Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил гардида, афзалиятҳои давлатдории миллӣ ва вазифаҳои мушаххас барои бартараф намудани камбудиҳо ва мушкилиҳои мавҷуда ироа гардиданд.
Паёми имсолаи Президенти кишвар аслан бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир, махсусан таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ баён гардида, омодагии кишвар барои бартараф намудани оқибатҳо он ва таъмин кардани рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаро афзалиятҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат муаррифӣ менамояд. Чунончи, дар Паём робита ба ин масъала иброз мегардад, ки «Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшад».
Инчунин, дар Паём масъалаи иқтисодиёт ва саноати кишвар низ дар маркази диққати давлату ҳукумат қарор дода шуда, вобаста ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Воқеан ҳам, «Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд».
Нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат дар самти таъмини рушди иқтисодиёт ва саноат чунин масъалаҳоро фарогир мебошад:
– Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.
– Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.
– Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд.
– Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.
– Ҳукумати мамлакат бахши хусусиро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун нерӯи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум муайян кардааст.
– Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд.
Сарвари давлат бо мақсади дастгирии давлатии хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод намуд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.
Дар Паёми имсола масъалаи рушди маориф ва илм низ яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилии Ҳукумати мамлакатро ташкил медиҳад. Дар мавриди беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ намудани таълими забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои компютерӣ бамаврид қайд гардида, рушди ояндаи мамлакат аз онҳо вобаста дониста мешавад. Чунончи, дар робита ба ин масъала дар Паём қайд мегардад, ки «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ мегарданд. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад».
Масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир масъалаҳои меҳварии Паёмро ташкил додаанд. Воқеан ҳам, рушди ҷомеа ва беҳтар намудани ташаккули соҳаҳои гуногуни мамлакат аз субот ва оромии ҷомеа вобастааст. Ин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода, ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ва кулли ҷомеаро барои ҳифзи суботу оромии ҷомеа даъват менамоянд. Ғайр аз ин, дар мавриди пешгирии таҳдиду хатари терроризм ва экстремизм ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдори соҳа дастуру супоришҳои нав пешниҳод гардид. «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд».
Инчунин, дар Паёми соли 2021 масъалаҳои волоияти қонун, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо коррупсия низ яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа унвон шуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромаду суханрониҳои худ, аз ҷумла дар ироаи Паёмҳои солонаи худ пайваста ба риояи қонун ва таъмин намудани волоияти он, инчунин ба масъалаи решакан намудани амалҳои коррупсионӣ диққати аҳли ҷомеаро ҷалб карда, даъват менамоянд, ки дар ин самт бо мақомоти давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Зеро «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем:
- Зеро вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.
Аз ин рӯ ба гуфтаи сарвари давлат дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем.
Тавре Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, мо муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ намуда, рушди ҳамкориҳоро дар ин самт идома хоҳем дод.
Барои нақшаҳои бунёдкорӣ муаррифии шоистаи амалҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.
Ба ин манзур, Президенти муҳтарами кишвар гуфтанд, ки “мо дар оянда низ фаъолияти байналмилалии худро мутобиқ ба муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии давлатамон бо саъю талоши бештар идома хоҳем дод”.
Ҳамин тариқ, ба инобат гирифтану сарбаландона иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми соли 2021 ироа гардиданд, кафили суботу оромӣ ва ифодагару дар амал татбиқ гардидани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳалли масъалаҳои дар Паём ироа гардида кафили зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони ҳар сокини мамлакат мебошад.
Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович,
ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
01.02.2021