Автор: Кудратов Комрон
Ҷумҳурии Индонезия дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир гардидааст. Аз лиҳози ҳудуд бо масоҳати 1 919 440 км² яке аз кишвари калонтарин дар минтақа мебошад. Тибқи маълумоти соли 2020 аҳолии он 270 203 917 нафарро ташкил медиҳад [15]. Ҳамчун кишвари сераҳолитарин баъди Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаҳон ҷойи 4-умро ишғол мекунад. Индонезия бузургтарин давлати ҷазиравӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Кишвар дар ҷазираҳои Архипелаги Маллак ва қисми ғарбии ҷазираи Гвинеяи Нав ҷойгир мебошад, ки онро обҳои уқёнусҳои Ором ва Ҳинд иҳота намудааст. Қисми зиёди ҷазираҳои он ба ҷазираҳои Зонд тааллуқ доранд, ки онҳо дар навбати худ ба Ҷазираҳои Зонди Бузург ва Зонди Хурд тақсим мешаванд. Кишвар бо Малайзия, Папуа Гвинеяи Нав ва Тимори Шарқӣ марзҳои хушкӣ дорад. Ҷумҳурии Индонезия ба 34 воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ тақсим мешавад, 32-тои он ба вилоят ва 2 тои он ноҳияи махсус буда, аз рӯи мақом ба вилоят баробар аст.
Бояд хотирасон кард, ки Ҷумҳурии Индонезия кишвари агро-саноатӣ мебошад ва аз рӯйи динамикаи микроиқтисодӣ дар иқтисодииёти ҷаҳон нақши асосиро мебозад. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии (минбаъд ММД) он дар соли 2021 - 3 триллиону 332 млн доллари ИМА (ҳудуди 12 378 доллар ба ҳар сари аҳолӣ) ташкил медиҳад [12]. Аз рӯйи нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар метавон қайд кард, ки яке аз модели интихобнамудаи рушди иқтисодии кишвар ин таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ (минбаъд МОИ) ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Индонезия ин иқдомро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ қарор додааст.
Пеш аз оне ки рушди МОИ-и давлатро таҳлил намоем дар аввал мафҳум ва таърихи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Индонезияро баррасӣ бояд кард. Минтақаи озоди иқтисодӣ - қисми маҳдуди қаламрави давлат ба ҳисоб рафта, барои сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ бо низоми имтиёзноки иқтисодӣ дода мешавад. Минтақаҳо барои ҳалли мушкилоти дохилии иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ ва рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, воридоти технологияҳои пешрафта ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ таъсис дода мешавад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Индонезия ба воситаи МОИ ба дастовардҳо назаррас ноил гардида истодааст, аз ҷумла дар соҳаи технологияи нав; навсозии соҳаи саноат; баланд бардоштани такмили ихтисос; ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи қувваи корӣ ва диверсификатсияи (гуногунӣ) иқтисодии давлат.
Ташкили МОИ-и Индонезия аз соли 1972 оғоз шуда, дар ин давра аз сабабҳои вазъи ноустувори сиёсати иқтисодии давлат пурра амалӣ карда нашуданд. Аз ин рӯ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Индонезия аз соли 1988 баъд аз баста шудани созишнома оид ба МОИ байни давлатҳои сегонаи минтақа, яъне Сингапур, Малайзия ва Индонезия оғоз гардидааст. Соли 1996 дар доираи Созишномаи сегона минтақаҳои озоди иқтисодии нав дар иёлотҳои Малайзия (3-то) ва Индонезия (6-то) ташкил карда шуданд. Борои васеъшавии масоҳати умумии минтақаҳои озоди иқтисодии давлатҳои сегона Минтақаи Рушди Ҷануб (минбаъад-МРҶ) номгузорӣ шуд. МРҶ дар умум 334 ҳазор км2 ҳудуд ва 35 миллион нафар аҳолиро фаро мегирад [13]. Ҳадафи Минтақаи Рушди Ҷануб густариш ва таҳкими робитаҳои мутақобилаи иқтисодии се кишвар гардид. Бо мақсади ҳамгироии самти иқтисодӣ МОИ-ии наздисарҳадиро ташкил намуданд, ки қаламрави минтақаҳои наздисарҳадии 3 кишварро фаро гирифта, барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, сиёсати имтиёзнок, субсидияҳои молиявии давлатӣ, бахши тиҷорати хусусӣ ва таъмини инфрасохтори муносиб барои амалӣ намудани ҳадафҳои дарозмуддати макроиқтисодӣ мусоидати ҳамаҷиҳата намудааст.
Дар умум Минтақаи Рушди Ҷануб як намунаи хуби минтақаи наздисарҳадӣ мебошад, ки барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти минтақаҳои иштироккунанда тавассути истифодаи афзалиятҳои муқоисавӣ ва дар минтақаи хуби ҷуғрофӣ ҷой гирифтан нишондоди баланди иқтисодиро доро мебошанд. Натиҷаҳои воқеӣ дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба даст овардаанд. МРҶ васеъ шуда давлатҳои дигари аъзои Асотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ба он дохил гардидаанд [11].
МОИ яке аз моделҳои асосии иқтисодии интихобнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия ба ҳисоб меравад, ки онҳо бо мақсади сиёсати саноатикунии босуръати кишвар, амалишавии лоищаҳо ва рақоботпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дохилӣ аз тарафи давлат ташкил карда шудааст. Ҳукумати Индонезия МОИ-и худро дар минтақаҳои мухталифи кишвар таъсис дода, бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба воситаи он омода кардани кадрҳои баландихтисос, рушди соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда ва инноватсионии истеҳсолӣ фаъолияти онҳоро ба роҳ мондааст.
Бояд қайд кард, ки асоси маҳсулоти МОИ-и Индонезияро чунин маҳсулотҳо ташкил медиҳанд: IT - (технологияи иттилоотӣ) 42%, дорусозӣ ва биотехнология - 24 %, электроника ва иттилооти муҳандисии шабакавӣ - 14 %. Дар ҳудуди МОИ зиёда аз 3 ҳазор корпоратсия ва 25 ҳазор филиалҳои ширкатҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд [14. C. 67]. Таҷрибаи коршиносон ва дастрасӣ ба Пойгоҳи нави технологӣ барои ҳалли самараноки вазифаҳо оид ба рушди стратегии кишварҳои минтақа кӯмак мерасонад.
То соли 2019 дар Индонезия 12 минтақаҳои озоди иқтисодии махсус мавҷуд буданд ва дар ҳамин сол Президенти Индонезия Ҷоко Видодо дар кишвар 17 минтақаи озоди иқтисодии навро таъсис дод, ки 10-тои он дар соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ ва 7-тои дигараш ба рушди соҳаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок, моҳидорӣ, истеҳсоли молҳои дорои арзиши олӣ ва инчунин мошинсозиву электроника нигаронида шудааст. Дар Ҷумҳурии Индонезия айни замон 15 минтақаи махсуси иқтисодӣ мавҷуд аст.
МОИ-и Индонезия ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
Бояд қайд кард, ки асоси ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ санадҳои меъёрии ҳуқиқӣ ба ҳисоб мераванд, ки таъмини ҳуқуқи сармоягузоронро кафолат медиҳад. Тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолияти МОИ бо қарори Ҳукумати Индонезия амалӣ карда мешаванд [3]. Санадҳои ҳуқуқӣ соли аз соли 2009 то соли 2012 "Дар бораи минтақаҳои махсуси иқтисодӣ", "Дар бораи ташкили фаъолияти МОИ Индонезия", ки фаъолияти МОИ-ро дар Индонезия ба танзим медарорад қабул карда шудаанд. Вазифаҳои идоракунии маъмурии МОИ аз ҷониби мақомоти давлатӣ Шӯрои миллии МОИ дар якҷоягӣ бо идораҳои минтақавии дахлдор амалӣ карда мешаванд.
Бо қарори охирини Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия аз 10 декабри соли 2019 таҳти №84, минтақаи Ликупанг дар музофоти Сулавеси Шимолӣ ба рӯйхати минтақаҳои озоди иқтисодии махсуси Индонезия илова карда шуд. 6 январи соли 2020 Президенти Индонезия Ҷоко Видодо Қарори Ҳукуматро таҳти №1 аз соли 2020 дар бораи рушди минтақаҳои озоди иқтисодии махсус бо мақсади ҷалби сармоя дар ҳаҷми 50 миллиард доллари ИМА ба ин минтақаҳо дар даҳсолаи ояндаро ба имзо расонд. МОИ махсус дар музофоти Бантен, Суматри Шимолӣ, Сулавеси Марказӣ, Сулавеси Шимолӣ, дар ғарби Нуса Тенггара, дар шимоли Малукка, дар ҷануби Суматра ва дар шарқи Калимантан ҷойгиранд. МОИ барои рушди истеҳсолоти сарватҳои табиӣ, аз ҷумла нафтухимия, истеҳсоли пӯлод, коркарди боксит, истеҳсоли кимиё, коркарди ангишт ва истеҳсоли никел сохта шудаанд.
Дар Индонезия аввалин МОИ дар соли 2007 дар музофотҳои Батам, Бинтан ва Каримун Риау таъсис ёфтанд. Саноати киштисозӣ зиёда аз 150 ширкати резидентиро дар бар мегирад, ки дар соҳаи саноати электроника аз ҷумла, ширкатҳои байналмилалии резидентҳои Sanyo, Panasonic, Siemens, Philips ва Sony фаро мегирад.
Ҳукумати Индонезия дар МОИ бо мақсади ҷалби бештари сармоягузарон афзалиятҳои андозбандӣ, имтиёзҳои гумрукӣ ва дигар афзалиятҳоро пешниҳод намудааст. Андоз аз даромади корпоративӣ 22% буда, дар соли 2022 то 20% коҳиш дода шудааст. Ширкатҳое, ки даромади солонаашон аз 50 миллиард рупияи индонезӣ камтар аст андоз аз даромад 50% кам карда мешавад. Ширкатҳои хурде, ки даромади солонаашон на аз 4,8 миллиард рупияи индонезӣ камтар аст, андоз аз даромади корпоративӣ ба андозаи 0,5% ситонида мешавад. Андоз аз арзиши иловашуда 10% аст. Меъёрҳои андоз аз даромад аз 5% оғоз шуда, тадриҷан то 15%, 25% ва меъёри ҳадди охир то 30% афзоиш меёбад [2]. Илова ба андозҳо, ширкатҳо бояд дар нақшаҳои иҷтимоӣ, саломатӣ ва нафақаи кормандони худ саҳм гузоранд. Андоз аз даромади ширкатҳо бо чунин имтиёз муайян шудааст:
Афзалиятҳои андоз: 30% тахфиф аз андози даромад; суръатнокии тарифҳо (амортизатсия); озодкунии пардохт аз андоз барои сармоягузорони калон зиёда аз 60 миллион доллар дар давоми 5-10 сол аз оғози истеҳсоли тиҷоратӣ бо пардохти минбаъдаи онҳо дар ҳаҷми 50%; озод кардани ширкатҳо ва шахсони воқеие, ки дар МОИ фаъолият мекунанд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз молҳои боарзиш ва боҷҳо ҳангоми содироти молу хизматрасониҳои дар МОИ истеҳсолшуда.
Имтиёзҳои гумрукӣ: пурра озод кардан аз боҷи воридотӣ барои ашёи хом, мавод ва ҷузъҳо, мошину таҷҳизот барои фаъолияти ширкатҳо дар МОИ барои 2 сол инчунин дар давоми 4 сол ҳангоми воридоти мошину таҷҳизот барои эҳтиёҷотҳои истеҳсолӣ [17.C-123].
Дигар афзалиятҳо: тартиби соддакардашудаи бақайдгирии ширкатҳо (раванди бақайдгирии ширкатҳои хориҷӣ дар МОИ Индонезия барои 14 рӯз); тартиби соддакардашудаи бақайдгирии коргарони хориҷӣ; ҷой надоштани монеаҳои маъмурӣ; нархҳои пасти иҷора ва хариди замин дар МОИ; тартиби соддакардашудаи иҷозатномадиҳӣ, назорати муҳоҷират барои коргарони хориҷӣ; додани иҷозат барои сармоягузорони хориҷӣ оид ба бастани шартномаҳои дарозмуддати иҷораи қитъаҳои замин (то 75 сол) ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар онҳо; барои сармоягузори хориҷӣ додани ҳуқуқи моликият ва иҷозатномаи истиқомати доимӣ дар Индонезия [1.C-5-10].
Дар рушди МОИ-и Индонезия афзалиятҳои андозбандӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда аз қабили қонун "Дар бораи танзими фаъолияти минтақаҳои махсуси иқтисодӣ" (аз соли 2012) амалӣ карда мешаванд. Бо мақсади татбиқи қонуни мазкур дар Индонезия “Шӯрои миллӣ оид ба танзими МОИ-и Индонезия” ташкил карда шудааст. Шӯрои мазкур ниҳоди давлатӣ буда, фаъолияти идоракунии МОИ – ро пеш мебарад [8].
Бояд қайд кард, ки барои ба танзим овардани минтақаҳои озод Ҳукумати Индонезия Шӯрои миллии МОИ-ро ташкил додааст. Роҳбари Шӯрои миллии МОИ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вазорат ва вилоят аз тарафи Ҳукумат аз ҷониби вазири иқтисодии кишвар таъин карда мешавад. Шӯрои миллии МОИ дар музофотҳо намояндагиҳои худро дорад.
Шӯрои миллии МОИ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
Бо фармони Ҳукумати Индонезия оид ба додани ҳудуд дар МОИ тибқи меъёрҳои муқарраршуда қарор таҳия гардида аз ҷониби Шӯрои миллӣ назорат карда мешавад. Барои идоракунии минтақаи озоди иқтисодӣ дар тобеияти Шӯрои Миллӣ ширкатҳои идоракунанда таъсис дода шудаанд.
Вазифаҳои асосии ширкат ба резидентҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ, литсензия барои намудҳои алоҳидаи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ва инчунин ҳисобот оид ба фаъолият дар шуъбаҳои ҳудудии Шӯрои миллӣ таҳия намуда, ба мақомоти гумрук ва андоз дар бораи бақайдгирии резидентҳо ҳисобот медиҳад. Иҷозатномаҳо ва литсензияҳо дар доираи расмиёти "равзанаи ягона" сурат мегирад.
Резидентҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ иборат аз:
Тибқи қонунгузории амалкунанда, барои ҷалби сармоягузорон дар МОИ, ин пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқҳои дарозмуддати истифодаи замин мебошад, ки ширкатҳо метавонанд заминро ба муддати 30 сол ба иҷора гиранд ва иҷораҳо ду маротиба барои 10 сол тамдид ва пешниҳод карда мешаванд. Дар доираи салоҳият ва ташаббусҳои нави Президенти Индонезия ва Ҳукумати кишвар оид ба рушди МОИ ин муҳлатҳо аз 15 то 50-сол зиёд карда мешаванд [8]. Соли 2015 ширкати идоракунии “Идораи савдои минтақаи озоди иқтисодии Батам (Batam Authority Zone Trade Trade Authority) минбаъд - BIFZA - тавонист сармоягузории хориҷиро ба маблағи беш аз 8 миллиард доллар барои рушди киштисозӣ ва таъмири киштиҳо дар минтақаи озоди тиҷоратӣ ҷалб намояд. Афзоиши соҳа вилояти Батамро ба бузургтарин маркази киштисозии кишвар табдил дод, ки ҳоло беш аз 160 ширкати киштисозӣ дар ин вилоят фаъолият мекунанд [10].
Мавриди зикр аст, ки дар асоси санади ҳуқуқии сегона 70% сармоягузарон дар вилояти Батам ширкатҳои сингапурӣ фаъолият мекунанд. Минтақаҳои озоди тиҷоратии Батам, Бинтам ва Каримун низ ба платформаи рушди саноати электроника табдил ёфтааст. Талаботи афзоянда ба электроника дар байни истеъмолкунандагони осиёӣ барои сармоягузорони хориҷӣ хеле ҷолиб аст. Дар байни ширкатҳое, ки BIFZA ҷалб кардааст, ширкатҳои бузурги фаромиллӣ ба монанди Sanyo, Panasonic, Siemens, Philips ва Sony ҷой доранд.
Муваффақияти бахши электроника дар наздикии он ба Сингапур, инчунин интиқоли бомуваффақияти технология тавассути ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба таҷҳизоти навтарин ва таҷрибаи онҳо дар ин соҳа мебошад. Дар рушди минтақаи озоди иқтисодии Индонезия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба МОИ, Шӯрои миллии МОИ, имтиёз ва андозбандӣ нақши асосиро бозиданд.
Хулоса
Омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Индонезия барои Тоҷикистон муҳим мебошад. Зеро фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ва шароити мусоид барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Индонезия ва кишварҳои минтақа мусоидат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодиёт ва ҷалби саромояи дохилию хориҷӣ дар қаламрави кишвар аз 5 марти соли 2008 чаҳор МОИ ташкил карда буд, ки аз рӯйи чунин шаклҳо фаъолият мебаранд: МОИ “Суғд” - саноатӣ-инноватсионӣ дорои 24 субъект (20-то истеҳсолӣ, 4-то хизматрасонӣ), “Данғара”- истеҳсолӣ-инноватсионӣ дорои 27 субъект (21-то истеҳсолӣ, 6-то хизматрасонӣ), “Панҷ”-комплексӣ дорои 17 субъект (13-то истеҳсолӣ, 4-то хизматрасонӣ), “Ишкошим”- истеҳсолӣ-тиҷоратӣ дорои 3 субъект (1-то истеҳсолӣ, 2-то хизматрасонӣ) ва соли 2019 МОИ “Кӯлоб” таъсис дода шудааст, ки шакли фаъолияташ-истеҳсолӣ буда, дорои 1 субъект мебошад [18].
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар роҳи расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нақши МОИ назаррас мебошад. Зеро, дар МОИ-и Тоҷикистон бо истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, ашёи хоми ватанӣ ва қувваи корӣ баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва афзун гардидани номгӯйи маҳсулоти ватанӣ ва ҳаҷми содироти он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар марҳалаи имрӯзаи пешрафт ва ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ фаъолияти МОИ ба рушди иқтисодиёти кишвар бештар имконият фароҳам оварда, асосан ба ҳалли масъалаҳои бунёдии иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои саноатикунонӣ ва лоиҳаҳои стратегӣ водор мекунад. МОИ баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити кору истеҳсолот, рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигаронидани он фаъолият мебаранд.
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Индонезия ва истифодаи таҷрибаи минтақаи озоди иқтисодии Индонезия чунин пешниҳодҳо ба манфиати рушди иқтисодиёти кишваранд:
Масалан, дар асоси нақшаи 10-солаи рушд ва барномаҳои модернизатсиони босуръат Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурудгоҳи Навоиро дар соли 2009 ба ширкати нақлиёти боркашонии кореягии Korean Air Cargo ба иҷора дод. Ширкати Korean Air Cargo идораи онро ба уҳда гирифта навсозиии онро суръат бахшид. Баъд аз ба анҷом расаидани сохтмони он бузургтарин терминали боркашонии ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Терминали фурудгоҳи боркашонии ҳавоии Индонезия барои боз ҳам фароҳам овардани ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузороии Тоҷикистону Индонезия мусоидат хоҳад кард. Ин пешниҳод дар ҳалли масъалаи сохтмони анборҳои бузург ва таъминоти логистикӣ дар МОИ Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, ки Тоҷикистон дар оянда метавонад ба бозорҳои минтақаи ОҶШ молу маҳсулоти кишварҳои ИДМ ва ИА сорид намояд ва ба бозорҳои минтақаи ОМ, ИДМ ва ИА молу маҳсулоти кишварҳои ОҶШ –ро ворид намояд;
Адабиёт
ҚУДРАТЗОДА Комрон
н.и.т., мудири шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
СОҲИБИ БАҲРУЛО
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ