Наврӯз зи шуҳрати каёнӣ шояд,
Пирест, ки ҳамвора ҷавон меояд.
Бо Ҷоми Ҷаму ратли гарон меояд,
Аз базми шукуҳи Ориён меояд.
Наврӯз самимитарин, муборактарин ва бошукуҳтарин ҷашнест қадимиву дӯстдоштанӣ. Дар бораи таърихи пайдоиш ва давраҳои таназзулу густариши ин ҷашни фархунда муҳаққиқони пешиниён ва имрӯзу фардо зиёд навиштаанду боз хоҳанд навишт.
Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстию берун сохтани кинаҳо, хамдигарбахшӣ ва дӯст доштани марзу буми худ ва баҳори зиндагии пас аз сардиҳову сахтиҳои зимистон, ибтидои умеду орзуҳои нав барои расидан ба саодатмандиву хуррамии рӯҳу қалб мебошад. Дар ҳама давру замон шоирони чӣ классик ва чӣ муосир мавзуи Наврӯзу баҳорро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, бо эҳсосоти баланду қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд. Воқеан ҷашни Наврӯз, ки дар фасли зебои сол - Баҳори нозанин рост омадааст, бо омаданаш қалбҳоро шодиву сурур мебахшад. Ҳанӯз дар гузаштаҳои дури дур Манучеҳрии Домғонӣ нигоштаст:
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод.
Дар ҷое дигар Фахруддини Гургонӣ чунин тасвироти зебоеро рӯи варақ меорад:
Зимистонро бувад фарҷом Наврӯз,
Чу бошад тирашабро оқибат рӯз.
Чу лашкаргоҳ зад хуррам баҳорон,
Ба дашту кӯҳсору ҷӯйборон.
Ҷаҳон аз хуррамӣ бӯстон шуд,
Замин аз некуӣ чун осмон шуд.
Ҷаҳони пир барно шуд дигар бор,
Бунафша зулф гашту лоларухсор.
Мувофиқи ривояти маъхазҳои таърихӣ дар давраи подшоҳии Каюмарс баробаршавии шабу рӯзро кашф карданд ва ба ибтидои ҷашни Наврӯзи Аҷам ва солшуморӣ дар ин айём замина бунёд намуданд. Аз сарчашмаҳои муҳим барои шинохти Наврӯз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём мебошанд. Таърихи пайдоиши Наврӯзро Фирдавсии бузургвор дар асари бегазанду безаволи худ чунин арз медорад:
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд.
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Шоири бузургу файласуфи мо-Умари Хайём дар «Наврӯзнома»- и худ менависад: «Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд...». Ҳамзамон рубоиҳои дар васфи Наврӯз сурудаи шоир содаву файласуфона ва беназиранд:
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст,
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
***
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст
Аз дай, ки гузашт, хар чӣ гӯӣ хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ бозгӯи онанд, ки ин ҷашн чи дар дарбор ва чи дар байни оммаи мардум бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Подшоҳон хайру саховатмандӣ, адлу додгустариро пеша мекарданд, базмҳо меоростанд ва барои писандтарин қасида ва мадеҳаҳои наврӯзӣ ҳадяҳо мебахшиданд. Байҳақӣ менависад «Рӯзи панҷшанбе ҳаждаҳуми моҳи ҷимодиюлохар Амир (Султон Масъуд) ба ҷашни Наврӯз нишаст ва ҳадяҳо бисёр оварда буданд ва таклиф бисёр рафт ва шеър шунид аз шоирон, ки шодком буд ва фитрате наяфтод ва хилъат фармуд ва мутрибонро низ фармуд ва Масъуди шоирро шафоат карданд, сесад динор фармуд. Ин бахшоишҳо гоҳ ба андозае буд, ки метавонист шоиреро тавонгар созад».
Олим ва донишманди асрҳои гузашта Абӯрайҳони Берунӣ низ дар асараш «Осор-ул-боқия» чунин нигоштаааст: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва инчунин дар асари дигари худ «Ат-тафҳим» бошад, навиштааст, ки «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст».
Барҳақ, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи замин табдил ёфта, мақоми он дар фарҳанги тоҷику мардуми форсзабон ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукӯҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ хамнавоӣ бо табиату замин, нерӯи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкориву накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ягон боду газандҳои рӯзгору зарбаҳои таърих натавонистанд Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси ба он мутааллиқро аз байн бубаранд.
Истиқлоли ватани азизамон ва сиёсати хирадмандононаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки заминаи ваҳдати миллӣ барпо ва устувор, урфу одат, расму оини миллии ниёгонамон ва арзишҳои муқаддасоти аҷдодиамон дар симои Наврӯзи Аҷам дубора эҳё гашта ба тамоми оламиён муаррифӣ ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид. Шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар шеъри зер васфи гулу Наврӯз менамояд ва бо ифтихор «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», мегӯяд:
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар
Рӯзи Наврӯз расад аз ҳама бар.
Ҳама дар пероҳани наврӯз аст
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...
Сабзгун ҳама пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан.
Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст.
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...
Адабиётшинос Нуралӣ Нурзод, ки дар шеъру шоирӣ ҳам дар байни мардум маҳбубияти хоса дорад, оид ба хусусияти умумибашарӣ касб кардани Наврӯзи оламафрӯз моҳирона мегӯяд:
Эй дӯст, муборак бод, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,
Гул бар сари торак бод, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Ҳафт шин шакаромез бар сини саҳар овез,
Хафт чин қаторак шуд, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,
Дар гулварақи идӣ бо кӯзаи оби ишқ,
Ёсину таборак бод, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,
Ҷӯши суманак ҷӯшад, гулҷӯш таманное,
Ҷӯшидаи борак бод, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,
Аз чакрачаки борон рӯяд гули наврӯзӣ,
Ҳар чакра чаковак бод. Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Воқеан Наврӯз дар фарҳанги миллии мо хислату андешаҳои накӯ ва созандаро густариш бахшида, оштӣ ва сулҳофарӣ, адолатпешагиву ваҳдатро парастиш менамояд, сулҳу оромиро тақдим мекунад. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои куҳна ба гушаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад. Шоири маҳбубу машҳури замони мо Фарзона Наврӯзро ба «Ҷони Ҷаҳонсоз» шабеҳ дода, бо як эҳсосоти ба худ хоси шоирона мегӯяд:
Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,
Сад шукри ту, эй Ҷони Ҷаҳонсоз, намудем.
Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту
Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.
Хуршед сетор асту се маҳ корбаро кард,
Мо, чилланишинон, нахи ӯ соз намудем.
Хуршедтарин, субҳтарин хотираҳоро
Аз дуртарин панҷара овоз намудем.
Андози баҳор аст напардохта ҳоло,
Бо он ки адои ҳама андоз намудем.
Он ҳавсалаҳои фалаҷи коғазии мо
Чун бодбарак буду фалактоз намудем.
Эй сифр, аё «О»-и муаззам ба сириллӣ,
Ояндаи худро зи ту оғоз намудем.
Хулоса, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки омӯзиш ва шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба, ғояҳои арзишманди он то ҳол манзалати худро гум накардааст, балки боз асолату назокати наву рангин касб намуда, барои бедор намудани худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи худ барои наслҳои оянда хеле муҳим буда, аз ҳамаи мо онро тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми ин мероси аҷдодиамонро муққаддас шуморему ёдгор бимонем.
Дар фарҷом аз забони Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки чунин таманниёти зебоеро барои мо тасвир кардааст, ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фархунда муборакбод гуфтанӣ ҳастам:
Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод,
Бар мо ҳаваси тоза печида муборак бод!
Гулҳо, ки миён бандад, бар ҷумла чаҳон хандад,
Эй бар гулу сад гул хандида муборак бод!
Хубон чу рухат дида, афтодаву лағзида,
Дил бар дари ин хона лағзида муборак бод!
Наврӯзи рухат дидам, хуш ашк биборидам,
Наврӯзи чунин борон борида муборак бод!
Бе гуфти забони ту, бе ҳарфи баёни ту
Аз ботини ту гӯшат бишнида муборак бод!
Шоира Холиқова,
ходими пешбари илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздики
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ