Об - бузургтарин сарвати дунё

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Об шаффофтарин, лаззатбахштарин сарвати дунё буда, бақои ҳаёт ва ганҷи беназир аст.
  Айни замон масоили ҳифзи захираҳои об яке аз проблемаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, метавон гуфт, ки тамоми мавҷудоти рӯи Замин аз об баҳра мегиранд. Бинобар ин, ҳифзи захираҳои об, поку беолоиш нигоҳ доштани кулу дарёҳо вазифаи ҷонии ҳар як фарди баору номуси дунёи мутамаддин мебошад. Об ҳасту ҳаёт. Бо пок нигоҳ доштану эҳтиёт намудани обу захираҳои обӣ мо на танҳо ҳаёти хештанро солим мегардонем, балки дар ҳалли масоили танқисии об дар тамоми сайёра саҳмгузор мебошем. Пеш аз ҳама солимӣ ин боигарии беҳадду карон буда, реша аз оби поки ҷонфизо мегирад. Мардуми сайёра ба хуби дарк намудааст, ки норасоии оби тоза яке аз мушкилотҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
  Аз таҳлили маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки ҳар сол дар ҷаҳон 5 миллион нафар бар асари истифодаи оби ифлос мефавтанд ва 3 миллиони дигар ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Айни замон дар ҷаҳон 1,2 миллиард нафар ба оби нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд.
  Бо назардошти гуфтаҳои дар боло зикргардида, бе иштибоҳ метавон гуфт, ки кулли сокинони сайёра иқдомоти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро саривақтӣ шумурда, аз ташаббусҳои наҷибонаи минбаъда дар соҳаи об шукргузоранд. Пан Ги Мун, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, изҳори боварӣ намуда буд, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 - 2015- ро тақвият мебахшад.
  Ин аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад буд. Дар ин замина бе иштибоҳ метавон гуфт, ки иқдомҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарки амиқи беҳтари масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад, чунки: “Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем”. Дар ҳақиқат об бузургтарин сарвати дунё, манбаи асосии ҳаёти инсон буда, тамоми мавҷудоти рӯи замин аз он манша мегирад. Об роҳи тамоми (офатҳо) эпидемияҳоро гирифта, инсониятро аз вартаи нобудӣ, беморию дардҳои бедармон эмин медорад. Бинобар ин поку беолоиш нигоҳ доштани захираҳои об ва сарфаю сариштакорӣ нисбат ба об, дарки масоили марбут ба об аз аҳамият холӣ нест. Аз ин рӯ бори дигар хотиррасон карданием, ки дар ин замина ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз зумраи “Соли байналмилалии оби тоза - 2003”, даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, солҳои 2005 - 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013” ва даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳимму саривақтӣ маҳсуб меёбанд.
  Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ иброз медорад, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин усули истифода сабақ биомӯзад, ба он пайрав ва пуштибон бошад. Ҷонибдорӣ ёфтани ҷаҳор ташаббуси ҷаҳонии экологии Тоҷикистон дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсус пайдо намудааст. Хусусан эълон гардидани Даҳсолаи дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки “Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати “дарҳои боз” ҳамеша ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд”.
  Маҳз бо пешниҳоду ташаббусҳои пайвастаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон об ҳамчун бузургтарин ва нодиртарин сарват дарк карда мешавад ва оламиён аз истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ бархӯрдор гардиданд.
  Дар воқеъ баргузории чорабиниҳои зикргардида ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд гардидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об ва ноил гардидан дар ҳалли масоили ҷойдошта мусоидат менамояд. Кишвари мо дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ саъй дорад, ки пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» дар сатҳи баланд амалӣ гардад.
  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускор ва пешвои фаъол дар ҳалли масоили глобалӣ марбут ба истифодаи самараноки захираҳои об эътироф шудааст. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028”, ки санаи 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд сурат мегирад, намунаи возеҳи ин раванд мебошад.
  Ҳамзамон, масоили ҳифзи захираҳои оби сайёра то андозае нигароникунанда маҳсуб меёбад. Ҳифзи захираҳои об ва сарфаи он маънои наҷоти ҳаёт, саломатӣ, зебоӣ ва нашъу нумӯи ҷаҳони гирду атрофро дорад. Аз ин рӯ об бузургтарин сарвати дунё ба шумор меравад. Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки масъалаҳои муҳофизати захираҳои оби сайёра ташвишоваранд, дар баробари ин захираҳои оби тозаи барои ҳаёт зарурӣ ба қадри кофӣ омӯхта нашудаанд.

Замонова Аниса Иброҳимовна
Магистри соли дуюми
шуъбаи Осиёи Марказӣ,
ихтисоси Сиёсати беруна ва дипломатия
 

НАЗАД