли 1980 дар ин кишвари хурди Осиё оғоз ёфта, тавассути ташкили Шӯрои миллии компютерӣ ва барномаи Миллии компютеркунони, ки ба шарофати он Сингапур ҳоло дар ҷаҳон дар Рейтинги ҳукумати электронӣ мақоми аввалро ишғол мекунад. [8]
Ҳамин тариқ, ба хотири таҳкими минбаъдаи дурнамои рушди ҳамкориҳо метавон пешниҳодҳои зеринро иброз намуд:
  1. Бо дарназардошти амалй намудани сиёсати дарҳои боз, ҷалб намудани сармоягузорони хориҷй аз ҳисоби ширкатҳои сингапурӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ;
  2. Ташкил намудани корхонаҳои муштарак дар самти коркарди канданиҳои фоиданок;
  3. Барои ҷоннок намудани иҷрои барномаҳои ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат, ташкил намудани корхонаҳои муштараки саноатӣ;
  4. Баҳри рушди соҳаҳои кишоварзй ва сайёҳии кишвар, ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин ду самт;
  5. Ифтитоҳи Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сингапур;
  6. Ҷалби ҷавонони болаёқат дар соҳаҳои илм, технологияи инноватсионӣ ва тарѓиб намудани қабули барнома ё стратегияи мукаммали рушди технологӣ.
 
Адабиёт
  1. Ҳабиб Мирзоев. Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Малайзия ва Сингапур. 14.02.2018. (https://osiyoavrupo.tj)
  2. 25 қадам дар паҳнои олам / ҳайати таҳририя: Н. Зоҳидӣ, В. Ниятбеков, А. Камолов. Душанбе: Ирфон, 2011. - 129 с.
  3. Черкасов А ., к.э.н., Развитие экономики Сингапура. 2011г. https://www.kommersant.ru/doc/2698677
  4. Аҳолии Сингапур https://countrymeters.info/ru/Singapore
  5. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii jumhurii-tojikiston
  6. https://mfa.tj/tg/kobul/view/7039/pajomi-prezidenti-tojikiston-peshvoi-millat-ba-majlisi-olii-tojikiston
 
Соҳиби Баҳруло-ходими хурди илмӣ, докторант(Ph,D)-и
Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
 
 
 
 
[1] Ањолии Сингапур https://countrymeters.info/ru/Singapore
[2] https://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston
[3] http://president.tj/node/13981
[4] https://mfa.tj/tg/main/view/33/munosibathoi-tojikiston-bo-singapur
[5] https://mfa.tj/tg/main/view/33/munosibathoi-tojikiston-bo-singapur
[6] https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200702/1031509708/Dasturi-Prezident-dar-Dushanbe-namoyandagii-Donishkadai-Singapur-iftito-meshavad.html
[7] https://mfa.tj/tg/kobul/view/7039/pajomi-prezidenti-tojikiston-peshvoi-millat-ba-majlisi-olii-tojikiston
[8] http://www.e-gov.waseda.ac.jp/pdf/Press_Released_on_e-Gov_ranking_2013.pdf

НАЗАД