ОБ ВА ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗИ ТОҶИКИСТОН

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Об арзишмандтарину муҳимтарин  сарватест, ки тамоми мавҷудоти зинда ба он ниёз доранд ва он ягона қувваи сабзишу инкишоф аст. Норасоии  андаки об мушкилоти бузург ба вуҷуд меорад.

    Захираи фаровони оби мамлакат моро водор месозад, ки аз он оқилона истифода барем ва барои покиза нигоҳ доштани он масъулият эҳсос намоем. Дар ин роҳ талошу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ шоистаи таҳсинанд. Сарвари давлат аҳамияти ҳалли масъалаҳои вобаста ба норасоии обро сари вақт дарк намуда, онро бо камоли хирад ба ҷаҳониён расонд,  то аз ин ганҷинаи нодири дунё қадрдонӣ намоянд. Аҳамияти ташаббусҳои беназири Президенти Тоҷикистон имрӯзҳо дар чорчӯбаи роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» бештар бозтоб мегардад. Вобаста ба татбиқи даҳсолаи номбурда ҳоло дар бештари нуқоти олам чорабиниҳо амалӣ мегарданд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» дар шаҳри Душанбе аз зумраи онҳост. 

   Ҷамъомадҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ доир ба иҷрои муқаррароти даҳсола, бешак, аз андешаҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки натиҷа ва бузургии онро ҷаҳониён имрӯз шоҳиданд. Ин амал барои шаҳрвандони кишвар мояи ифтихору сарбаландӣ буда, онҳоро муваззаф месозад, ки дар роҳи ҳифзу сарфакорона истифода бурдани об пешдастӣ намоянд.
   Сарзамини Тоҷикистон  аз обҳои тоза саршор буда,  сарфи оқилонаи ин неъмати худодод дар кишвар барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии давлат мусоидат менамояд. Ҳамчунин, ҳифзи манбаъҳои обӣ яке аз омилҳои мустаҳкамшавии ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон, хусусан  ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон, мебошад. Ташрифи намояндагони олии Вазорати оби Покистон ба Тоҷикистон ва баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Об барои рушди устувор  - Тоҷикистон ташаббускори асосӣ»  дар Исломобод аз рушди ин ҳамкориҳои минтақавӣ шаҳодат медиҳад, ки аҳамияти бузурги стратегӣ  доранд. Об ва арзиши волои он аз ҷониби донишмандону муҳаққиқони ҷаҳонӣ ҳамчун масъалаи муҳими стратегӣ шинохта шудааст. Дар китоби "Ҷаҳон дар соли 2020", ки аз ҷониби нависанда  Ҳамиш Мекрой таҳия гардидааст, об чун манбаи асосии ҳаёт номбар шуда, зикр шудааст, ки он солҳои баъдӣ ба мисли сӯзишворӣ ба омили чолишҳои сиёсӣ дар байни кишварҳо  табдил хоҳад ёфт. Ҳамин аст, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон баҳри назорат ва мудирияти захираҳои обӣ роҳи асосии пешгирии моҷароҳо ва ҳалли масоили марбут ба мушкилоти вобаста ба об мебошад. 
   Дар ҳошияи конфронси навбатӣ доир ба даҳсолаи байналмилалӣ  имконият фароҳам меояд, ки коршиносони ҷаҳонӣ фикру андешаҳои худро дар бораи ҳалли масъалаҳои зикршуда мавриди табодул қарор дода, дар асоси таҷрибаҳои навин роҳҳои истифодаи дурусту самараноки обро муайян намоянд. 

Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои 

Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

Бознашр аз рӯзномаи "Ҷумҳурият"

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=34165 

НАЗАД