Наврӯз-ҷашни ниёгони мост!

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,
Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.
Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,
Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм.
  Соли нави Аҷам - Наврӯз, ки иди байналмилалӣ эълон шуд, моро боз ҳам шоду масрур намуд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз ҷанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи мо расидааст.
  Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офату газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай ба хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шӯравӣ низ ба назар мерасид. Бо ин ҳама дарду машаққатҳо миллати куҳанбунёд тавонист, дубора Наврӯзро зинда кунад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад, имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз ҷашни зебост ва дар фасли арӯси сол - Баҳор гузаронида мешавад. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-22-23-юми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукӯҳ бо тамоми расму оин таҷлил карда мешавад.

Бар диёрам ин замон фасли баҳор ояд ҳаме,
Ҳам ғазал, шеъру тарона сад ҳазор ояд ҳаме.
Нағмаи кабки дарӣ, ҳам булбулони хушсадо,
Бо навои дилнавози чангу тор ояд ҳаме.
Мерасад шодӣ ба дил аз пайки хушрӯзи баҳор,
Ҳусни хона, ҳусни меҳан, ҳусни ёр ояд ҳаме.

  Воқеан, Наврӯз ва баҳор ин аёми шукуфоист, ҳама гулпӯшу гулрез аст. Мурғакони чаман сари ҳар навниҳоли шукуфта нишаста нағмасароӣ мекунанд ва аз рафтани фасли дай хушҳолӣ карда, баҳори накӯпайро пешвоз мегиранд.
  Наврӯз хӯрокҳои ба худ хосро дорост. Яке аз хӯрокҳои маъмули Наврӯзӣ ин суманак мебошад. Суманак асосан аз гандум тайёр карда шуда, заҳмати зиёдеро талаб мекунад. Аз вақти гузоштан то тайёр шуданаш, ҳатто, ҳафтаҳо зарур аст. Суманакро дар ҳамаи гӯшаи Тоҷикистон тайёр мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо суманак бо номҳои суманаки чанголӣ, кулчасуманак, атоласуманак маъмул аст, ки бо баъзе хусусиятҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳаргуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
  Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони милали Муттаҳид Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

  Хулоса, ҷашни Наврӯз дар пояи илм устувор аст ва муборак доштани он ва таҷлили он иборат аз шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод аст. Пас моро зарур аст, чун одату суннати пешинаамон, ба баҳори нав, баҳри ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ, ки оғози соли тақвими ориёиямон ҳаст, бо қадамҳои устувору бунёдкор, бо азму иродаи нав қадам ниҳода, дар гул-гулшукуфии кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Бошад, ки Наврӯзи дилафрӯз ба кошонаи ҳар яки мо файзу баракати зиёдеро ато кунад.
 
Дилафруз Достиева,
лабаранти калони шуъбаи
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

НАЗАД