Номзадҳои барҷастаи интихоботи Либия дар 24-уми декабри соли 2021

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Либия яке аз кишварҳои шимоли Африқо буда, низоми қабилавӣ дар он ҳукмфармост ва барои дубора барқарор кардани амну субот дар ҳолати бесарусомонӣ ва нооромӣ роҳбарони қабилаҳои либӣ нақши калидӣ мебозанд. Аҳолии Либия тақрибан 6 миллион нафар буда, масоҳати умумияш 1 757 000 км2 мебошад. Либия дар шимоли Африка дар соҳилҳои ҷанубии баҳри Миёназамин дар баробари Аврупо ҷойгир буда, дорои дарозтарин соҳили баҳрист, ки он ба 1800 км мерасад. Шаҳри Триполӣ пойтахти кишвари Либия дар ғарб ва яке аз шаҳрҳои бузургтарину зебои он ба шумор меравад ва дуюмин шаҳри он – Бинғозӣ - дар шарқ ҷойгир аст.
Пас аз сар задани эътирозҳои оммавии “Баҳори араб” дар кишварҳои арабӣ, махсусан Либия, 17-уми феврали 2011, боиси талафоти вазнин дар байни аҳолии осоишта гардида буд ва низоми давлатдории Муаммар ал-Қаззофиро дар охири ҳамон сол ба поён расонд. Пас аз суқути низом ва рафтани Қаззофӣ, он сулҳу ваҳдати ба даст омадаашон аз даст рафта, ва ҳоло кӯшишҳо баъди мураккаб шудани вазъ, ҷиҳати дубора баргаштан ба сӯи давлати амн ва босубот қадам мегузоранд. Аз ин лиҳоз тарҷумаи мақолаи БИ-БИ-СИ-и арабиро зери унвони (Дар миёни онҳо писари Муаммар ал-Қаззофӣ, Халифа Ҳафтар ва Абдулҳамид Дубайба мебошад: Маълумот дар бораи номзадҳои барҷастатарин дар интихоботи Либия. 16.11.2021) пешкаши хонандагон барои огоҳ шудан аз авзои Либия менамоем.
 
Қарор аст, интихоботи президентии Либия дар ду давр баргузор шавад. Даври аввал 24 декабри соли равон ва даври дуввум бо интихоботи порлумонӣ 52 рӯз пас аз даври аввал баргузор мешавад.
Дар интихоботи оянда якчанд шахсиятҳои сиёсӣ номзадии худро ба вазифаи президентӣ эълон карданд. Онҳо аз қабили Сайф ал-Ислом ал-Қаззофӣ - писари раҳбари фақиди Либия Муаммар ал-Қаззофӣ (1942-2011), Ориф ан-Нойиз - раиси гурӯҳи “Эҳёи Либия” ва сафири собиқ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Халифа Ҳафтар – бознишаста, генерал-майор, шахсияти нерӯмандтар дар минтақаи шарқи Либия мебошанд.
Эҳтимол меравад, ки дар интихоботи президентӣ шоҳиди ширкати теъдоде аз номҳои маъруф гардем. Онҳо аз қабили Абдулҳамид ад-Дубайба - нахуствазири феълӣ, Ақила Солиҳ - раиси порлумон ва Фатҳӣ Бошоға - собиқ вазири умури дохилӣ мебошанд. Барои омӯзиши авзои Либия донистани ном ва гузаштаи сиёсии ин шаш нафар хело муҳим мебошад.
 
Сайфулислом ал-Қаззофӣ:
Сайфулислом ал-Қаззофӣ барои дарёфти курсии президентӣ ҳуҷҷатҳои номзадии худро расман пешниҳод кард. Дар ин ҷо ҷонибдорони низоми пешин интизори бозгашти ӯ ба қудрат мебошанд. Махсусан, қисмати мардуми Либия дар натиҷаи бесуботӣ ва тақсими кишвар ноумедии худро ҳис карда, ба қудрат бозгашти ӯро орзӯ доранд.
Сайфулислом ал-Қаззофӣ 49-сола буда, забони инглисиро хуб медонад. Ӯ унвони докториро аз Коллеҷи иқтисодии Лондон дар соли 2008 гирифа буд ва ба гурӯҳе нисбат дода мешуд, ки ҳадафаш либерализатсия (озодсозӣ)-и иқтисоди Либия буд. Ӯ раҳбарии “Бунёди хайрия ва ва рушди Қаззофӣ”-ро бар ӯҳда дошт, ки яке аз иқдомҳояш раҳоии гаравгонҳое, ки дар дасти гуруҳҳои исломӣ бахусус дар Филиппин буданд, музокира мекард. Дар замони ҳукмронии Муаммар ал-Қаззофӣ, ӯ чеҳраи муосири онвақтаи Либия шуморида мешуд, аммо дар соли 2008 худдорӣ аз мерос бурдани қудрати падараш эълон кард.
Сайфулислом дар аввали соли 2011 дар замони шурӯъи “Баҳори араб” дар Либия ва дар авҷи ҳаракати тазоҳуроти мардумӣ дар канали “ал-Ҷамоҳирия”-и телевизиони Либия баромад намуда, аз сар задани ҷанги шаҳрвандии Либия ҳушдор дода буд.
Дар моҳи августи соли 2011 нерӯҳои “Шӯрои гузариши либӣ” гуфта буд, ки ӯро замоне, ки нерӯҳояшон ба Триполӣ, пойтахти ин кишвар ворид шуданд, боздошт карданд. Аммо ӯ баъдан зоҳир шуд, бо хабарнигорон сӯҳбат кард ва таъкид кард, ки падараш ҳанӯз дар пойтахт аст ва мухолифонро мағлуб хоҳад кард. Аммо дубора дар 19-уми ноябри соли 2011 “Шӯрои гузариши либӣ” аз боздошти ӯ дар минтақаи ҷанубу ғарбии Либия хабар дод.
Додгоҳи Триполӣ соли 2015 баъди мурофиа ҳукми тақрибан 30 нафар рамзи низоми Муаммар ал-Қаззофӣ, миёни онҳо Сайфулислом ал-Қаззофиро ғоибона ҳукм баровард, ки ӯ бо роҳи парондан ба қатл расонида шавад. Ҳукми эъдом барои ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳу ӯ, аз ҷумла куштори исёнгарон дар ҷараёни шӯришу ошӯб алайҳи ҳукмронии падараш маҳкум шуда буд. Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ҳамчунин хостори муҳокимаи Сайфул-Ислом шуда, ӯро ба содир кардани ҷиноятҳои зидди инсоният ҳангоми талошҳои бемуваффақияти падараш- Муаммар ал-Қаззофӣ барои саркӯб кардани шӯришгарон алайҳи ҳукмрониаш муттаҳам кард. Аммо шибҳинозомиёни дар шаҳри Зинтон вуҷуд дошта, ки ӯро дар ҳабс нигоҳ медошт - пас аз буридани ду ангушташ, ки бо он дар телевизион ба пирӯзӣ ишора мекард - аз супурдани ӯ худдорӣ карданд. Сипас аз фикрашон баргашта дар соли 2017 ӯро озод карданд, ки ин бо хоҳиши ҳукумати муваққатӣ ба амал омад.
Шӯрои низомии инқилобии шаҳри Зинтон, ки қаблан дар боздошти Сайфулислом ширкат дошт ва Шӯрои шаҳрии Зинтон, озод кардани ӯро аз ҷониби бригадаи Абубакри Сиддиқ маҳкум карданд. Сайфулислом баъди озод шуданаш дида намешуд. Аммо бархе аз манобеъ бо намояндагӣ аз номи ӯ суханронӣ менамуданд, нияти бозгашт ба ҳаёти сиёсӣ ва ҳузури ӯро дар саҳнаи сиёсӣ ҳифз мекарданд, ки ӯ нияти баргаштан ба хаёти сиёсиашро қайд менамуданд.
Бо вуҷуди интиқодҳое, ки ба ӯ рӯбарӯ мешаванд, ҳанӯз дар Либия ҷонибдорони Сайфулислом зиёданд. Ғарбиҳо ӯро дер боз ҳамчун намунаи низоми Қаззофӣ ва вориси навбатии падараш мебинанд. Инчунин дар моҳи июли соли 2020, рӯзномаи “New York Times” гуфт, ки бо Сайфулислом мусоҳибае анҷом додааст, ки дар он ҷонибдоронаш нишон доданд, ки ӯ дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад кард.
 
Халифа Ҳафтар:
Халифа Ҳафтар “Роҳбари Артиши Миллии Либия”, генерал-майори мустаъфӣ (бознишаста) номзадии худро ба интихобот расман эълон накардааст. Аммо, вакте ки ӯ се моҳ пеш аз интихобот аз иҷрои вазифааш даст кашида, ба сардори ситодаш супурд, майлу хохиши худро ба курсии интихоботӣ нишон медод. Чунон ки қонуни интихоботи президентӣ инро пешбинӣ мекунад.
Ҳафтар аз пуштибонии як қатор кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ бархурдор аст. Дар тӯли солҳои охир Ҳафтар як чеҳраи барҷаста дар саҳнаи сиёсии Либия боқӣ монда буд. Ӯ дар байни гурӯҳи афсарони инқилобии соли 1969 бо сарварии Муаммар ал-Қаззофӣ буд, ки баъди сарнагун кардани Муҳаммад Идрис ибни ал-Маҳдӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ас-Санусӣ- подшоҳи Мамлакати Либия (1890-1983), Муаммар ал-Қаззофиро ба сари ҳокимият расонд.
Қаззофӣ Ҳафтарро (соли таваллудаш 1943) ба хотири қадрдонии садоқати ӯ бо як фармон сарфармондеҳи қувваҳое, ки дар набардҳои зидди Ҷумҳурии Чад меҷангиданд, ҳамчун мукофот таъин кард. Ин иқдом оғози суқути ӯ буд. Зеро Либия аз дасти нирӯҳои Чад шикасти бузург дида ва Ҳафтар дар соли 1987 ҳамроҳ бо 300 сарбозаш асир шуда буд.
Қаззофӣ Ҳафтарро дар як вазъияте тарк кард, ки Қаззофӣ аз аввал ҳама гуна ҳузури нерӯҳои Либия дар Чадро рад кард- ин мавқеъгирии Қаззофӣ Ҳафтарро водор кард, ки ҳаёти худро барои сарнагун кардани раҳбари Либия сарф кунад. Дар охири солҳои 1980-ум Ҳафтар аз низоми Қаззофӣ ҷудо шуд ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар кард, тибқи гузоришҳо, ӯ ба хадамоти разведкаи Амрико наздик мебошад.
Бо оғози шӯриши мардумӣ алайҳи низоми Қаззофӣ дар соли 2011, Ҳафтар ба Либия баргашт. Дере нагузашта ӯ ба яке аз раҳбарони асосии неруҳои мухолифи давлат, ки дар шарқи мамлакат ташкил мешуданд, шомил гардид. Ҳафтар дар ҷараёни ошӯбҳои сарнагунии Қаззофӣ дар канори гурӯҳҳои мухолифи исломӣ меҷангид. Пеш аз он ки ӯ ба душмани ашаддии онҳо табдил ёбад.
Пас аз чанде аз мадди назарҳо дур шуд, вале дар моҳи феврали соли 2014, Ҳафтар дар телевизион дар як навори видеоӣ зоҳир шуд, ки ӯ нақшаи “наҷот додани кишвар”-ро нишон дода, муаррифӣ мекард, дубора ба маркази таваҷҷӯҳи ҳамагон баргашт. Ӯ либиҳоро барои қиём намудан дар муқобили Конгресси Умумимиллӣ, ки ин ягона парламенти интихобшудае, ки баъд аз шӯришҳои “Баҳори араб” ташкил ёфта буд, даъват менамуд. Он вақт Ансорушариат, ки бо ал-Қоида иртибот дошт ва гурӯҳҳои дигари маҳаллӣ шаҳри Бенғозӣ- дуввумин шаҳри бузурги Либияро таҳти назорати худ эълон кардаанд.
Дере нагузашта дар моҳи майи соли 2014, Халифа Ҳафтар амалиётеро, ки ба номи "Амалёти каромат" дар шаҳри Бинғозӣ ва шарқи Либия алайҳи гурӯҳҳои исломгароёни мусаллаҳ, аз ҷумла гурӯҳҳои наздик ба Ихвонулмуслимин, амалиёти низомиро оғоз кард, ӯ муваффақ шуд, ки худро дар арсаи хориҷӣ ҳамчун як мухолифи исломгароён дар Либия муаррифӣ кунад ва ба дастгирии Аморати Муттахидаи Араб ва Миср ноил гардид. Ӯ ҳамчунин ба бинои порлумон дар Триполи, пойтахти кишвар ҳамла кард ва ин амалиёти низомиро як шӯриши ба гуфтаи худаш алайҳи “ҳукумати таҳти назорати исломгароён аст”, тавсиф мекард.
Дар моҳи марти соли 2015 палатаи нави намояндагон (ки Конгресси умумимиллиро иваз кард) Ҳафтарро сарфармондеҳи нирӯҳои «Артиши миллии Либия» таъин кард, ки тақрибан пас аз як сол ба ӯ муяссар шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи исломгароро аз аксари манотиқи Бинғозӣ берун кунад.
Инчунин дар моҳи сентябри соли 2016 Халифа Ҳафтар амалиёти низомӣ таҳти унвони “дурахши барқ“-ро барои назорати иншооти муҳими нафтӣ дар минтақаи “Ҳилоли Нефт” роҳбарӣ карда, калиди муҳимтарин содироти кишварро ба иттифоқчии худ, парлумони Тубруқ супурд.
Ҳафтар “Ҳукумати ризоияти миллӣ”-ро таҳти сарварии Файз ас-Сарроҷ, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, эътироф накард. Зеро ас-Сарроҷ исрор дошт, ки роҳбарияти артиш ба ҳукумати ӯ итоат кунад. Бо вуҷуди ин, тибқи як изҳороти расмии муштарак, ас-Сарраҷ дар моҳи майи соли 2017 бо Ҳафтар ба мувофиқа расида буд, ки барои хотима додан ба бӯҳрони кишвар якҷоя кор кунанд. Аммо ин созиш аслан ба амал наомадааст.
Тобистони соли 2017, дар бораи вазъи саломатии Ҳафтар, ки дар бемористоне дар Фаронса бистарӣ шуда буд, овозаҳо паҳн шуданд. Он замон вазири корҳои хориҷии Фаронса дар назди Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки вазъи саломатии Ҳафтар мӯътадил аст ва ӯ дар бемористони низомии Фаронса табобат мегирад.
Ҳоло ду писари Халифа Ҳафтар, Холид ва Саддом афсарони “Артиши миллии Либия” мебошанд.
Дар 4-уми апрели соли 2019 Ҳафтар ба нерӯҳои худ амр дод, ки ба самти ғарб ҳаракат кунанд ва шаҳри Триполиро ҷойгоҳи “Ҳукумати ризоияти миллӣ”, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ мешавад, таҳти назорати худ гиранд, ки ба ин ноил нашуд. Вале Ҳафтар дар шарқи Либия пуштибонии қавӣ дорад.
 
Абдулҳамид ад-Дубайба:
Абдулҳамид ад-Дубайба соли 1958 дар ғарби Либия шаҳри Мисрота ба дунё омадааст. Ӯ аз пуштибонии қабилаҳои ғарби кишвар бархурдор аст ва аз дорои пойгоҳи бузурги мардумӣ будан маъруфият дорад.
Дубайба дар доираи ҳокимияти интиқолии муваққатӣ, ки вазифаи асосии он роҳбари кардани кишвар ба интихобот аст. Ба ӯ муяссар шуд, ки аз 16-уми марти соли 2021 ба вазифаи худ шуруъ карданаш дар вазъияти зиндагонии мардуми Либия тағйироти манфиатбахш ба амал оварад.  
Яке аз лоиҳаҳои барҷастаи ӯ дастгирии ҷавононе, ки қасди издивоҷ карданро доранд, бо гранти тақрибан 9000 доллар барои ҳар як ҷуфт ҷудо мекунад. Ду баробар зиёд кардани маоши омӯзгорон ва инчунин ба даст овардани суботи амниятӣ дар кишваре, ки солҳои тӯлонӣ дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона хароб шудааст, мебошад.
Интихоби соҳибкор Абдулҳамид ад-Дубайба ба мақоми раиси ҳукумати муваққатии Либия барои бисёриҳо тааҷҷубовар буд ва бархе онро далели тавоноии сармоя ва дороӣ барои убури хандақҳо ва ихтилофоти сиёсӣ медонистанд.
Пас ад-Дубайба, Муҳандис аз оилаи сарватманди тоҷирон буд, ки қаблан дар замони ҳукмронии низоми собиқи Либия дар муассисаҳо кор ва идора мекард; Бархе ӯро аз наздикони Қаззофӣ тавсиф карданд. Аммо ӯ тавонист дар пасманзари сарнагунии низоми Қаззофӣ корҳо ва фаъолияти тиҷоратии худро нигоҳ дорад ва маҷмуаи тиҷоратии худро сохт, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон филиалҳо дорад.
Дубайба аз шаҳри Мисрота мебошад, ки соли 1959 дар оилае таваллуд шудааст, ки писарони бисёрашон дар соҳаи тиҷорат ва соҳибкорӣ кору фаъолият мекунанд. Хонаводаи Дубайба яке аз оилаҳое буд, ки аз рушди тарҳҳои саноатӣ ва иқтисодие, ки ин шаҳр дар пайи афзоиш ва болоравии қимати нафт дар замони ҳукмронии низоми Қаззофӣ шоҳиди он буд, фоидаи зиёде ба даст овард.
Дар аввали фаъолият Дубайба ба корҳои сохтмонӣ ва қарордодҳои бинокорӣ ворид шуда, дар ин марҳала бо ҳамроҳии писари амаки худ Алӣ ад-Дубайба пояҳои сарвати худро бино кард. Аммо дар бораи сарвати онҳо баъзе шубҳаҳо бармехезанд, зеро гузоришҳо нишон медиҳанд, ки "дар Либия ва дигар кишварҳо алайҳи онҳо бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳо тафтишот оғоз шудааст".
Дубайба дар “Донишгоҳи Торонтои Канада” дар риштаи усулҳои банақшагирӣ ва техникаи сохтмон таҳсил карда, дар ин ихтисос дараҷаи магистрро хатм кардааст. Ӯ дар даврони Қаззофӣ чанд мақомҳои расмӣ, аз ҷумла роҳбарии “Ширкати давлатии рушд ва сармоягузории Либия”-ро бар ӯҳда дошт. Ӯ як қатор тарҳҳои сохтмонӣ, аз ҷумла сохтмони ҳазор манзил дар шаҳри Сирт- зодгоҳи Қаззофиро назорат мекард.
Пас аз соли 2011, Дубайба талош кард, ба саҳнаи сиёсӣ ворид шавад. Пас  ҷунбиши “Либия ал-Мустақбал”-ро, ки ҳузураш дар доираи сиёсӣ ҳузури хеле хоксорона буд, таъсис дод. Бо вуҷуди ин, ӯ фаъолияти тиҷоратии худро идома дод ва раиси Шӯрои мудирони “Ширкати рушд ва сармоягузории Либия” (LIDCO) -ро идома дод. Ӯ оиладор ва падари шаш фарзанд аст.
 
Ақила Солиҳ:
Номи мушовир Ақила Солиҳ - раиси порлумони Либӣ, аз барҷастатарин номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст. Ва ӯ як чеҳраи бонуфуз дар саҳнаи Либия аст.
Ҳарчанд Ақила Солиҳ то ҳол нияти номзадии худро эълон накардааст, аммо гузоришҳои матбуотӣ нишон медиҳанд, ки ӯ хоҳиши ширкат дар сабқати интихоботӣ дорад.
Манбаъҳо нишон доданд, ки ӯ таҳти фишор қарор гирифтааст, то номзадии худро бозпас гирад, то ба Халифа Ҳафтар роҳ диҳад ва овозҳои минтақаи шарқиро парешон накунад. Аммо тарафдорони Ақила бар инанд, ки фармондеҳи артиш дар минтақаи ғарбӣ ягона гузинаи афзалият нест.
Ақила Солиҳ соли 1944 дар шаҳри ал-Қубба дар шарқи Либия ба дунё омада, соли 1970 дар Донишгоҳи Бинғозӣ дараҷаи ҳуқуқшиносӣ гирифтааст. Пас аз хатми он дар Вазорати адлия ва Хадамоти қазоӣ ба ҳайси корманди додгоҳ кор карда, соли 1971 ёвари прокурор таъйин шудааст. Ақила Солиҳ ба ҳайати додситонӣ шомил шуда, дар соли 1999 раёсати бахши бозрасии додгоҳии таҷдиди назар дар Додгоҳи “Дарна”-ро бар ӯҳда дошт.
Баъди оғози шуришҳои мардумии “Баҳори араб”, ӯро “Шӯрои гузариши муваққатӣ”, ки 27 феврали соли 2011 ташкил шуда буд, ба ҳайси узви Кумитаи додгустарии ин Шӯро барои таҳқиқи парвандаҳои фасод дар даврони Қаззофӣ интихоб карда буд.
Дар соли 2014, либиягиҳо барои интихоби аъзои нахустин Палатаи Намояндагони порлумон рафтанд, ки Либия аз замони поёни шоҳигарии Либия дар соли 1969 шоҳиди он буд ва Ақила Солиҳ дар ин интихобот муваффақ шуд.
Дар иҷлосияи дувуми порлумон Ақила Солиҳ раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, зеро 170 нафар аз 200 вакил ӯро интихоб карданд. Солиҳ бо пуштибони аз Артиши миллии Либия таҳти раҳбарии Халифа Ҳафтар ва амалиёти низомиаш маъруф мебошад.
 
Фатҳи Бошоға:
Фатҳи Бошоға - Вазири корҳои дохилӣ дар ҳукумати собиқи “Ризоияти миллӣ” мебошад. Бошоға дар интихоботи Форуми муколамаи сиёсӣ дар моҳи феврали соли гузашта яке аз рақибони Абдулҳамид ад-Дубайба буд. Ӯ инчунин яке аз шахсиятҳои пешбар ва бонуфуз дар Ғарби Либия ҳам аз ҷиҳати низомӣ ва ҳам сиёсӣ мебошад.
Бошоға соли 1962 дар шаҳри Мисрота ба дунё омада, Коллеҷи ҳавопаймоиро бо рутбаи лейтенант хатм кардааст ва соли 1993 аз ҳайати нерӯҳои ҳавоӣ истеъфо дода, дар тиҷорат кору фаъолият кардааст.
Дар соли 2011 Бошоға ба Шӯрои низомии Мисрота шомил шуд ва дар соли 2014 вакили Маҷлиси Намояндагони Мисрота интихоб шуд, аммо ба далели ихтилофоти сиёсӣ ин Шӯроро тарк намуд.
Бошоға дар моҳи феврали соли 2020 ҳангоми дар сари қудрат буданаш мавриди сӯиқасд қарор гирифта буд. Манобеъи амниятӣ дар он замон гуфта буданд, ки корвони ӯ дар шоҳроҳ дар ғарби шаҳри Триполӣ таҳти оташи шадид қарор гирифтааст, аммо ӯ аз ин ҳамла бидуни осеб раҳо ёфт. Яке аз гузоришҳо ҳокист, ки ду нафар аз ҳамлагарон боздошт шуда, севумӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ин ҳамла ҳамагӣ ду ҳафта пас аз талошҳои муваффақи Созмони Милали Муттаҳид барои ташкили ҳукумати нави интиқолӣ бо ҳадафи муттаҳид сохтани ҷиноҳҳои сиёсии кишвар сурат гирифтааст.
Бошоға яке аз номзадҳои асосӣ ба мақоми нахуствазирӣ буд, аммо дар интихобот шикаст хӯрд. Ӯ баъдтар ба маъмурияти ҳукумати нав дастгирии худро дод.
 
Муҳаммад Холид Абдуллоҳ ал-Ғувейл:
Муҳаммад Холид Абдуллоҳ ал-Ғувайл- раиси Ҳизби “Сулҳ ва шукуфоӣ”-и Либия изҳор дошт, ки мехоҳад дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.
ал-Ғувейл соли 1965 дар шаҳри Триполӣ таваллуд шудааст, аммо аслаш аз шаҳри Мисрота мебошад ва яке аз рақибони ҳукумати ад-Дубайба дар ҷараёни интихоботи “Ҳокимияти муваққатии гузариш” дар форуми муколамаи сиёсии Либия буд.
ал-Ғувайл дорандаи дараҷаи магистри муҳандисии муҳити зист буда, 26 сол дар бахши давлатӣ кор кардааст. Инчунин дар бахши хусусӣ ба ҳайси мушовир 9 сол кору фаъолият кардааст. Ҳамчун таҷрибадор дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият бурдааст, Ширкати генералии об ва канализацияро таъсис дода, баъд аз он ҷонишини котиби Вазорати ба нақшагирӣ шуда кор кардааст.
 
Алӣ Зейдон:
Хабаргузории Анадолуи Туркия аз манобеъи наздик ба Алӣ Зейдон- нахуствазири собиқи Либия (2012-2014) огаҳ шудааст, ки ӯ мехоҳад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад.
Зейдон соли 1950 дар минтақаи "Ваддон"-и шаҳри Ал-Ҷуфра (ҷанубу шарқи Триполӣ) таваллуд шудааст ва раҳбари ҳизби "Нидои ал-Қарзобия" аст.
Зейдон пас аз таҳсили улуми сиёсӣ ва равобити байналмилалӣ ба фаъолияти дипломатӣ пайваста ва соли 1980 ба "Ҷабҳаи миллии наҷоти Либия", як ҷунбиши муқовимат бо низоми Муаммр ал-Қаззофӣ аз хориҷи кишвар пайваст.
 
Усмон Абдулҷалил:
Усмон Абдулҷалил- собиқ вазири илму маорифи Либия, тавассути як суханронии видеоие, ки дар саҳифаи Фейсбукаш пахш шуд, аз нияти ширкат дар интихоботи президентӣ хабар дод.
Абдулҷалил аз шаҳри Зинтон дар минтақаи кӯҳҳои ғарбӣ буда, соли 1967 таваллуд шудааст. Ӯ вазири маорифи ҳукумати собиқи (аз ҷониби байнулмилалӣ эътирофшуда)-и “Ризоияти миллӣ” ба раҳбарии Файз ас-Сарроҷ шомил буд.
Абдулҷалил доктори илмҳои генетикӣ ва муҳандисии генетикӣ дошта, узви омӯзгорони факултаи донишгоҳҳои Либия мебошад.
Инчунин Абдулҷалил яке аз рақибони ад-Дубайба дар интихоботи Анҷумани муколамаи сиёсии Либия буд.
 
Ориф ан-Нойиз:
Ориф ан-Нойиз- раиси блоки "Эҳёи Либия" аз нияти ширкат дар интихоботи президентӣ тавассути як навори видеоӣ дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар дод.
ан-Нойиз соли 1962 дар шаҳри Бинғозӣ дар шарқи Либия таваллуд шудааст. Ӯ сафири собиқи Либия дар Аморати Муттаҳидаи Араб (2011-2016) буда, ба ин кишвар наздик аст. Ӯ инчунин ба ҳайси мушовири амнияти миллии сарвазири собиқ Абдулло ас-Синнӣ кор кардааст.
 
Фатҳи ибни Шатвон:
Фатҳи ибни Шатвон- раиси Кумитаи роҳбарикунандаи ҳизби “Ҷараёни лоиҳаи миллӣ” номзадии худро ба интихоботи президентӣ тавассути саҳифаи Фейсбукиаш хабар дод.
Фатҳи дар соли 1975 дараҷаи бакалаврӣ дар соҳаи муҳандисӣ гирфта, қабл аз шуришҳои мардумии Либия дар соли 2011 вазири саноат ва вазири нерӯ буд.
 
Исмоил аш-Штивӣ:
аш-Штивӣ соли 1966 таваллуд шуда, аслаш аз шаҳри ал-Асобиъа дар кӯҳҳои ғарби Триполӣ мебошад. Ҳоло ӯ дар Аморати Муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунад. Ӯ як пойгоҳи машҳури тамошобинони варзишии Либияро дорад, зеро ӯ солҳои 2006 ва 2007 дар замони Муамар ал-Қаззофӣ, мудири собиқи раёсати кумитаи идораи варзишии футболи Либия ба номи “ал-Аҳлӣ”-ро бар ӯҳда дошт.
 
Манбаъ:
Дар миёни онҳо писари Муаммар ал-Қаззофӣ, Халифа Ҳафтар ва Абдулҳамид ад-Дубайба мебошад: Маълумот дар бораи номзадҳои барҷастатарин дар интихоботи Либия. БИ-БИ-СИ-и арабӣ. 14.11.2021, таҷдид шуда 16.11.2021. (https://www.bbc.com/arabic/middleeast-59275047) من بينهم القذافي الابن وحفتر والدبيبة: تعرف على أبرز المرشحين في انتخابات ليبيا
 
 
Тарҷума аз арабӣ:
Одинаев Абдуҳалим, корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 

НАЗАД