Шоҳигарии Белгия яке аз кишвари тараққикарда, дар Аврупои Ғарбӣ ҷойгир буда, дар шимол бо Нидерланд, дар шарқ бо Олмон, дар ҷанубу шарқ бо Люксембург ва дар ҷанубу ғарб бо Фаронса ҳамсарҳад мебошад. Сардори давлат шоҳ, сарвари ҳукумат–сарвазир намояндаи ҳизби дар интихоботи парламентӣ ғолибомада мебошад.
Шоҳирагарии Белгия ба се минтақаи аз рӯйи се забон фламандӣ, фаронсавӣ, олмонӣ тақсим шудааст. Белгия узви СММ, давлатҳои Бенилюкс, Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ғ. мебошад. Муносибати дипломатии Белгия бо Тоҷикистон 29 апр. 1992 барқарор шуд. Дар сатҳи дипломатияи мардумӣ ҷамъиятҳои дӯстии «Тоҷикистон –
Белгияро ба се минтақаи ҷуғрофӣ метавон тақсим кард: минтақаи наздисоҳилӣ, паҳнкӯҳи марказӣ ва баландиҳои Арденн. Минтақаи пасти наздисоҳилиро полдерҳо – заминҳои ҳосилхези аз таҳдиди баҳр бо дюнаҳо – теппаҳои регӣ (вусъаташон то 15 км ва аз с. б. то 2 м поинтар) ва ғорҳои ҳифзшаванда ташкил медиҳанд, ки дар самти Фландрия ва Кампин торафт ҳамвору мусаттаҳ шудаанд. Минтақаи чиндори гертсинии қисми ҷанубии мамлакатро таҳнишастҳои давраҳои мезозой ва кайнозой иваз кардаанд. Теппакӯҳҳои Арденн, ки ба ҳисоби миёна аз сатҳи баҳр. 460 м баланданд (кӯҳи Ботранж – 694 м, нуқтаи баландтарини Белгия), қисми шарқии мамлакатро фаро гирифта, асосан бешазор иборат аст.
Ногуфта намонад, ки Белгия дорои канданиҳои фоиданок буда, аз ҷумла конҳои қӯрғошим, руҳ, мис сангҳои хоро, мармар, доломит бой буда, инчунин маъданҳои зеризаминии асосӣ – ангиштсанг ва гази табиӣ дорад.
Дар Белгия вобаста ба ҳайати этникӣ се забони давлатӣ роиҷ аст. Фламандиҳо, ҳомилони забони нидерландӣ – 58%, валлонҳои фаронсавизабон – 31%, сокинони забонашон олмонӣ ва дузабона 11%-и аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Фламандҳо дар Фландрия (Шим. Белгия), валлонҳо дар Валлония ва Брюссел (гарчанде дар ҳудуди Фландрия ҷойгир аст) ва олмониҳо дар минтақаҳои ҳамсарҳадии Олмон маскунанд. Дар Белгия 97 дарсади аҳолӣ шаҳрнишин буда, Брюссел, Антверпен, Гент, Лёвен сернуфустарин шаҳрҳоянд. Дар Белгия ғайр аз олмониҳои этникӣ кӯчиён аз Конго (собиқ Конгои Белгия), Туркия, Марокаш, муҳоҷирон аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (50 ҳазор), инчунин испаниҳо, юнониҳо, курдҳо ва ғ. умр ба сар мебаранд. Аз ¾ ҳиссаи аҳолӣ муътақиди католики, ¼–протестантизм, боқимонда намояндагони динҳо ва ҷараёнҳои дигар мебошанд; мусулмонон наздики 300 ҳазор нафаранд. Дар Белгия дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 78,7 (мардҳо – 75,5, занҳо – 82,09) сол мебошад.
Дар аҳди қадим дар ҳудуди кишвар қабилаи белгҳо (номи Белгия аз ҳамин ҷост) муқим шуданд. Дар аҳди қадим Белгияро Юлий Сезар ба даст даровард ва он ба ҳайати Империяи Рим чун музофоти “Белгика” ворид шуд. Асри V мелодӣ ин музофот гирифтори тохтутозҳои қабилаҳои олмонии франкҳо, фризҳо ва саксҳо гардида, дар натиҷаи омезиши онҳо бо қабилаҳои келтҳои шимолӣ халқияти фламандҳо ташаккул ёфт. Ин ҳудуд то садаи IX дар ҳайати Шоҳигарии франкҳо буд. Дар аҳди Карли Бузург (768–814) Белгия маркази империяи Каролингҳо буда, баъди тасарруфӣ он дар ҳудуди Белгия шоҳигарии Фландрия, Брабант, дертар Лимбург, Люксембург, Намюр, Эно ва Камбре, Лёж, Турне ба вуҷуд омаданд. Мавқеи хуби ҷуғрофӣ – дар буриши роҳҳои дарёию баҳрӣ воқеъ будани Белгия боиси кашмакаши ҷонибҳои Англия, Фаронса, Испания ва Австрия гардид.
Дар асрҳои XII–XIII Белгия хеле тараққӣ карда, ба маркази ҳунармандӣ ва тиҷоратии Аврупо табдил ёфт. Ҷанги садсола (1337–1453)- байни Англия ва Фаронса ҳама пешравиро барбод дод. Ибтидои садаи XV замини Белгия ба дасти шоҳигарии Бургундия ва дертар, якҷо бо Нидерланд, ба тасарруфи Габсбургҳо даромад. Инқилоби буржуазии садаи XVI-и Нидерланд дар хоки Белгия шикаст хӯрд. Дар давраи Ҷанги Испания барои мақом дар Аврупо Белгия ба тасарруфи Габсбургҳои Австрия дароварда шуд. Габсбургҳо барои инкишофи ҳунармандӣ ва тиҷорат дар музофотҳои Белгия шароит фароҳам оварданд. Барои ривоҷи тиҷорат ба Олмон, Лотарингия ва Швейсария роҳҳои савдо кушоданд. Эрнст герсог Иосифи II (1780–94) дар сохти давлатдорӣ табаддулот ба вуҷуд овард: калисоҳоро баста, ҳокимияти епископҳоро барҳам дод, байни диндорон таҳаммулпазириро ҷорӣ кард. Ин иқдом ғазаби диндоронро афзуда, ба сар задани инқилоби солҳои 1789–90 сабаб шуд. Ноябри 1792 лашкариёни Фаронсаи инқилобӣ ба сарзамини Белгия даромада, чандин музофоти онро забт карданд. Баъди торумори Фаронсаи наполеонӣ музофотҳои Белгия ва Нидерланд бо қарори Конгресси Вена (1814–15) ба ҳайати Шоҳигарии Нидерланд дароварда шуд.
Инқилоби соли 1830 Белгияро соҳибистиқлол ва Конгресси миллӣ (7 февр. 1831) сохти давлатдориашро монархияи конститутсионӣ эълон кард. Иқтисоди Белгия пеш рафт, ҳамкорӣ бо Олмон ва Фаронса барои фурӯши маҳсулот бозорҳои нав ба вуҷуд овард. Кушодани роҳҳои оҳан, истеҳсоли паровозу вагон, релсҳо ва дигар масолеҳи рақобати озоди иқтисоди мамлакатро хеле пеш бурд. Дар садаи XIX дар Белгия капитализми ба рақобати озод асосёфта ба капитализми монополистӣ табдил ёфт.
Буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (1929–33) ба Белгия таъсири худро дертар аз дигар давлатҳои Аврупо расонд. Лекин сифати баланди маҳсулот, истеҳсолоти мусаллаҳ бо техникаи олӣ ба Белгия имкон дод, дар қатори бузургтарин содиркунандагони пӯлод ва дигар навъҳои маҳсулоти мошинсозӣ бошад.
Соли 1948 ба имзо расидани Пакти Брюссел оид ба таъсиси Иттифоқи ҳарбӣ-сиёсӣ, соли 1949 барои таъсиси Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) асос гузошт. То аз даст додани мулкҳои мустамликавӣ дар натиҷаи мустақилшавии солҳои 50–аввали 60 садаи ХХ иқтисоди Белгияро аз алмос, мис, кобалт, руҳ, тило, хӯлаи уран, каучук, какао, пахта ва дигар маҳсулоти аз Африқо ба дастовардааш таъмин кардааст.
Бояд тазаккур дод, баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Белгия то як муддат суқут карда баъдтар ба тадриҷ ру ба рушд ниҳод. Ҳоло Шоҳигарии Белгия дар минтақаи Аврупои Ғарбӣ яке аз кишварҳои калидӣ ба шумор рафта, бо ҳама ҳамсоякишварҳо робитаҳои хуби дипломативу иқтисодӣ ба роҳ мондааст
Сарчашмаҳо
Воҳидова Санавбарбону
Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико
доктори илмҳои таърих. профессор