Нигоҳе ба омӯзиши ҷаҳони Ғарб

Автор: ИИПСАЕ

Расм

(қисми муқаддимавӣ)

   Таърих гувоҳ аст, ки Шарқ ва Ғарб робитаи ҳазорсола доранд ва робитаҳои илму фарҳанг ин ду сарзаминро бо ҳам мепайванданд. Ин гуна ҳамгироӣ ва пайвандгариҳо системаи ягонаеро ташкил медиҳад, ки дар раванди гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ба маҷрои хоси худ ба ҳар сурат равона мегардад ва дар рафти он муваффақиятҳои зиёдро ба даст меоварад ва ё баръакс коҳиш меёбад. Бинобар ин муҳақиққон ва коршиносон пайваста кӯшиш мекунанд, ки дурнамои ин масоилро санҷида, дар асоси он хулосаҳои ягонаро рӯи кор оваранд. Бояд гуфт, ки чунин хулосабарориҳо тавассути муттаҳидшавӣ ва дӯстии ҷаҳони Шарқ ва Ғарб амалӣ мегарданд. Ин муттаҳидшавӣ нисбат ба давраҳои пеш дар замони глобализатсияи имрӯзи зиёдтар ба назар мерасад.

 

   Пас масоил ва равобити гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки дар ҷаҳони Ғарб ба шакли илмӣ таҳқиқ ва омӯхта мешаванд, илми ғарбшиносӣ (“Western Studies”) номида мешавад. Мафҳуми “ғарбшиносӣ” дар Шарқ ба таври кофӣ истифода бурда намешавад, аммо ба омӯзиши он бояд ҳамаҷиҳата назари ҷиддӣ намуд. Илми ғарбшиносӣ на танҳо дар мамолики Аврупову Амрико ва Канада, балки дар саросари мамолики Шарқ низ пажӯҳиш шудааст ва бисёр паҳлуҳои он таҳлилу баррасӣ гардидааст. Олимон ва муҳаққиқон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарҳанг, илм, сиёсат ва иқтисодиёти кишварҳои Ғарбро таҳқиқ намоянд.

   Дар баробари ин ҳарчанд илми шарқшиносӣ дар Ғарб ҳанӯз аз асрҳои XVIII ривоҷ ёфтааст, омӯзиши Ғарб низ аз назари муҳаққиқону пажуҳишгарон ва олимони Шарқ дар канор намондааст. Чунин таҳқиқот дар соҳаҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва илмӣ анҷом ёфтанд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба вижа олимони тоҷик С. Айнӣ, А. Фитрат, Б. Ғафуров, Ш. Мухтор, Р. Ҳодизода, М. Шакурӣ, Х. Шарифов ва дигарон ба омӯзиши забон, фарҳанг ва маданияти ғарбиён рӯ оварда, якқатор мақола ва асарҳои илмиро таълиф намудаанд.

   Бояд зикр кард, ки ғарбшиносӣ яке аз муҳимтарин илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва минтақашиносӣ маҳсуб ёфта, ба ду шохаи муҳим ҷудо мешаванд:

   - аврупошиносӣ – самти калонтарини илми ғарбшиносӣ мебошад, ки дар навбати худ ба зерфаслҳои дигар метавон тақсимбандӣ намуд, ки калонтарини ин соҳа олмоншиносӣ, итолиёвиёшиносӣ, фаронсавишоносӣ ва ғайра мебошанд;

   - амрикошиносӣ ё канадашиносӣ–омӯзиши масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Амрико ва Канадаро меомӯзад.

   Ғарбшиносӣ дар баробари илми шарқшиносӣ пайваста таҳқиқу таҳлилҳои тозаро аз тарафи муҳаққиқону таҳлилгарон ба роҳ мемонад. Ба ғайр аз донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, коллеҷҳо, созмонҳо ва корхонаҳои махсуси давлативу ғайрдавлатӣ амал мекунанд, ки тамоми омилҳои идоракунӣ ва худидоракуниро меомӯзанд. Чунин сохторҳо, ба вижа соҳаҳои зеринро пайгирӣ ва таҳлил мекунанд: иқтисодиёт, антропология, ҷуғрофия, ҳуқуқ, забон, адабиёт, фалсафа, равоншиносӣ, фарҳанг ва ғайра.

   Аврупошиносӣ, ки калонтарин қисми илми ғарбшиносӣ маҳсуб меёбад, ҳамчун илм бештар дар давлатҳои Аврупо омӯхта мешавад, ки аз 24 давлати ҷудогона иборат мебошад. Иттиҳодияҳои калонтарини он:

   1. UACES (The academic association for Contemporary European Studies) – Иттиҳоди таҳқиқотии омӯзиши масоили Аврупои муосир.

   2. EUSA (European Union Studies Association) – Созмони муттаҳидаи Аврупо.

   3. AEI (ArbeitskreisEuropaische Integration) - Созмони мутаҳидшавии Аврупо.

   4. CIFE ( Centre International de formation Еuropeene) – Маркази сохторҳои Аврупо.

   Ҳар кадоми ин иттиҳодияҳо дастоварду проблемаҳои мамолики Аврупоро омӯхта, дурнамои онҳоро муайян месозанд. Мувофиқи таҳлилу нишондодҳои таҳлилгарону таҳқиқгарони Аврупову Амрико баъзе нукотҳое мавҷуданд, ки Аврупоро таҳдид мекунанд. Равандҳои террористиву экстримистӣ ва муҳоҷират, омили таҳдидкунандаи манотиқи мазкур мебошад.

   Ғарбшиносӣ дар Тоҷикистон аз замони шӯравӣ шурӯъ шуд, вале он таҳлилҳои дақиқро рӯйи кор наовардааст. Бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Институти алоҳидаи академӣ - Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки илми ғарбшиносӣ (як самти ҷудогонаи он) аз тарафи муҳаққиқони ин соҳа омӯхта шуда, рӯз то рӯз назари тоза мегирад. Олимон ва ходимони илмии аврупошиносии ин боргоҳи маърифат проблемаву мушкилиҳои Аврупоро дақиқона ва нозукбинонона меомӯзанд. Бештари ходимони илмии институтро ҷавонони болаёқат ва забондон ташкил медиҳанд, ки қадамҳои устуворро дар ҷомеа мемонанд. Инчунин бояд қайд кард, ки олимони ботаҷрибаи институти мазкур дар илми тоҷик корҳои зиёдеро анҷом доданд ва дар тарбияи ҷавонон пайваста саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Гулмоҳ Шозиёева,

котиби илмии Институт

НАЗАД