Назаре ба 74-умин солгарди сераҳолитарин кишвари Шарқ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

(Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Индонезия)
   Қитъаи Осиё калонтарин ва сераҳолитарин қитъаи олам ба ҳисоб рафта, дар он 45 давлати мустақил мавқеъ доранд. Осиё ба 6 минтақаи асосӣ тақсим мешавад, ки ҳар яки он саҳм ва мақоми хосаи худро доранд ва аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Релефи қитъаи Осиё ноҳамвор буда, қаторкӯҳҳои зиёде қисми марказӣ ва дигар қисмҳои онро фаро гирифтаанд.    Ҳар яке аз ин манотиқ бо муборизаву талошҳо соҳиби манзилу ҷой шудаанд, ки миллат, таърих, забон, тамаддун ва адабу фарҳанги худро бозкушоӣ мекунанд. Тибқи сарчашмаҳо масоҳати умумии ин минтақа 44,5 млн км² буда, аҳолияш 60%-и сокинони кураи заминро ташкил медиҳад. Ин минтақа бо доштани қадимтарин марказҳои тамаддуни ҷаҳон маъруф аст, ки дар сарзаминҳои мухталифи он ҷой доранд. Ҳоло мо назаре ба таърих ва фарҳанги яке аз он кишварҳо мекунем, ки дар қитъаи Осиё ҷойгир аст.
   Дар ҷанубу шарқи Осиё кишваре ҷойгир аст, ки номаш Ҷумҳурии Индонезия мебошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ калимаи Индонезия аслан аз забони юнонӣ гирифта шуда, ба маънои "Ҷазираҳои ҳиндӣ" омадаст. Номи имрӯзаи он аз асри 18-ум маншаъ мегирад.
   Масоҳати умумии он ба 1,904,569 км2 буда, аҳолии он зиёда аз 261,115,456 нафарро ташкил медиҳад, ки аксари онҳоро қавмҳои малайӣ, чинӣ, явансӣ, балӣ, батакӣ, эронӣ, голландӣ, араб ва ҳинд дар бар мегиранд. Индонезия пурҷамъияттарин кишвари мусалмонии дунё ба ҳисоб меравад, ки дар қонуни асосии он озодии афрод кафолат дода шудааст. Забони он ба забони мардуми малайзия наздикӣ дошта, соли 1945 чун забони индонезӣ ба расмият даромад.
   Аз соли 1670 то 1900 он зери истеъмори Ҳоланд қарор дошт. Соли 1942 япониҳо ин ҷазираҳоро забт карда, аз истеъмори ҳолландиҳо озод карданд. Дертар соли 1945 бо кӯмаки ҷопониҳо марди мубориз ва озодихоҳи индонезӣ Сукарно (1901-1970) идораи умури кишварро ба зимаи худ гирфт ва аввалин маротиба 17-уми августи соли 1945 истиқлолияти худро эълон кард.
   Нависанда Прамоедия Ананта Тоер дар бораи Сукарно чунин ишора мекунад: "Сукарно ягона роҳбари осиёӣ дар даврони муосир буд, ки тавонист одамони ақвом, маданият ва динҳои гуногунро бидуни рехтани хун бо ҳам муттаҳид сохта, зери сояи як парчам овард".
   Ҳолланд баъд аз чаҳор соли кашмакашҳои ҷангӣ, ба муборизаҳои мардуми индонезӣ даст кашид ва соли 1949 истиқлолияти ин кишварро эътироф кард. Соли 1950 Малука аз Индонезия худашро ҷудо карда, озод гашт. Дар соли 1962 қувваҳои низомиёи индонезӣ қисмати ғарбии Гвинеяи нав ё ғарбии Папуаро, ки аз ҷониби Ҳоланд назорат мешуд, ба тасарруфи худ дароварданд. Дар соли 1965 дар пайи кудатҳои низомӣ идораи ҳукумат ба генерал Шуҳарто расид. Аз соли 1967 ҳукумати нав корашро оғоз карда, генерал Шуҳарторо раиси ҷумҳур интихоб кард. Дар соли 1969 қисмати ғарбии Папуа ба Индонезия шомил шуда, чун як вилоят зери номи Ириян Ҷия эътироф шуд. Соли 1975 Португалия Тимури Шарқиро аз худ ҷудо кард ва он чун вилоят ба Индонезия шомил гардид.
   Ҳамин тавр, соли 1997 ин кишвар ба буҳрони молӣ дучор шуд ва арзиши пули миллиаш рукуд кард. Мардуми индонезӣ ба муборизаҳо оғоз карда, соли 1998 Б.Ҷ. Ҳабибиро чун раиси ҷумҳури нави кишвар интихоб карданд. Дар натиҷаи кашмакашҳои қавмӣ дар Индонезия соли 1999 интихоботи озод баргузор шуд ва мардум Абдураҳмон Воҳидро президенти кишвар интихоб намуданд. Аммо дар ҳамин солҳо мардуми минтақаи Тимори Шарқӣ тавассути як раъйпурси аз Индонезия ҷудо гаштанд. Дертар соли 2001 парлумони ин кишвар раиси ҷумҳурро барои фасоди молӣ аз вазифа барканор кард ва ба ҷойяш Мегавати Сукарнолутри президент интихоб шуд. Моҳи декабри соли 2001 ҳукумат бо гурӯҳи ҷудохиҳои кишвар дар минтақаи Асеҳ баъд аз 26 соли мубориза созишномаи сулҳ баст. Вале ин дер давом накард ва соли 2002 дубора ҷанг сар зад ва дар натиҷа, ҳукумати низомӣ барқарор шуд. Соли 2004 интихобот доир шуд ва собиқ генерали артиш Сусило Бамбанг Ёдёоно раиси кишвар интихоб гашт. Дар давоми солҳои 2004 ва 2006 дар кишвар заминларзаи шадиди зери обӣ (сунамӣ) рух дод, ки дар натиҷа, зиёда аз 220000 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар моҳи январи соли 2008 собиқ раиси ҷумҳур Шуҳарто вафот кард ва дертар соли 2009 тавассути интихоботи нав раиси ҷумҳур Сусило Бамбанг Ёдёоно дубора пирузӣ ба даст овард. Соли 2014 дар интихоби нави кишвар мардум Ҷого Видодоро раиси ҷумҳур пазируфтанд.
   Индонезия дорои 27 вилоят буда, пойтахташ шаҳри Ҷагарта мебошад. Воҳиди пулии он рупияи индонезӣ аст.
  Ин кишвар дорои марказҳои хуби сайёҳӣ буда, дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат хело рушд кардааст, ки метавон аз таҷрибаҳои он барои Тоҷикистон истифода кард.
   Индонезия дорои зиёда аз 17000 ҷазираи дарёӣ буда, яке аз 4-умин серҷамияттарин кишвари ҷаҳон мебошад. Минтақаи Ҷава сераҳолитарин ҷазира дар ҷаҳон аст, ки аҳолии он нисфи мардуми Индонезияро ташкил медиҳанд. Индонезия кишвари осиёест, ки дар соҳаҳои гуногун ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.
   Содироти он нафт, гази табиӣ, резин, маҳсулоти саноатии электрикӣ, мис ва ангиштсанг мебошад. Ин кишвар узви СММ, Созмони кишварҳои Исломӣ ва Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт мебошад.
   Тибқи маълумоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Индонезия аз 27 августи соли 1994 барқарор шудаанд. Дар ин асно ҳарду кишвари дӯст ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар асоси Созишномаи тиҷоратӣ байни тарафайн ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расонидаанд. Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои маорифи ҳарду кишвар оид ба ҳамкориҳо имзо гардида, танзими он дар барномаҳои таълимию омӯзишӣ амалӣ мегарданд.
   Соли 2003 сафари аввалини давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия баргузор гашт, ки ин дар таърихи муносибатҳои байни ду давлат руйдоди муҳим арзёбӣ мегарадад. Дар ин сафар маросими расмии вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Мегавати Сукарнопутри сурат гирифт. Дар гуфтушунидҳо тарафҳо доираи васеъи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои минтақавию байналхалқиро муҳокима намуданд.
   Ҳангоми муҳокима масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи манфиатҳои ҳар ду тараф дар таҳким ва инкишофи робитаҳо ифода ёфт. Ҳамзамон, ҷонибҳо ба фаъол кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, аз имкониятҳои назарраси тарафҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ибрози андеша намуданд.
   Зимни табодули назар ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, азхудкунии захираҳои табиӣ ва гидроэнергетикӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, техникаи рӯзгор, маҳсулоти чармӣ, пойафзол, истеҳсоли пахта, маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди захираҳои куҳӣ ва саноати кимиё таваҷҷӯҳ дода шуд.
   Ҳамкории Тоҷикистон бо Индонезия дар ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро асри XXI асри илму техника мебошад ва ҳамқадами ин аср будан барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар зарур аст. Имрӯзҳо Индонезия дар самтҳои гуногуни иқтисод муваффақ аст, зеро ин давлат сатҳу сифат ва заминаи минбаъдаи соҳаи маориф ва илмро дар сиёсати худ аввалиндараҷа дониста, ин соҳаро қавитару устувортар нигоҳ намудааст. Ин кишвар роҳи омӯзишу таҷрибаи стратегияи давлатҳои абарқудратро пеш гирифта, дар ҷалби сармоя пайваста талош мекунад. Албатта, имконияти чунин гомҳоро гузоштан ва аз пайи чунин таҷриба ҳаракат намудани Тоҷикистон низ имконпазир мебошад.
   Индонезия тавонистаст ба рушди иқтисод ва саноат даст ёбад ва бо ин восита сатҳи камбизоатиро дар худ коҳиш диҳад. Хусусияти асосии рушди ин кишвар ба истеҳсолоти рақобатпазир ва молҳои содиротӣ вобаста мебошад, ки раванди амалигардонии онҳо аз ҳисоби тиҷорат ва сармояи хориҷӣ таъмин мешавад.
   Механизми муҳимтарине, ки раванди амалигардонии иқтисодиро суръат бахшид, сиёсати комплексии давлатӣ ва дар асоси он ҷамъ кардани сармоя барои саноатикунонӣ буд. Маҳз бо рӯи даст гирифтани маҷмӯи чорабиниҳо ва нақшаҳои мушаххас давлат тавонист имконоти худро истифода намуда, барои рушди дарозмуддат имкониятҳо фароҳам орад.
   Модернизатсияи Индонезия ба самти истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ равона шуда, дар раванди он мамлакат ба рушди инфрасохтор, густариш додан ва мустаҳкам намудани сектори молиявӣ, ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаи технологияҳои навин ва ғайра ноил гардид.
   Ин кишвар ба модели рушди иқтисодии давлатҳои пешрафта такя мекунад. Модернизатсияи он дар асоси нақшаҳои панҷсолаи рушд, ки таъсиси соҳаҳои гуногун, рушди соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои рушди босуръати иқтисодиро дар бар мегирифтанд, амалӣ мешавад. Дар натиҷа, иқтисоди Индонезия аз лиҳози рақобатпазирӣ ва истифодаи технологияҳои навин дар самтҳои гуногун дар ҷаҳон ҷои дуюмро соҳиб гардид. Имрӯз таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрат дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, пеш аз ҳама ба Индонезия зиёд аст. Он на танҳо аз нигоҳи бозори истеъмолӣ ва бозори содиротӣ ва дорои захираҳои бой, балки аз нигоҳи мавқеи таҷрибаи амалии рушди босуръати иқтисодӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, истиқрору субот ва ниҳоят шарики боътимод буданаш диққати соҳибкорон ва инвесторҳои дунёро ба худ ҷалб сохтааст.
 
   Адабиёти истифодашуда:
   Бойгонии ВКХ, Папкаи Индонезия, Сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Чумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Раҳмат Прамоно августи соли 2017. Душанбе;
   Баротзода Ф. Омили исломӣ дар раванди бозсозиҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои мусулмонии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ;
  Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ: марҳила, авлавият ва зарурати ҳамкориҳо” (маҷмуаи мақолаҳои конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявӣ аз 26 октябри соли 2017). Д., 2018. саҳ.23;
  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Report for Selected Countries and Subjects". World Economic. IMF. Outlook Database, October 2016;
   Report for Selected Countries and Subjects-Indonesia//www.imf.org.International Monetary Found;
  Retrieved 11 January 2018 International Human Indicators. United Nations Development Programme (21 march 2017) South East Asia Time
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии Институт,
Соҳиби БАҲРУЛЛО,
магистри Институт

НАЗАД