Мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рузномаи “аш-Шарқ”-и Давлати Қатар

Автор: ИИПСАЕ

Расм

06.01.2021 17:40, шаҳри Душанбе
 
(Сарсухани Ҳайати таҳририяи рӯзнома) 

Дар мусоҳиба бо рузномаи «Аш-Шарқ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ин кишварҳо тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд. Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизмҳои ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд. Зимнан Ҷаноби Олӣ алоқамандии кишварашонро ҷиҳати тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳамаҷонибаи абзорҳои мазкур дар доираи шарикии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар қайд карданд.
Ҷаноби Олӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки боздиди Амири кишвар Волоҳазрат Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ аз Тоҷикистон дар соли гузашта (2019) баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст дар ҳамаи соҳаҳо ба шумор рафта, дар баробари дигар сафарҳои сатҳи олии ҷонибҳо ба ин робитаҳо такони ҷиддӣ бахшид. Дар иртибот ба сармоягузориҳои қатарӣ дар кишвари худ Ҷаноби Олӣ Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳаҷми онҳо то имрӯз ба зиёда аз 62 миллион доллар расидааст. Ҷаноби Олӣ баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки соли 2022 дар Қатар баргузор мегардад, ҳамчун рӯйдоди дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки он таҷассумгари эътибори баланд ва нақши созандаи Қатар дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ мебошад, зеро ба таҳкими робитаҳои байни халқҳо такони муҳим мебахшад. Ҷаноби Олӣ талошҳои Давлати Қатарро дар роҳи пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, шарҳ доданд, ки сулҳу субот ва рушди Афғонистон омили калидии амнияту суботи тамоми минтақа мебошад.

Тафсилоти мусоҳиба:

Дар оғоз Шуморо бо пирӯзии шоиста ва барои даври нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем. Дар ин замина, Шумо ояндаи Тоҷикистонро дар ин давраи пешомад чӣ гуна мебинед?

Ташаккур барои табрикоти самимиатон. Бо эътимоди қавӣ ва раъйи аксари мардуми шарафманди кишвар бори дигар ба маснади Президенти Тоҷикистон интихоб шуданам, ба зимаам масъулияти азимеро барои тақдири минбаъдаи давлату миллат мегузорад. Аз ин рӯ, мекӯшам, ки ба боварии халқ беш аз пеш арзанда бошам. Тақдири ман бо тақдири давлату миллати тоҷик зич пайваста аст ва ин пайвастагӣ кору фаъолияти сермаҳсули ҳамешагиро талаб менамояд. Ман ин масъулиятро бисёр амиқ дарк менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ хеле муваффақ аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба рушд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат ва илму фарҳанг ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Таҳаввулоти беназиру такдирсози солҳои сипаришуда дар ҳамаи ин соҳаҳо заминаи воқеӣ ва эътимодбахшро барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар роҳи таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон фароҳам овардаанд ва мо ояндаи кишварамонро дурахшон мебинем.
Ҳукумати Тоҷикистон, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, барномаҳои мушаххасеро рӯи кор овардааст, ки ба татбиқ расонидани онҳо боиси пешрафти минбаъда хоҳанд шуд.
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаҳои таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати иқтисод ба ҳайси чор ҳадафи стратегии давлати мо муқаррар гардидаанд.
Дар ин зимн мо ба истифодаи пурраи захираҳои бузурги гидроэнергетикии худ ва ташаккули “иқтисодиёти сабз”, васеъ гардонидани иқтидори транзитии кишвар, вусъат бахшидан ба шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар аҳаммияти хосса медиҳем.
Дар баробари ин Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди бомароми соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо тамоми имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои тақдирсози зикргардида сафарбар намудааст.
Соли 2021 Тоҷикистон 30-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Сокинони кишвар ин санаи муҳимми таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт. Тоҷикистони азиз, ки дар шароити оромию амният, сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарад, халқи меҳнатқаринаш барои фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатӣ имкону тавон дорад. Мардуми мо солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ давлати миллии худро ҳифз намуд, тамомияти арзиро бо қиммати ҷони фарзандонаш таъмин кард, низом ва аркони давлатдориро барқарор сохта, бо заҳмату ҷоннисориҳояш заминаҳои устувори Ваҳдати миллиро гузошт.
Комёбии дигари миллату давлати тоҷик ба даст овардани ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ба узвияти то 60 ташкилотхои байналмилалию минтақавӣ ва молиявӣ пазируфта шуда, бо зиёда аз 176 давлати дунё робитаҳои дипломативу сиёсӣ роҳандозӣ намудаааст.
Миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои фаъоли тиҷоративу иқтисодӣ сурат мегиранд. Имрӯзҳо давлати мо бо такя ба сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и худ ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли бисёр мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақши назаррас мегузорад. Ба ин манзур мехоҳам талошҳои пайваста ва нақши пешсафии Тоҷикистонро дар дарёфти роҳҳои муассири ҳаллу фасли мушкилоти глобалии марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, бахусус таъкид намоям.

Шумо ба сатҳи муносибатҳои Қатар ва Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медихед?

Давоми солҳои охир бо талошҳои пайвастаи ҷонибҳо муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни кишварҳои мо бомаром рушд намуда, таҳкиму тавсеа пайдо кардаанд.
Мо аз сатҳу муҳтавои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар, ки бар аризишҳои муштараки тамаддунии таърихӣ ва усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ мекунем.
Бо саъю талошҳои муштарак то имрӯз механизмҳои ҳамкориҳои тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онхо ташаккул ёфтаанд.
Таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тичоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо аз ҷумлаи чунин дастовардҳо мебошанд. Мо ҳавасмандем, ки фаъолияти ин абзорҳои муҳимро мутобиқ бо ҳадафҳои наҷиби шарикии иқтисодию тиҷоратии кишварҳоямон ҳамаҷониба тақвият бахшем.
Муносибатҳои ҳамкории байнидавлатии ду кишвар ин хости мардумони мо ва тақозои замон буда, мавриди таваҷҷуҳи доимии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ман зимни суҳбати телефонӣ бо Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бини Ҳамад Оли Сонӣ, ки чанде пеш баргузор гардид, густариш ва таҳкими бештари хамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаҳои иктисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, илму маориф ва сайёҳӣ таъкид намудам.
Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди дастовардҳои имрӯза, ҳанӯз ҳам имконоти фаровони ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар арсаҳои зикргардида, пурра истифода нагардидаанд.
Дар ин замина, мо ба рушд ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо муфид ва дар оянда фароҳам овардани заминаи шарикии дарозмуддати ду кишвар умед мебандем.

Боздиди Волоҳазрат Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро аз Тоҷикистон ки дар моҳи июни соли 2019 сурат гирифт, чи гуна арзёбӣ мекунед?

Аз нигоҳи мо, муколамаи мунтазами сатҳи олӣ дар пешбурди самарабахши раванди рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории ҷонибҳо нақши муҳим дорад.
Таъкиди ин гуфтаҳо тамосҳои мунтазами сатҳи олии солҳои охир ва дар ҳошияи онҳо ба имзо расидани як зумра созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум мебошанд, ки ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мо такони ҷиддӣ бахшиданд.
Боздиди Волоҳазрат аз кишвари мо дар соли 2019, қабл аз ҳама, баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст аст.
Дар рафти музокироти доиргардида мо тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаамонро муфассал баррасӣ намуда, ҷиҳати ғанӣ гардонидани ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои кишварҳоямон бо муҳтавои амалӣ мубодилаи судманди афкор анҷом додем.
Бо мақсади идомаи тамосҳои сатҳи олӣ қарор буд, ки моҳи марти соли 2020 Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бини Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд. Мутаассифона, паҳншавии бемории Ковид-19 муҳлатҳои ин сафарро ба таъхир гузошт.
Мо интизори сафари давлатии Волоҳазрат ба Тоҷикистон дар ояндаи начандон дур ҳастем. Итминон дорам, ки натиҷаҳои он муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро ба марҳилаи сифатан нав ворид хоҳад намуд.

Натиҷаҳои он сафар ва умуман муколамаи мутанзами сатҳи олии ҷонибҳо дар таҳкими робитаҳои иктисодӣ ва ҳамкории тиҷоратии ду кишвар чи гуна инъикос меёбанд?

Роҳандозии ҳарчӣ бештар васеи робитаҳои иқтисодӣ ва тавсеаи тиҷорату сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мо бо Давлати Қатар ба шумор мераванд.
Аз ин нигоҳ, сафари мазкур, дар баробари боздидҳои қаблии сатҳи олӣ, бешак, ба таҳкими муносибатҳои мо дар ин ҷода такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар ин зимн мехоҳам қаноатмандии ин ҷонибро аз натиҷаҳои сафари расмиам ба Давлати Қатар, ки соли 2017 бо даъвати бародарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ анҷом додам, иброз намоям.
Дар чорчӯбаи мулоқоту музокироте, ки дар рафти он сурат гирифтанд, мо заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоямонро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод тақвият бахшида, уфуқҳои нави онҳоро мушаххас намудем.
Имрӯзҳо барои рушди амалии ҳамкориҳои мо дар арсаҳои тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иқтисод, бахусус энергетика, бонкдорӣ, молия, саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, саёҳат ва нақлиёт заминаҳои мусоиди шартномавию ҳуқуқӣ фароҳам шудаанд.
Барои тавсеаи ҳамкориҳои мо бахусусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати сабук, хурокворӣ, куҳӣ, коркарди амиқи маҳсулоти меваю сабзавот, металл ва сангҳои қиматбаҳо ва умуман истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом имконоти фарох мавҷуд аст.
Тоҷикистон омода аст, ки дар ҳамаи ин арсаҳо тарҳҳои ҷолиби сармоягузориро ба доираҳои алоқаманди кишвари дӯст пешниҳод намояд.

Сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад? Дар солҳои наздик онро чӣ гуна афзоиш додан мумкин аст?

Ҳамкориҳои мо дар соҳаи сармоягузорӣ тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба роҳ монда шуда, тақвият ёфта истодаанд.
Мавзӯи ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои дар соҳаҳои мухталифи иктисоди Тоҷикистон татбиқшаванда мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти ду кишвар карор дорад.
Давлати Қатар яке аз аввалин кишвархои арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузории мустақими хориҷӣ кардааст. То имрӯз ҳаҷми чунин сармоягузории Давлати Қатар ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 62 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Самараи он дар татбиқи марҳалаи якуми лоиҳаи маҷмааи истиқомативу иқтисодии “Диёри Душанбе” баръало зоҳир мегардад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит барои фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ муҳайё гаштааст.
Айни замон тарҳу лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёди манфиатовари иқтисодӣ дар кишвари мо мавриди татбиқ карор доранд.
Ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосиру замонавиро тақозо менамояд.
Вобаста ба ин барои ворид намудани технологияи муосир, ба роҳ мондани истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳаҳои гуногун ва дастгирию таъмини пешрафти соҳибкорию сармоягузорӣ дар қонунгузориҳои Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо, аз ҷумла беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидааст. Дар бозори дохилии молу хизматрасонӣ, сармоя ва асъор шароити рақобати озод фароҳам оварда шудааст. Қонунгузории мо баробарҳуқуқии сармоягузорони ватанию хориҷиро кафолат дода, моликияти онҳоро аз милликунонӣ ва реквизитсия ҳифз менамояд.
Лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, аз ҷумла саёҳати кӯҳӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои мусоид барои содироти оби тозаи нушокӣ ба Давлати Қатар самтҳои афзалиятнок ва манфиатовари ҳамкории доираҳои сармоягузорию молиявии Тоҷикистону Қатар арзёбӣ мегардад.
Ба андешаи ман, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи «сабз» мебошад, метавонад аз муҳиматарин самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои мо бошад. Имрӯзхо дар Тоҷикистон татбиқи бузургтарин лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷараён дорад. Ин нерӯгоҳ муҳимтарин омили тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати афзун гардонидани имкониятҳои истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза аз манбаъҳои барқароршаванда дорои аҳаммияти минтақавӣ мебошад. То имрӯз мо аз шаш чархаи нерӯгоҳ ду ададашро фаъол намудем. Ҳукумати Тоҷикистон алоқаманд аст, ки ба татбиқи ин тарҳ сармояи кишварҳои дӯст ва бародарро ҷалб намояд.
Вобаста ба ин гуфтаҳо, аз сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал меоварам, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои номбаршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд. Дар ин росто мо омодаем, ки минбаъд низ фазои мусоиди сармоягузорӣ ва шароити матлубро барои тавсеаи фаъолиятҳои босамари доираҳои соҳибкории Қатар дар Тоҷикистон фароҳам созем.

Масҷиди ҷомеи Тоҷикистон як намунаи ҳамкориҳои хуби ду кишвар маҳсуб мешавад. Шумо ин иқдомро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Бале, Шумо дуруст қайд кардед. Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории давлати Қатар ба ҳисоб меравад.
Татбиқи ин лоиҳаро мо рамзи робитаҳои дӯстонаву беғаразонаи ду кишвар ва ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи бародарони қатарӣ ба кишвари мо медонем.
Масҷиди калони ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Рафти сохтмони он зери назорати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар қарор дорад. Лоиҳаи сохтмони ин иншоот, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он, бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории миллӣ ва ҷаҳонӣ, аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат аст.

Тоҷикистон як кишвари зебои сайёҳӣ мебошад. Дар умум барои ҷалби бештари сайёҳони қатарӣ ва кишварҳои Халиҷ чӣ нақшаҳо доред?

Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ аз нуқтаи назари манфиатҳои барои тарафайн судманди фарҳангию иқтисодӣ бо кишварҳои шарик, аз он ҷумла бо Давлати Қатар ва дигар давлатҳои минтақаи Халиҷ муносибат мекунад.
Яке аз шабоҳатҳои муштараки Тоҷикистон бо давлатҳои Халиҷ ин аз нуқтаи назари сайёҳӣ ҷолиб будани кишвар аст. Дар шароити имрӯза барои рушди соҳа, Тоҷикистон ва Давлати Қатарро муҳим аст, ки оид ба зарфиятҳо ва имкониятҳои якдигар дар ин соҳа бештар огоҳӣ пайдо кунанд. Мо ба он назар ҳастем, ки татбиқи муваффақи тарҳҳои якҷоя, ташвиқи сармоягузориҳо, табодули донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак роҳро барои густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ васеъ хоҳад намуд,
Тоҷикистон, ки соли соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо дарназардошти аҳамияти хоса пайдо намудани ин бахш, минбаъд солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда, тамоми имкониятҳоро барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоягузориҳо дар ин самт фароҳам оварда истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бахш номгӯи зиёди сабукиҳои андозию гумрукию логистикиро кафолат додааст, то тамоми шаҳрвандон ва ширкатҳои дохилию хоричӣ ба сармоягузорӣ дар ин соҳа ҳавасамандии бештар пайдо кунанд.
Барои татбиқи тарҳҳои ҷолиб дар самти сайёҳӣ Тоҷикистон ҳамаи ширкатҳои ҳавасманди қатариро низ даъват мекунад ва мудом омодаи ҳамкорӣ мебошад.
Барои густариши бемайлони робитаҳои ду кишвар дар самти сайёҳӣ ҳамзамон ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Қатар низ зарур арзёбӣ мегардад. Роҳандозии чунин хатсайрҳо дар баробари тавсеаи робитаҳои сайёҳӣ ва байнимардумй ба рушди тиҷорат ва мубодилаи моли ҷонибҳо ба таври муассир мусоидат хоҳад намуд. Аз ин лиҳоз, мо мавзӯи мазкурро минбаъд низ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба пайгирӣ хоҳем намуд.

Назари Шумо дар бораи мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол шудани Қатар дар соли 2022 чист?

Мехоҳам таъкид созам, ки комёбиҳои назарраси кишвари дӯсти мо ва ҷойгоҳи шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Амири кишвар Волоҳазрат Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Ҳукумати эшон ва талоши пайдарпайи мардуми шарифи Қатар аст.
Баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022-ро дар Қатар ҳамчун таҷассумгари эътибори баланд ва нақши созандаи кишвари бародар арзёбӣ мекунем. Ин рӯйдоди таърихӣ боиси ифтихори хамаи кишварҳои мусулмонист.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба роҳбарияти олӣ ва мардуми Қатар барои дар сатҳи баланд гузаронидани Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки омили муҳимми тақвияти робитаҳои байнимардумӣ ва таъмини амну субот дар минтақа мебошад, комёбиҳои бузург орзӯ намоям.

Оё байни ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаҳои варзиш ва фарҳанг вуҷуд дорад?

Мусаллам аст, ки Тоҷикистону Қатар ҳамчун кишварҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ, рисолати хешро иҷро менамоянд.
Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарони ду кишвари дӯст қарор дорад. Дар ин замина рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа баргузор гардид. Боварии комил дорам, ки ин чорабинии бузурги фарҳангӣ на танҳо ба тақвияти бештари ҳамкории ду кишвари дӯст такони ҷиддӣ бахшид, балки дар рушди робитаҳои байни мардумони фарҳангдӯсти Осиёи Марказиву Ховари Миёна ва таблиғи арзишҳои созандаи тамаддуни муштаракамон низ саҳми шоён гузошт.
Сокинони Давлати Қатар аз барномаҳои фарҳангии Тоҷикистон таассуроти неку рангин бардоштанд. Мо интизор дорем, ки дар соли оянда ҳафтаи фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор мегардад ва мардуми Тоҷикистон бо таъриху осори фарҳангии Қатар ошноии бештару наздик пайдо хоҳанд кард.
Ҳамкорй дар соҳаи варзиш низ яке аз самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвари бародари мо мебошад. Варзиш дар ҳамаи давру замон дар таҳкиму сулҳу дӯстӣ миёни мардумони мухталиф рисолати беназирро анҷом медиҳад. Дар ин замина, мизбонии Қатар аз баргузории мусобиқаҳои байналмилалй дар риштаҳои мухталифи варзиш баёнгари сиёсати созандаю дурбинонаи кишвари дӯст дар таъмини сулҳу суботи минтақавию байналмилалй аст. Варзишгарони тоҷик дар чандин мусобиқаҳои байналмилалй дар Давҳа ширкат варзиданд. Байни кумитаҳои олимпии кишварҳои мо ва дигар муассисаҳои варзишӣ ҳамкориҳои наздик роҳандозӣ шудааст.

Дар бораи музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа чӣ андеша доред?

Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.
Ба ин манзур мо аз фаъолияти ҳамагуна василаҳое, ки ба пешбурди раванди музокироти сулҳи Афғонистон ва ҳалли мушкилоти он мусоидат мекунанд, истиқбол менамоем. Дар ин замина кӯшишҳои Давлати Қатарро дар пешбурди раванди сулҳи Афғонистон муҳим дониста, аз онҳо ҷонибдорӣ менамоем ва ба натиҷаҳои мусбаташон умед мебандем. Ҳамзамон бар онем, ки дар музокироти байниафғонӣ, пеш аз ҳама, бояд таъмини риояи баробари манфиатҳои қавму гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиву сиёсии кишвар ба назар гирифта шавад. Танҳо бо дарназардошти манфиатҳои онҳо сулҳу субот дар Афғонистон метавон таъмин гардад. Инро таҷрибаи истиқрори сулҳ дар кишвари мо исбот кардааст.

Истиқрори субот дар Афғонистон ва таъсири он ба тамоми минтақа чӣ гуна хоҳад буд?

Сулҳу субот дар Афғонистон ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он - оромй ва суботи тамоми минтақа аст. Аз ин рӯ, барқарории сулҳу амонӣ ва пойдории амният дар ин ҳамсоякишвар барои мо мисли обу ҳаво зарур аст. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад. Ба ин манзур мо чӣ дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хоричӣ ва чӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Афғонистон дорои захираҳои ғании табиӣ ва инсонист. Бино бар ин барқарории сулҳу субот дар он кишвар на танҳо ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии он шароит фароҳам меорад, балки ба равандҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари ҳамҷавор такони чиддӣ хоҳад бахшид.

Шумо нақши миёнҷигарии Қатарро дар ҳалли муноқишаҳо ва дастгирии муколама дар доираи музокироти Афғонистон чӣ гуна мебинед?

Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯз нуфузу эътибори Давлати Қатар дар арсаи байналмилалӣ боло меравад ва кишвари дӯсти мо якҷоя бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли буҳронҳо, таъмини сулҳ ва рушди босубот дар минтакаҳои гуногуни ҷахон нақши муассиру созандаро мебозад.
Тавре ки дар боло ман таъкид кардам, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шурӯъ гардидани музокироти сулҳи Афғонистон дар Давҳа ҳамаҷониба истиқбол мекунад. Мо мавқеи кишвари дӯсти Қатарро нисбат ба ҳалли қазияи Афғонистон тавассути роҳҳои дипломатӣ баланд арзёбӣ мекунем.
Таърих собит намуд, ки ҳалли низоъ дар Афғонистон бо роҳҳои низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз мо фароҳам намудани майдони музокирот ва муколамаи байниафғонӣ дар Давҳаро барои ҳалли ихтилофҳо дар кишвари ҳамсояи Афронистон фурсати таърихӣ меҳисобем.
Мавқеи мо бар он асл асос меёбад, ки расидан ба сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо бо иштироки васеи афғонҳо имконпазир аст ва мо аз ташкили ҳама гуна майдонҳо, ки дар он ҷо худи афғонҳо гуфтушунид мекунанд, истиқбол менамоем.
Тоҷикистон омодааст, ки дар доираи фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар барқарории сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҳамҷавор гузорад,
Дар фарҷоми сухан ба мардуми дӯсти Қатар сулҳу амонй ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.

Ташаккур.

Манобеъ:

http://president.tj/node/24957
https://al-sharq.com/article/05/01/2021/فخامة-إمام-علي-رحمان-رئيس-طاجيكستان-لـ-الشرق-إنجازات-قطر-ومكانتها-الرفيعة-نتيجة-القيادة-الحكيمة-لصاحب-السمو?fbclid=IwAR33aWlb7d8daVa4CISDt6TI4eJjv2dyfPvMQu5lV7pbdZjlP_2z7KLgOgU
 

НАЗАД