Об дар таъмини рушди устувори замони муосир

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Об манбаи ҳаёт буда, бидуни он зистан имконнопазир аст. Дар даҳсолаҳои охири асри XX ва аввалҳои асри XXI аҳолии курраи замин бо суръат меафзояд. Аз рӯи пешгӯйиҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) аҳолии ҷаҳон то соли 2040 ба нуҳ миллиард хоҳад расид. Айни ҳол тақрибан чаҳор миллиард нафар дар рӯи замин аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Масъалаи мазкур, ки яке аз муҳимтарин мушкилоти асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад, аз тарафои олимони соҳавӣ ва ғайрисоҳавӣ таҳлилу баррасӣ шудааст. Ин масъалаи баҳсталаб на танҳо олимони дунё, балки ҳар фарди ҷомеаро дар таҳлука андохтааст. Аз таҳлилҳо ва нишондиҳандаҳои илмии мутахассисон бармеояд, ки захираҳои оби нӯшокӣ ва маъданиро бояд ба низом харҷ намуд. 

  Бояд ёдовар шуд, ки 21-уми декабри  соли 2016  Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” бо иштироки  177 кишвари узви СММ қабул намуд. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод  гардида буд.

  Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд.

  Дар робита ба масъалаи мазкур, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад.

  Даҳсолаи нав, ки рӯзи 19-уми июни соли равон зери унвони “Об барои рушди устувор”  идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

  Мутобиқи Қатъномаи мазкур  солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардида, он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.)

  Арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эьтибор гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 Дар бораи тасдиқи "Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул намуд. 

  Хулоса, об дар зиндагии башар нақши муҳимро мебозад, ки инро ҳамагон медонанд. Нисфи сокинони сайёра аз норасоии об танқисӣ мекашанд ва хушбахтона кишвари мо дар ин рӯйхат шомил нест. Тоҷикистон яке  аз кишварҳои фаъол дар ҳифзи солимии башар буда, аввалин шуда, масъалаи оби тозаро мушкили густурда дид ва  оламиёнро аз ин таҳдидҳои табиӣ-иқлимӣ огоҳ намуда, ҷаҳонро сари мизи музокирот хонд.  

Б. Насимова,

мудири коргузор

НАЗАД