Назари таҳлилие ба равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Тоҷикистон баъд аз дарёфти истиқлолият робитаашро бо ҳамаи кишварҳои олам аз ҷумла Покистон оғоз кард, ки то имрӯз идома дорад. Ҳамасола дар миёнаҳои моҳи август ё аниқтараш 14-уми августи соли 1947 кишвари Покистон истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Инҷо зарур донистем, ки дар бораи ном, мавкеии ҷуғрофӣ ва пойтахти ин кишварро маълумот фароҳам оварем.
Номи кишвари Покистон расман Ҷумҳурии Исломии Покистон буда, дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҷойгир мебошад. Тибқи сарчашмаҳои дастрасшуда, ибораи Покистон аслан аз чанд ҳарфи форсӣ-арабӣ дар шакли (پاکستان) иборат аст, ки аввалин маротиба аз тарафи Чҳудари Раҳмат Алӣ дар рӯзи 28-уми январи соли 1933 дар як конфронсе пешниҳод карда шуд. Бояд қайд карда шавад, ки ҳарфи П-и он маънои Панҷоб, ҳарфи А ба маънои Афғон, ҳарфи К-Кашмир ва ҳарфи С-маънои Синд-ро ифода мекунад. Аммо се ҳарфи боқимонади "тан" бахши ниҳоии калимаи Балучистон аст, ки барои осонии гуфтор фақат "тан" боқӣ мондааст. Баъзе таърихнигорон ба ин назаранд, ки он аслан аз ду бахш, яъне "пок" ва "истон" ташкил шуда, ки ҳар ду дар забони форсӣ-тоҷикӣ маънои сарзамини тоза ё покро ифода менамояд.
Покистон яке аз калонтарин кишварҳои минтақа буда, дар натиҷаи муборизаҳои давомдор санаи 14-уми августи соли 1947 истиқлолиятро аз султаи Бритониё ба даст овард. Бояд қайд кард, ки дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла, Ҳиндустон ва Покистон солиёни дароз зери салтанати Британияи Кабир қарор доштанд ва аҳолии ин сарзаминҳо ҳамеша мубориза мебурданд, то озодиро дарёфт карда, чун қавм ё миллати озод умр ба сар бурда, тамаддуну фарҳанги худро ҳифз намуда, барои ободӣ ва озодӣ мардумони худ хидмат намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои 1920-1930 ҳаракати мардумие таҳти сарпарастии сиёсатмадор Маҳатма Гандӣ бо номи "Ҳаракати озодихоҳи Ҳинд" барои истиқлолият мубориза бурдан, ташкил шуд. Ҳамзамон, ҳаракате дигар низ бо номи "Лигаи мусалмонони Ҳинд" бо ин муборизаҳо ҳамроҳ шуда, барои озодӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ҷидду ҷаҳд мекард. Бо қарори ҳукумати Британия ва талошу муборизаи мардуми инҷо соли 1946 дар ин кишвар тағйирот ворид гардид. Котиби давлатии Британия Петик Лоренс тасмим гирифт, ки қораи Ҳиндро ба минтақаҳои алоҳида тақсимбандӣ намояд, ки шомили се гурӯҳ бошанд. Гурӯҳи аввал, минтақаҳои Бомбай, Мадрас, Биҳор, Орисса, ба ҳайати давлати Ҳиндустон шомил шуданд ва гурӯҳи дувум Панҷоб, Синд, вилоятҳои Шимолу Ғарб ва Балуҷистон ба ҳайати Покистон дохил шуданд. Аммо гурӯҳи сеюм қисмати Бангола, зери мудирияти Бангладеш ба сари кор омад. Ин тақсимбандии Британия бо дарназардошти қавмияти ин минтақа сурат гирифт, ки мехост бо ин роҳ равобиташро бо мардумону қавмиятҳои инҷо ҳифз намояд.
Аммо роҳбарони онвақтаи ин кишварҳо Маҳатма Гандӣ (1869-1948), Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ (1876-1948), Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ва Ҷавоҳирул Неҳру (1889-1964) ки худ дар байни мардум ба воя расида буданд, талош карданд, зимомати мардуми худро ба дӯш гирифта, бо ин мақсад ин роҳбарон ба мизи машварат нишаста, тақсимбандиро ба асоси "Назарияи ду қавмият ё миллат" пазируфтанд. Мақсади асосии онҳо ин буд, ки онҳо дар асоси назария ва ақоиди доштаи худ тавонанд, зери давлатҳои алоҳида бо ҳифзи муштаракот зиндагӣ намоянд. Роҳбарон манфиатҳои қавмиву миллиро ба назар гирифта, барои доштани ҳукумати дилхоҳ розигӣ дода, бо машварати намояндагони Британия дар нимаи моҳи августи соли 1947 бо ду давлати ҷудогона тақсимбандӣ шудаанд, ки яке бо номи Ҳиндустон ва дигаре бо номи Покистон дар ҷаҳон шинохта мешаванд. Муҳаққиқон ба ин назаранд, ки ҳардуи ин кишвар 14-уми августи 1947 истиқлояти хешро ба даст овардаанд, вале мардуми Ҳинд бо расму ривояти қавмии худ 15-уми августро интихоб намуданд ва Покистон бошад 14-уи августро қабул карда, чун давлати алоҳида ба фаъолият оғоз карданд.
Дар қадами нахуст Покистон аввалин роҳбари кишвар Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ (1876-1948) ва Лиёқат Алихон (1895-1951)-ро чун нахустин сарвазир интихоб кард. Бояд зикр шавад, ки дертар 23-уми марти 1956 ин кишвар аввалин маротиба Сарқонуни худро қабул кард ва чун мамлакати мусалмонӣ расман эътироф гардид. Аз соли 1958 то 1969 ин кишвар зери роҳбарии генерал Аюб Хон (1907-1974) мудирият мешуд, дертар аз соли 1969 то 1971 зимоми қудрат ба дасти Яҳё Хон (1917-1980) гузашт. Дар ин давра минтақаи шарқии ин кишвар ба кашмакашиҳо дучор шуд, ки дар натиҷа кишваре ба номи Бангладеш арзи вуҷуд кард.
Аз соли 1972 то 1977 мамлакат бо сарпарастии Зулфиқор Алӣ Бҳутто (1928-1979) тавонист ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисоди назаррасеро ба амал оварад. Вале соли 1979 кишвар ба кудатҳои низомӣ дучор шуд ва идораи умури кишвар бар зимаи генерал Зиёул Ҳақ (1924-1988) гузашт, ки дар ин замон вазъи геополитикии ҷаҳон низ тағйир ёфта буд. Ҳамин вақтҳо буд, ки қувваҳои собиқ Шӯравӣ вориди Афғонистон шуда, мудохила ва вазъи сиёсии кишварҳои минтақаро иваз карданд.
Соли 1988 баъди садамаи ҳавоӣ ва кушта шудани генерал Зиёул Ҳақ ҳукумати ин кишвар ба зиммаи Беназир Бҳутто(1953-2007) чун аввалин зан дар идораи давлат супорида шуд. Вале мунозиа ва кашмакашҳои минтақаи Кашмир сабаб шуд, ки зимоми кишварро генерал Парвиз Мушарраф то як муддате ба зимаи худ гирад.
 Ҳамин тавр соли 2002 интихоботи парлумонӣ баргузор шуд ва Зафарулло Хон Ҷамолӣ чун сарвазир интихоб гардид. 15-уми ноябри 2007 муҳлати порлумони кишвар ба охир расид ва ҳамон замон тавассути гурӯҳҳои номаълум Беназир Бҳутто ба қатл расонида шуд. Дертар 15-уми феврали 2008 интихоби навбати баргузор гардид, ки дар натиҷа, Юсуф Ризо Гелонӣ чун сарвазир ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба ҳайси президенти кишвар интихоб шуданд. Бо мурури замон соли 2013 дар интихобот Навоз Шариф сарвазири ин кишвар интихоб шуд, вале соли 2017 ба фасоди молӣ маҳкум шуда, ба маҳкамаи судӣ кашида шуд. Ва ахиран Соли 2018 интихоботи навбатӣ баргузор гардид ва ҳизби "Таҳрики инсоф" таҳти сарпарастии Имрон Хон, аз қаҳрамонони бозии крикет, баррандаи он гашта, ҳукуматашро ташкил дод.
Покистони имрӯза яке аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ буда, бо давлатхои Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ҳамсарҳад мебошад. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна ва уқёнуси Ҳинд пайвандӣ дошта, аз кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдиф, Непал, Покистон ва Шриланка иборат аст, ки аҳолиашон зиёда 1,7 миллион нафар буда, 21 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳанд. Кишвари Покистон дорои 1046 км. хати сарҳади обӣ бо давлатҳои Халиҷ дошта, ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Вохони Афғонистон куҳҳояш пайваст мешаванд.
Пойтахти ин кишвар шаҳри Исломобод буда, дар байни доманакӯҳҳо ва боғи машҳури Шакарпариён, ки аз ҷониби раҳбарон ва вазирони ҷаҳон бо дарахтҳои ёдгорӣ зебо ва музайян шудааст, ҷойгир аст. Шаҳр дорои зиёда аз 5 млн. аҳолӣ буда, бо биноҳои зебову замонавӣ, хиёбонҳои махсуси дипломатӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва масҷиди калон ба номи "Файсал Масҷид" машҳури ҷаҳон мебошад.
Покистон дорои вилоятҳои Синд, Панҷоб, Балучистон ва Суба Сарҳад буда, аз ҷониби маркази сайёҳии «Марко Поло» чун «Сарзамини подшоҳон» шинохта шудааст, ки дар бештари ҷойҳои таърихии он навиштаҷот ва махтутоти форсӣ-тоҷикӣ ба таври чашмрас дида мешавад. Гимни он пурра тоҷикӣ-форсӣ буда, бо чанд калимоти ҳиндӣ омехта шудааст.
Лоҳур яке аз шаҳрҳои қадимаи Покистон буда, дар вилояти Панҷоби Покистон қарор дорад. Дар сарчашмаи «Географияи птолемӣ» шаҳри Лоҳур ба номи Лабокла, ки дар канори дарёҳои Индус, Рови, Чеҳлам ва Ченоб ҷойгир аст, зикр шудааст. Дар соли 1206 Султонқутбиддин Айбак аввалин шоҳи мусулмон дар сарзамини Ҳинду Покистон интихоб гардид. Аз соли 1524 то соли 1752 Лоҳур зери роҳбарии шоҳони муғул буд ва дар даврони подшоҳии Акбар аз соли 1584 то соли 1598 он чун маркази шоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Дар давраи охирин шоҳи муғул Аврангзеб (1658-1707) бисёре аз ёдгориҳои ин шаҳр монанди Масҷиди подшоҳӣ ва Дарвозаи Оламгирӣ сохта шудаанд. Дар боғи "Иқбол"-и шаҳр манораи баланди боҳашамате аст, ки ба эхтироми таъсисёбии давлати Покистон сохта шудааст. Баландии он зиёда аз 60 метр буда, қисми поёнии ин манора ба шакли панҷситора ва моҳ аз санги мармар сохта шудааст. Манора яке аз ёдгориҳои миллиии Покистон ба ҳисоб меравад, ки 23 марти соли 1940 "Ҳизби Лигаи мусалмонони Ҳинд" зери сарпарасти Муҳаммад Али Ҷиноҳ (1876-1948) дар онҷо созишнома бо номи «Қарордоди Лоҳур» ба имзо расд, ки солона дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки шаҳри Лоҳур аз соли 1973 инҷониб бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр мебошад ва намояндагиҳо ва форумҳои дӯстии дар байни онҳо фаъолият мекунад. Шаҳр бо ҷойҳо ва биноҳои қадимааш аз ҷумла "Шолимор порк", "мақбараи Ҷаҳонгир" ва «Масҷиди подшоҳӣ», беҳтарин намунае аз меъмории давраи муғулҳо дар Покистон маъруфи ҷаҳон буда, дар канори он, оромгоҳи файласуф ва донишманди шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) ҷойгир аст.
Шаҳри Карочӣ яке аз шаҳрҳои калонтарин ин кишвар буда, он чун маркази тиҷоратӣ ва санъатии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр дар наздики уқёнуси Ҳинд воқеъ буда, бо бандар ва корхонаҳои хурду калон дар ҷаҳон шинохта мешавад. Шаҳрҳои Кувайта ва Пешавари Покистон аз марокизи тиҷоратӣ ва саноатӣ буда, санъати ҳунарҳои дастӣ аз қабили бофандагӣ, ресандагӣ, нону кулчапазӣ ва ҷилдсозиву нашри китобҳо хело пешрафта, шуҳратӣ ҷаҳонӣ доранд.
Аҳолии Покистон 207.77 миллиён буда, дар раддабандӣ ҷойи шашумро мегирад. Аҳолии кишварро аслан қавмиятҳои панҷобӣ, паштунҳо ва синдиҳо ташкил медиҳанд. Қавмиятҳои дигари аҳолӣ иборатанд аз сароикиҳо, балучҳо, кашмириҳо, гилгитиҳо ва ғайра. Масоҳати умумии ин кишвар 881,913 км мураббаъ ташкил дода, масоҳатии обии он 2,86 фоизро дар бар мегирад.
 Тоҷикистон аз байни манотиқи Осиёи Миёна ягона кишвари наздиктарин мебошад, ки бо Покистон тавассути дарраи Вохон дар масофаи 14 км мавқеии ҷуғрофӣ дорад. Ҳар ду кишвар дорои тамаддуну фарҳангҳои муштарак буда, аз гӯзашта равобити дипломатии ҳасана доранд. Кишвари Покистон яке аз аввалинҳо буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон дар ибтидои ҳамон солҳо сафораташро дар Душанбе боз кард. Тибқи манобеъ вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз моҳи июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд. Ҳар ду кишвар дорои сафирони худ мебошанд. Аввалин маротиба дар соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид. Ҳамин тавр рӯзи 23 феврали соли 2005 сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонданд. Дар моҳи марти соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Покистон боздиди расмӣ ба амал овард, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи навро оғоз намуд. Бояд қайд кард, ки нахуст соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исломободи Покистон кушода шуд.
Аз рӯи сарчашмаҳои гуногун дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онҳо аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон инҷоро ватани доимии худ қарор доданд. Бояд қайд кард, ки бештари гузаштагони сулолаи муғулони инҷо ба касби тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш, меъморӣ, дин ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст. Як нуқтаро бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти дастрасшуда аз китоби нависандаи покистонӣ Профессор Муҳаммад Ахтар (1934-1915) зери унвони "Ин китоб яке аз аввалин сарчашма барои кашфи фарҳангу тамаддуни қадимаи манотиқи шимолу ғарбии Покистону Афғонистон (Балху Систон) буда ва китоб таҳкими баёнгари таърихии муосири гузаштаи тоҷикони свотӣ ва мамлакати габриҳоро муфассал баён мекунад. Китоби мазкур суханрониҳо ва баҳсҳо оиди Зардушт, Куруши Бузург ва Искандари Кабир аст, ки ҳамаи онҳо ба фарҳанг ва таърихи бостонии тоҷикони свотӣ қабл аз гаравиданашон ба Исломро низ дар бар мегирад, ки заминаест барои таҳкими муносибатҳои фарҳангии ҳар ду кишвар.
 Тоҷикистон аз қадиму-л-айём бо фарзандони ҳунарманду донишманд ва сарватҳои зеризаминиаш шуҳрат дошт. Имрӯз кишвари Тоҷикистон яке аз ташаббускорони барномаҳои гуногун дар ҷаҳон шинохта шуда, тавсеа ва таҳкими он муҳим арзёбӣ шудаанд. Лиҳозо Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳамкории дигар манотиқии Осиёи Миёна масири аслии энергетикиеро эҷод кунанд, ки ҳамаи сарзаминҳо аз сарватҳои инҷо мустафид гарданд. Имрӯз аҳолии ҷаҳон дар асри технологӣ зиндагӣ дошта, ниёз ба чунин сарватҳо доранд, то битавонанд аз онҳо хуб истифода карда, имконоти нави ҳамкориро барои худ фароҳам оваранд. Эҷоди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон метавонад сабаб шавад, то ин масири тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият ёфта, густариш ёбад.
Кишвари Покистон кишоварзӣ буда, воҳиди пулиаш руппияи покистонӣ мебошад. Содироти асосии он нафт, чарм, либос, матоъ, пахта, биринҷ, хӯрокворӣ ва молҳои ороишӣ мебошанд. Воридоти он бошад маҳсулоти мошинсозӣ ва саноати химия, таҷҳизоти нақлия, сӯзишвориҳо ва равғанҳои молиданӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки кишвари Покистон бо шароиту имконоте, ки дорад, роҳҳои кутоҳтарин ва осонтаринро барои густариши тиҷорат ва иқтисод ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон фароҳам сохтааст ва дар ин самт то ҳол талошҳояшро идома дода истодааст. Тоҷикистон низ талош дорад, то бо истифода аз бандари Гводари Покистон равобити тиҷоратиашро ба тамоми кишварҳои олам густариш диҳад. Барои ин иқдоми нек бояд ҳар ду кишвар аз стратегияҳои ҳамкории минтақавӣ кор бигиранд, то якҷоя битавонанд, монеаҳоро паси сар намуда, дигар кишварҳои марбутаро низ барои ҳамкории минтақавӣ даъват кунанд, то аз сарватҳои табиии минтақа истифода баранд. Президенти Тоҷикистон дар суханрониҳои худ доштани равобити ҳасанаро бо тамоми кишварҳо зарур шуморида, сиёсати дарҳои бозро аз авлавияти кори худ қарор дода, робиаташро бо Покистон муҳим арзёбӣ кардааст.
Дар минтақаи Осиёи Миёна Тоҷикистон яке аз муҳимтарин кишварҳои олам аст, ки дорои захоири табиӣ ва марокизи тавлиди барқ мебошад. Дар масофаи 28500 км дар ин кишвар 948 дарё мегузарад, ки аз бойгариҳои кишвар маҳсуб мешаванд. Кишвар дорои 8,000 пиряхҳоест, ки истифодаи дурусти онҳо метавонад ба аҳолии кишвар ва сайёра манфиат расонад. Тоҷикистон 4% иқтидори гидроэнергетикаи ҷаҳонро доро буда, яке аз саввумин тавлидкунандаи барқ ба шумор меравад. Аз ин рӯ тавлиди лоиҳаҳои барқии он аз самтҳои муҳимми энергетикии кишвар буда, ба манфиати ҳамаи минтақа, аз ҷумла Покистон хоҳад буд.
Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, бунёд ва амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ташаббусгар ва ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳо лоиҳаи мазкур дорои 3 бахш аст, ки иборат аз сохтани 1,222 км линаи интиқолӣ ва истгоҳҳо, эҷоди кумакҳои техникӣ ва молӣ тавассути коммиссияҳои муштарак ва рушд ва кумак намудани мардуми ҷойгирифтаи масири лоиҳа амалӣ мегардад. Бо амалисозии он кишвари Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин восита ба андозаи кофӣ аз буҳрони масорифи энергетикӣ раҳоӣ меёбад.
Тоҷикистону Покистон метавонанд дар бахши кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро рушд ва тақвият диҳанд. Зеро ҳар ду кишвар дорои манобеи фарох ва хуби кишоварзӣ ва саноатӣ ҳастанд, ки иборат аз картошкакорӣ, пахта, шолӣ, меваҷот, гугирдсозӣ, семент, либосворӣ, зарфсозӣ, тубсозӣ ва ғайра мебошанд. Тоҷикистон метавонад дар бахши коркарди ғизо, коғаз ва нассоҷӣ аз таҷриба ва саноати Покистон истифода намояд. Зеро ин кишвар дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагин дар ҷаҳон ҷойи саввумро ишғол мекунад. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар хонаи ҳар як шаҳрванди тоҷик гугирд, қаймоқ ва картошкаи Покистон ба чашм мерасад, ки ин худ шаҳодат аз он медиҳад, ки масири тиҷоратии минтақавӣ байни ин кишварҳо хуб роҳандозӣ шуда, табодули таҷориби байни ҳам боз ҳам хубтар бояд ба роҳ монда шавад.
Баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ зиёда аз 50 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорон ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Тибқи манобеъ то соли 2011 гардиши мол байни ду кишвар 14 млн. 850,1 ҳазор долл. ИМА буд, ки он дар соли 2012 ба 78 млн 814,8 ҳазор доллар расид. Дар натиҷа 26 млн. 498,5 ҳазор доллар он содирот ва 52 млн. 316,3 ҳазор доллар воридотро ташкил медод. Тибқи омори нав дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расида, тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода ба 500 миллион доллар расонанд. Кишвари Покистон дар даҳлез ё остонаи Осиёи Миёна, Чин ва Осиёи Ҷанубӣ қарор дошта, метавонад чун мадори геополитикӣ дар Осиё нақши калидӣ офарад ва пайваста талош дорад, то дар радифи 25 калонтарин кишварҳои иқтисодии ҷаҳон шомил гардад.
Мавриди зикр аст, ки дар соҳаи омӯзиши маҳоратҳо ва такмили ихтисос, маориф ва табодули барномаҳои гуногун муносибатҳои Тоҷикистону Покистон тадриҷан рушд меёбанд ва дар ҳоли ҳозир донишҷӯёни покистонӣ дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикон дар макотибии олии Покистон таҳсил ва омӯзиш мегиранд. Аз замонҳои пеш аз истиқлол то имрӯз дар ДМТ забони урду тадрис мешавад ва маркази омӯзишии Покистон низ фаъолият дорад, ки ба манфиати равобити ҳар ду кишвар кӯмак мерасонад. Табодули адабӣ ва забонии ҳар ду кишвар низ фоли хубест дар рушду нумуи муносибатҳои ҷонибайн. Барои таҳкими бештар ва табодули илмию адабӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои ОсиёАврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаеро ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тахсис дод, ки ин ҳам аз аҳамият доштани ҳамкории стратегии минтақа шаҳодат медиҳад. Аз замони истиқлол то ҳол ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон барои таҳкими адабию фарҳангӣ ва сиёсату саёҳат фаъолият дорад. Ҳамзамон дар Покистон низ ҷамъиятест бо номи "пок-тоҷик френдшип ассосиешон" (дӯстии Покистону Тоҷикистон) фаъолият дорад, ки заминаи хубест дар таҳкими муносибатҳои ҳар ду кишвар.
Бояд ёдовар шуд, ки равобити Тоҷикистону Покистон бо марҳалаҳои гунонуг оғоз шудааст, ки аввалини он шиносои адабӣ ва забонии ин ду сарзамини соҳибфарҳанг дар замони собик шуравӣ бо мавҷуд будани шуъбаҳои урду ва ҳиндии марказҳои илмӣ буд, ки бисёре аз мутахассисони кишвар хадамоти илмиро барои рушди фарҳанг то ба имрӯз ба иҷро расонданд. Пайвандгари адабии Тоҷикистону Покистон омӯзиш ва ҳифзи забони урду мебошад, ки он барои мо мардуми Тољикистон чун духтари зебои форси-тољикӣ хело ањамият дошта, таърихи ѓании 350 солаи ин забони ошиќона саршор аз адабиёт, фарњанг, шеъру ѓазал ва осори исломист, ки мо онро мавриди омӯзиши илмӣ ќарор дињем, зеро он бо шевањои забони форсӣ-тољикӣ њамвасл ва њамнасл буда, дорои манобеъи мањфузшудаи ғанӣ мебошад.
Мукотибаҳо, навиштаҷот ва робитаҳои адабии Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар бо адибони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва хусусан Покистон ба монанди Аллома Муҳаммад Иқбол (тав. 9-ноябри 1877 ваф. 21 апрели 1938), Ҳофиз Ҷалондари (офарандаи суруди милии Покистон), Мирзо Асадулло Ғолиб (1797-1869), Файз Аҳмад Файз (1911-1984) ва Надим Косими (тав. 20-ноябр 1916 ваф. 10 июли 2006) шавоҳиди ин мархалаи таърих мебошад, ки зиёиёни тоҷик онҳоро чун сарчашмаи илмию адабӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Эълони бародаршаҳрии байни Душанбе ва Лоҳур аз солҳои пеш аз даврони истиқлол низ дастовардҳои фарҳангии ин ду сарзамин мебошад, ки то ҳол боқӣ мондааст.
Марҳалаи дувуми равобит миёни ин ду кишвар баъди аввалин дидори Президенти онвақтаи Тоҷикистон шуруъ шуд, ки он омили эҷоди роҳи нав барои эҳёи робитаи тиҷорат, фарҳанг ва иқтисодӣ гашт. Ин ҳама сабаб шуд, то Тоҷикистон узвиятро дар созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Созмони Конфронси Исломи, Созмони Кишварҳои Иқтисоди (ЭКО) ва Созмони Шанхай ба даст оварад ва заминаҳои робитаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиашро тақвият бахшад.
Марҳалаи савуми равобит миёни Точикистону Покистон баъди кушодашавии марказҳои дипломатӣ ва тиҷоратии ҳарду кишвар дар шаҳрҳои Исломбод, Карочи ва Душанбе оғоз шуд, ки рафтуомад миёни сокинони ин ду кишвар яке аз дигар дастовардҳои ин давр мебошанд.
Дар хулоса, мо инҷо равобити Тоҷикистону Покистонро метавонем дар се нукоти муҳимми стратегӣ хулосабандӣ намоем:
Якум эҷоди равобити ҳамлу нақл ё коммуникатсия. Ба ҳамин мақсад ҳар ду кишвар дар талоши онанд, ки шоҳроҳҳои марказии Афғонистонро мавриди истифода қарор дода, вуруди Покистон ба Осиёи Миёна аз тариқи роҳҳои Тоҷикистон ва дастрасии Тоҷикистонро ба бандарҳои обҳои ҷаҳонӣ аз тариқи роҳҳои Покистонро таъмин намоянд.
Нуктаи дувум тавсеа ва таҳкими рушди савдову тиҷорат ва саноат мебошад, ки имрӯз Тоҷикистон маводи ғизоӣ умдатан меваву дигар маводи хӯрданӣ ва ғайраро аз Покистон ворид мекунад ва ба Покистон алюмину ангишт ва меваи хушк содир мекунад. Дар рушди саноат Покистон яке аз беҳтарин кишварҳо дар минтақа маҳсуб мешавад.
Нуктаи дигар ва хело муҳим ин ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва барқу об мебошад, ки Тоҷикистон дар ин соҳа аз иқтидортаринҳо дар минтақа ба ҳисоб меравад, чунонеки дар боло ишора кардем. Аз ин сабаб ворид намудани барқи арзони Тоҷикистон ва аз тариқи Тоҷикистон барқи Қирғизистон ба Покистон бо истифода аз лоиҳаҳои бузурги барқӣ ба монанди «CASA-1000» ва "ТАПИ" барои таъмини нерӯи барқ хело муҳим арзёбӣ мешаванд.
Покистон яке аз ташаббускори ташкили консортсиуми байналмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун буда, дар қисмати муҳимми корҳои он омодаи ҳамкорӣ мебошад. Кишварҳои зиёди минтақа ба мисли Афғонистон, Осиёи Миёна ба нерӯи арзони барқ ниёзманд буда, хоҳони рушди энергетикӣ дар минтақа мебошанд. Бо ин восита кишвари Покистон метавонад нерӯи зарурии барқи арзонро аз Тоҷикистон дастрас намуда, истифода намояд.
 Таҳким ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, истихроҷ, коркард ва воридоти нафту газ, омӯзиши геологӣ-геофизикӣ дар майдонҳои нафту газдори қисми ҷанубу ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти нафтӣ, бо дарназардошти таҷрибаи бойи ҷонибҳо, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва такмили ихтисоси онҳо аз масоил муҳим барои эҷоди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Покистон шуморида шудаанд.
Қобили зикр аст, ки вазъи геополитикии ҷаҳон баъд аз замони рух додани ҳодисаи 11-уми сентябр, тағийр ёфта, терроризм яке аз мавзуъҳои муҳим ва асосӣ дар байни тамоми олам гардид, ки мароқ ба он ҳамаи ҷаҳонро чи ба зорӣ, чи ба зӯрӣ, чи ба зар муттаҳид сохтааст. Ин омил он гашт, ки кишвари Амрико ҷанги худро бар зидди терроризм оғоз бахшад. Аммо бо вуҷуд истифода аз тамоми имконоти моддӣ, маҳоратҳои фаннӣ, фикрӣ, истихборотӣ ва аскарӣ ба муқобили терроризм, он рӯз аз рӯз қавитар ва мунташиртар шуда истодааст. Ин вабои аср ҳаррӯз дигаргун, зиёд ва ҳаршакла шуда, мисли ҳаштпо пинҳон ва мисли сустмори хурд заҳрашро мечаконад.
Бояд дониста монд, ки терроризм аз ифротгароӣ ва бесаводии ҷомеа маншаъ мегирад. Агар ба вазъи ҷаҳони муосири назар андозем, мебинем, ки терроризм бо воситаҳои гуногун рушд карда, роҳҳои хатарнокеро ба худ касб намуда, таҳдиди воқеи барои тамоми инсоният гардидааст, ки ҳечкас аз зарарҳои он эмин намемонад.
Барои мубориза бо ин падидаи номатлуб ва хатарноки ҷомеа, санаи 30-уми майи соли 2018 мулоқоти президенти Тоҷикистон ва Сардори ситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон гардид, ки дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Дар мулоқот ва гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва генерали артиши Покистон Зубайр Маҳмуд Ҳаёт масоили муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба зарурати густариши робитаҳои сохторҳои амниятии Тоҷикистону Покистон дар бахши амнияту дифоъ, ҳамкории низомию техникии кишварҳо ва вазъи Афғонистон баррасӣ карданд.
Хулоса, ин ҳама аз чолишу хатарҳоест, ки минтақа ва ҷаҳонро вахимтару ваҳшатноктар месозад. Аз ин ҷиҳат Тоҷикистон ва Покистонро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ ва ҳифзи шаҳрвандони худ ва ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории худро таҳким бахшида, муносибати ҳасанаи худро бо кишвари Хитой пурзуртар намуда, барои маҳви хатарҳо машваратҳои судманд дошта бошанд. Ҳамкории минтақавӣ метавонад кафили амн ва тавсиа шавад ва мудохилаи дигар кишварҳоро аз густариш ва рушди иқтисодии лоиҳаи мазкур муҳофизат намояд. Дар ин замина ҳамкориҳоии минтақавии кишварҳои ҳамсоя бояд таҳким ёбад ва мухолифатҳову зиддиятҳо канор гузошта шавад.
Дигар аз масоили нигаронкунандаи ин манотиқ масоили омӯзиш ва дарки масоили динӣ мебошад, ки ҳар ду ҷонибро зарур аст, то аз таҷрибаҳои хуби якдигар истифода кунанд ва аз омилҳои хатарнок ва номатлуб худдорӣ варзанд. Зеро кишвари Покистон яке аз кишварҳои намунавӣ барои омӯзишӣ динӣ, ки ба Тоҷикистон муштарак ва муносиб аст, дар байни давлатҳои исломӣ ва ЭКО маҳсуб мешавад, ки метавон аз таҷориби он дурустар истифода кард. Қобили зикри хос аст, ки дар солҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон душвори низои дохилӣ Покистон барои раванди музокироти сулҳ ва таъмини ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мусоидати боарзиш намуд ва то имрӯз дар бахши омӯзиши мутахассисон саҳм мегузорад. Кишвари Покистон узви фаъоли СММ, ЭКО, Кишварҳои Исломӣ, СБП, Созмони Шанхай, Гурӯҳи 77 ва СТҶ мебошад.
Як нуктаро бояд зикр кард, ки мардумони Осиё Ҷанубӣ аз гузаштаи қадим ба сабаби доштани пайвандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, адабӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва узубатии забони урду ки чун духтари нозани забони форси-тољикӣ маҳсуб мешавад, бо кишварҳои Осиёи Миёна доштанд, ки замоне бо сабабҳои гуногун қатъ гардида буд ва имрӯз бо шарофатии истиқлолият ва талошҳои роҳбарони кишварҳо эҳё гардидааст. Ин ҳама заминаи хубест дар рушду нумӯ ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни ин кишварҳо, ки бояд он чун дарахти самарадиҳанда нигоҳ дошта шавад.
 
Адабиёт
  1. Islam and Pakistan Identity by Dr. Javid Iqbal, 2003, page 374
  2. The world in 2020 by Hamish Mcrae, 1994, page 302
  3. Tajik swati wa mamlakat gabr taarikh ke oiane mee, By Prof. Muhammad Akhtar, 2002, page 395
  4. nation.com.pk
  5. Сайти расмии Академия Иқболи Покистон
  6. Русско-урду учебный словарь, В.Г. Филимонов, 1982, Москва Издательство "Русский язык", стр. 352
  7. Alqawoidul assosiay lidirosatil urduya, ustod Sumair Abdulhamid Ibrohim, Jomea Misr, 1978, page 404
  8. Сайти вазорати хориҷаи Тоҷикистон
 
Маълумотномаи кишвари Покистон
 
  • Номи пурраи кишвар: Чумҳурии Исломии Покистон
  • Раиси Ҷумҳур: Ориф Алавӣ
  • Сарвазир: Имран Хон ( 2018)
  • Аҳоли: 207.774 млн (ООН, 2016)
  • Пойтахт: Исломобод
  • Калонтарин шаҳрҳо: Карочи, Лоҳур, Пешавар, Файсалобод, Ровулпиндӣ ва Кувейта.
  • Марзбум: 796,095 км.кв
  • Забонхои асоси: Англисӣ, Урду, Панчобӣ, Синдӣ, Пашту, Балучӣ
  • Дин: Ислом
  • Пули кишвар: Покистони рупия
  • Содирот: Маводи нассочи, шоли, семент, пахта, маҳсулоти чармӣ
  • Рамзи интернетӣ: .pk
  • Коди байнишаҳрӣ: +92
 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД