Ниҳоди президентӣ-идоракунии мутамаддини ҷомеа аст

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз намудҳои роҳбарӣ ба давлат маъмул буда, таърихи зиёда аз дусадсола дорад. Дар адабиёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таъкид шудааст, ки таърихи навини давлатдорӣ нуфузи мансаби президентӣ дар ҳастии халқу миллатҳои замони муосир аҳамияти бориз доштааст. Вале дар замони муосир, ки таҷрибаи ҳастӣ ва рушди давлатҳо зиёда ба ҷанбаи соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳокимияти мардумӣ такя мекунад, нақши Президент бамаротиб афзудааст.
Имрӯз ниҳоди президентӣ унсури ҷудонашавандаи таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ оид ба давлатдорӣ аст. Ниҳоди президентӣ яке аз унсурҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Зарурияти мавҷудияти ниҳоди мазкур аз зарурияти татбиқи функсияи сарвари давлат бар меояд, ки паҳн гардидани ниҳоди президентӣ дар ҷаҳон шаҳодати он аст.
Дар низоми идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум ба тамоюли бавуҷудоии ниҳоди конститутсиониву ҳуқуқии “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” замина гузошт.
Аввали солҳои 90-ум ҷумҳуриҳои иттифоқӣ паиҳам Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии худро қабул карданд. Дар Тоҷикистон низ Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, бо Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 “Дар хусуси дохил кардани таѓйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон”, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 қабул гардид. Тибқи ин санадҳо, эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президент дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ заминаи сиёсиву ҳуқуқӣ гузошт.
Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон “Дар хусуси таъсиси вазифаи президенти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ” аз 29 ноябри соли 1990 ниҳоди президентӣ таъсис ёфт. Баъдан дар натиҷаи гирифторӣ ба буҳрони нави мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва пас аз даровардани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи соли 1978 аз 27 ноябри соли 1992 дар Тоҷикистон, ҳокимияти президентӣ дар кишвар дубора бекор карда шуд. Дар адабиёти тафсирӣ-ҳуқуқӣ дуруст қайд мегардад, ки барҳамдиҳии ин ниҳод ва ба ҷои он ташкил намудани идоракунии дастаҷамъии ҷумҳурӣ ба хотири ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамзамон, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ниҳоди президентӣ муваққатан аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуд. Мухолифони ниҳоди президентӣ дар он ақида буданд, ки барои Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст.
Баъдан пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 ниҳоди мазкур аз нав барқарор карда шуд. Дар Конститутсияи соли 1994 ба ин падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ боби махсус: боби чаҳорум, ки «Президент» ном дорад, бахшида шудааст. Аз ин ба баъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳисоб карда шуда, вай ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Низоми идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон дурустии хешро собит намуд. Зина ба зина ба ҳам омадани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва таъмини раванди рушди кишвар ба тарзи идоракунии президентӣ вобастагии сахт дорад.
 
    Раҷабалиев Хайрулло,
докторанти PhD – Институти Осиё ва Аврупо
 
 
 

НАЗАД