Автор: Рахмонзода Азимджон Шерали
Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст, ин ваҳдат аст. Ваҳдат дар назар як вожаи оддӣ намояд ҳам, аммо дар асл як мафҳуми созанда, офарандаи шодию тараб, пайвандгари инсонҳо ва васлкунандаи таърих мебошад.
Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.
Бо омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар арсаи сиёсат муборизаи қувваи некӣ бар бадӣ, сулҳ бар ҷанг оғоз ёфт. Ин абармарди шарифном миёни аҳли ҷомеа нахустин сухани худро аз сулҳ оғоз намуд. Ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ миёни ҳамватанон иброз намуд, ки “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”.
Ин ҳарфи Пешвои миллат нахустин хиште буд, ки дар бунёди кохи ваҳдат миёни тоҷикон гузошта шуд. Бо талошҳои меъмори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин созишнома ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима дода, ба ҷои он Ваҳдати миллиро падид овард. Албатта ҷанги шаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикстон ва мардуми он ҳазорҳо бевазан, ҳазорон ятимону бепарасторон ҳазорҳо деҳаҳову шаҳрҳои харобу валангор мерос гузошт. Хушбахтона, пас аз хотимаи ҷанг ва ба вуҷуд омадани Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи на чандон тӯлонии таърих тамоми мушкилоти ҷанг бартараф гардид. Дар натиҷаи баҳам омадани истиқлол ва ваҳдат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Хусусан дар 26 соли ваҳдатсолорӣ таърихи навини тоҷик ба дигар давраҳои таърихӣ пайванди ногусастанӣ пайдо намуд.
Мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест бебаҳс ва воқеиятбунёд. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷикро, эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад.
Ваҳдати миллӣ дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих низ таъсири бузурги худро расонид. Дар ин давра олимону муҳаққиқон ба пажӯҳиши баъзе аз саҳифаҳои норавшани он рӯ оварда, асару мақолаҳои бунёдӣ офариданд. Хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши таърихро қарзи фарзандию роҳбарии худ дониста, як силсила асарҳои бузургҳаҷм аз ҷумла, “Аз Ороиён то Сомониён”, Нигоҳе ба таърихи тамаддуни Ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” “Забон ҳастии миллат” ва даҳҳо асари таърихии дигар офарид. Пешвои миллат дар асарҳои баланмазмуни худ исбот намуданд, ки тоҷикон як миллати бузурги таърихӣ буда, нақши онҳо дар тараққиёти тамаддуни башарият беназир аст.
Маҳз дар асари “Чеҳраҳои мондагор” – и Пешвои миллат собит гардидааст, ки шахсиятҳои нотакрори тоҷикон пайваста талқинкунадаи ваҳдат буда, инсоҳоро ба ҳаёти осоишта даъват мекарданд.
Эъмори ҳар давлатро, бе муҳобот, бидуни оромиву субот тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вале бо амри тақдир барои баъзе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ он дар майлонҳои куллан ноозмуда рӯи кор омад, ки таърих мисолашро ёд надорад.
Санаи 27-уми июни соли ҷорӣ мардуми ваҳдатсолори тоҷик 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои амну ором ҷашн мегиранд. Мусаллам аст, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ санаи 9-сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ мустақил гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон як давлати озод арзи ҳастӣ намуд. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи навини мо тоҷикон саҳифаи наву тоза дар пайванд бо мероси пешинаи ниёгон кушода намуд. Мутаассифона, душманони дохилию хориҷии мо тоҷикон аз таъсиси давлати озоди Тоҷикистон ҳаросида, домони истиқлоли ӯро ба майдони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Дасисабозону манфиатҷӯён фурсатҳои муносиби ҳамон давраро муфид дониста, миёни тоҷикон тухми нифоқро кишт намуданд. Умед бар он бастанд, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон базудӣ пош хурда, соҳиби сарзаминҳои нав мешаванд. Хушбахтона нияти нопоки онҳо ҷомаи амал напӯшид.
Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Пешвои миллат намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ як амри воқеӣ буд.
Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ 35723 хона вайрон гашта, даҳ миллиард хисороти пулӣ расид, 25000 бесаробон, 53000 бепадар, 150000 - 200000 маҳкуми марг шуданд. Гузашта аз ин, 60000 ба Афғонистону 195 ҳазор шаҳрванд ба давлатҳои собиқ Шӯравӣ фирорӣ шуданд. Шояд ин қисмат буд, ё ки сабақи нави таърих, ки дар билоди мо тоҷикон боди бисёр ҳам тезу тунд вазид. Ҳарчанд бисёре аз фирориён ба Ватан баргашта бошанд ҳам, вале теъдоди каме аз онҳо дар Русия, Ҷопон, Куриё, Қатар, Яман ва кишварҳои дигар сокин шуда, имрӯз робитаҳои қавӣ бо Ватани худ – Тоҷикистон - доранд. Мувофиқи маълумоти дақиқ, он ҳангом 79% мусофиронро дар ин ё он кишварҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медоданд, ки аз онон 39%-ро мардони аз 40 то 50 – сола ташкил менамуданд. Чуноне ки аз далелҳо бармеояд, бо вуҷуди ҷангу ҷидолҳои дохилӣ мардум дар пешрафт ва ободии Ватан ҷаҳду талош менамуданд. Вале ногуфта намонад, ки қисмате аз онҳо, тибқи гузориши рӯзномавии собиқ сафири мухтор ва фавқулодаи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов, дар муддати 1 сол 4 ҳазор тоҷикон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Хушбахтона, чанде нагузашта нерӯҳои солим боло гирифт, асолати аҷдодӣ дар дилу дидаҳо равшанӣ овард. Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози 16-ум доир гардид, ки он пайки наве дар мазҳари армонҳои миллат буд.
Фарзанди барӯманди халқи тоҷик Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ин марзу бумро дар сангинтарин марҳала ба дӯши худ гирифтанд ва изҳор доштанд, ки барои халқу Ватан, барои осудагӣ ва ободии он донишу қувваи худро дареғ намедоранд. Маҳз ҳамин ҷонфидоӣ ва диловарии Пешвои миллат буд, ки дар дили миллионҳо тоҷику тоҷикистониён шуълаи умеду орзуҳо аз нав фурӯзон гардид. Дар Тоҷикистон сапедӣ бар сиёҳӣ пирӯз меомад. Соли 1994 бо созмон дода шудани музокироти тоҷикон марҳалаи нав оғоз гардид. Дар ин замина қадам ба қадам барои иҷрои мақсадҳои ниҳоӣ шароит муҳайё мегардид. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 барои муттаҳид гардидани тоҷикон дар шаҳри Москва байни ҳукумати қонунии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ва сардори мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ санади ояндасози миллат-Созишномаи умумии сулҳ ба имзо расид.
Ҳосил шудани ин созиш ва эътимод ба якдигар, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати муайян гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
Баъд аз барқарории ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори ҳамешагии Сарвари давлат раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии сухан ва матбуот, ташаккули тафаккури миллӣ равнақу ривоҷи бештар пайдо намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд.
Тамоми арзишҳои миллию суннатӣ эҳёи дубора пайдо намуданд. Хусусан соли 1999 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1100 солагии нахустин давлати мутамаркази тоҷикон давлати Сомониён ҷашни умумимиллӣ гирифта шуд. Ҷашни давлати Сомониён бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки мардуми тоҷик аз қадим мардуми тамаддунофару сулҳпарвар буда, дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ нақши беназир доранд. Дар баробари ин соли 2007 2700 солагии шаҳри Кӯлоби бостон, соли 2015 3000 солагии шаҳри Ҳисор, Соли 2020 5500 солагии шаҳри Саразм таҷлил гардид. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки дар баробари эҳёи таърихи қадимаи худ инчунин Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам сохт, ки бузргдошти як силсила абармардони илму адаб ҷашн гирифта шавад. Аз ҷумла, бузргдошти шоирону адибон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Имом Абуҳанифа ва садҳо нафар бузургони дигар бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардиданд. Перомуни ҳамаи ин бояд изҳор дошт, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик як майдони фарохи бурдборию муаррифии таърихи бойи худро ба вуҷуд овард. Имрӯз бо шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои амнтарин дар дунё шинохта шуда, мардуми онро мардуми сулҳдӯсту инсонпарвар мешиносанд. Маҳз ваҳдатсолорию ваҳдатдорӣ ойини мо тоҷикон аст, ки аз тамоми дунё имрӯз сайёҳону ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз минтақаҳои таърихии он дидан менамоянд ва боварӣ ҳосил менамоянд, ки тоҷикон дар воқеъ як миллати таърихӣ мебошанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии кишварро бар дӯши худ гирифта буданд, аз аввалин рӯзҳои фаъолияташон роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии кишвар муайян намуданд. Пешвои миллат дар яке аз аввалин изҳороташон усули аслии фаъолияти роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин сифат намуда буданд:
«Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳӣ зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».
Яке аз дастовардҳои бузурги ин санади тақдирсоз ба кори азнавсозӣ ҷалб гардидани 6890 силоҳдор ва дар ободонии Ватан камари ҳиммат бастани онҳо ба шумор меравад, ки он дар ҷаҳон чун намунаи ибратомӯз эътироф ёфтааст.
Ваҳдати миллӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат шодиву фараҳ овард. Он чун нӯшдоруе дар ҷисму ҷонҳои хаста рӯҳу тавон бахшид, ки самарашро ҳамарӯз мо бо чашми ақл мушоҳида мекунем. Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистон на танҳо ободу зебо мегардад, балки дар пешрафти ҷомеа гомҳои устувор дорад, ки, пеш аз хама, аз самари ин санади тақдирсоз замина гирифтааст.
Моҳияти хидматҳои бузурги Пешвои миллатро мо дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Тоҷикистон медонем ва икрор бар онем, ки ҳар фарзанди фарзона соҳиби унвони қаҳрамони кишвар ва пешвои асри XXI шуда наметавонад.
Дар марҳалаи нави бунёди давлатдории муосири Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар он зоҳир мегардад, ки дар симои шахсияти беназири таърихӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои башарӣ - адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ - таҷассум ёфтанд ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Ҳалқу миллати тоҷикро Худованд назари нек кардааст. Зеро ин таъриху фарҳанг, ин миллати куҳанбунёд воқеан ниёзманди хамин гуна сарвару пешвое буд, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудӣ ба шаҳри умеди орзуҳо раҳнамун созад. Ва имрӯз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, Ватанро хонаи умеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ, кӯҳистони моро воқеан ба Боми ҷаҳон мубаддал намуда, ба тоҷикон ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббатро ба арзу буми бобоӣ ато кард.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои арзишманди таърихию муқаддаси даврони истиқлолият мебошанд. Ваҳдат иттиҳоду сарҷамъии инсонҳо буда ва сулҳу оромӣ ва ободию пешрафти давлат аз мавҷудияти ваҳдату ҳамдилӣ вобастагии калон дорад. Воқеан, Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилию хориҷии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Барои ҳифзи ин ҳама арзишҳои миллӣ ва боз ҳам устувор намудани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, ки албатта аз файзи сулҳу ваҳдат аст, мо ҷавонон бояд дар пойдору таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузорем.
Зиҳӣ, Пешвои миллат, зиҳӣ, фарзанди сазовори миллати тоҷик!
Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ