“Нақши бонувон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатдории тоҷикон дар шароити дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ»

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Дар арафаи Рӯзи Модар Сафаргул Давлиёрова корманди илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши бонувон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатдории тоҷикон дар шароити дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ” мақолаашро пешниҳоди “Овози тоҷик” гардонид. Дар зер шакли пурраи маводи муаллифро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.

Э.Раҳмон (Паём 2021)

Ёдовар шудан ба мақсад мувофиқ аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон — Тоҷикистон масоили баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт ҳамасола дар меҳвари Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойи махсусро ишғол менамояд.

Чунки дастгирии ҳаматарафаи фаъолнокии занон ва эҳтиром ба зан — модар, баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеаи мутаммадин мудом зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад.

Ин аст, ки нақши босазои занону бонувони кишвар дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқ ва гуманитарӣ бараъло ҳис карда мешавад. Дар баробари ҳамаи ин зан нақши азалии хешро, ки тарбиятгари насли инсоният аст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, чунин омадааст: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд.

Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.

Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар баробари ин роҷеъ ба нақши бонувон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатдории тоҷикон дар Паёми соли 2023 омадааст, ки: “нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.

Дар баробари ин метавон зикр кард, ки “дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир таълиму тарбияи солими ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии онҳо мавзӯи мубрами рӯз маҳсуб ёфта, тақозо менамояд, ки ҷавонони асри 21-ро, ки асри пешрафту тараққиёти илм, техника, технологияи муосиртарин мебошад, дар рӯҳияи ҳисси баланди худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи солими ҷавонон ва фаъолияти озодонаи онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам намудааст. Ҷавонони худшиноси замони Истиқлолро дар шароити ҷаҳонишавии замона мебояд, ки аз ин неъмати бебаҳо манфиат бардошта, донишҳои замонавиро аз худ намуда, дар ҳифзи манфиатҳои волои миллию давлатӣ ва марзу буми Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузоранд”.

Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону бонувони тоҷик рисолати басо пурмасъулиятеро аз қабили ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллии аҷдодӣ, таълиму тарбияи насли нави замони муосир, ташвиқу тарғиби сиёсати давлат, давлатдорию ватанпарастиро пеш гузоштааст. Бемуҳобот, рисолати зан-модари тоҷик дар дарозои таърих ин пеш аз ҳама таълиму тарбияи дурусти насли худшиносу худогоҳи миллат барои бақои миллату давлат будааст.

Аз ин ҷост, ки дар ҳаёт амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, пешгирӣ намудани раванди шомилшавии занону бонувон ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар давлатдории навини тоҷикон нақши босазо мегузорад.

Ин рисолати муҳимми таърихӣ тақозо менамояд, ки зан-модар бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд.

“Масъалаи маърифатнокии занону духтарон дар миёни аксар халқияту миллатҳои ҷаҳон аз масоили ҳалталабу мавриди таваҷҷуҳ ба шумор рафта, боиси нигаронии аҳли илму адаб низ гаштааст.

Адиби машҳур Робиндранат Такур аз он изҳори ташвиш мекард, ки дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ба писарон мешавад, на ба духтарон. “Ин даҳшат, ин хатои ҷиддӣ аст. Бо чунин ақидаҳо ҷомеаи мо ҳеҷ гоҳ ба пеш намеравад. Маълум аст, ки дар тарбияи оила нақши зан, масъулияти ӯ бештару назаррастар аст. Пас, чаро садди роҳи таълими духтарон мешавем? Бадбахтии ҷомеа аз бадбахтии занон аст. Охир модар на ба як оила, балки ба тамоми ҷаҳон тааллуқ дорад”.

Адиб дар эссеи “Таҳсили занон” таъкид мекунад, ки маърифат ҳам ба зан ва ҳам ба мард баробар дода шавад: “Ҳар чизе, ки лоиқи омӯхтанист, илм аст. Илм барои ҳама бояд дастрас бошад. Хоҳиши донистан қонуни табиати инсонист”.

Худи Такур аввалин шуда барои таҳсили духтарон дар Банғола мактаби шахсӣ кушод, ки баъдан ба донишгоҳ табдил ёфт ва дар ин даргоҳ машҳуртарин занони сиёсатмадор (аз ҷумла, аввалин сарвазирзани ҳинду Индира Гандӣ солҳои 1934-1935 донишҷӯ буд), олимон ва кайҳоннавардзанони Ҳиндустон маърифат андӯхтаанд.

Воқеан, дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад.

Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад. Масалан, маҳз бо ҳидояти модари донишманд шахсиятҳои бисёр барҷаста аз қабили С. Айниву Б. Ғафуров ба пояҳои баланди маърифат расида, барои пешрафти ҷомеа нақши муассири худро гузоштаанд.

“Агар ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ рӯ биоварем, пас мебинем, ки модарону занони мо на танҳо паҳлавонҳо ба дунё меоварданд, балки худ, дар ҳолати зарурӣ ба мисли Гурдофарид ба дифои давлату сарзамини худ мебаромаданд.

Тоҷикзан дар ҳама давру замон соҳиби ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ, шуҷоат ва меҳру садоқат буд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳазорон Гурдофаридон дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст”.

Бо итминони комил метавон иброз намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар солҳои 1991-2024 (дар муддати 33 сол) ҷаҳду талоши ҳукумати мамлакат бо ибтикори фарзанди фарзонаи миллат, фидоии роҳи сулҳу амният, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибмақом гардидани занону бонувон тамоми шароитҳои муносиби фаъолиятро фароҳам оварда аст ва ин раванд то кунун идома дорад.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки таҳти сарпарастӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат нақши бонувони кишвар дар ҳифзу эҳёи арзишҳои миллии ниёгонамон, дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва дар барқарории сулҳу субот дар минтақа ва мамлакат беназир аст.

Дар интиҳо зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки Зан-модари тоҷик дар баробари олиҳаи зебоӣ ва фариштаи зиндагӣ буданаш, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатдории тоҷикон пешсаф буда, нақши бориз дорад. Ин ақида бебаҳс аст, чунки ин равандро таърих борҳо исбот намуда аст.

Аз ҷумла, сазовори ёдоварист, ки «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

 

Бознашр аз сайти Радиои овози тоҷик. http://vot.tj/tj/?p=25215 аз 02.03.2024с.

НАЗАД