Нақши минтақаҳои махсуси озоди иқтисодии Ҷумҳурии Индонезия

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Яке аз омилҳои рушди Ҷумҳурии Индонезия ин минтақҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Ҳукумати Индонезия таъсиси минтақаҳои махсуси озоди иқтисодӣ (минбаъд МОИ) дар минтақаҳои гуногуни кишварро барои ҷалби сармоя, рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои кадрҳои баландихтисос, рушди соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда ва инноватсионии истеҳсоли инчунин  рушди ҳудудҳо, равона кардааст.
Дар Индонезия то соли 2019 12 минтақаҳои махсуси озоди иқтисодии Ҷумҳурии Индонезия мавҷуд буд, ки соли 2019 Президенти Индонезия Ҷоко Видодо дар кишвар 17 минтақаи нави озоди иқтисодиро эълон намуд. 10-тои он соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ ва 7-тои он рушди соҳаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок, моҳидорӣ истеҳсоли молҳои дорои арзиши олӣ ва инчунин мошинсозиву электроникаро дарбар мегиранд.
МОИ дар музофотҳои Бантен, Суматри Шимолӣ, Сулавеси Марказӣ, Сулавеси Шимолӣ, Ғарбии Нуса Тенггара, Шимолӣ Малукку, Ҷанубии Суматра ва Калимантани Шарқӣ ҷойгиранд. Минтақаҳои озоди иқтисодии Индонезия барои рушди соҳаҳои нафтухимия, истеҳсоли пулод, коркарди боксит, истеҳсоли кимиё коркарди ангишт  ва истеҳсоли никел сохта шудаанд.
Фаъолияти МОИ дар Индонезия тибқи Қонунҳои № 39, № 100   солҳои 2009- 2012 "Дар бораи минтақаҳои махсуси иқтисодӣ" ва "Дар бораи ташкили фаъолияти МОИ Индонезия" бо қарори Ҳукумати Индонезия амалӣ карда мешаванд. Вазифаҳои идоракунии маъмурии МОИ аз ҷониби мақомоти давлатӣ Шӯрои Миллии МОИ дар якҷоягӣ бо воҳидҳои минтақавии дахлдор амалӣ карда мешаванд.
МОИ Индонезия  ба намудҳои зерин тақсим  мешаванд:
  • минтақаҳои озоди тиҷоратӣ, гумрукӣ ва минтақаҳои транзитӣ барои ҷойгиркунии истеҳсоли инноватсионӣ ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда;
  • минтақаҳои озоди бандарҳо барои ташкили киштисозӣ, таъмири киштиҳо ва расонидани хизматрасонии логистикӣ;
  • минтақаҳои озоди саноатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ;
  • минтақаҳои озоди технологӣ барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳо;
  • минтақаҳои озоди сайёҳӣ.
Соли 2007 аввалин минтақаи озоди иқтисодӣ дар музофотҳои Батам, Бинтан ва Каримун Риау дар Индонезия таъсис ёфтанд. Соҳаи асосии саноат киштисозӣ зиёда аз 150 ширкати резидентӣ, саноати электроника аз ҷумла, ширкатҳои байналмилалии резидентҳои Sanyo, Panasonic, Siemens, Philips ва Sony фаро мегирад.
Афзалиятҳои андоз, имтиёзҳои гумруки ва дигар афзалиятҳо дар МОИ

Афзалиятҳои андоз

- 30% тахфиф  ҳангоми пардохт аз андози даромад;

- суръатнокии тарифҳо (амортизатсия);

- озодкунии партохт аз андоз барои сармоягузорони

калон зиёда аз 60 миллион доллар дар давоми 5-10 сол

 аз оғози истеҳсоли тиҷоратӣ бо пардохти минбаъдаи

 онҳо дар ҳаҷми 50%;

- озод кардани ширкатҳо ва шахсони воқеие, ки дар

МОИ фаъолият мекунанд, аз пардохти андоз аз

 арзиши иловашуда, андоз аз молҳои боарзиши

ва боҷҳо ҳангоми содироти молу хизматрасониҳои

дар МОИ истеҳсолшуда.

Имтиёзҳои гумрикӣ

- пурра озод кардан аз боҷи воридотӣ барои ашёи

 хом, мавод ва ҷузъҳо, мошину таҷҳизот барои

 фаъолияти ширкатҳо дар МОИ барои 2 сол; минбаъд

 дар давоми 4 сол ҳангоми воридоти мошину

таҷҳизоти барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ зарур.

Дигар афзалиятҳо

- тартиби соддакардашудаи бақайдгирии ширкатҳо

 (раванди бақайдгирии ширкатҳои хориҷӣ  дар

МОИ Индонезия барои 14 рӯз);

- тартиби соддагардонии коргарони хориҷӣ;

- ҳадди ақали монеаҳои маъмурӣ;

- нархҳои пасти иҷора ва хариди замин дар МОИ;

тартиби иҷозатномадиҳӣ, назорати муҳоҷират

барои коргарони хориҷӣ;

- додани иҷозат ба сармоягузорони хориҷӣ

барои бастани шартномаҳои дарозмӯддати

иҷораи қитъаҳои замин (то 75 сол) ва иҷрои

корҳои сохтмонӣ дар онҳо;

- додани сармоягузори хориҷӣ ҳуқуқи моликият

ва иҷозатномаи истиқомати доимӣ дар Индонезия.

 

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо фармони Президент таҳти рақами №8/2012 "Дар бораи танзими фаъолияти минтақаҳои махсуси иқтисодӣ" амалӣ карда мешаванд. Бо мақсади татбиқи фармон, Шӯрои Миллӣ оиди минтақаи озоди иқтисодии Индонезия ташкил карда шудааст. Шӯрои Миллӣ ташкилоти ҳукуматӣ мебошад, ки вазифаҳои идоракунии маъмурии минтақаи озоди иқтисодиро идора мекунад.
Роҳбари Шӯрои Миллии МОИ аз тарафи Ҳукумат аз ҷониби вазири иқтисоди кишвар ва дар сатҳи вилоятӣ таъин карда мешавад. Шӯрои Миллӣ дар музофотҳои МОИ намояндагиҳои худро дорад.
Шӯрои миллӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
  • Оиди додани иҷозатнома  дар минтақаи озоди иқтисодӣ қарор қабул ва иҷозад медиҳад, инчунин барои тасдиқи минбаъда ба Президент ва Ҳукумат пешниҳод менамояд;
  • Барои танзими фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ заминаи меъёрию ҳуқуқиро омода менамояд ва ҳамчунин  бо палатаҳои Парламент ҳамкорӣ мекунад.
  • Оиди ба дастгирии техникӣ ва иттилоотикунонии шаҳрвандони дохилию хориҷӣ дар минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ, тадбирҳо андешида бо мақомоти ҳокимияти минтақавӣ ҳамкорӣ менамояд.
Бо фармони Ҳукумати Индонезия  оид ба додани ҳудуд дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи меъёрҳои  муқарраршуда қарор таҳия гардида аз ҷониби Шӯрои миллӣ назорат мешавад. Барои идоракунии минтақаи озоди иқтисодӣ дар тобеияти  Шӯрои Миллӣ ширкатҳои идоракунанда таъсис дода шудаанд.
Вазифаҳои асосии ширкат ба резидентҳо шаҳодатномаи бақайдгирӣ, литсензия барои намудҳои алоҳидаи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодиро медиҳад ва инчунин ҳисобот оид ба фаъолият дар шӯъбаҳои ҳудудии Шӯрои миллӣ таҳия намуда, ба мақомоти гумрук ва андоз дар бораи бақайдгирии резидентҳо ҳисобот медиҳад. Додани иҷозатномаҳо ва литсензияҳо дар доираи расмиёти "равзанаи ягона" сурат мегирад. Резидентҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ иборат аз:
  • корхонаҳои давлатӣ;
  • ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҳуқуқӣ;
  • корхонаҳои муштарак ва корпоратсияҳои трансмиллӣ.
Тибқи қонунгузории амалкунанда, барои ҷалби сармоягузорон дар МОИ, ин пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқҳои дарозмуддати замин мебошад, ки ширкатҳо метавонанд заминро ба муддати 30 сол ба иҷора гиранд ва иҷораҳо ду маротиба барои 10 сол тамдид ва пешниҳод карда мешаванд. Дар доираи ташаббусҳои нави Президент ва Ҳукумати кишвар оид ба рушди МОИ ин мӯҳлатҳо мутаносибан 15 то 50  сол зиёд карда мешаванд.
Соли 2015 ширкати идоракунии “Идораи савдои минтақаи мақоми Батам (Batam Authority Zone Trade Trade Authority) минбаъд - BIFZA - тавонист сармоягузории хориҷиро ба маблағи беш аз 8 миллиард доллар барои рушди киштисозӣ ва таъмири киштиҳо дар минтақаи озоди тиҷорати  ҷалб намуд. Афзоиши соҳа вилояти Батамро ба бузургтарин маркази киштисозии кишвар табдил дод, ки ҳоло беш аз 160 ширкати киштисозӣ дар ин вилоят фаъолият мекунанд.[1]
Минтақаҳои озоди тиҷоратии Батам, Бинтам ва Каримун низ ба платформаи рушди саноати электроника табдил ёфтанд. Талаботи афзоянда ба электроника дар байни истеъмолкунандагони осиёӣ барои сармоягузорони хориҷӣ хеле ҷолиб аст. Дар байни ширкатҳое, ки BIFZA ҷалб кардааст, ширкатҳои монанди Sanyo, Panasonic, Siemens, Philips ва Sony мебошанд. Муваффақияти бахши электроника дар наздикии он ба Сингапур, инчунин интиқоли бомуваффақияти технология тавассути ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба таҷҳизоти навтарин ва таҷриба мебошад.
Хулоса, омӯзиш ва тањлили таҷрибаи  кишварњои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Индонезия барои Тоҷикистон муҳим мебошад. Зеро фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ва шароити мусоид  барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Индонезия ва кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодиёт ва ҷалби саромояи дохилию хориҷӣ дар қаламрави кишвар аз 5 марти соли 2008 чаҳор МОИ ташкил карда шуда буд, ки аз рӯи чунин шаклҳо фаъолият мебаранд: МОИ “Суғд” - саноатӣ-инноватсионӣ дорои 24 субъект (20-то истеҳсолӣ, 4-то хизматрасонӣ), “Данғара”-истеҳсолӣ- инноватсионӣ дорои 27 субъект (21-то истеҳсолӣ, 6-то хизматрасонӣ), “Панҷ”-комплексӣ дорои 17 субъект (13-то истеҳсолӣ, 4-то хизматрасонӣ), “Ишкошим”-истеҳсолӣ-тиҷоратӣ дорои 3 субъект (1-то истеҳсолӣ, 2-то хизматрасонӣ) ва соли 2019 МОИ “Кӯлоб” таъсис дода шуд, ки шакли фаъолияташ -истеҳсолӣ буда, дорои 1 субъект мебошад.[2]
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар роҳи расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) назаррас мебошад. Зеро, дар МОИ бо истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, ашёи хоми ватанӣ ва қувваи корӣ баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва афзун гардидани номгӯи маҳсулоти ватанӣ ва ҳаҷми он шароит мусоид фароҳам оварда шудааст.[3]
Дар марҳилаи имрӯзаи пешрафт ва ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ фаъолияти МОИ ба рушди иқтисодиёти кишвар бештар имконият фароҳам оварда, асосан ба ҳалли масъалаҳои бунёдии иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои саноатикунонӣ ва лоиҳаҳои стратегӣ водор мекунад. МОИ баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити кору истеҳсолот, рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигаронидани он фаъолият мебаранд.
Маҳсулоти асосии содиршаванда аз Индонезия: -бофандагӣ, собун, электроника, пойафзол, мебел ва ғайра, мебошад.
Дар тӯли 27 соли муносибати дипломатӣ, ҳаҷми савдои Тоҷикистону Индонезия аз 5 миллион доллари ИМА дар як сол боло нашудааст.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисоди ва таҷрибаи минтақаи озоди иқтисодӣ Индонезия чунин пешниҳодҳо манфиатоваранд:
  1. Бо мақсади амали намудани стратегияи 4, яъне саноаткунонии кишвар пешниҳод мегардад, ки терминали фурудгоҳи боркашонии ҳавоии Индонезияро дар минтақаи озоди иқтисодии кишвар ҷалб ва ба иҷора дода шавад.
Фурудгоҳи байналмилаии Душанбе  ба фурудгоҳи байналмилалии Сукарно Хатта тақрибан 15 соату 35 дақиқа буда, масофаи 6315 километрро фаро мегирад.
Зеро, мушкилоти асосии воридотии маҳсулоти Индонезия ба Тоҷикистон ва маҳсулоти Тоҷикистон тавассути нақлиёт ба мӯҳлати 1 моҳ мебошад, ки ба нархи баланди молҳои воридоти таъсир мерасонад. Ин ба шароити ҷуғрофии Тоҷикистон вобаста аст, ки роҳи баромад ба баҳр надорад. Ҳаҷми мубодилаи тиҷоратии байни ду кишвар ҳанӯз нокифоя аст. Зеро маҳсулоти Индонезия аз бандари  Аббоси Эрон ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Мавриди зикр аст ки соли 2009 ширкати Korean Air Cargo  дар асоси нақшаи 10-солаи рушд ва барномаҳои модернизатсиони бо суръат бахшидан идоракунии фурудгоҳи Навоиро ба ӯҳда гирифт ва барномаи навсозиро боз ҳам суръат бахшид. Сохтмони бузургтарин терминали боркашонии ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Терминали фурудгоҳи боркашонии ҳавоии Индонезия дар МОИ кишвар, Тоҷикистон метавонад ба бозорҳои ОҶШ ворид шавад.
  1. Оид ба истифодаи таҷрибаи Индонезия дар мавриди минтақаи озоди иқтисодӣ дар шароити Тоҷикистон чунин иқдомҳо заруранд: истифадаи таҷрибаи афзалиятҳои андоз, имтиёзҳои гумруки ва дигар афзалиятҳо дар МОИ Индонезия дар шароити Тоҷикистон ба мақсад мавофиқ аст.
  2. Таъсиси Шӯрои Милли ва ширкатҳои идоракунанда барои рушди минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон;
Ҳамин тариқ омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи МОИ Индонезия барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон манфиатовар аст.

Адабиёт:
  1. Сомонаи расмии МИИ - Ҷумҳурии Тоҷикистон // info@fez.tj. (санаи муроҷиат:08.2021).
  2. Шарифзода М. Ҳомидҷон М, Минтақаи озоди иқтисодии “суғд” ва нақши он дар саноатикунонии босуръати кишвар https://cyberleninka.ru/article/n/minta-ai-ozodi-i-tisodii-sugd-va-na-shi-on-dar-sanoatikunonii-bosurati-kishvar (санаи муроҷиат: 18.08.2021)
  3. Data economic intelligence kazakhstan dan tajikistan tahun 2020 https://kemlu.go.id/download/l1npdgvbc3nldhmvtglzdhmvsw1wb3j0yw50jtiwsw5mb3jtyxrpb24vqwxssxrlbxmvtufss0vujtiwsu5uruxmsudftlqlmjblqvpbs0htvefojtiwrefojtiwvefksutju1rbtiuymdiwmtkucgrm (санаи муроҷиат08.2021)
  4. МОИ Индонезия https://www.gpminstitute.com/publications-resources/Global-Payroll-Magazine/february-2016-issue/asia-briefing-indonesia-s-growing-special-economic-zones-present-opportunities-challenges (санаи муроҷиат08.2021)
 
[1] МОИ Индонезия https://www.gpminstitute.com/publications-resources/Global-Payroll-Magazine/february-2016-issue/asia-briefing-indonesia-s-growing-special-economic-zones-present-opportunities-challenges (санаи муроҷиат 21.08.2021)
[2] Сомонаи расмии МОИ - Ҷумҳурии Тоҷикистон // info@fez.tj. (санаи муроҷиат: 19.08.2021).
[3] МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “СУҒД” ВА НАҚШИ ОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР Шарифзода М. М Ҳомидҷон А https://cyberleninka.ru/article/n/minta-ai-ozodi-i-tisodii-sugd-va-na-shi-on-dar-sanoatikunonii-bosurati-kishvar (санаи муроҷиат: 18.08.2021)

Соҳиби Баҳруло.
ходими хурди илмӣ
ва докторант PhD-и курси 3.

НАЗАД