Дар илми сиёсатшиносӣ мафҳуме истифода мешавад, ки дар ҷаҳони сиёсат он бо номи “сиёсати сабз” ё ба истилоҳи дигар “энергияи сабз” шинохта мешавад ва чун яке аз тамоюлҳои сиёсати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ такяи бештар карда, ҳамаи барномаҳоро тавассути рушди устувор таъкид карда, амалӣ месозад. Инҷо мо назарсанҷиеро аз партави баррасиҳои Ҳамна Ғиёс Шайх донишомӯз ва коршинос дар бахши илмҳои сиёсатшиносии Коллеҷи Кинерди шаҳри Лоҳур Покистон иқтибос меоварем, то оиди мавзӯъ маълумоте пайдо намуда, аз масоили кившарҳои Осиёи Ҷанубӣ огаҳӣ ҳосил намоем.
Мавриди зикр аст, ки мағзу мафҳум ва коркарди сиёсати энергияи сабз асосан аз иқлимшиносӣ, зистшиносӣ ё экологизм иборат аст, ки ҳадафи асосии он ба даст овардани қонунгузории нисбатан самарабахш бо дарназардошти мубориза бо ифлосшавӣ, ҳифзи муҳити зист, қатъи нобудшавии ҷангалҳо ва ҳавасмандгардонии истифодаи такрорӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад. Сиёсати энергияи сабз асосан ба он равона карда шудааст, ки кишвар бояд ба ҳадафҳои устувор барои ба даст овардани пешрафти экологӣ барои мардумаш ноил гардад.
Бо вуҷуди пешрафти технология, нигарониҳо дар бораи муҳити атроф рӯз аз рӯз меафзояд, бинобар ин сиёсати сабз ҳамчун роҳи нави сиёсати ҷаҳонӣ пайдо шудааст, ки нигарониҳоро коҳиш медиҳад. Бояд қайд кард, ки низоми иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо арзишҳои инсонӣ афзалияти аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, сиёсати энергияи сабз муҳити атрофро муҳофизат карда, чунин барномаҳоро барои зиндагии солими шаҳрвандон дар як давлати муайян пешкаш мекунад.
Мавриди зикр аст, ки консепсияи сиёсати сабз асосан маншаъ аз ҳизбҳои Англия ва Уэлс, ки бо ташаббуси гурӯҳе аз равшанфикрон соли 1973 пешниҳод гардид, пайдо шуд. Онҳо асосан аз таназзули ҷаҳонии муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон ба амал омадааст, нигарон буданд. Ин гурӯҳи равшанфикрон тавассути маъракаҳои марбут ба экологияро таблиғ мекарданд. Бо ташаббуси ҳамин равшанфикрон сенарияҳои сиёсӣ баъдтар дар солҳои 1980 бо кашфи воқеии сурохиҳои қабати озонии замин сурат гирифт.
Гузашта аз ин, саммитҳои мухталиф барои ҳифзи муҳити зист дар шаҳрҳои Монреал (1987) ва Киото (1997) баргузор шуд. Сиёсати воқеии муҳити зист аз он вақте сар шуд, ки мушкилоти гуногуни экологӣ ҷаҳонро ба даст гирифтанд. Шиорҳои ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ ба тағирёбии иқлим асос ёфтаанд. Аз он вақт инҷониб, мавзӯи экологизм қисми муҳимми сиёсати байналмилалӣ пазируфта шуд.
Дар воқеъ тарафдорони аввали сиёсати сабз, ба монанди Маҳатма Ганди (1869-1948) ва Борух Спиноза (1632-1677) ва ғайра мафҳуми онро бештар аз идеологияи сиёсӣ дониста, ғояҳои марбут ба ҳифзи захираҳои табиӣ, ҳаракатҳои сулҳомез ва демократияи саросариро бо он мубодила мекарданд. Дар он замон ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои барқарорнашавандаи табиӣ ҳадафи асосии сиёсати сабз буданд.
Гузашта аз ин, сиёсати сабз низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ки демократияи дағалро решакан бояд кард, зеро он ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки дар қабули қарорҳои давлат бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва муҳити зисташон фаъолона ширкат варзад. Он инчунин аз замин нест кардани силоҳи ҳастаӣ, ки манбаи ҳалокати одамони сайёра мегардад, таъкид мекунад.
Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар роҳи ҳифзи муҳити зист бо роҳу усулҳои гуногун кор мебаранд. Сиёсати сабз дар кишварҳои пешрафта, ба монанди Олмон, Фаронса, Бритониё, Нидерланд ва Испания машҳур буда, рӯзномаи кории сиёсати ҳифзи муҳити зистро дар маъракаҳои сиёсии худ ва сиёсати давлат нишон медиҳанд.
Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, ки нисфи аҳолии кураи заминро фаро мегирад, ҳалли масъалаҳои ғизо, манзил, таваррум, тандурустӣ ва маорифро пеш гирифта, нигарониҳои марбут ба муҳити атрофро ҳадафи аслии худ қарор медиҳанд. Кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ фаҳму дарки нодурусту заифро дар сиёсати муҳити зист тасвир мекунанд, зеро онҳо ҳадафҳои воқеии устувориеро, ки муҳити минтақаро тасдиқ карда метавонанд, ҳанӯз иҷро накардаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Осиёи Ҷанубӣ кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Непал, Шри-Ланка, Молдиф, Непал, Бутан ва Афгонистонро дар бар мегирад. Ин минтақа ба зуд тағирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ дучор шуд, ки ба аҳолии минтақа таъсир мерасонад. Ҳоло сиёсати экологӣ як тасвир ё иллюзия барои минтақа аст, зеро муҳимияту арзиши он аз ҷониби бисёр кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ афзалият дода намешавад.
Ҳиндустон
Ҳиндустон бузургтарин давлат дар Осиёи Ҷанубӣ бо шумораи беш аз 1 миллиарду 300 миллион нафар буда, дар он зиёда аз 1300 ташкилотҳои сиёсиву иҷтимои корӣ мавҷуданд, ки дорои гурӯҳи сабз бошанд. Ҳар як онҳо барномаи худро доранд, вале ба муҳити зист ва некӯаҳволии одамон камтар ё ба қадри нокифӣ таваҷҷуҳ медиҳанд. Ба ғайр аз ҳама бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ, Ҳиндустон то ҳол бо масъалаҳои мухталифи экологӣ, аз қабили норасоии об ба аҳолӣ, мушкилоти ифлосшавии ҳаво, нобудшавии ҷангалҳо, биёбоншавӣ ва ғайра рӯ ба рӯ аст.
Мувофиқи гузориши Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодӣ, ки соли 2018 нашр шуд, аксари шаҳрҳои олудаи ҷаҳон аз қабили Гвалиор, Аллоҳобод, Райпур, Деҳлӣ, Лудхиана ва Ханнаро дар бар мегирад, ки ба Ҳиндустон тааллуқ доранд. Ин кишвар дорои барномаи энергияи сабз марбут ба муҳити зистро ба таври хуб ҳанӯз роҳандозӣ накардааст. Гарчанде ки бисёре аз гурӯҳҳо дар бисёре аз ҷангалҳо дар Ҳиндустон ҳастанд, аммо мутаассифона, мушкилот дар дохили онҳо мавҷуд буда, аммо дастгири сиёсӣ ба таври бояду шояд намеёбанд. Гузашта аз ин, мардуми Ҳиндустон ин созмонҳоро ҳамчун фаъоли иҷтимоӣ эътироф мекунанд, ки бидуни ягон барномаи сиёсӣ фаъолият мекунад. Ҳамин аст, ки гурӯҳи фаъолони сиёсати энергияи сабз дар Осиёи Ҷанубӣ аз ҷаҳони муосир ақиб монда, барномаҳояшонро бидуни кумакҳо ву пуштибониҳои суёсӣ амалӣ месозанд.
Молдив ҳамчун маркази сайёҳии Осиёи Ҷанубӣ ҳисобида мешавад, ки аз ҳисоби зебоии табиӣ шумораи сайёҳонро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунад. Гарчанде ки ин як кишвари хурдтарин минтақа аст ва дар уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст, ки тақрибан 1200 ҷазираро дар бар мегирад, аммо мутаассифона, бо сабаби баланд шудани ҳарорат ва баланд шудани сатҳи баҳр, Молдив дар радифи яке аз кишварҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон шомил гардидааст.
Мувофиқи ҳисоботи Ҳукумати Молдив, агар сатҳи баҳр аз сабаби ифлосшавӣ ва баланд шудани ҳарорат боло равад, Молдив зери об хоҳад монд. Масъалаҳои дигари экологӣ ба мисли кам шудани ҳаҷми оби тоза, паст кардани сатҳи об, бисёр нобудшавии ҷангалҳо ва афзоиши сареъи аҳолӣ, дар ин кишвар мавҷуданд, ки ба захираҳои табиии кишвар низ фишор меоранд.
Ҳамеша гуфта мешавад, ки дар он ҷое ки ҳукумати сабз вуҷуд дорад, пас ҳукумат барои муҳофизати муҳити зист муқаррароти муқаррарӣ пешкаш мекунад, аммо дар мавриди Молдив ифлосшавии баҳр рӯз ба рӯз меафзояд ва раванди сиёсати сабз ба навъе дар кишвар гум мешавад. Набудани огоҳии кофӣ дар бораи барномаҳои энергияи сабз мебошад. Решаҳои воқеии сиёсати сабз асосан ба низоми демократӣ ё намояндагии сиёсӣ асос ёфтаанд, ки тахмин меравад дар кишвар камтар амалӣ мешаванд. Гузашта аз ин, Молдив дар мувозинати иқтисоди кишвар ва муҳити зист ба мушкил дучор аст. Азбаски он маркази сайёҳӣ мебошад, ки иқтисоди он ҳама ба он вобаста аст, ба муҳити кишвар аз тариқи роҳҳои гуногун таъсир мерасонад. Азбаски сиёсати энергияи сабз дар ҳифзи муҳити кишвар нақши калон дорад дар Молдив, ки як ҷазираи Осиёи Ҷанубӣ мебошад, амалисозии сиёсати энергияи сабз дар сохтори давлат ба гунае нопадид аст.
Шриланка ва Бангладеш
Ба ҳамин шакл, Бангладеш ва Шри-Ланка ду кишвари дигари машҳур дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҳастанд, ки ҳарду аз ҷиҳати ҷуғрофӣ хурд буда, аз ҷиҳати аҳолӣ хеле калонанд. Мисли дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, ҳардуи ин кишварҳо бо мушкилоти экологӣ, аз нобудшавии ҷангалҳо, ифлосшавии об, обхезиҳо, ифлосшавии оби баҳр ва шаҳршавӣ ва ғайра дучор мебошанд. Бо истинод ба сиёсати энергияи сабз ин кишварҳо ҳанӯз аз барномаҳои он ба таври бояду шояд дастгирӣ намеёбанд. Мутаассифона на дар Шри-Ланка ва на дар Бангладеш ягон ҳизбе дида намешавад, ки воқеан масоиди муҳити атрофро чун як барномаи асосии сиёсати давлат нигоҳ дорад.
Гузашта аз ин, бо вуҷуди он ки ҳарду кишвар ҳамасола аз обхезӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба муҳити зист миллиардҳо долларро аз даст медиҳанд, дар ин кишварҳо барномаҳои амалисозии сиёсати энергия сабз коҳиш ёфтааст. Шаҳрҳои Дакка ва Коломбо аз калонтарин маконҳои ин минтақа мебошанд, ки дар амалисозии барномаҳои саиёсати энергияи сабз идоракунии дурустро роҳандозӣ накарданд.
Покистон
Давлати Покистон, ки дар феҳрасти 7 кишвари осебпазиртарин ба тағирёбии иқлим шомил шудааст, ҳоло дар қатори он кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ қарор гирифтааст, ки ҳоло ҳам дар сатҳи расмӣ ва ҳам дар сатҳи ғайрирасмӣ бо фарогирии обу ҳаво ҷиддӣ мубориза мебарад. Ҳукумати кунунӣ ташаббус нишон дод, ки дар бораи тағирёбии иқлим ҷиддӣ фикр кунад. Ҳарчанд осебпазирии шадиди кишвар аз тағирёбии иқлим ба шароити ҷуғрофӣ, демографӣ ва гуногуни иқлимаш шинохта мешавад, аммо роҳбарияти ҳукумати кунунӣ барномаҳои кориашро бо доштани рӯзномаи махсуси экологӣ роҳандозӣ кардааст. Ҳукумати кунунӣ дар музофоти Хайбар Пахтунхва аввалин қадами бузургро барои мубориза бо тағирёбии иқлим бо татбиқи лоиҳаи энергияи сабз миллиард дарахти сунамӣ бо мақсади ҳифз ва барқароркунии ҷангал гузошт. Маъракаи миллии ҳифзи муҳити зист дар натиҷаи амалисозии сиёсати энергияи сабз дар кишвар ба миён омад. Бояд зикр кард, ки барнома асосан ба масоили кишт, идоракунии партовҳои сахти маишӣ, идоракунии партовҳои моеъ-гигиена, беҳдошти умумӣ ва оби тозаи нӯшокӣ бахшида шудааст. Бо кӯмаки ин лоиҳа, ҳукумат мехоҳад, ки давлат ва шаҳрвандони кишварро тавонманд созад то бо истифода аз ҳама роҳҳо Покистони сабзу покиза ба вуҷуд оваранд ва худро чун масъул барои сохтани он бишиносанд. Иқдоми мусбие, ки ахиран аз ҷониби ҳукумати кунунӣ андешидашуд ин бузургтарин саҳм ва сайри милии шинондани дарахтон дар кишвар аст. Иқдоми саросарии ниҳолшинонӣ қадами мусбати Покистон ба сӯи муҳити амаласозии энергияи сабз мебошад, ки барои наслҳои ояндаи Покистон муҳим ҳисобида мешавад.
Бояд зикр кард, ки роҳбарони сиёсӣ бо ҳама роҳҳо ва воситаҳо дар гузоштани роҳи миллатҳои худ нақши калон доранд. Вале мутаассифона, роҳбарияти сиёсии Осиёи Ҷанубӣ масоили муҳити атрофро ҳанӯз ба таври дояду шояд муҳим ва зарурӣ намедонанд. Сиёсат дар заминаи додани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани маош, коҳиши андоз, афзалият додан ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва иҷрои манфиатҳои онҳо сурат мегирад.
Бояд зикр шавад, ки ҳеҷ як роҳбари давлат бо вуҷуди он ки дар кишварҳои худ масъалаҳои экологӣ дар авҷ қарор дорад, ҳанӯз онҳоро ба таври дурусту муносиб ҳаллу фасл намекунанд. Оғоз ва саҳми ҳукумати кунунии Покистон дар амалисозии сиёсати энергияи сабз бо модели сохтани Покистони Сабзи Покиза ташаббус нишон медиҳад, ки ин як қадами мусбат барои ҳифзи муҳити зист буда, барои боқимондаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, татбиқи қонунҳои экологӣ аз ҷониби роҳбарону масъулин заруру муҳим мебошад, то бо ин восита барои беҳбудии ҳар як сокини кишвари худ тамом гардад.
Дар хулоса бояд зикр кард, ки амалисозии сиёсати энергияи забз ё ҳифзи муҳити зист замоне хубтару беҳтар амалӣ мешавад, ки роҳбарону масъулини сиёсӣ бо он ба таври дурусту воқеӣ муносибат кунанд ва кишвару ватани худро зери сояи озодӣ, оромӣ ва ободӣ ба суи пеш равона созанд.
Адабиёти истифодашуда:
Таҳияи Мирсаид Раҳмонов,
коршиноси шуъбаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ