Носир Назарзода: Корнамоиҳои фиристодагони Тоҷикистон дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯшнашаванда хоҳанд буд!

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Суҳбати рӯзноманигор ва муҳаррири сомонаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Умед Пудинаев бо сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назарзода Носир Ҷобир атрофи масоили ҷашни 75 солагии Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Устоди гиромиқадр Носир Назарзода! Инак аз он рӯзҳои тақдирҳалкунандаи инсоният дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ва хусусан ҶБВ, ки қисми таркибии он ба шумор мерафт 75 сол сипарӣ шуда истодааст. Маҳсули илмии Шумо барои ман хеле возеҳ мебошад. Дар баробари даҳҳо самтҳои илмӣ-тадқиқотиатон, ки анқариб 50 номгуй китобҳоро ба чоп расондаед, инчунин ба масоили ҶБВ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда даҳҳо мақолаҳои пурмазмун ва ҳатто китоберо бо номи «Таджикская милиция в годы Великой Отечественной Войны (1941-1945 гг.)». Душанбе: Ҳумо, 2005.-142 с., бо нигоришот ба табъ расондаед.
  • Лутфан мегуфтед, ки ин ҷанг чӣ гуна ҷанг буд ва чӣ мавқеъ дорад?
Ташаккур! Инак аз рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 сол сипарӣ шуда истодааст. Барои халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ин ҷанг озмоиши хеле сахттарин, сангин ва гарон буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 оғоз ёфта 9 майи соли 1945 бо пирӯзии мардуми шуравӣ ба анҷом расидааст ва 1418 рӯз давом карда, бузургтарин мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. ҶБВ қисми таркибии ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мебошад, ки он 1 сентябри соли 1939 оғоз ёфта 2 сентябри соли 1945 ба охир расидааст ва дар маҷмӯъ миқдори 37 давлатҳо дар ин ҷанг иштирок кардаанд.
 
  • Миқдори талафот чи қадар буд?
Дар ин ҷанги хонумонсӯз Иттиҳоди Шуравӣ анқариб 30 миллион ҳаёти сокинонашро аз даст додааст. Корнамоиҳои ҷангӣ ва қаҳрамониҳое, ки дар сангарҳои ҷанг аз ҷониби ин халқу миллатҳо нишон дода шудаанд, абадан дар саҳифаҳои таърихи онҳо сабт гаштаанд. Дар бораи онҳо пайваста ёд мекунанд ва менависанд, ба оне нигоҳ накарда, ки имрўз ин «иттиҳодияи бузурги оилаи халқҳо» дигар вуҷуд надорад. Вале, ба ҳар ҳол бо туфайли ҳамин ришта, боз қариб, ки мисли пештара халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ) муттаҳид сохта ва дўстию муносибатҳои онҳо маҳз аз ҳамин маҳак сарчашма мегирад.
 
  • Агар мушкил набошад, мегуфтед, ки Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои ҶБВ чӣ қадар зиёни моддӣ дидааст?
Дар солҳои ҶБВ мамлакат дар маҷмӯъ: 1710 шаҳру шаҳраки типии шаҳрӣ, 70 ҳазор деҳа, 6 миллион биноҳо, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохона ва муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникумҳо, институту университетҳоро аз даст додааст. Дар ин муддат беш аз 5 миллион сокинон бе сарпаноҳ гашта, 4100 истгоҳҳои роҳи оҳан, 65 ҳазор км. роҳҳои оҳан, 14 ҳазор купрукҳои роҳи оҳан несту нобуд гаштаанд, 63 млн. сар чорвои хурду калони шохдор ба Германия бурда шудааст. Барои интиқоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Иттиҳоди Шуравӣ ба Германия ба фашистон лозим омад, ки миқдори 1,4 млн қатораро истифода баранд.
 
                     
  • Сарчашмаи ғалаба дар чӣ буд?
Дар мубориза ба душмани умумӣ тамоми намояндагони давлати сермиллат иштирок доштанд. Онҳо ҳамаи он чизе, ки доштанду надоштанд бо ҳам тақсим карданд. Иттифоқи бародаронаи ҳарбии ҳамаи халқҳо маҳз яке аз сарчашмаҳои асосии Ғалабаи Бузург буд ва ба тамоми ҷаҳон муттаҳидии диданашавандаи миллатҳоро дар ҳимояи Ватани худ бараъло нишон дод ва онро дар амал татбиқ намуд.
  • Тоҷикистон ва халқи тоҷик дар ин ҷанг чӣ мавқеъ ва ҷою макон дорад?
Аз рўзи авали ҷанг ҳазорҳо фарзандони халқи халқи тоҷик ихтиёран ба фронт рафтанд ва онҳо дар тамоми сангарҳои ҷанг роҳи пуршарафу пурифтихори ҷангиро тай намудаанд. Анқариб 300 ҳазор писарону духтарони Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 200 дивизияҳои тирандозии ҳамаи фронтҳо ва армияҳои шуравӣ далерона ҷангидаанд. Онҳо намунаҳои олии далерию ҷасурӣ ва қаҳрамонӣ дар муҳорибаҳои бузург барои озод намудани шаҳрҳои Москва, Ленинград, Сталинград, Курск, ҳангоми убури дарёҳои Волга, Днепр, Дунай, ҳангоми озод намудани сарзамини Украина, Белоруссия, Молдавия, ҷамоҳири назди Балтика, инчунин аз фашистон озод намудани ҳудуди Польша, Румыния, Венгрия, Булғория, Югославия, Австрия, Чехословакия ва муҳосираи Берлин нишон додаанд ва хотироти фаромўшнашавандаеро ба наслҳои оянда гузоштаанд.
 
  • Аз майдонҳои ҷанг чӣ қадар ҳамватанони мо барнагаштанд?
Аз майдонҳои ҷанг беш аз 90 ҳазор тоҷикистониҳо барнагаштанд ва абадӣ дар он ҷойҳо мондаанд. Масалан, аз собиқ вилояти Кулоб ба ҷанг 50 ҳазор нафар одамон фиристода шуда буд, вале, мутаассифона 45 ҳазораш барнагаштааст. Мо, насли имрўза муваззафем, ки тақдири ҳар яки онҳоро ҷустуҷў намуда, дақиқ созем ва барои наслҳои оянда интиқол намоем ва ифтихор намоем, ки мардуми тоҷик низ дар ин ҷанг саҳмгузор буд. Маҳз он шаҳидони ҷанг ва талафоти онҳо намуна ва исботи ин гуфтаҳост.
 
  • Чанд нафар фиристодагони мардуми тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузрги Ватанӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гаштаанд?
69 нафар намояндагони ҷумҳурии мо барои нишон додани далерию қаҳрамонӣ ва матонат дар мубориза бо истилогарони фашистӣ ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гашта, 19 нафари дигар бо се дараҷаи ордени Шараф мушарраф гаштаанд, ки онҳо низ ба ин унвони олӣ рабт доранд. Фиристодагони Тоҷикистон инчунин дар ҳайати иттиҳодияҳои партизанӣ далерона ҷангида, ҳатто чандтои он ин иттиҳодияҳоро идора кардаанд ва дар торумори Японияи милитаристӣ дар Шарқ низ иштироки фаъолона намудаанд. Мисолҳои онро баъдан хоҳем овард.
  • Дар мавриди ҷанг ва саҳми фиристодагони тоҷик дар набардҳо киҳо чӣ мавод навиштаанд ва оё адабиёт ҳаст ва омӯзиши масъала басанда аст?
Албатта ҳаст ва теъдоди хеле зиёд низ. Дар бораи намунаҳои қаҳрамонию диловарии фарзандони шуҷоъи Тоҷикистон дар сангарҳои ҷанг ва корнамоиҳои меҳнатии халқ дар ақибгоҳ бисёриҳо навиштаанд. Мисли давраи ҷанг, бисёр муаллифон дар давраҳои баъдиҷангӣ ба ҳодисаҳои солҳои ҷанг руй оварда мақолаю монографияҳо, рисолаю диссертатсияҳо, очерку ҳикояҳо, нақлу ривоятҳо, филму песаҳо навиштаанд.
Дар муддати солҳои 50-90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон як теъдод асарҳои мукаммалу очеркҳо, ёддоштҳо, мақолаҳо, монографияҳо дар бораи ҷасорату матонати сарбозони ба фронт рафта ба табъ расиданд. Дар таҳқиқи ин масъалаи муҳим олимон, мутахассисон, муштоқони мавзуъ ба мисли шахсиятҳои барҷастаи миллат: Ғафуров Б.Ғ., Прохоров Б., Искандаров Б.И., Рустамов А., Неженский В., Қобилов А.Я.,Сечкина Л.П., Секретов А.Н., Сафаров Р., Демочкин А., Макашов А., Кротков Д.Н., Сидқӣ А., Усмонов Д., Массов Р.М., Абдуллоев Р.А., Муҳаммадиев И.С., худи банда ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.
 
  • Дар бораи милитсияи тоҷик ва саҳми кормандони он низ чӣ омӯзишу тадқиқот ба анҷом расидааст ва ҳолати масъала чӣ тавр аст?
Албатта, чӣ тавре, ки баён кардем дар сангарҳои ҷанг фиристодагони милитсияи тоҷик намунаи далерию ҷасурӣ нишон додаанд. Дар таърихнигории Тоҷикистон ба мавзуи ҷанг дар умум адабиёти кофӣ ба табъ расидааст, ки ин самтро инъикос менамояд, аммо адабиёте, ки бевосита мавзуи саҳми милитсияро дар давраи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ инъикос намояд, қариб, ки вуҷуд надоранд.
Китобе, ки банда дар мавзуи нақши кормандони милитсияи тоҷик дар солҳои ҶБВ навиштааст, бо заҳмати хеле зиёд ба табъ расидааст. Зеро, чи тавре ки баён шуд ҳамту сарчашмаҳо вуҷуд надоранд. Барои навиштани китоб муддати тулонӣ дар бойгонии марказии ҷумҳуриявӣ, бойгонии вилояти Суғд, бойгонии КМ ҲКТ, бойгониҳои зиёди иштирокчиёни ҷанг аз ҳисоби кормандони милитсия, бойгониҳои ҷории раёсатҳои ВКД, суҳбат бо шоҳидони ҷанг, адабиёти зиёди ба ҷанг бахшидашудаи бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, очеркӣ, хотираҳои иштирокчиёни ҷанг, матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ ва вилоятии замони ҷанг ва ғайра истифода шудааст ва баъдан китоби мазкур рӯи чоп омад.
 Далерию қаҳрамоние, ки солҳои ҷанг нишон дода шудааст, мавзуи тадқиқоти мутахассисон қарор гирифт. Гарчанд ки бо сабабҳои вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар дер шуда бошад ҳам, вале дар минтақаҳои гуногун омӯзиши таърихнигории милитсия дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаҷониба ба роҳ монда шуд. Тадқиқотҳои ҷиддӣ аз ҷониби олимон-мутахассисон Филатов В.П. Ленинградская милиция в период обороны города (1941-1944 гг.). - М., 1965; Биленко С.В. Из истории советской милиции в годы Великой Отечественной войны. - М., 1967. Он же. Солдатский подвиг милиции. -Волгоград, 1968; Банников Ф.Г. Истребительные батальоны НКВД СССР в Великой Отечественной войне (1941-1945 гг.). -М., 1968; Мисочник А. По дорогам фронтовым. -Кишинев, 1975; Журавлев М.И., Коваль И.Я. Очерки об участии органов НКВД и милиции Москвы и Московской области в битве за столицу (июнь 1941- январь 1942 гг.). -М., 1975; Мотылев Я.С. Документы свидетельствуют (Краткий очерк истории таджикской милиции). -Душанбе: Ирфон, 1977; Джалилов Т.А. Деятельность милиции Узбекистана в период перехода к социализму. -Ташкент, 1971 ва бисёр дигарон ба амал бароварда шуд.
  • Боз кадом самтҳое вуҷуд дорад, ки ба фикри Шумо мавриди омӯзиш қарор дода нашудааст?
Бале. Агар ин суоли Шумо бевосита ба МКД Тоҷикистон марбут бошад, дуруст қайд кардед. Масъалаҳои наомўхта хеле зиёданд. Ман фикр менамоям, ки падару бобоёни мо дар сангарҳои ҷанг қаҳрамониҳо нишон дода, шояд, ки пеш аз ҷон доданашон ба хотир овардаанд, ки наслҳои оянда онҳоро суроғ намуда кофтукоб менамоянд, дар бораи корнамоиҳояшон менависанд, хотири онҳоро пос медоранд ва ғайра. Мутаассифона ба истиснои дар боло қайдшудагон ва хусусан рўҳу равони шодравон Раҳмон Сафаров шод бошад!, дар давраи ҳаёташ ҷилд-ҷилд китобҳоро бароямон бо машаққати зиёд ба ёдгор монд, вале имрўз чунин Сафаровҳо дигар нест! Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда бисёр масъалаҳо то ҳоло наомўхта шудаанд. Чунончи: саҳми кормандони милитсияи тоҷик дар ҳаракати партизанӣ, ки намунаҳои он зиёд аст, иштироки тоҷикписарон дар ҳаракати муқобилиятнишондиҳии мардуми Аврупо, саҳми онҳо дар торумори Японияи милитаристӣ, саҳми кормандони КХКД Тоҷикистон дар таъмини тартибот ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар ҳудуди Россия, Украина, Белоруссия, Молдова, Латвия, Литва, ки барои кори доимӣ рафта буданд ва ғайра.
Чи тавре, ки ишора рафт аз рўзҳои аввали ҷанг 1630 нафар кормандони милитсияи тоҷик дар сангарҳои ҷанг диловарона ҷангидаанд. Дар раванди оғози озодшавии ҳудуди аврупоии мамлакат бар изофаи 1249 нафар фиристодагони милитсияи тоҷик боз 381 нафар кормандони ботаҷрибаи милитсияи ҷумҳурӣ барои кори доимӣ ба ин ҳудудҳо дар вазифаҳо фиристода шудаанд. Онҳо дар таъмини тартибот ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар ин ҷумҳуриҳо саҳми арзанда гузошта ва фидокориҳо нишон додаанд, вале мутаассифона мо дар бораи онҳо қариб, ки чизе намедонем. Бисёрии онҳо ба вазифаҳои баланд расида, дар рутбаҳои генералӣ хизмат кардаанд. Аз 130 нафар кормандони милитсияи шуравӣ, ки ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гаштаанд, 4 нафарашон кормандони милитсияи тоҷик мебошанд. Инҳо ҷанговарон-кормандони овозадор-Муҳаммад Ҳоваҷӣ Мирзоев, Михаил Иванович Новосельцев, Виниамин Григорьевич Недошивин ва Эргаш Қосимович Шарипов мебошанд.
Корнамоиҳои кормандони милитсияи тоҷикро, ки сина сипар карда сарзамини шуравиро муҳофизат кардаанд, абадӣ дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватании мардуми шуравӣ фаромўшнашавандаанд. Дар бораи онҳо менависем, онҳоро ба ёд меоварем ва насли наву ояндаро дар рўҳияи онҳо тарбия менамоем!

Талафоти ниҳоӣ дар ҷанг чӣ қадар буд?
Ҷанг на танҳо бо худ ҳаёти анқариб 30 миллион мардуми шӯравиро аз байн бурд. Дар он ҳудудҳои мамлакат, ки аз ҷониби фашистон забт шуда буданд, беш аз 7 миллион нафар аҳолии осоишта ва қариб 4 миллион нафар асирони ҳарбии шуравӣ несту нобуд ва кушта шуданд. Фашистони истилогар ба Германия беш аз 4,5 миллион нафар одамони шӯравиро фиристода буданд, ки садҳо ҳазори онҳо дар конслагерҳои фашистии Полша, Германия, Австрия ва дигар ҷойҳо ба азобу ишканҷа гирифтор шуда ба ҳалокат расонида шуданд.
 
  • Аз Тоҷикистон чӣ қадар?
Якҷоя бо дигар халқу миллатҳо мардуми тоҷик низ ба ҳимояи Ватан бархост. Дар сангарҳои ҷанг қариб 300 ҳазор фиристодагони ҷумҳурӣ далерона меҷангиданд. Беш аз 90 ҳазори онҳо аз майдонҳои набард барнагаштаанд. Тамоми иқтисодиёти ҷумҳурӣ бошад, ба манфиати кори ҳарбӣ нигаронида шуда буд. Даҳҳо ҳазор меҳнаткашони ақибгоҳ низ дар он солҳо барои садоқат ва матонаташон бо ордену медалҳои шуравӣ сарфароз гардонида шуданд.
 
  • Агар мушкил набошад медонед, ки чӣ қадар ба мукофотҳо сарфароз гардонида шудаанд?
Албатта, барои ҳар як муаррих ва ҳуқуқшинос ин рақамҳо бояд ошно бошад. Ба хотири нишон додани қаҳрамонӣ ва далерӣ дар солҳои ҷанг беш аз 12 миллион нафар сарбозону афсарон, маллоҳон ва генералҳо бо мукофотҳо сарфароз гаштаанд. Ба иштирокчиёни ин Ҷанги Бузург 35 миллиону 234 ҳазор ордену медалҳои ИҶШС, ба 11603 нафар ҷанговарон унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шудааст.
 
                                                                                              
  • Дар солҳои ҷанг Комитети Давлатии Мудофиаи мамлакат чӣ корҳоро анҷом додаст?
Албатта, Комитети Давлатии Мудофиаи мамлакат, ки тамоми масъалаҳои хоҷагӣ-сиёсӣ ва ҳарбиро ҳаллу фасл мекард кори бузургеро ба субот расонидааст. Оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат КДМ қариб 10 ҳазор қарор ва дастуру супоришҳоро дар амал татбиқ намудааст. Ва ҳама чизе, ки дар боло қайд кардем маҳз тавассути идораи танзимкунанда, сафарбаркунанда ва раҳнамудкунандаи ин мақомоти шабу рўз амалкунандаи давлатӣ ба даст оварда шудааст.
 
  • Дар он ҷое, ки ҷанг аст асирон гирифта мешаванд. Масъалаи асирон чӣ тавр матраҳ мешуд?
Дуруст гуфтед! Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди КХКД ИҶШС он воҳидҳои сохторие таъсис ёфтанд, ки фаъолияти онҳо ба талаботи шароити давраи ҷанг мувофиқ гардонида шуда буданд. Дар марҳилаи ибтидоии оғози ҷанг қўшунҳои махсусе ташкил шуда буданд, ки ақибгоҳи қушунҳои амалкунандаи Артиши Сурхро ҳимоя мекарданд. Бо мақсади ташкили ҳифзи асирони лагерҳои ҳарбӣ дар назди КХКД ИҶШС Саридораи асосии маҳбусони ҷанг ва хориҷиён ташкил карда шуд. Штабҳои баталёнҳои қиркунандае, ки дар назди КХКД-и ҷумҳуриҳо ва вилоятҳо таъсис ёфта буданд, фаъолиятҳои ҷангию хизматии баталёнҳои қиркунандаро роҳбарӣ мекарданд, ки дар маҷмўъ дар торумор кардани истилогарони фашистӣ саҳми назаррас гузоштанд.
 
  • Дар солҳои ҷанг бинобар вазъияти фавқулодда аҳолӣ ва хусусан кӯдакон аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчонида мешуданд ва дар он солҳо шояд миллионҳо одамон аз якдигар дур шуданд ва беному нишон низ гаштанд. Ин масъала чӣ тавр баррасии худро меёфт?
Мизҳои маълумотдиҳӣ-суроғавии кӯдакона, ки дар назди мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буданд, барои кофтуков кардани кӯдакон ва барқарор кардани тамос бо падару модарони онҳо корҳои муайянеро анҷом доданд. Кормандони бозрасии давлатии ҳаракати нақлиёт, нуқтаҳои шиносномадиҳӣ ва милитсияи роҳи оҳан дар мамлакат ва ҷумҳурии мо низ тамоми фаъолияти худро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда равона карда буданд.
Масалан, танҳо дар давраи солҳои ҷанг Бюрои марказии маълумотдиҳии Сарраёсати милитсияи КХКД-и ИҶШС бо дархост ва аризаҳои шаҳрвандон 2 млн. 700 ҳазор одамонро аз шумораи одамони ба ақибгох кӯчонидашуда ҷустуҷўй кардааст. Гузашта аз ин, беш аз 20 ҳазор кӯдакони гумшуда ба волидайнашон баргардонида шуданд. Дар ин самт дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби мизҳои маълумотдиҳӣ-суроғавии кӯдакони назди шуъбаҳои милитсия корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
 
  • Барои чӣ нақши кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қариб, ки мавриди баррасӣ қарор дода нашудааст?
Аммо, сарфи назар аз нашрияҳои зиёд дар маҷмӯъ, мавзӯи иштироки кормандони милитсияи тоҷик дар ҷабҳаҳои ҷанг, саҳми онҳо дар ғалабаи умумӣ бар душман ба таври дуруст тадқиқ нашудааст. Шояд ин ба он вобаста буд, ки мавзуи мақомоти корҳои дохилӣ солҳои дароз зери рамзи «махфӣ» қарор дошту мутахассисон наметавонистанд, ки масоили ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ё умуман мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марбутбударо мавриди инъикос қарор диҳанд.
Аз дигар тараф, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи милитсияи шӯравӣ ҷузъутомҳои КХКД ҶШС Тоҷикистон роҳи пуршарафи қаҳрамононаро сипарӣ намудаанд. Дар солҳои мушкили ҶБВ ба монеаҳои ҷойдоштаи замони ҷангӣ нигоҳ накарда, кормандони милитсияи тоҷик вазифаҳои худро дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сарбаландона ба иҷро расонидаанд.
Тамоми фаъолияти мақомоти милитсияи Тоҷикистон чӣ дар сангарҳои ҷанг ва чӣ дар ақибгоҳ намунаи хизмати содиқона ба Ватан буда, дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Илова бар он, сол ба сол саҳифаҳои фаромўшшудаи фаъолияти кормандони милитсияи тоҷик, хусусан давраи ҷангӣ тадқиқ ва таҳқиқ шуда истодааст.
 
                     
  • Акнун хоҳишмандам каме дар бораи корнамоиҳои кормандони милитсияи тоҷик дар сангарҳои ҷанг барои хонандагон ҳикоят менамудед!
Марҳамат, гуфтаниҳои банда дар ин самт хеле зиёд аст. Дар сангарҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, кормандону афсарони милитсияи тоҷик ба муқобили фашистон қаҳрамонона меҷангиданд. Чунончи: милитсионерҳои шуъбаи милитсияи Шаҳритуз П.Ш. Шоев ва М.Т. Тошев, намояндаи милитсияи Панҷакент Фахриддин Азизов, корманди милитсияи Ленинобод Абдурасул Саримсоқов ва дигарон. Барои ҷасорат ва шуҷоат дар набардҳо онҳо на танҳо бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфароз гаштанд, балки баъди ҷанг ба ватани худ баргашта, муддати тӯлонӣ дар сафҳои милитсияи Тоҷикистон хидмат карданд.
Старшинаи милитсияи шуъбаи милитсияи шаҳраки Калининобод (ҳоло Леваканд) Гайнутдин Камолитдинов моҳи апрели соли 1941 ба фронт даъват шуда ва аз рӯзҳои аввал то охир ҷангро идома додааст. Чор маротиба сахт захмӣ шуд ва ҳар дафъа пас аз шифоёбӣ ба полки пиёдагардон ба хати фронт баргаштааст. Г. Камолитдинов барои озод кардани Киев, забт кардани Варшава бисёр ордену медалҳо гирифтааст, ба ў муяссар гашт роҳҳои бисёри пуршарафро дар набардҳо пушти сар намояд ва Рӯзи Ғалабаро дар Берлин ҷашн гирад. Пас аз ҷанг, пеш аз ба нафақа баромадан, то соли 1960 дар сафи милитсияи Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.
Дар моҳи июни соли 1941 50 фисади ҳайати шахсии дастаи оташнишонии шаҳри Ленинобод, ки иборат аз 82 нафар буданд, ба фронт фиристода шуданд ва боқимонда ба навбат дар ду баст гузаронида шуда, дар чунин шароит то охири ҷанг хизмат карданд.
Нозири Шуъбаи сӯхторхомӯшкунии шаҳри Ленинобод Ҳоваҷӣ Муҳаммад Мирзоев ихтиёрӣ ба фронт рафт. Эскадрони 2-юми полки гвардиягии 60-уми дивизияи 16-и гвардиягии савораи, корпуси 7-уми гвардиягии артиши 61-ум, таҳти фармондеҳии генерал-лейтенант П.А. Белов, ки дар он ҷо Ҳ.М. Мирзоев хизмати худро сипарӣ мекард, субҳи 18 сентябри соли 1943 ба чорроҳаи маркази ноҳиявии Березна, ки тавассути ин роҳ ба самтҳои Чернигов, Седнев ва Меню рафтан мумкин буд, наздик шуданд. Сержанти калон Ҳ.М. Мирзоев дар пешопеши эскадрон ҳаракат дошт.
Ҳангоми ҳамла ба деҳаи Березна, Ҳ.М. Мирзоев бо ҳадафи тирандозӣ бо пулемёти худ пешравии эскадрилияи худро таъмин кард, ки ин ба бомуваффақият ишғол кардани деҳа мусоидат намуд. Ӯ баъд аз чанд рӯз боз ҳам хислатҳои шуҷоъи худро нишон дода ва яке аз аввалинҳо шуда ба соҳили рости Днепр гузашт ва ҳамроҳи рафиқонаш имкони бомуваффақият гузаштан аз дарёи Днепрро ба ҷанговарони дигари полк фароҳам овард.
Барои нишон додани далерӣ ва қаҳрамониаш Ҳоваҷи Муҳаммад Мирзоев баъд аз ҳалокаташ ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд. Барои абадӣ гардонидани хотираи Қаҳрамон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Идораи оташнишонии Ленинобод ба номи ӯ гузошта шуд.
Фиристодагони милитсияи Тоҷикистон, дар ҳама ҷое, ки ҳузур доштанд, ҷасурона ва бошарафона ба муқобили истилогарони олмон меҷангиданд ва ба ҳама ваъдаҳои додаи худ то ба ҷанг рафтан содиқ буданд. Чунин буд милитсионери шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Табошар Иван Шувалов, ки дар ҷабҳаҳои ҷанг ҷасурона меҷангид. Пас аз ҷанг вай ба шуъбаи милитсияи зодгоҳи худ баргашт ва дар сафи он 44 сол хидмат кард, яъне то соли 1986 ва баъд ба нафақа баромад. Барои ҷасорат ва қаҳрамонӣ дар ҷанг, барои хизматҳояш дар меҳнати осоишта бо се дараҷаи медалҳои «Барои хизмати пурсамар дар Вазорати корҳои дохилӣ», «Барои ғалаба бар Олмон», медалҳои хотиравӣ «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медали «Собиқадори меҳнат» ва ғайра мукофотонида шудааст. Тӯли солҳои зиёд ӯ «Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат» -и шаҳри Табошарро дар вилояти Суғд роҳбарӣ кардааст.
Дар наздикии Ленинград, дар минтақаи Разлив, ротаи автоматчикҳо-разведкачиҳои собиқ Бригадаи алоҳидаи сарҳадӣ, ки дар ҳайати он фиристодагони мардуми тоҷик М.Н. Адамовский, И. Соснин, милитсионер В.Г. Недошивин, З. Вайнштейн, И.Симаков, А.А. Карасев, Е. Колорушкин ва дигарон фаъолона меҷангиданд. Командирии ротаи мазкурро М.Н. Адамовский, ки баъди баргаштан аз ҷанг солҳои тулонӣ механики базаи нақлиётии вазорати савдои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе буд, ба уҳда дошт. Бригадаи онҳо ҳанўз моҳи сентябри соли 1941 аз ҳисоби посбонҳои сарҳадии зиндамонда таъсис ёфтааст, ки онҳо муддати тӯлонӣ фашистонро дар сарҳади шимолу ғарб нигоҳ медоштанд. Хати фронт дар ин рўзҳо дар наздикии шаҳри Ленинград, дар минтақаи Ржавой Канаве дар масофаи 40 километр то шаҳр қарор дошт.
М.Н. Адамовский бо сарбозонаш то охири соли 1942 маҷмааи хона-музеи Ленинро дар Разлив посбонӣ мекарданд, ки он ба хати фронт хеле наздик буд. Фашистон ҳаматарафа кушиш карданд, ки ин маҷмааро нобуд кунанд, аммо ин ба онҳо муяссар нагашт. Ғайр аз он, гурӯҳ як қатор супоришҳои ҷангиро барои несту нобуд кардани қувва ва таҷҳизоти душман бомуваффақият анҷом додааст.
Яке аз ҷасуртарин разведкачиҳои рота, фиристодаи милитсияи тоҷик, командири взвод, лейтенант Вениамин Григорьевич Недошивин буд. Ў ва разведкачиёнаш беш аз бист маротиба ба макони душман ворид шуда, борҳо бо гирифтани «забон» пас баргаштаанд. Барои нишон додани қаҳрамонӣ ва далерӣ дар набардҳо дар сарзамини Ленинград, ба В.Г. Недошивин унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Бояд дар ин ҷо қайд кард, ки дар тамоми солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Недошивин 11 маротиба ярадор гашта дар 42 ҷойи баданаш захмӣ гаштааст. Дар солҳои баъдиҷангӣ дар мақомоти бехатарии вилоятҳои Львов ва Драгобычи Украина кору фаъолият кардааст ва баъд ба Душанбе баргашта дар Раёсати сўхторхомўшкунӣ ифои хизмат кардааст. Разведчики взводи ӯ, ҳамватанаш аз шаҳри Сталинобод Иван Симаков бошад, баъдтар соҳиби се дараҷаи ордени «Шараф» гардид.
Барои нишон додани қаҳрамонӣ ва ҷасорат ҳангоми убури Днепр ва озод кардани ҳудуди Украина аз истилогарони фашистӣ, баъзе фиристодагони Тоҷикистон М.И. Новосельцев, собиқ корманди милитсияи Тоҷикистон, A.С. Гордеев, В.В. Буторин, A.M. Рудом ва Б.Давлатов, ки дар сафи дивизияи 16-уми гвардиягии кавалерӣ хизмат мекарданд, ба унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштаанд.
Эскадрони 3- и полки 62-и савора, ки дар он Михаил Иванович Новосельцев пулемётчӣ буд, яке аз аввалинҳо шуда дарёи Сновро убур кард. Батареяи минамиётчиёни душман самти гузаргоҳи онҳоро беист зери оташ гирифта буд. Новосельцев гаваккашон ва пинҳонӣ ба назди онҳо расида бо партофтани граната онҳоро хомўш сохт. Сипас, ҳайати пулеметӣ бо зарбаҳои нишонрас автоматчиёни немисро, ки ба раванди гузаштани дарё монеъагӣ эҷод мекарданд, аз байн бурданд. Ба туфайли ҷасорати Новосельцев, эскадрони онҳо ва баъдан ҳамаи дигар қисмҳои полк Сновро бе талафоти вазнин убур карданд.
М.И. Новосельцев бо иштирокҳояш дар задухӯрдҳои ҳарбӣ то ба Эльба расид. Барои хизматҳояш ӯ бо ду медалҳои "Барои далерӣ", инчунин медалҳои "Барои мудофиаи Сталинград", "Барои озод кардани Варшава", "Барои забт кардани Берлин", "Барои Ғалаба бар Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида шудааст. Пас аз анҷоми ҷанг, вай то ба нафақа баромаданаш дар воҳидҳои милитсияи шаҳри Душанбе кор кард ва Қаҳрамон соли 1967 вафот кард.
Полку баталёнҳои дивизияи 16-уми савора дар муддати се шабонарӯз ҷангкунон масофаи 150 км роҳро тай карда душманро несту нобуд ва пайгир карданд. Амалиётҳои ҷангии дивизия дар гузаштани қисмҳои тирандозии артиши 61-ум ва корпуси 7-уми гвардиягии савора, ки 21 сентябри соли 1943 дар озод намудани шаҳри Чернигов нақши бузург доштанд, саҳми калон гузоштанд. Барои ин корнамоӣ дивизия бо номи фахрии "Черниговӣ" мушарраф гашт.
31 октябри соли 1944, қўшунҳои фронти 2-юми Украина дар самти Будапешт зарбаи нави ҷиддӣ заданд. Қудрати мудофиавии душманро рахна намуда, қӯшунҳои шӯравӣ маркази калони алоқа дар шаҳри Кечкеметро забт карданд ва ҳамлаи низомиро вусъат дода, ба ҳудудҳои ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии Будапешт расидаанд.
10 ноябр ду баталёни пиёдагардони фашистӣ бо дастгирии танку мошинҳои зиреҳпўш ба сохторҳои ҷангии полки тирандозии 197-уми Львовии дорандаи ордени Б.М. Хмельницкий, ки шаҳраки начандон калони Дял ва истгоҳи Диал-Пустаро мудофиа мекарданд, дарафтоданд. Полк зери фармондеҳии шаҳрванди Тоҷикистон Павел Иванович Эргин, ки дар чанд рӯзи охир якчанд ҳамлаҳои душманро саркӯб карда буд, худаш ба ҳуҷум гузашта, мавқеъҳои аздастдодаи худро баргардонд. Задухўрдҳои тез ивазшаванда натавонистанд мудофиаи мустаҳкаме эҷод кунанд, вале ба ҳар ҳол воҳидҳои полк ҳамлаи душманонро боздошта тавонистанд. Ҷанговарон ҳаракати танку мошинҳои зиреҳпўши душманро то наздикии хандақҳои худ имкон доданд ва баъди наздикшавӣ онҳоро бо гранатабандҳо пешвоз гирифтанд. Гитлерчиён дар ин лаҳзаҳо боз як баталёни дигари пиёдагардон ва якчанд танкҳоро ба ёрӣ даъват намуда, мавқеи баталёнҳои камшумори полкро фишороварӣ намуданд. Ҳама вақт, то омадани баталёни эҳтиётӣ ба мавқеи ҷангӣ, П.И. Ергин дар сафи пеши мубориза буда, рафти ҷангро роҳбарӣ кард ва ҷанговаронро илҳом бахшид ва бо намунаи шахсии худ онҳоро ба пеш бурд.
5 декабри соли 1944 полки П.И. Ергин дарёи Дунайро дар назди ҷазираи Чепел убур кард ва бо зарбаи парешони худ ба душман муваффақияти стратегиро ба дигар полкҳои дивизия таъмин кард. Барои ин ӯ бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст. П.И. Ергин дар набардҳо дар сарзамини Новгород, дар мудофиаи Сталинград, убури Манич, муҳорибаҳои шаҳри Киев, озод кардани Львов, задухўрдҳои ҷангӣ дар ҳудуди Полша, Маҷористон, Австрия ва Чехословакия фаъолона ҷангидааст. Барои нишон додани далерӣ ва сарварии уҳдабароёнаи қисмҳои ҳарбӣ ӯ бо ду ордени Байрақи Сурх, орденҳои Суворов ва Кутузов дараҷаҳои 3, Александр Невский, Ҷанги Ватании дараҷаи 1 ва дигар медалҳо мукофотонида шудааст. Полковники милитсия П.И. Ергин то ба ба нафақа баромаданаш дар Раёсати милитсияи шаҳри Душанбе хизмат кардааст.
Фиристодаи милитсияи Тоҷикистон аз Конибодом Эргаш Қосимович Шарипов дар Чехословакия намунаи қаҳрамониро нишон дод. Пас аз хатми омўзишгоҳи артиллерии шаҳри Красноярск, лейтенанти хурд Эргаш Шарипов ба фронт омада, фармондеҳи взводи оташфишонии ракетаи 75-мм батареяи 1-юми артиллерии полки 387-уми артиллерии Зволенски ордени Суворов ва Богдан Хмелницки доштаи армияи 40-ум таъин шудааст. Дар муҳорибаҳо бар зидди истилогарони фашистӣ вай худро фармондеҳи ҷасур ва писари шуҷои Ватан нишон додааст.
Взводи ӯ яке аз аввалинҳо шуда ба шаҳри Банска Бистрица ворид шуд ва дар он ҷо тавонист ҳаракати минбаъдаи пиёдагардонро таъмин намояд. Дар ин муҳориба худи Шарипов маҷрӯҳ шуд, аммо тавонист то даме, ки шаҳр пурра аз душман озод карда шавад, дар қатор монад. Рўзҳои 21-22 апрели соли 1944, дар шимолу ғарби деҳаи Страни, душман пайваста зидди ҳамлаҳои воҳидҳои оташнишонии Шарипов муқобилияти сахт нишон дод. Бисёре аз ҷангиёни ў талаф ёфтанд. Сипас, Шарипов шахсан ба ҷилави силоҳи артилерӣ нишаста душманонро бо нишонҳои зарбазани оташфишонӣ нест намуд ва 30 нафар сарбозони олмониро бо силоҳаш аз байн бурд. Ҳамлаи навбатии душман боздошт шуд. Взводи Шарипов дар як муддати кӯтоҳ аз маҳаллаи Зволен то Учерск Брод 6 тупҳои худрави алтилерии душманро нест намуда ва теъдоди бисёр сарбозону афсарони душманро нобуд кард.
Дар муҳориба дар қисмати шимоли шаҳри Учерска Броди Чехия, Шарипов ҷароҳати вазнин бардошта, нагузошт, ки то баргардонидани ҳамлаи душман ӯ эвакуатсия карда шавад. Вай ба сарбозоне, ки мехостанд ӯро аз майдони ҷанг берун кунанд истодагарӣ карда, гуфт: «Не, ман ҳанӯз зинда ҳастам ва ба афсар қасам ёд кунед, ки шумо ин мавқеъро нигоҳ медоред ва аз олмониҳо барои ман интиқом мегиред, дар ин сурат маро баред».
Ҳангоми пешниҳод намудани номзадии ў ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, фармондеҳи полки гвардиягии артиллерӣ подполковник Муравёв чунин навиштааст: "лейтенанти хурд Эргаш Шарипов дар набардҳои зидди истилогарони фашистӣ далерӣ, ҷасорат ва қаҳрамониро нишон дод." Ба писари шарафманди халқи тоҷик, фиристодаи милитсияи тоҷик бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 15 майи соли 1946 баъд аз ҳалокаташ унвони Қаҳрамон дода шуд.
Дар давраи ҷанг намояндагони мақомотҳои милитсияи ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷанг ҷасурона меҷангиданд. Бисёре аз фиристодагони милитсияи Помир ихтиёран ба фронт рафтанд. Дар байни онҳо Ҷумъа Дастамбуев, И. Мамадмуродов, Н. Ошмамадов, М. Бердов ва дигарон ҳастанд, ки аз рӯзҳои аввали ҷанг то Рӯзи Ғалаба ҳудуди Шӯравиро аз фашистон озод карданд.
Ҷумъа Дастамбуев аз соли 1941 то 1945 дар набардҳо барои озод кардани Украина, Беларус, ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Лаҳистон фаъолона иштирок кардааст. Барои нишон додани далерӣ ва қаҳрамонии ӯ дар торумори душман ӯ ба ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст. Пас аз пирӯзӣ, милитсионер ба Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргашт ва фаъолияти худро дар низоми милитсия идома дод. Дар варақаи шахсии подполковник Д. Дастамбуев номгўйи беш аз 15 ордену медалҳои ҳарбӣ, дигар мукофотҳо ва ҳавасмандкуниҳои милитсия ба қайд гирифта шудаанд.
Қулиҷон Бозоров то оғози баҳори соли 1942 дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Конибодоми вилояти Ленинобод кор кардааст. Мисли дигар ҳамватанонаш, моҳи апрели соли 1942 ӯ ихтиёран ба фронт рафт.
Ҳангоми омаданаш ба фронт, аз феврали соли 1942 то феврали 1944, Қ.Бозоров ҳамчун ҷанговари ботаҷриба ба яке аз дастаҳои партизании дивизияи 19, ки дар вилояти Витебск амал карда, роҳбарии онро Прикон Вишнев ба уҳда дошт, фиристода шуда буд. Дар солҳои ҷанг, дар ақибгоҳи душман Қ. Бозоров далерона ва мардона бар зидди фашистон мубориза мебурд. Партизанҳо пулҳоро хароб карда, анборҳои сӯзишворӣ ва молидании душманро вайрон мекарданд ва ба онҳо оромӣ намедоданд. Моҳи феврали соли 1944, дар яке аз набардҳо, вай сахт захмӣ шуд ва ба беморхонаи Клишман дар вилояти Иваново фиристода шуд. Пас аз шифо ёфтанаш, ӯ ҳамчун маъюби ҷанг ба Тоҷикистон фиристода шуд. Таҷрибаи ҳосилкардаи ў дар майдонҳои ҷанг ҳангоми хидмати минбаъда дар сафҳои милитсияи вилояти Ленинобод ба кор омад.
Фиристодаи вилояти Ленинобод Саттор Холматов дар ҳайати полки тирандозии 522-юми ордени Суворов дараҷаи 3 дори дивизияи 107-уми Кременчуг, мубориза мебурд. Дар моҳи апрели соли 1945, қӯшунҳои фронтҳои 2 ва 4 Украина ба самти минтақаи саноатии ноҳияи Моравия-Острава интиқол дода шуда буданд. Аз рўйи мавқеяш, минтақа ягона пойгоҳи бузурги пӯлодгудозӣ ва истеҳсоли ангишт буд, ки Олмони фашистиро ҳамаҷониба таъмин мекард. Аз ин рӯ, фашистон ба ин минтақа на танҳо нерӯҳои пурқуввати ҷангии худро фиристода буданд, балки дар ин ҷо якчанд марзҳои симхордори мустаҳками худро бо майдонҳои минагузошташуда сохта буданд. Дар ин ҷо силоҳҳои нави ҳозиразамон ва ДОТ-ҳои пуриқтидори 8-10 амбразурадор барои силоҳҳои артилерӣ ва пулемётҳо насб карда шуда сохта буданд.
Дар натиҷаи бомбаборонкуниҳои артиллерӣ рўзҳои 15-17 апрел онҳо муҳофизати душманро рахна карда ва вориди минтақаи Опава шуданд. 20 апрел дивизияи 107-ум ҷангро барои деҳаи Комаров оғоз кард. ДОТ- ҳои пурзӯри сохташудаи фашистӣ ба пешравии қувваҳо имконият намедод. Аз ин рӯ, фармондеҳи взводи кашфи полк фармон мегирад, ки як гурӯҳи иборат аз 4 нафарро фиристонанд ва бункери фашистиро нест кунанд. Ба ин гурӯҳе, ки сержант Савинский сарварӣ мекард, инчунин С. Холматови тоҷик низ шомил шуда буд.
С. Холматов муташаккилона бо ҳамяроқонаш чуқурии қулайбоберо, ки рост ба самти ДОТ-и душман раҳсипор мекард интихоб намуда, гаваккашон, муҷаҳҳаз бо гранатаҳои зиддитанкӣ ҳаракат карданд. Ҳангоме, ки масофаи чуқурӣ ба охир расид, С. Холматов дид, ки баъди чуқурӣ ба ДОТ хандақи чуқуре кофта шудааст. Аммо, дар ин ҳолат аллакай фашистон ҷанговарони гурўҳро пай бурдаанд ва ба онҳо сели борони тирро фиристоданд.
Холматов ба зону хам шуда, ҳаракаткунон қариб, ки афтида буд, даҳҳо қадам давид, дар сурате, ки тирҳои душман аз назди сару гўшҳояш босадо гузашта мерафтанду инро хуб ҳис мекард, то ба масофаи хеле наздик шудан ба амбразураи душман бастагранатаҳои худро ба ҳолати корӣ омода намуда ба амбразура ҳаво дод. Разведчикҳо амбразураи душманро тарконда, ба пешравии сарбозони шӯравӣ роҳ кушоданд ва дар маҷмӯъ 9 фашистро нест ва 25 нафари дигари душманро зинда ба асирӣ гирифта ба ситод супурданд. Шахсан, С. Холматов дар ин амалиёти муҳим 4 фашистро кушта ва 7 нафари дигарро зинда асир гирифт. Барои ин корнамоиаш Холматов бо ордени Байрақи Сурх қадр карда шудааст.
Пас аз анҷоми ҶБВ, С. Холматов муддати 25 соли дигар дар ШКД шаҳри Ленинобод хидмат кард. Барои иҷрои намунавии қарзи хизматӣ, интизом ва ҷасорат дар боздошт ва безарар гардонидани ҷинояткорони хатарнок, сержанти калони милитсия С. Холматов бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 15 июни соли 1971 бо ордени Инқилоби Октябр сарфароз карда шудааст.
Садҳо фиристодагони халқи тоҷик бо медалҳои "Барои мудофиаи Сталинград" сарфароз гардонида шуданд, ки дар миёни онҳо корманди милитсия аз Қӯрғонтеппа Ҳалим Раҳимов низ буд, ки ихтиёран ба фронт рафтааст, тамоми таҷрибаи бардоштаи худро дар солҳои 30-юм дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар набардҳо бо истилогарони фашистӣ истифода кардааст. Дар набардҳои Сталинград, Курск ва озод кардани Прага фаъолона иштирок кард.
Дар набардҳои мудофиавӣ, взводи ӯ ҷасорати ғайриоддӣ нишон дода, 70 нафар фашистонро нест кард ва 30 сарбози немисро ба асирӣ гирифт. Ду маротиба дар муҳорибаҳо захмӣ шуда, Ҳ. Раҳимов аз рафтан ба шуъбаи тиббӣ худдорӣ кардааст. Танҳо пас аз захми вазнини сеюм лейтенанти гвардия Ҳ. Раҳимов тамоман аз саф бароварда шуд. Барои хизматҳои ҷангиаш бо ду ордени Ситораи Сурх, ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 2 мукофотонида шудааст. Осорхонаи "Мудофиа"-и шаҳри қаҳрамони Волгоград имрўз дар миёни дигар ҷанговарони дивизияи 52-юми артиллерӣ то ҳол акси ин милитсионери тоҷикро маҳфуз медорад.
Дар солҳои душвори ҷанг ба ҷои онҳое, ки ба фронт рафта буданд, теъдоди ҷавонписароне омада буданд, ки дар сафҳои милитсияи Тоҷикистон аз сидқи дилу ҷон хизмат мекарданд. Чунин буд корманди оперативӣ ва ордендори милитсияи Ленинобод А. Ибодуллоев, ки содиқона хидмат карда ва кору зиндагии осоиштаи мардумро ҳифз мекард.
Дар ҳамин ҳол, сарбозони тоҷике, ки дар ҷабҳа ҷароҳат бардошта буданд, ба ақибгоҳ фиристода мешуданд. Бо вуҷуди ҷароҳати вазнину ва саломатии дуруст надоштанашон баъди ба макони зисти доимӣ омадан онҳо ба сафи кормандони милитсияи Тоҷикистон ҳамроҳ мешуданд. Ҷанговар Бобоев Шариф соли 1918 дар ҷамоати Сафедорони ноҳияи Тавилдараи (ҳоло Сангвор) вилояти Ғарм ба дунё омадааст. Соли 1939 барои хизмат даъват карда шуд. Вай дар вилояти Одесса дар Украина хизмат карда, ҷангро дар ин ҷо истиқбол намудааст. Полке, ки дар он Ш. Бобоев хидмат мекард, чандин маротиба дар набардҳои ҷанг фаъолона иштирок кардааст. Аммо, мутаассифона, ҳангоми дар яке аз набардҳо барои деҳаи Беляево ӯ сахт ярадор шуд ва бар асари ҷароҳаташ аз артиш озод карда шуд. Пас аз табобат вай ба Тоҷикистон фиристода шуд. Моҳи ноябри соли 1942 Ш. Бобоев ба сафи кормандони милитсияи Тавилдара ҳамроҳ шуда ва то соли 1951 хизмат кардааст. Пас аз муҳоҷиркунии аҳолии ин минтақа ба ноҳияи Панҷи вилояти Қӯрғонтеппа, ӯ то соли 1977 дар сафи кормандони Шуъбаи милитсияи ноҳияи мазкур хизматро идома дод. Ба муаллиф муяссар шуда буд, ки 16 майи соли 2004 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо Бобоев Шариф суҳбатеро ба анҷом расонад.
Баъд аз ҷароҳат гирифтан ва озод кардан аз фронт, ҷанговар И. Одинаев ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргашта ва соли 1942 ба сафи кормандони Шуъбаи милитсияи шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ шуд. Омӯзиш, таҷриба ва интизоми ҳарбӣ, ба ҷанговари собиқ имкон дод, ки ба яке аз кормандони беҳтарини оперативӣ табдил ёбад. Корманди калони фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи Кӯлоб, майори милитсия И. Одинаев соҳиби орденҳои Байрақи Сурх, Ситораи Сурх, медалҳои «Барои ғалаба бар Олмон», «Барои хизмати аъло дар милитсия» ва дигар мукофотҳои молию пулӣ барои хизматҳои содиқонааш дар мақомоти корҳои дохилӣ сарфароз гаштааст.
5 январи соли 1943 Ҷумъа Ғафуров ба фронт фиристода шуд. Пас аз 4 моҳи таълим дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон ба ҳайати Фронти 1-уми Украина ворид шуд. Баталёне, ки Ҷ. Ғафуров дар он хизмат мекард дар набардҳои шаҳрҳои Житомир, Киев фаъолона иштирок кардааст. Дар ин набардҳо Ҷ. Ғафуров сахт захмдор шуд. Пас аз барқароршавӣ вай ба ҳайати полки танкии 367 (Кутузовӣ) фиристода шуд.Ҷ. Ғафуров дар яке аз набардҳо ба разведка фиристода шуда ҳангоми бозгашт бо ду «забон» аз онҷо баргашт, ки барои ин корнамоияш бо ордени Шараф сарфароз гардонида шуд.
Ҷ. Ғафуров дар озод кардани шаҳри Львов, ҳудуди Полша, Олмон, дар забти Берлин ва Чехословакия фаъолона иштирок кардааст. 26 феврали соли 1946 ба Тоҷикистон баргашт ва то соли 1968 дар сафҳои мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ адои вазифа кард. Бо мақсади такмили ихтисоси худ дар солҳои 1948-1951 дар Мактаби олии милитсияи Тошканд таҳсил карда, пас аз бозгашт дар тӯли солҳои зиёд ҳамчун афсари калони оперативии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ кор кард. Аз соли 1959 дар вазифаи сардори шуъбаи колонияи №1-и шаҳри Душанбе, муовини сардори Колонияи мазкур кор кардааст. Барои иштирок дар амалиёти ҳарбӣ ва хизмати содиқона дар сафҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, Ҷ. Ғафуров бо бисёр ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Моҳи июли соли 1944, майор Турсун Шарипов, собиқ корманди калони оперативии КХКД-и Тоҷикистон, ҳангоми буданашон дар деҳаи Пустовалови вилояти Витебск бо 30 нафар зердастонаш, бо гурӯҳи 300 нафараи душман дучор омад. Ба ҷанги нобаробар ворид шуда, майор Шарипов Т. моҳирона тавонист ҷанговарон ва қувваҳои оташфишонро дуруст ҷойгир намояд ва фашистонро ба масофаи наздик имкон дода сипас амр медиҳад: "Оташ!" Аз пулемёт ва автоматҳо аз наздик душманро тирборон карданд. Фашистон ба оташ тоб оварда натавониста роҳи гурезро пеш гирифтанд. Дар паи таъқиби душман, садҳо сарбозонашонро нест карданд. Дар ин набард худи Шарипов низ сахт захмдор шуд. Ба вазъияташ нигоҳ накарда, майдони ҳарбро тарк накард ва зердастонашро идора мекард. Пас аз ҳалокаташ дар ин набард бо ордени Ҷанги Ватании дараҷаи 1 мукофотонида шуд.
Намунаи далериро дар ҷабҳаҳои ҷанг фиристодагони дигари милитсияи Тоҷикистон - Бурҳон Мансуров-корманди фаврии ШВКД ноҳияи Шаҳринав, Рауф Қодиров- шуъбаи корҳои дохилии вилояти Ленинобод, муфаттиш Тоҳир Шарипов, корманди фаврӣ - Маҷид Узоқов ва дигарон нишон доданд.
  • Оё дар солҳои ҷанг буданд ҷанговарони тоҷикистоние, ки ба асирӣ афтида бошанд ва агар бошанд, пас тақдири онҳо чӣ тавр буд?
Бале, баъзеҳоро тақдирашон ба ин роҳ бурдааст. Масалан, кормандони маҷрӯҳшудае, ки ба асирӣ ва ё ба лагерҳои консентратсионӣ меафтиданд муборизаи фаъолонаи худро бо фашистон идома медоданд. Ҳамин тавр, муовини сардори ШКД-и шаҳри Кӯлоб Алексей Васильевич Новиков ихтиёран ба фронт рафт. Дар набардҳои аввал барои озод кардани Москва вай аз пояш захм бардошта ва дар натиҷа асир афтод ва ба лагери асирони ҳарбии Брест фиристода шуд. Вазъият дар лагери асирон ниҳоят душвор буд. Маҳкумияти гуруснагӣ, таҳқир ва латукӯб ҳукмфармоӣ мекард. Садҳо нафар маҳбусон аз бемориҳо, лоғарӣ, бинобар набудани ёрии тиббӣ вафот карданд. Як гурӯҳи маҳбусони низомӣ қарор карданд, ки аз лагер гурехта ва ба ҳудуди худ роҳ пеша намоянд.
Ба ин гурўҳ инчунин А.В. Новиков низ ҳамроҳ шуд, ки танҳо метавонист ба воситаи асо ҳаракат намояд. Дар қаъри торикии шаб онҳо тавонистанд, ки девори симхордорро рахна карда, онро убур намоянд ва ба дохили ҷангал дароянд. Вақте ки Новиков бар асари роҳравиҳои зиёд ба мубталои хун гирифтор гашт, маҷбур шуд, ки дар мавзеи Серково бимонад. Дӯсти ӯ Аркадий Борисович Комни низ бо ӯ монд. Одамон онҳоро паноҳ доданд ва духтури деҳа бошад ӯро аз бемории гангрена наҷот дод. Пойяшро шифо дода, баъдан партизанҳоро ҷустуҷӯй кард ва баъди ёфтани онҳо ҳамроҳашон бар зидди истилогарони фашистӣ фаъолона ҷангидааст. Баъдан, капитан А.В. Новиков сардории Ситоди бригадаи партизаниро ба уҳда дошт.
Дар ин солҳо аз ҷониби дастаҳои партизанӣ корнамоиҳои бемислумонанд ба амал оварда мешуд. Дар натиҷаи муттаҳидшавии гурӯҳҳои хурди партизанӣ, ташаккулёбии иттиҳодияҳои бузурги партизанӣ ба вуҷуд омад. Дар соли 1943 сарварии яке аз чунин соединенияҳои партизаниро М.И. Наумов, ки дар давраи ташкили ҳокимияти шӯравӣ дар Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон кор кардааст, ба уҳда дошт. Партизанҳои Наумов дар солҳои ҷанг дар ақибгоҳи душман дар минтақаҳои ғарбии Украина ҷангҳои шадиду хонумонсўзро бар зидди душман ба анҷом мерасониданд. Ҳудуди амалиётҳои соединенияи Наумов тамоми ҷангалҳои Брянскро то Буги ҷанубӣ ва Полесья, аз ҳудуди Новоград-Волинск то дарёи Сан ва қаламрави Лаҳистон фаро гирифта буд. Ҳамлаҳои ногаҳонӣ ба қароргоҳҳо ва ақибгоҳҳо, алоқа ва қисмҳои ҳарбии душман, интиқомгирандагони мардумиро машҳур сохта дар лагери душман ҳолати навмедию нооромиро ба вуҷуд овард ва ба фашистон зарари зиёди моддӣ ва маънавӣ расониданд.
Бо назардошти ин, 7 марти соли 1943, ПШО-и ИҶШС М.И. Наумовро ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 9 апрели соли 1943 Шурои Комиссарони Халқи ИҶШС ӯро ба рутбаи ҳарбии генерал-майор сарфароз намуд.
Дар ҳайати дастаҳои партизании Беларус, боз як ҳамватани мо, фиристода ва намояндаи милитсияи Тоҷикистон Прокопий Тихонович Малахов бо фашистон ҷасурона ҷангидааст. Пеш аз оғози ҷанг П.T. Малахов ба ҳайси корманди оперативии шӯъбаи Раёсати КХКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кору фаъолият кардааст. Мисли дигарон, Малахов низ ихтиёран ба фронт рафт. Пас аз набардҳои аввал дар марз бо немисҳо, вай дар ақибгоҳи душман афтод ва дар муддати тӯлонӣ дар ҳудуди ҷангалзорҳои Беларус оворагӣ кард, то он замоне, ки ба дастаи партизании М.С. Прудников рў ба рў нагардад. Малахови далер ва иродаи матин дошта, баъдтар сардори разведкаи бригадаи партизанӣ, ки дар ҳудуди Могилёв амал мекард, таъин шудааст. Партизанҳои ин соединения 57 эшелони душманро хароб карда, 170 мошин ва бисёр техникаи дигари ҳарбии душманро несту нобуд карданд.
П.Т. Малахов дар яке аз муҳорибаҳои шадид аз сараш сахт захмдор шуда ва тавасути ҳавопаймо ба бемористони Маскав интиқол дода шудааст. Пас аз шифо ёфтанаш ба Тоҷикистон баргашта ва боз солҳои дароз дар Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.
Дар миёни 381 корманди КХКД-и ҷумҳурӣ, ки барои кор ба ҳудуди РСФСР, Украина, Беларус, Латвия, Литва, Молдова фиристода шуда буданд, Александр Николаевич Балошин низ буд. Соли 1938, пас аз хатми мактаби КХКД, ӯро барои кору фаъолият ба Тоҷикистон фиристодаанд ва дар муддати кӯтоҳ вай худро ҳамчун беҳтарин корманд нишон дод. Бо назардошти саводнокӣ ва заҳматҳояш, дастгоҳи КХКД ӯро барои кор ба шаҳри Кӯлоб мефиристанд ва дар он ҷо шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлобро роҳбарӣ мекард. Баъдтар зарурат ба кадрҳои соҳибихтисос ӯро ба дастгоҳи КХКД баргардонид ва дар ин ҷо сардори шуъбаи тафтишоти вазоратро ба ӯҳда дошт.
Дар охири соли 1944 КХКД-и ҷумҳурӣ А.Н. Болошинро ҳамчун мутахассиси баландихтисос барои кору фаъолият ва мубориза бар зидди унсурҳои душман ва аз байн бурдани бандитизми сиёсӣ ба Ҷумҳурии Беларус фиристод. Капитан Болошин барои кор ба ШКД ноҳияи Воложинскии РКД вилояти Молодеченски КХКД Белоруссия ба кор омада, чорабиниҳои зиёдеро дар самти муайян кардани ҷосусони душман анҷом дода ва дар амалиёти сершумори ҳарбӣ иштирок кардааст.
Дар охири моҳи январи соли 1945, отряд дар зери фармондеҳии Болошин бо гурӯҳи миллатгароёне, ки иборат аз 200 нафар буданд ба набард пардохтанд. Дар раванди муқобилияти шадид, ки боиси тамоман нестшавии миллатгароён гашта буд, Болошин барои пешгирӣ ва миёнбур кардани душманони гурехтаистода ба байнашон медарояд, вале мутаассифона дучори нишони сахти тирҳои пулемёти душман мегардад. А.Н. Болошин дар маркази ноҳияи Воложински Беларус дафн карда шудааст.
Дар ин солҳои душвор фиристодагони Тоҷикистон А.Д. Гаркавий ва ҳамсараш Мария Александровна Гаркавий ба муқобили фашизм қаҳрамонона мубориза мебурданд. Дар яке аз набардҳо, ки 8 рӯз тӯл кашид, фармондеҳи полк қаҳрамонона ба ҳалокат расид. Дар давраи ҷанг барои озод кардани Двинаи Ғарбӣ ҳамватанони дигари мо, фармондеҳи баталён Василий Тимофеевич Костыр далерона ҷангида ба ҳалокат расид. Дар вақти идома ёфтани задухўрдҳо як снаряди душман дар зери пойи капитан афтида таркиш кард ва бар асари он ҷанговар ба ҳалокат расид.
 
  • Дар муҳорибаҳои шадиди Курск, убури Днепр, озод кардани Украина, Ҷамоҳири Назди Балтика ҳамватанони мо оё размидаанд?
Бале. Чи тавре, ки баён кардем онҳо дар ҳама ҷо ҷангидаанд. Чунончи, дар муҳорибаҳои «ҳалқаи Курск» низ 18 сарбоз, фиристодаи мардуми тоҷик далерона ҷангиданд ва дар он ҷо қаҳрамонона ҳалок гашта абадӣ мондаанд. Дар болои қабри онҳо чунин навишта шудааст:
“Дар ин ҷо сарбозони шуҷоъи взводи сарҳадбонони Помир бо сарварии лейтенант Романовский А.Д. ба хок супурда шудаанд. Ному насаби онҳоро дар ёдҳо нигоҳ доред: лейтенанти калон Романовский Александр Демьянович, сержанти калон Гайдатченко Григорий Дорофеевич, сержант Пикалов Василий Данилович, сержант Воеводин Иван Aнтонович, сержанти хурд Иванов Степан Александрович, қаторӣ Арслангиреев Илёс Акбуратович, сержант Голубенко Василий Петрович, қаторӣ Рафиқов Раҳмон Ёфтакович, қаторӣ Омельчуков Григорий Алексеевич, қаторӣ Петрихин Петр Павлович, қаторӣ Енин Анатолий Федорович, қаторӣ Золотухин Семен Егорович, қаторӣ Воскобеев Михаил Ульянович, қаторӣ Коношкин Иван Николаевич, қаторӣ Сондреров Тимофей Афанасьевич, қаторӣ Дурлаков Михаил Николаевич, қаторӣ Журнегов Ордосбай. Ҳама 18 сарбоз ба ҳаёти ҷовидонӣ рафтаанд."
Аз ҷумла, 20 нафар фиристодаи мардуми тоҷик ҳангоми убури дарёи Днепр ба унвони олии қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштанд, ки дар байни онҳо фиристодагони милитсияи Тоҷикистон низ буданд. Инҳо М. Новосельцев, Д. Азизов, Н.Аникин, Ҳ.Қосимов, А. Гордеев, С. Турдиев, К.Қаюмов, У. Яқубов, Б.Давлатов, И.Двадненко, В.Буторин ва бисёре аз шаҳрвандони дигари Тоҷикистон низ дар муҳорибаҳои наздикии Сталинград ва ҳалқаи Курск ба ин номи баланд мушарраф шуданд.
Бисёри ҷанговарони тоҷик дар набардҳо барои озод кардани ҳудуди ҷамоҳири Балтика, Беларус, Украина, Молдова ҷони худро аз даст додаанд. Дар ҳудуди Украина Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарипов ҳалок шудааст, ҳудуди Беларусро озод намуда дар минтақаи Полша Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Фатҳулло Ахмедов, ки дар ҳайати дивизияи 17-уми гвардиягӣ хизмат мекард ба ҳалокат расидааст, қабрҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шўравӣ Сафар Амиршоев ва Чутак Уразов дар ҳудуди кишварҳои Балтика ҷойгир ҳастанд.
 
  • Боз кадом намунаи диловаронаи ҷанговаронро қайд карданиед?
Дар ҷабҳаҳои ҷанг Убайдулло Хурсанов зодаи соли 1925 далерона ҷангидааст. Соли 1943 аввал дар ҳайати полки 211 тирандозии эҳтиётӣ ва сипас полки тирандозии 361-ум ҷангидааст. 15 марти соли 1944 бо сабаби гирифтани захмҳо ба эҳтиёт ба ақибгоҳ фиристода шудааст. Аз соли 1945 то 12 майи соли 1960 дар хидмати мақомоти амнияти давлатии ҷумҳурӣ қарор дошт. Сипас аз 29 марти соли 1961 то 23 апрели соли 1977 дар Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон адои хизмат кардааст. Барои хизмати аълояш ӯ бо бисёр медалҳо сарфароз гардонида шудааст.
Подполковники милитсия Абрамов Александр Степанович, зодаи ноҳияи Буденовски кишвари Ставропол, дар соли 1941 аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Будёновский ба ҷанг даъват карда шудааст. Аз 1 октябри соли 1941 то 22 феврали соли 1943 дар отряди 36-уми сарҳадии Сухуми ба ҳайси ёвари фармондеҳи взвод дар гурӯҳи манёвр хизмат кардааст. Дар оянда хидмати ӯ то 6 апрели соли 1949 идома меёбад, яъне дақиқан 7 солу шаш моҳу 5 рӯз. Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии мамлакат аз 1 майи соли 1944 бо медали «Барои мудофиаи Қафқоз» сарфароз карда шудааст.
Солҳои 1949 то 1978 дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон адои хизмат кардааст. Пас аз ба нафақа баромадан аз соли 1979 то 1991, кори худро дар муассисаҳо ва ташкилоти гуногуни ҷумҳурӣ идома дод. Бо 13 медал, зиёда аз 20 тӯҳфаҳои арзишманд, ифтихорномаҳо ва медали «Барои хизмати шоиста дар Вазорати корҳои дохилӣ» дараҷаи 3 сарфароз гардонида шудааст.
Дар шоҳроҳҳои ҷанг инчунин як сокини шаҳри Кӯлоб Тиллоев Файзулло низ гаштугузор кардааст. Баробари аз фронт баргаштан, ба сафи кормандони милитсия ҳамроҳ шуд. Лейтенанти калони милитсия, собиқ фармондеҳи взводи ротаи ППС Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯлоб бо бисёр мукофотҳои ҳарбӣ ва меҳнатӣ сарфароз шуда буд. Аз ҷумла, "Барои ғалаба бар Олмон", "Барои хизмати бенуқсон дар Вазорати корҳои дохилӣ дараҷаҳои 1,2,3 ва дигар мукофотҳои ҷашнӣ".
Ҳасанов Аюб соли таваллудаш 1913. Аз моҳи январи соли 1938 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват карда шуд. Ҷанги Бузурги Ватаниро дар онҷо вохӯрдааст. Дар тӯли солҳои ҷанг вай дар ҳайати полки 883-юми тирандозии дивизияи 193-юми тирандозӣ хидмат кардааст. Мисли ҳама ватандӯстони дигар, вай софдилона хидмат кард, ҷангид ва ҷасорату қаҳрамониро дар озод кардани сарзамини Шӯравӣ аз истилогарони немис нишон дод. Дар набардҳо вай сахт захмдор шуд ва 15 январи соли 1943 аз сафи қувваҳои мусаллаҳ озод карда шуд.
Аз 1 ноябри соли 1943 ба сафи кормандони милитсия ҳамроҳ шуд. Дар тӯли 43 сол ӯ дар милитсияи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) хизмат кардааст. Ӯ моҳи октябри соли 1982 ба нафақа баромад. Фаъолияти содиқонаи ӯ бо 20 туҳфаҳои арзишманд ва зиёда аз даҳ медал қадр карда шудааст.
Старшинаи милитсия Салимов Бобо тобистони соли 1944 ба ҷанг даъват карда шуд. Баъд аз гузаштани омӯзишҳо дар минтақаҳои Обигарм (Тоҷикистон) ва Самарқанд (Ӯзбекистон) ӯро ба фронти Олмон фиристодаанд. Дар ҳама задухӯрдҳо ҳангоми шикасти Германияи Гитлери иштирок кардааст. Ҷароҳат бардоштааст. Пас аз Ғалаба полке, ки дар он Б. Салимов хидмат мекард, барои идома додани таъиноти хизматӣ ба шаҳри Сталинград фиристода шуд ва аз ин лиҳоз хидмати Салимов Бобо то соли 1950 идома ёфтааст. Пас аз бозгашт ба ватан ба сафи кормандони милитсияи Тоҷикистон ҳамроҳ шудааст. Хидмат аз соли 1950 оғоз ёфта, то соли 1970 дар шуъбаи дивизиони ҳукуматӣ идома ёфт. То поёни хидмататаш Б. Салимов корманди ташаббускор буд. Ҳангоми дар нафақа буданаш, собиқадори ҷанг, аз соли 1970 то 1996 дар заводи мудофиавии пойтахти ҷумҳурӣ кор кардааст. Солҳои тӯлонӣ сардори шуъбаи ВОХР, баст ва бригадир буд. Барои заҳмати фидокоронааш бо мукофотҳои пулӣ ва давлатӣ ҳавасманд карда шудааст.
Ҷавонмарди 22-сола Гадо Нафасов аз ҷониби комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб ба ҷанг даъват карда шуд. Дар давраи авҷи амалиёт дар соли 1943, дар ҳайати полки 188-и Фронти Беларус ҷангидааст. Ӯ худро як ҷанговари ҷасур нишон дода, захмдор низ шудааст. Пас аз шифоёбӣ ӯ дар ҳайати полки 199 артиллерӣ, ки дар самти Харков - Киев ва Львов меҷангиданд, иштирок кард. Дар ҷараёни набардҳои мудофиавӣ ва ҳуҷумии Артиши Сурх Г. Нафасов аз китфи худ захмӣ шуд. Ӯро дар беморхонаи саҳроӣ табобат карданд. Сипас, дар ҳайати полки 88-и артиллерӣ, ки фармондеҳи он маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Рокоссовский буд, то охири ҷанг хидмат кардааст. Хизмат дар артиш танҳо соли 1948 хотима ёфт. Дар бойгонии шахсии Г. Нафасов мукофотҳои ҷангии ў мавҷуданд ва аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷанговари тоҷик, командири қисм, сержант Нафасов Гадо дар набардҳо дар наздикии Сталинград, Минск, Лвов, дар озод кардани Булғористон, Руминия, Чехословакия, Полша ва дигар минтақаҳо фаъолона иштирок кардааст. Дар охири ҷанг вай ба ватанаш баргашт. Вай муддати кӯтоҳ дар шуъбаи милитсия кор кард. Соли 2000-ум дунёи моро падруд гуфтааст. То охири умраш ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия мекард.

               
  • Нақши худи КХКД Тоҷикистон дар ақибгоҳ чи тавр ба роҳ монда шуда буд?
Дар давраи солҳои ҷангӣ КХКД-и Тоҷикистон роҳбарии умумиро аз болои кормандони мақомоти милитсияи коргару деҳқон амалӣ карда, фаъолияти ҳамаи шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилиро назорат ва тафтиш мекард ва санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти онҳоро дар марказ ва маҳалҳо таҳия менамуд. Самтҳои муҳимми фаъолияти КХКД инчунин тайёр кардан, бозомӯзӣ ва тарбияи кадрҳо, идоракунии раванди корҳо бо шиносномадиҳии аҳолӣ, бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, риоя ва таъмини тартибот, ҳифзи амволи давлатӣ, ҳифзи сарҳадот ва ғайра буданд.
Дар солҳои ҷанг КХКД-и ҷумҳуриро Михаил Парамонович Лапин (1941), ки аз соли 1918 дар мақомоти милитсия буд, Алексей Васильевич Коротков (аз моҳи июли соли 1941 то моҳи майи 1943), генерал-лейтенант Андрей Владимирович Харченко (аз моҳи майи соли 1943 то 1950) тибқи талаботҳои рўз роҳбарӣ кардаанд.
КХКД-и Тоҷикистон дар тӯли ин солҳо мустақиман тамоми талаботи санадҳои қонунгузорӣ, дастуру фармонҳои мақомоти болоии давлатӣ ва КХКД-и ИҶШС-ро, ки барои татбиқи фаврӣ фиристода мешуданд, бечунучаро ба иҷро расонидааст. Дар робита бо онҳо, вазифаҳои мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар мубориза бо фирориёну саркашон аз хизмату меҳнатгурезон, ғораткунандагон, воҳимаангезон ва паҳнкунандагони ҳама гуна овозаю сафсатаҳо ва дурӯғгӯӣҳо хеле васеъ гардид.
Дар маҷмӯъ, солҳои 1941-1945 милитсияи шӯравӣ меҳнати фидокоронаю эҷодкоронаро ҳушёрона муҳофизат карда, ҳамлаю ниятҳои душманонро пешгирӣ ва ошкор сохтааст. Корнамоиҳои қаҳрамононаи кормандони милитсия дар солҳои ҷанг боиси эҳтироми махсуси мардум гардиданд. Барои бомуваффақият иҷро намудани вазифа ва супоришҳои давлатӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, қаҳрамонӣ ва ҷасорате, ки дар набардҳо бо истилогарони фашистӣ нишон дода шудааст, зиёда аз 300 ҳазор кормандони милитсияи шӯравӣ бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар солҳои баъдиҷангӣ дар сафҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии ИҶШС беш аз 100 нафар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва зиёда аз 30 нафар дорандагони пурраи ордени Шараф хидмат карданд.
 
  • Намунаҳое ҳаст, ки тақдири ҷанговарон номаълум бошад?
Бале, хеле зиёд. Сарнавишти бисёре аз фиристодагони тоҷик, масалан кормандони милитсияи тоҷик, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҷангиданд, то ҳол маълум нест. Дар байни онҳо масалан Ёдгор Юлдошев соли таваллудаш 1910, зодаи деҳаи Ҳавзи Морон, шаҳри Уротеппа мебошад. Дар охири солҳои 20-ум вай ба ноҳияи Файзобод кӯчид. То соли 1933 вай дар як мактаб-интернати деҳаи Хоҷамард дар ин минтақа ба ҳайси муаллим кор кардааст. Солҳои 1933 то 1935 ӯро барои таҳсил ба мактаби милитсияи Тошканд фиристоданд. Пас аз бозгашт аз мактаб, ӯро барои кор ба Шуъбаи милитсияи ноҳияи Куктош (баъдтар ноҳияи Ленин, ҳоло Рӯдакӣ) фиристодаанд. Баъдтар ӯ муовини сардори шуъбаи милитсияи ноҳия таъин шудааст. Бо дарназардошти аҳамияти кор дар самти шиносномадиҳии аҳолӣ ва низоми шиносномавӣ, дар соли 1940 вай сардори идораи шиносномавии ШВКД таъин карда шуд. Дар рӯзҳои ҳалкунандаи ҷанг капитани милитсия Ёдгор Юлдошев ихтиёран моҳи августи соли 1942 ба фронт рафт. Дар охири моҳи декабри соли 1943 дар набардҳо барои ватани худ ҳалок шудааст. Бо вуҷуди ин, дар куҷо ва дар кадом ҷабҳаҳо ҷангидааст, ҳанӯз маълум нест.

                                                                                              
  • Дар ҳудуди Тоҷикистон оё барои ниёзи фронт дивизия ё полку баталёнҳо таъсис дода шудааст ё не?
Бале. Тоҷикистон дар канор набуд. Дар ҳудуди он бисёр қисмҳои ҳарбӣ таъсис дода шудааст. Масалан, тирамоҳи соли 1941 дар ҳудуди Тоҷикистон дивизии 20-и савораи куҳӣ ташкил карда шуда ва ҳамон давра барои мубориза бурдан бар зидди фашистон аз ҳудуди кишвари мо дивизияи 20-и савораи кӯҳии орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхдор ба атрофи шаҳри Москва фиристода шуд, ки баъдан ба ҳайати корпуси 3-юми савора таҳти фармондеҳии генерал-майор Л. Доватор ҳамроҳ карда шуд.
Дар набардҳо барои ҳимояи пойтахти Шуравӣ бисёре аз ҷанговарони ин дивизия шӯҳрат пайдо карда буданд. Гурӯҳи ҷангиёни взводи комендантии полки 103-юми дивизияи мазкур хусусан далерию матонати махсус нишон доданд. Онҳо ҳамлаи се танки душманро бо десанти автоматчиён, ки ба макони будубоши ситоди полк дарафтода буданд нигоҳ доштанд, ва намунаи олии ҷасорат нишон доданд. Ҳама ёздаҳ нафар сарбозон, қаҳрамонона ҳалок гаштанд ва дар натиҷа 40 нафар фашистонро несту нобуд карда 3 танки немисро аз кор бароварданд.
Баъд аз ҷангҳои шадиди мудофиавӣ 6 декабри соли 1941 ҳамлаи пурқуввати артиши Шӯравӣ дар назди Москва оғоз ёфт. Аскарон ва фармондеҳони дивизияи 20-уми савора якчанд амалиёти бомуваффақиятро барои несту нобуд кардани воҳидҳои душман анҷом дода ва як қатор нуқтаҳои муҳими аҳолинишинро аз фашистон озод карданд. Танҳо дар давраи аз 12 то 19 декабр дивизияи фиристодаи тоҷик 750 фашистон, 3 танкро нобуд карда, 40 силоҳҳои артилерӣ, теъдоди зиёди автомобилҳо, 40 мошинҳои махсуси боркашониро бо таҷҳизотҳои ҳарбӣ ва дигар молу ашё ба ғанимат гирифтанд. Ба хотири иҷрои сарбаландонаи супоришҳои ҷангӣ дар набардҳо дар наздикии Москва, беш аз 150 ҷанговар, фармондеҳон ва кормандони сиёсии дивизияи мазкур бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шуданд.
Фронт ва ақибгоҳ ду мафҳуми бо ҳам зич алоқаманд буданд ва муваффақият дар ҳар кадоми онҳо илҳоми дигаронро тақвият медод. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 1943 ба номи Котиби КМ ҲК Тоҷикистон Протопопов, раиси Шӯрои Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон Қурбонов ва раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Шогадоев аз номи армияи амалкунанда як муроҷиати махсус фиристода шуд. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки Фармондеҳии дивизияи 20-уми савораи кӯҳӣ Белошниченко, муовини фармондеҳи дивизия оид ба масъалаҳои сиёсӣ подполковник Ставчанский, сардори штаб, подполковник Даниленко, сардори шӯъбаи сиёсӣ, комиссари баталён Аҳтамов, сарбозон ва фармондеҳон Гулов С., Каримов З., Носиров Ҳ., Гулов А. дар номаи худ қайд карданд: "Дивизияе, ки дар рӯзҳои ҷанг дар қаламрави Тоҷикистон ташкил карда шуд дар муҳорибаҳо барои Ватан борҳо худро ҳамчун беҳтарини беҳтаринҳо нишон додааст. Дар набардҳои шадид бо истилогарони фашистӣ, ҷанговарон ва фармондеҳони дивизия то 100 танки олмонӣ, беш аз 2 ҳазор сарбозон ва афсарон, шумораи зиёди силоҳҳо, пулемётҳо ва таҷҳизоти ҳарбии душманро несту нобуд кардаанд ...
Онҳо бо камоли ифтихор номҳои писарони шарафманди тоҷикистонӣ Гулов С., Хушвахтов, Қазоқов, Раҳимдзаев, Мустафин, Каримов З., Носиров Ҳ., Гулов А. ва дигаронро меомӯзанд ва онҳо барои дигарон намунаи ибратанд. Ин мардони ҷасур якчанд маротиба истилогарони немисро ба даҳшат оварда ва бо ёрии норинҷак дар дастҳо ба ДЗОТ-ҳои душман ҳамла карда амбразура ва гарнизонҳои фашистиро дар ҳаво бардоштанд».
 Собиқ дивизияи 20-и саворае, ки Тоҷикистон сарпарасташ буд, ба хотири бомуваффақият анҷом додани амалиёти махсус 18 сентбри соли 1943 ба дивизияи 17-уми гвардиягии Байрақи Сурхдори ордени Лениндори савора табдил дода шуд.
Дар солҳои ҷанг дар ҳудуди Тоҷикистон дивизияҳои савораи 104 ва 61-юм, бригадаҳои тирандозии 98 ва 99-ум, полки савораи 45-ум, полки миномётии 179-ум, баталони 31-уми автоматчиёни Сталинобод ва дивизияи 17-уми савораи кӯҳии гвардиягӣ ва ғайраҳо таъсису ташкил шудаанд.
 
  • Шумо гуфта метавонед, ки ҳамин дивизияи 17-и савораи тоҷикистонӣ масалан, мушаххасан дар ҷанг чӣ саҳм гузоштааст?
 Дар тамоми давраи ҷанг ин дивизия 35 самолётҳо, 146 танк ва силоҳҳои худҳаракат, 317 силоҳҳои гуногунмили алтирелӣ, 286 миномёт, 866 пулемёт, 52 мошинҳои зиреҳпўш, 2513 автомашина ва тигачҳо, 97 паровозҳо, беш аз 3000 вагонҳои роҳи оҳан бо борҳояш, 62 анборҳои бузурги ҳарбӣ бо лавозимот ва таҷҳизоти ҳарбиро несту нобуд ва мусодира намудааст. Дар ин муддат аз ҷониби ҷанговарони дивизия 4 генералҳо ва 34 ҳазор сарбозону афсарони фашистӣ кушта ва ба асирӣ гирифта шудааст. Дивизия бо орденҳои Суворов ва Кутузов сарфароз гардонида шуда, 8148 ҷанговаронаш бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, 13 нафари онҳо ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ мушарраф гаштанд.
 
  • Тарбияи ҳарбии даъватшудагон ба фронт оё вуҷуд дошт?
Дар ин солҳо дар ҷумҳурӣ корҳои ҳаҷман бузурги ташкилӣ ва сафарбаркунии шӯъбаҳои ҳарбӣ ва комиссариатҳои ҳарбии назди кумитаҳои ҳизбӣ бо суръат идома меёфт. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 164032 нафар ба омӯзиши низомӣ ҷалб карда шуданд, ки дар навбати аввал миқдори 59943 нафар асосан ба омӯзиш дода шуда ва миқдори 2555 нафар кадрҳои сиёсӣ, командирон ва мураббиён ба ин чорабиниҳо ҷалб карда шуда буданд.
 
  • Гуфтед, ки фронт ва ақибгоҳ ҳамбаста буданд. Мардуми тоҷик ба фронт чи кумак кардааст?
Тамоми мамлакат дар ин рўзҳои мушкил ба фронт кумак кардааст. Танҳо дар давраҳои аз 18 то 26 декабри соли 1941 аз вилояти Сталинобод барои ҷанговарон 355 баста туҳфаҳо, аз Кӯлоб-81 ва аз Ғарм 457 баста туҳфаҳо ба Москва фиристода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар соли 1941 аз Тоҷикистон ба фронт теъдоди 3102 бастаи туҳфаҳо ба миқдори 86270 килограмм, 2320 куртаҳои кӯтоҳ (полушубкаҳо), 1274 куртаҳои пашмин, 4114 ҷуфт дастпўшакҳо, 2898 ҷуфт мӯза, тақрибан 40 ҳазор ҷуфт пайпоқ ва ҷуробҳои пашмини дароз, 7600 ҷуфт таҳпўши гарм, беш аз 50 ҳазор гӯсфанд, тақрибан 40 ҳазор килограмм пашм, шумораи зиёди ашёҳои гарм ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо зарурӣ ба фронт фиристода шуданд.
Дар солҳои ҷанг, ҳайати Тоҷикистон борҳо ба фронт ташриф оварда, бо ҷанговарон музокироту суҳбатҳо анҷом доданд ва аз номи халқи тоҷик ба ҷанговарон туҳфаҳо тақдим кардаанд. Аз 2 то 13 марти соли 1942 ҳайати Тоҷикистон зери сарварии Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Шогадоев ба ҷанговарони ҷасур ва фармондеҳони дивизияи 20-уми кӯҳии саворае, ки аз Тоҷикистон фиристода шуда буд, туҳфаҳо супориданд.
Зимни боздид аз номи Шӯрои ҳарбии Фронти Ғарбӣ, Шогадоев ба 50 нафар гвардиячиён мукофотҳои ҷангиро тақдим кард. Дар миёни онҳо майорҳо Сапунов, Калинович, Залепухин буданд, ки қаблан дар Сталинобод зиндагӣ ва кору фаъолият доштанд, лейтенанти калон Кратова аз Ленинобод, инструктори сиёсӣ Саидов аз Сталинобод ва дигарон буданд.
 
  • Мегуфтед, ки дар ин солҳо нақши матбуоти даврии ҳарбӣ чӣ тавр ба роҳ монда шуда буд?
Дар солҳои вазнинии ҷанг матбуоти артиш низ: рӯзномаҳои "Ҳақиқати Аскари Сурх" ("Красноармейская Правда") ва "Фрунзечӣ" ("Фрунзовец") дар таҳкими тарбияи ҳарбӣ ва сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва тақвияти дӯстии ҷанговарони миллатҳои мухталифи мамлакат нақши назаррасе дошт. Дар назди рӯзномаҳо вазифаҳои мушаххасе гузошта шуда буд: ба ҳар як ҷанговари тоҷик дастрас намудани моҳият ва ҳадафи ҷанг, мустаҳкам намудани эътимоди умум ба ғалаба ва ҳамарӯза ба сарбозон ва афсарон дуруст фаҳмондани ҷараён ва дурнамои ҷанг.
Дар сафҳаҳои рӯзномаҳои фронтӣ ва варақаҳои ҷангӣ асарҳои нависандагони тоҷик чоп мешуданд. Кормандони сиёсӣ М. Тошмуҳаммадов, Р. Ҷалилов, Э.Э. Алексеевский, А.А. Троицкий, P.T. Щукин, А.Б. Иброҳимов, П. А. Зотов, А.Н. Зубарев, Н.В. Лебедев, З.Раҳматуллоев, Р. Дӯстов, В.П. Гавриш, Ғ.H. Оразов, М. Ашуров ва дигарон сазовори эътибор ва эҳтироми хонандагон буданд.
 
  • Нақши идораҳои нашриётӣ ва корҳои ташвиқотӣ дар ҷумҳурӣ дар кадом сатҳ қарор дошт!
Аз соли 1943 шуруъ намуда нашри китобҳои гуногун, плакатҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо дар ҷумҳурӣ хеле афзоиш ёфт. Бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ теъдоди умумии 678 ҳазор нусха маърӯза ва суханрониҳои роҳбарони ҳукумат, 26 номгӯи (103 ҳазор нусха) адабиёти зиддифашистӣ, 24 плакатҳои таблиғотӣ ва ҳарбӣ-таълимӣ бо теъдоди 40 ҳазор нусха, 77 шиорҳо (28 ҳазор нусха) ва 16 варақаҳо (34 ҳазор нусха), 3 рӯзномаи ҷумҳуриявӣ, 5 вилоятӣ ва 54 рӯзномаи ноҳиявӣ, ки масъалаҳои фронт ва ақибгоҳро инъикос мекарданд, ба табъ расида ва нашр шудаанд.
 
                                 
  • Баъди пирузӣ бар фашизм ҷанговарон ба Ватан баргаштанд. Тақдири ояндаи онҳо чӣ тавр сурат мегирифт?
Масалан ман тақдири кормандони милитсияро намуна меоварам. Меҳнати фидокоронаи кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷанги Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ намунаи хидмати фидокорона ба Ватан аст ва дар саҳифаҳои таърихи милитсияи ҷумҳурӣ ҷовидона хоҳад монд. Илова бар ин, сафҳаҳои нави фаромӯшшудаи фаъолияти кормандони милитсияи Тоҷикистон таҳқиқ ва тадқиқ хоҳад шуд. Бисёр кормандони милитсия дар сангарҳои ҷанг ва ақибгоҳ барои Ватан ҷони худро дареғ надоштанд. Дар байни онҳо, Мирзоев Ҳ., Никифоров А., Садовников Н., Клипоченко К., Қосимов Р., Мусоев Д., Мирзоев Д., ёрдамчиёни милитсия Д. Абдураззоқов, А. Хушаков, кормандони оперативӣ С. Тешаев, Қ. Сафаров, сардорони милитсия В.Д. Дионинов ва Т.Г. Кудиров, корманди фаврӣ М. Домулоҷонов ва дигарон буданд.
Бисёре аз фиристодагони милитсияи тоҷик, ки дар сангарҳои ҷанг ҷасорат нишон дода буданд, баъд аз ҷанг низ хизматро дар сафҳои шуъбаҳои милитсия идома дода, насли нави кормандони милитсияро тарбия карданд. Инҳо Д.M. Гавриченко, И.T. Шувалов, Г. Камалитдинов, Ҳ. Раҳимов, П.Ш. Шоев, М.Т. Тошев, Ф. Азизов, А. Саримсоқов, М.И. Косяненко, П.И. Эргин, M.И. Новосельцев, Ҳ. Мутдинов, К.Т. Тошев, A.И. Трофимов, М. Ҳайдаров, П.Р. Масунов, Н.С. Маренков, В.Е. Каверин, Ҳ. Носиров, И.В. Давыдов, Н. Наҷбудинов, В.Г. Недошивин, А. Бобоев, Н. Давлатов, У. Қабалоев, Қ. Раҳимов, А. Ҳакимов ва дигарон буданд, ки то ба нафақа баромаданашон онҳо дар сафҳои МКД Тоҷикистон хизмат карда ва дар саҳифаҳои таърихи милитсияи тоҷик абадӣ номи хешро боқӣ гузоштаанд.
Фикр менамоям, ки дигар ҷанговарон низ дар маслакҳои мушаххас мисли ҷабҳа кору фаъолити меҳнатӣ ва хизматии худро сарбаландона идома додаанд.
 
  • Ва ахиран, устоди гиромӣ оид ба ин ҷашни ҳаргиз фаромўшнашаванда чӣ таъкидҳо доред?
Ҳамин тариқ, дар хулоса қайд кардан мумкин аст, ки мардуми шуравӣ бо арзиши талафотҳои ниҳоят бузурги нерўҳои моддӣ ва маънавӣ ва истодагариҳои сангин тавонистанд на танҳо истиқлолияти ватани худро дифоъ намоянд, балки инчунин онҳо душманро торумор намуда тамоми тамаддуни инсониро аз фашизм озод намуданд.
Қаҳрамониҳои оммавӣ ва корнамоиҳои ҷовидонаи ҷанговарони артиш, флот, милитсия, партизанҳо, лашкарони халқӣ, пинҳонкорон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнаткашони ақибгоҳ дар ниҳояти кор Ғалабаи Бузургро таъмин намуд. Ғалабаи халқу миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ дақиқан ба тамоми ҷаҳон иқтидори бузурги давлат, ватандўстӣ ва рафоқати халалнопазирро дар ин ҷанг нишон дод. Корнамоиҳои қаҳрамононаи намояндагони ҷасури ин халқу миллатҳо абадан дар муҳорибаҳо барои озод кардани шаҳрҳои қаҳрамони Брест, Москва, Ленинград, Одесса, Волгоград, Киев, Керч, Севастопол, Новороссийск, соҳилҳои Волга, Дунай, Днепр, Заполярье, Висла, Кавкази Шимолӣ, Шпре, Одер, Эльба, Шарқи Дур, Муғулистон ва ғайра дар хотираҳо нақш бастааст.
Боварӣ дорам, ки наслҳои оянда низ солномаҳои муборизаи қаҳрамононаи падарону бобоёнамонро дар мубориза бар зидди фашизм ташвиқ намуда, намунаҳои олии ҷасурию қаҳрамонӣ, корнамоиҳои пуршарафи фиристодагони мардуми тоҷикро дар хатти пеши ҷабҳа бо душманон мавриди омўзиш, инъикос, тарғиб қарор хоҳанд дод. Зеро, ин Ҷанг садсолаҳои дигар фаромўшнашавандааст!
Ба рўҳу равони ҳамаи иштирокчиёни ин Ҷанг сари таъзим фуруд меоварем!

НАЗАД