Автор: Кудратов Комрон
Муколаммаи тамаддунҳо дар шароити воқеияти объективии фазои ҷаҳони муосир падидаи бисёрҷанбаест, ки сатҳҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни тамаддунҳоро дар бар мегирад. Ин равандҳо пеш аз ҳама бо манфиатҳои ҳаётии ҳам тамоми минтақаҳо ва ҳам давлатҳои алоҳида дар шароити инкишофи равандҳои ҷаҳонишавӣ асос меёбанд ва боиси пайдоиши низоми бисёрсатҳӣ, мураккаб бо хусусияти бисёрсамтаи тамоюлҳои дохилии робитаҳо ва муносибатҳои байни тамаддуни муосир мешаванд.
Баъди ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тозае ба худ гирифта, фарҳанги миллӣ бар пояи осори таърихӣ ва арзишҳои миллӣ рушди фарогир ёфт.
Пайваста ба ин робитаҳои миллати тоҷик бо аҳли ҷаҳон, шиносоӣ ва бархӯрдории он аз арзишҳои умумибашарӣ афзуданд. Густариши робитаҳои фарҳангӣ бо ҷаҳони имрӯза Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо равандҳои фарҳангии ҷаҳони муосир пайванд намуд. Фарҳанги миллӣ бо равандҳои фарҳангии ҷаҳони имрӯза даромехта, мавқеъи Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷаҳон болотар рафт. Вобаста ба ин тақозо карда мешавад, ки дар баробари таҳкими фарҳанги миллӣ робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳони муосир ва баҳрамандшавӣ аз фарҳанги ҷаҳони мутараққӣ суръат гиранд ва алоқа бо дигар тамаддунҳо густариш ёбад.
Дар ин росто бояд зикр намуд, ки гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфтааст. Зеро рушди фарҳанг, забон ва адабиётро бе таъсири мутақобилаи фарҳангҳои мухталиф ва равандҳои ҷаҳонишавӣ наметавон тасаввур кард.
Раванди ҷаҳонишавӣ тақозои ҳамкории фарҳангӣ ва истифодаи он дар муносибатҳои байналмилалӣ ва инкишофи арзишҳои умумибашарӣ мекунад. Имрӯз ин раванд боз ҳам тавсеа ва таҳким ёфтааст. Пас, дар чунин шароит моро зарур аст, ки воситаҳои ҳамкорӣ ва ҷараёни истифодаи арзишҳои ҷаҳони муосирро пурзӯр намуда, бо нигоҳ доштани хусусиятҳои миллӣ равобити фарҳангӣ, илмӣ ва маънавииро таҳким бахшем.
Дар ин қарина, дар муколамаи тамаддунҳо илм нақши муҳимро иҷро менамояд. Пешрафти илмиву техникии асри 20, ки боиси сифати нави зиндагӣ дар кишварҳои пешрафтаи Ғарбу Шарқ гардид, ба татбиқи дастовардҳои илм асос ёфтааст. Илм на танҳо дар соҳаи истеҳсолот дигаргуниҳо ба амал меоварад, балки ба бисёр соҳаҳои дигари фаъолияти инсон ҳам таъсир мерасонад, ба танзими онҳо, аз нав сохтани воситаю усулҳои онҳо шурӯъ мекунад. Дар маҷмӯъ илм ҳамчун яке аз арзишҳои олии тамаддун ва фарҳанг дониста мешавад. Дар густариши равобити фарҳангӣ мақоми равобити илмӣ бонуфузтар аст ва рушду инкишофи илм ба гуфтугӯи тамаддунҳо мусоидат мекунад.
Имрӯз дар шароити буҳронҳои мудаввом дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва дар иқтисоди ҷаҳонӣ маҳз илм метавонад аз нерӯи созандаи худ истифода барад ва олами муосирро ба маҷрои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ равона созад.
Маҳз илм, ба назари мо, бо сарфи назар аз тамоми маҷмӯи проблемаҳои муосири байни тамаддунҳо ва зиддиятҳои марбут ба манфиатҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ ва ҳатто геофарҳангии ҳам қудратҳои алоҳида метавонад дар шароити ҷаҳоншавии муносибатҳои байналмилалӣ, барои рушди мусбати муколамаи Шарқу Ғарб ҳамчун бузургтамаддунҳо ва навъҳои гуногуни фарҳанг заминаҳои объективӣ ба вуҷуд оварад. Ин заминаҳо дар худи табиат ва мантиқи рушди ҳарду бузургтамаддун яъне ба вижагиҳои техногенӣ, инсонмеҳварӣ, ақлгароии онҳо иртибот дорад.
Шарти бақои ҳар миллат ва ҳар давлат бар асари ихтилофот, низоъ накардани мардумони онҳо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамзистӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо решаи амиқ дошта, ҳеҷ гуна низоъ ва хушунати фарҳангӣ, забонӣ ва адабӣ дида намешавад. Хурсандибахш аст, ки созишу таҳаммули якдигарӣ ва сулҳу сафо дар байни мардуми Тоҷикистон ҳукмрон мебошад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ тамоюле қувват пайдо кардааст, ки пайравони фарҳангҳои гуногун дар аслҳои миллӣ ва фарҳангӣ бо ҳам омадаанд. Масалан, адибон ва мутафаккирони Ғарб дар инкишофи забон, адабиёти бадеӣ ва фарҳанги миллии кишварҳои Шарқ саҳми бештаре гирифта истодаанд.
Дар даврони истиқлолият бо туфайли кӯшишҳои босамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо барои рушди фарҳанг таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқиву ниҳодӣ гузошта шудааст. Аз ҷумла, фаъолияти ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (соли 1993), «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (соли 2003), «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ва «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» танзим мегарданд.
Оиди нақши фарҳанг дар гуфтугӯи тамаддунҳо муҳим аст:
Дар низоми ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалӣ масъалаи ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳаммияти бештар касб кардааст. Тайи солҳои сипаришуда тавассути саъйю талошҳои ҷонибҳо намунаҳои беҳтарини ёдгориҳои моддиву маънавии мо – аз ҷашни Наврӯз то ёдгории Саразму оинҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили – оши палав, чакан ба фонди тамаддуни ҷаҳонӣ ворид гардида, муаррифгари маданияти бойю чандҳазорсолаи тоҷикон мебошанд.
Манфиатҳои миллии мо тақозо мекунанд, ки пайвандҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик нигоҳ дошта шаванд ва бо пешрафти унсурҳои фарҳанги умумибашарӣ унсурҳои фарҳанги миллии халқҳо тақвият дода шаванд. Фарҳанги умумибашарӣ ва фарҳанги миллӣ дар якҷоягӣ бо андешаи миллӣ метавонанд ҳамаи сатҳҳои зиндагии мардумро фаро гиранд ва ба маҷрои солими такомул ва рушд равона гардад. Дар шароити имрӯза бо мақсади риоя ва татбиқи асли гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳо шинохти мероси бебаҳои ҳар як халқу миллат ва эҳтиром гузоштан ба он зарур ва ҳатмӣ мебошад. Ба лоиҳа ва барномаҳое, ки барои баланд бардоштани соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг равона карда шудаанд, диққати махсус дода шавад. Рушди соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди давлат ва бақои миллат аст.
Қудратзода К.А.,
н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ