Натиҷагирӣ (прогнозҳо)

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Қисми - 9
 
Ман якчанд фактор (мутағайирҳо), пешниҳод кардам, ки бар раванди ояндаи исломи сиёсӣ ба таври қатъӣ таъсир мегузорад ва масоилеро муайян кардам, ки дар сурати боқӣ мондани ин ҷунбишҳо бо онҳо бояд бархурди мусбат шавад. Оре, ҳеҷ кас наметавонад пешбинӣ кунад, ки кадом як аз ин роҳҳо бештар эҳтимолият дорад, аммо ман бо ин ҳол беҳтарин пешгӯӣ ё ҳадсро мезанам, ки ба таври мухтасар баён кунам, ки дар тайи бист соли оянда ё бештар аз он шоҳиди ин ҳаракатҳо хоҳем буд. Далел ё мантиқи ин фарзияҳо дар баҳсҳои қаблӣ дар мавриди гузинаҳо (алтернативаҳо) омадааст. Ман дар инҷо фақат хусолаҳо ё натиҷагириҳоро пешниҳод мекунам:
- Ду даҳаи баъдӣ ё оянда дур нест талабот ва фишорҳои бисёр бештаре бар ҷунбишҳои исломгаро оварда шавад, зеро онҳо ҷойгоҳеро дар низому қонунҳои сиёсӣ дар саросари ҷаҳони ислом воқеан хоҳанд ба даст оваранд. Ҳамзамон ҷунбишҳои хушунатомези исломӣ бояд маҳор (контрол) шавад ва ҷунбишҳои ғайри хушунатомез не. Бинобарин онҳо дигар бо чолишҳои мавҷуда ва барзистӣ рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд, балки ниёз ба ироаи баъзе посухҳои муфид ва созанда барои мушкилоти мардум зарурат аст;
- Ман бад шудани муносибати байни исломи байналмилалӣ ва Иёлоти Муттаҳидаро, бар асоси чандин фактор ё омилҳост пешбинӣ мекунам; натиҷаҳо аз ҷанг нотамому бенатиҷа бар зидди терроризм, набудани қобилияти эҳтимолии он барои маҳви терроризм ва дар натиҷа кина ва норизоятии шадиди ҷаҳони ислом афзоиш пайдо кард. Ин раванд мумкин аст ба таври густурда рӯ ба сӯи терроризми фарогиртаре бар зидди амрикоиҳо шавад, вале он хусусияти аҷоибе нахоҳад дошт. Чунин вазъият Иёлоти Муттаҳидро дар мавқеияти амиқи дифоӣ дар саросари ҷаҳони ислом қарор хоҳад дод.
- Бо афзоиши терроризм дар миқёси хурд, оқибатҳои худро бар зидди Иёлоти Муттаҳида нишон медиҳад, печидагиҳову тирагиҳо миёни мусулмонон дар Ғарб ва ҷамъияти ғарбӣ дар дохил боло мегирад ва як вазъияти дохилии нохубу зиштро эҷод мекунад, ки озодиҳои маданӣ ба таври физояндае таҳти таъсири як зеҳнияти “бункери Амрико” қарор бигирад. Ҷунбишҳои исломгароёна ҳадафи шубҳанокдошта ба унвони заминасоз зидди амрикокунонӣ мебошанд ва фишорҳои Амрикоиро дар хориҷи кишвар эҳсос хоҳанд кард, ки этимолан бо иҷозати афзоиш тавассути кишварҳои авторитарӣ бо иқдомҳои ҷиддӣ бо онҳо мухолиф ё зид мешаванд. Ин амр боис мешавад то теъдоди зиёде аз афродро дар хушунатҳои бештар дар як хореографияи пешгӯиҳои худпешбарӣ равона созад.
- Бинобар ин бисёре аз ҷунбишҳои исломгаро аз вазифаҳои асосие, ки дар бахши бештари фаъолияташон оғоз карданд: таҳкиму тақвияти ҷомеаи исломӣ бо тамоми маъноҳояш: сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва ахлоқӣ дур намояд. Онҳо дар ивази он ба ҳолати дифоъ ва ҳатто интиқомҷӯӣ тамаркуз хоҳанд кард. Бо ин маҳдудиятҳо ва фишорҳо онҳо фурсати кам барои тавсеи барномаи озодтар хоҳанд дошт.
- На ҳамаи ҳаракатҳо дар ин дом меафтанд. Дар кишварҳое, ки дорои дастурамали демократӣ бо амалкарди мантиқӣ ҳастанд, исломгароён мумкин аст ба ҷойи қурбонӣ ё вайронгарии низоми сиёсӣ ба ҳам пайваста ба сохтори иҷтимоӣ кумак кунанд. Ҷунбишҳои исломӣ дар кишварҳое ба монанди Туркия, Малайзия, Кувайт, Иордания, Баҳрайн ва Яман эҳтимолан аз ин руё рӯӣ зинда монданд. Ҳолати дигар кишварҳо каме норавшан аст.
- Исломгароён бештар дар ҳимоят аз ҷунбишҳои озодибахши миллии ақалиятҳои мусулмон, ки худ ба худ шомили ҳокимияти сохти Русия, Чин, Ҳинд ё ҳукуматҳои дигар қарор доранд; ҷунбишҳо ҷанбаҳои исломии бештареро барои тақвияти ангезаҳои миллатгароии худ пеш мегиранд. Русия ва Африқо ба вижа бо истифода аз дин ба унвони васила мубориза дар ҷангҳои қавмӣ осебпазир хоҳад буд.
- Сарнавишт ё тақдири исломи сиёсӣ бо роҳи ислоҳот васеътар рабту алоқамандӣ дорад. Исломгароӣ танҳо абзор барои ислоҳот ва тағйир ба ҳар василае набуда, балки ба он ҳоким хоҳад шуд, хусусан дар ҷомеъаҳои маҳдудшуда ё баста.
- Қудратҳову неруҳои бисёри иҷтимоӣ ва норизоиятиҳое, ки имрӯз исломи сиёси пеш мебарад, то замоне, ки чунин шикоятҳо вуҷуд дошта бошанд - идома хоҳад ёфт ва онҳо ба сахтӣ мехоҳанд аз байн бираванд. Агар исломи сиёсӣ ба таври муассир ин мушкилотро напазирад ва саъй дар ҳалли онҳо накунад, неруҳои дигаре зоҳир мешаванд, ки онҳоро мепазирад. Ҷойгузин ё номзади пешбар дар инҷо чапгароён мебошанд. Исломи сиёсӣ баномаҳои радикалии чапгароёнро мепазирад ё онҳоро ба худашон вогузор карда, шуҳратро аз даст медиҳад. Вақте ин иттифоқ меафтад, эҳтимолан шоҳиди таҷдиди ҷанг дар байни исломгараён ва чапгараёни радикал хоҳем буд, ки чизҳои шабеҳеро ба даҳаи 1970 ёдовар мешавем.
- Сенарияҳои зикршуда норавшан буда, моҳияти бисёре аз мушкилоти ҷаҳонро нишон медиҳад, ки вокунишҳои хатарнокеро хусусан дар ҷаҳони ислом эҷод мекунад. Ин муҳит таъсири мустақиме бар исломи сиёсӣ дорад. Омӯзиш ё хониши хушбинонатар чанд даҳсолаҳои оянда бояд ба унвони шартҳои муқаддимотӣ матраҳ гардад:
- Доштани як назми байналмилаии нарм ва камхушунат,ба таври куллӣ коҳиши терроризм:
- Канор гузоштани Вашингтон аз сиёсатҳои нарми хашин, беҳаду ҳудуд ва якҷониба дар муносибат ба ҷаҳони мусулмонон дар матни ҷанг бар зидди терроризм ва пеш гирифтани ҳамкорӣ ва муомилаи дилсузонатар бо ҷаҳони Ислом доштан;
- Пайдо кардани роҳи ҳалли одилона дар масъалаи Фаластин;
- Ислоҳот ва таҳаввулоти чашмгири сиёсӣ дар ҷаҳони Ислом, ки Иёлоти Муттаҳида ба таври фаъол пуштибонӣ мекунад.
- Шароити беҳбудёфта дар бештари кишварҳое дар ҳоли тавсеа ва ба вижа дар ҷаҳони Ислом, ки ҳолати имрӯзии нотавонӣ, хашмро беҳбуд бахшада, умеду эҳсоси пешравиро ба вуҷуд меоварад.
- Фароҳамоварии имтиёзҳои ватанӣ барои мардум дар ҷаҳони ислом барои рад кардани ҳама гуна ҳамдардӣ ба терроризми эҳтимолӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳида ҳамчун як фарди бемасъулият, бесамар ва зараров расондан ба гузинҳои зоҳиран умедворкунанда дар муқобил ё назди онҳо.
Ба таври хулоса исломгароён як сафар ё одессеяи қобили таваҷҷуҳро оғоз кардаанд - талош барои тамаддуни гузаштаи худ, бар асоси чаҳорчубаи фарҳанги исломӣ, ба унвони унсури муносиб дар рушду тавсеаи оянда. Бисёре аз неруҳои мухталиф талош карданд савори дастгоҳи исломи сиёсӣ шаванд, бархе бо натиҷаҳои харобиовар ва фосид ва бархи дигар бо идеяҳои созанда, пурбор ва халлоқона барои васл ё пайваст кардани исломи гузашта бо исломи имрӯза. Фишорҳои таркибии неруҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва руёруиҳо монеъ аз зуҳури шаклҳои созандатари либерализми исломӣ ба унвони ғолиб барои муддате мешавад.
Исломи сиёсӣ дар дохил имконият дорад, ки битавонад нақши мусбате ё ба шиддат манфиеро дар пешрафти ояндаи ҷаҳони ислом иҷро кунад. Мо фақат метавонем умедвор бошем, ки исломгароёни либерал талош хоҳанд кард, то дар асри модерн ва шакли ҷаҳонии арзишҳои исломӣ, ҷиҳати дарки ҷадиди ислом талош кунанд, муттаҳидинро дар ин раванд пайдо кунанд ва бештар ба самти тағйиру ислоҳоти бисёри мавриди ниёз бошанд. Агар исломгароён натавонанд ба ин ҷолишҳо ҷавоб гӯянд, ба зудӣ тавассути дигар нерӯҳои сиёсие, ки воқеан чизе барои пешниҳод доранд, ҷалб мешаванд.
 
Аз китоби “The Future of Political Islam”-и
Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,
 нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ
(санаи тав. 28 ноябри 1937).
Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи
Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,
Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.

НАЗАД