Интихоботи ахири ИМА, ки моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифт, пайомадҳои ғайричашмдоштро ба бор овард. Қабл аз ҳама, аз назари иддае аз коршиносон, интихоботи мазкур дар фазои озоду шаффоф доир нагардид. Дар натиҷа миёни тарафҳои даргир – ҳизбҳои ҷумҳурихоҳон ва демократҳо – тазоди назар ба амал омад. Ҳизби ҷумҳурихоҳон натиҷаҳои ин интихоботро натиҷаи фиребу найранг эълон кард ва онро напазируфт. Аз тарафи дигар, президент Доналд Трамп ба ҳамин асос нахост зимоми Кохи Сафедро тибқи анаъана бо риояи муқаррароти мавҷуда ба президенти тозаинтихоби ИМА Ҷон Байден супорад. Гузашта аз он, бино ба иттилооти расонаҳои хабарӣ маҳз бо ибтикори президент Трамп анбўҳи зиёди мардум рўзи 6 январи соли 2021 ба бинои Капитолий ҳуҷум карданд ва онро мавриди талаву тороҷ ва харобкориҳо қарор доданд. Дар ИМА барои нахустин бор ҳолати фавқулодда ногувори сиёсию иҷтимоиро ба бор оварданд. Ин ҳолат боиси он гардид, ки дар рўзи савганд ёд кардани президенти нав ба таърихи 20 январи соли равон худи Трамп иштирок накард.
Рӯзи шанбеи 13 феврали соли ҷорӣ Сенати ИМА натавонист барои маҳкум кардан ва аз вазифа дур сохтани (импичменти) президенти собиқи ин кишвар Доналд Трамп миқдори зарурии овозҳо - яъне, аз се ду ҳиссаи ризоияти аъзои Сенатро ба даст оварад. Аслан муқобилони Доналд Трамп мехостанд, ки ӯро ба ҷурми ташвиқоти ғайриқонунӣ ва тафриқаандозиҳо дар ҷомеаи ИМА муттаҳам созанд ва ӯро на фақат аз ҳамагуна имтиёзҳое, ки мутобиқи низоми қонунгузории ИМА президентҳои ин кишвар бархӯрдоранд, маҳрум намоянд, балки имкони дар оянда ба чунин мақоми баланди давлатӣ талабгор шуданашро аз байн бубаранд. Ногуфта намонад, ки дар таърихи ИМА ин бори аввал аст, ки як президент ду дафъа импичмент мешавад ва, гузашта аз он, ҳатто баъд аз расман сабукдӯш шудан аз вазифааш. Чаро чунин ҳолат дар яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё, ки фазои солим ва анъанаҳои таърихии демократияи аслиро дорост, сурат гирифт? Ва оё президенти собиқи ИМА Доналд Трамп метавонад дубора ба сари қудрат биёяд ва зимоми қудрати сиёсиро ба даст оварад? Агар биёяд, ин бозгашти ў ба сиёсат чӣ паёмадҳоеро ба бор хоҳад овард?
Чунин бозгашт имконпазир аст. Пеш аз ҳама, Трамп изҳор доштааст, ки аз сари мансаби президентӣ рафтанаш шикасти ў нест, балки натиҷаи фиребу сохтакориҳои ҳизби демократҳои кишвар аст. Аз назари Трамп, ў интихоботро набохтааст, балки бурдааст, аммо ин бурдашро демократҳо ва мухолифони сиёсиаш дуздидаанд. Сониян, аз сари қудрат рафтани Трамп фарҷоми кори ў ҳамчун сиёсатмадор ва ё марги сиёсии ў ба ҳайси яке аз руҷули сиёсӣ нагардид, агарчи мухолифонаш маҳз ҳамин натиҷаро чашмдор буданд. Тибқи гузоришҳои сарчашмаҳои мухталиф, Трамп ҳанўз ҳам яке аз шуҳратмандтарин ва маъруфтарин шахсиятҳои сиёсии ИМА боқӣ мондааст. Ин нуктаро суханронии ў дар ҳамоиши ҷумҳурихоҳони консерватив, ки ба таърихи 4 феврали соли равон дар яке аз иёлатҳои Амрико доир гардид, бори дигар ба таври равшан исбот намуд. Маълум шуд, ки ҳанўз ҳам то 68% аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳон омода ҳастанд, ки номзадии ўро ба мансаби Президенти ИМА дар соли 2024 тарафдорӣ намоянд. Худи Трамп ҳам изҳор доштааст, ки имкони дубора ба сари қудрати сиёсии кишвар баргаштани ў ҳанўз ҳам аҳамияти худро аз даст надодааст. Ба ақидаи ў, натиҷаҳои овоздиҳии навбати аввали соли 2022 нишон хоҳад дод, ки оё ў номзадии худро ба мансаби президенти кишвар пешниҳод мекунад ё на?
Аз тарафи дигар, агар Трамп номзадии худро пешниҳод намояд, оё ҳизби ҷумҳурихоҳон ба тарафдории ў овоз медода бошад? Албатта, ин нуктаи баҳсангез аст. Ҳеҷ не барои он, ки аз Трамп, шахсияти ў, сиёсат ва роҳу равиши давлатдориаш на ҳама аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳон қаноатманданд. Ва ин бесабаб нест, аммо ҳақиқат ин аст, ки Трамп шахсияти маъруфтарин боқӣ мондааст ва теъдоди тарафдоронаш пайваста меафзояд. Агар ҳизби ҷумҳурихоҳон ин воқеиятро ба эътибор нагирад ва Трапмро сарфи назар намояд, мушкилиҳои зиёде на фақат барои ин ҳизб, балки барои тамоми ҷомеаи муосири ИМА ба амал хоҳад омад. Ин ҳолат мафҳуми «трампизм»-ро ба миён овардааст, ки мазмун ва моҳияти он фарохтар ва амиқтар аз доираи фаъолияти як ҳизб буда, ҷомеаи имрўзи Амрико ва ҳатто сиёсати байналмилалиро фарогир шудааст. Аслан трампизм ба он асос ёфтааст, ки ИМА бояд яккатози сиёсат дар арсаи байналмилалӣ бошад, чун ин кишвар «бузургтарин» аст ба иллати ин, ки дорои калонтарин ва пешқадамтарин иқтисод ва низоми ҳарбист. Аз ин нуқтаи назар, трампизм сиёсати бисёрҷабҳа ва гуногунқутбаро, ки иштироки баробар ва муодили кишварҳои дигарро дар муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намояд, намепазирад.
Оқибатҳои чунин як ҳолат на фақат барои ИМА, балки барои тамоми кишварҳои дунё бетаъсир нахохад монд. Сабаби чунин ҳолат, аз назари мо, ба дараҷаи ниҳоят зиёд боло рафтани сатҳи нобаробариҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа, бойтар шудани сармоядорон ва қашшоқтар шудани камбағалон, аз ҷумла синфи миёнаҳол ва дар ҳамин замина кам шудани сатҳи бовари мардум ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои давлатии идора дар саросари ҷаҳон мебошад. Трамп ва «трампизм» гўё ин ҳама торикиҳо ва норавшаниҳоро рўи об овард, пўстканда сохт. Аз ин рў, тавсеаи бештари трампизм ҳатман ба табаддулот ва навовариҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ боис хоҳад гашт, низоми давлатдориро дар арсаи байналмилалӣ мавриди таҷдиди назар қарор хоҳад дод.
Агар Доналд Трамп дубора ба сари қудрат баргардад, ин падидаҳо ва ин равишҳои нав ба воқеият мубаддал хоҳанд гашт.
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико,
доктори илмҳои сиёсӣ