Нигоҳе ба проблемаҳои муосири об

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 расман оғоз гардид.

  Иқдом оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

  Бояд тазаккур дод, ки 1-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Вобаста ба ин, аз соли ҷорӣ сар карда дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари мо чорабиниҳои муҳим марбут ба масоили об баргузор хоҳанд гардид. 

  Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, пайваста рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва натиҷаҳои он боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак мегардад, дар масъалаи мазкур андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

  Руй овардан ба масъалаи об ва аҳамияту мавқеи он дар ташаккули инсоният беҳуда нест. Дар раванди тағйирёбии иқлим, об яке аз проблемаҳои инкишофёбандаи ҷаҳонӣ дар самти хоҷагии қишлоқ ва  дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар кишварҳои олам ба ҳисоб меравад.

  Тибқи хулосаи олимони хориҷӣ, ба вижа Говард Д. Кожи ва Филлипс Фостер дар асари худ таҳти унвони “Проблемаи ҷаҳонии озуқаворӣ: вобаста ба итмоми хӯрока дар ҷаҳони сеюм” таъкид мекунанд, ки «... истифодаи об дар хоҷагии қишлоқ яке аз омилҳои асосии ташвишовари  экологӣ  ба ҳисоб меравад. Зиёдшавии обёрӣ дар соҳаҳои аграрӣ бо таъсири манфӣ ба қабати ҳосилхези замин, зиёдшавии оби заҳбур ва  ифлосшавии обҳои нӯшокӣ ва зиёдшавии таҳдиди ҷиддӣ ба гармшавии иқлим оварда мерасонад. (Leathers & Foster, 179).

  Системаҳои бузурги аграрии дорои киштукори зироатҳои гуногун ва таҷрибаи кишти қаторӣ барои эррозияи қабатҳои замин, обравӣ ва талафоти маводҳои манфиатбахши хок оварда мерасонад. Дар таркиби нуриҳои минералӣ, пеститсид ва гербитсидҳо зиёда аз 1600 моддаҳои химиявӣ мавҷуданд. Аз  ин миқдор, танҳо 1%-и ин моддаҳои химиявӣ натиҷабахш ҳисобида шуда, 99,9 %-и он ё ба замин ҷаббидашуда ё ба ҳаво бухор мешаванд. Пеститсидҳо ва нуриҳои минералӣ ба табиати атроф зарар расонида, обҳои қаъризаминӣ ва рӯизаминиро ифлос мекунанд.

Боқимондаҳои қабати эррозияшудаи замин яке аз ифлоскунандаҳои асосии обҳои қаъризаминӣ ва рӯизаминӣ дар кишварҳои рушдёфтаи дунё ба ҳисоб мераванд.

  Аз меъёр зиёд истифодабарии обёриву моддаҳои кимёвӣ ва шӯра дамидани заминҳо ба аксари заминҳои киштукорӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар баробари ин, афзоиши босуръати аҳолӣ ба норасогии озуқа, ки аз камшавии заминҳои киштшаванда маншаъ мегирад, низ таъсири амиқи худро мерасонанд. Дар сурати нодуруст ба роҳ мондани тарзу усули дурусти обёрӣ, заминҳо метавонанд қобилияти истеҳсолии худро аз даст диҳанд ва ё ин ки истифодабарии онҳо тамоман имконнопазир мегардад. Ҳамзамон, ин омил боиси баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ хоҳад гардид, ки ин обҳо аслан дар натиҷаи нодуруст роҳандозӣ намудани системаи обёрӣ, аз меъёр зиёд истифодабарии нуриҳои минералӣ ва моддаҳои кимиёвӣ, ба шӯршавии қабати хок оварда мерасонад, ки дар чунин заминҳо киштукори зироатҳо аслан номумкин аст. Аз нуқтаи назари тағйирёбии иқлим, истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар якҷоягӣ бо муҳити гирду атроф ва проблемаҳои экологӣ сахт алоқаманд ҳисобида мешаванд.

  Гармшавии иқлим чунин ҳодисаест, ки тавассути буғшавии обҳо, гази карбон, метан ва дигар намудҳои газҳо ба сатҳи болоии атмосфера баромада,  қабати озонии онро тунук менамоянд, ки мутаносибан ба гузариши зиёди нурҳои ултрабунафши офтобӣ мусоидат мекунад ва дар натиҷа ба обшавии пиряхҳо, баландшавии сатҳи обҳо ва зиёдшавии офатҳои табиӣ оварда мерасонад.

  Ифлосгардонии обҳои зеризаминӣ, эрозияи қабати ҳосилхези замин ва шӯршавии сатҳи болоии хок,  дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба соҳаи аграрӣ, ба таври кулл, ба проблемаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ низ “ҳиссагузор” хоҳад шуд. Маҳз ҳамин сабабҳо боиси танқисии кишварҳои сеюми ҷаҳон ба дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ мегардад.

  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талабот одамонро маҷбур мекунад, ки оби бесифатро бинӯшанд, ки ба саломатии онҳо зарар хоҳад расонд. Ташвиши дигар дар он аст, ки ин омил ба олами ҳайвоноту наботот низ бетаъсир нахоҳад монд.

  Истеъмоли обҳои ифлос сабаби ба касалиҳои гуногун дучоршавии одамон гардида, ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ва ташвишовари замони муосир табдил гаштааст.

Тибқи маълумоти Созмони умумҷаҳонии саломатӣ (WHO) айни замон зиёда аз 1,1 миллиард одамон танқисии таъминоти оби нӯшокиро эҳсос мекунанд.

  Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар доираи роҳандозии ҳамкории густурдаи минтақавӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҳиссагузорӣ намуда, иқдоми роҳбарияти кишварро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намоем.

 Мирвайсов М.С.

корманди  Институт

НАЗАД