Пас аз тақсимбандии Нимҷазираи Корея ба ду қисм, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дар соли 1953 нимҷазираи Корея вориди давраи нави таърихии худ шуд. Дар ин давра кишвар дар соҳаҳои сиёсат, амният, илму маориф, техникаю технология, тиҷорат, иқтисод, бонкдорӣ ва фарҳанг назаррас пешсаф шуд. Яке аз соҳаи муҳимтарин барои рушду пешрафти кишварҳо ин соҳаи иқтисод ва тиҷорат ба ҳисоб меравад. Омилҳои рушди иқтисоди Кореяи Ҷанубӣ ва раванди рушди он хусусияти махсуси таърихӣ дорад. Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун бозингари сиёсӣ дар минтақа, ба гуруҳи кишварҳои даҳгонаи палангон, яъне “бабрҳои Осиё” шомил мебошад. Ба сари қудрат омадани “диктатор” Пак Чон Ҳи барои ҷомеаи Корея хеле муҳим буд, зеро ӯ дар давраи ҳукумронии худ тавонист роҳу усулҳои рушд ва пешрафти кишварро муайян кунад. Дар он замон аввалин маротиба мардуми Корея шуҷоатмандона аз ҳукумати худ ҳақталабӣ менамуданд, ки он аз марҳилаи нави миллӣ ва сиёсӣ дарак дода, дар оянда боиси дигаргунсозии демократӣ гардид. Вазъияти иқтисодии кишвар дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ коста ва заиф буд, вале ба ин нигоҳ накарда, сохтори давлатро пурқувват гардониданд, ки ин асоси рушди иқтисодиёти кишвар гардид.
Барои рушди ҳамаҷонибаи давлат Ҷумҳурии Корея пеш аз ҳама такя ба илму маориф намуд. Зеро дар он давра сатҳи саводнокии аҳолии кишвар хеле коста ва заиф буд. Барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи аҳолӣ ҳукумати кишвар аз усулҳои системаи таълим ва маорифи кишварҳои пешрафта истифода намуда, мутахассисону донишмандони ботаҷрибаро ба кишвари худ ҷалб кард. Бо роҳи истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта Ҷумҳурии Корея тавонист дар тамоми соҳаҳо рушд кунад ва ба қатори кишварҳои пешрафтаи дунё шомил гардад. Рушди сиёсиву дипломатӣ, амниятӣ, илмӣ-фарҳангӣ, иҷтимоӣ, техникӣ, кишоварзӣ, иқтисоду тиҷорат, саноатикунонӣ, иқтисоди озод (кушода), бонкдорӣ, сармоягузорӣ омилҳои рушди Ҷумҳурии Корея ба шумор меравад. Қобили зикр аст, ки асосан тавассути пешрафти иқтисодӣ Ҷумҳурии Корея дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, ба қатори кишварҳои даҳгонаи зудтарақиёфта ворид гардид. Дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ тиҷорати Ҷумҳурии Корея бо суръат рушд кард ва дар он давра содироти асосии кишвар бештар маҳсулотҳои баҳрӣ ва биринҷ буд. Омили дигари шинохти Ҷумҳурии Корея аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ин содироти техникаю технология ва таҷҳизоти электроникии навтарин мебошад.
Дар замони муосир ва рақобатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва бархурди манфиатҳо, дар бозори ҷаҳонӣ ворид гардидан, кори начандон осон аст, чунки дар майдони сиёсӣ бозингарони пурқувват хеле зиёд буда, рақобат намудан ва ба қатори кишварҳои пурзур ҳамқадам шудан, на ба ҳар як кишвар муяссар мегардад. Он мушкилоте, ки дар натиҷаи ҷанг пайдо гардида буд, Ҷумҳурии Корея тавонист, ки паси сар намояд ва дар майдони сиёсӣ роҳ ёбад. Давраи аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвар давраи вазнин буд, зеро сатҳи зиндагонии мардум хеле паст гардида, иқтисодиёти кишвар заиф шуда буд. Табдил додани Ҷумҳурии Корея ба як кишвари кишоварзӣ, ки иқтисодиёти он аз таъсири ҷанг хароб гардида буд, вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт, солҳои 1960-ум маҷмӯи маҳсулоти Дохилии кишвар тақрибан 9%-ро ташкил медод[10].
Таваҷҷуҳи Нимҷазираи Корея асосан ба рушди соҳаи иқтисодиёт ва энергетика равона гардидааст. Дар оғози солҳои 1960-ум Кореяи Ҷанубӣ дар рушди иқтисодиёти худ як ҷаҳиши бузург бо номи “Муъҷизаи иқтисодии Корея”-ро анҷом дод. Кореяи кӯҳнае, ки қафомонда ба назар мерасид, аз як кишвари ҷаҳони сеюм бо ҷамъияти анъанавӣ ба як кишвари нави замонавии пешрафтаи Корея мубаддал гашт. Ин дигаргунӣ яксоата набуд, вале бо суръат гузашт, ки дар таърихи ҷаҳонӣ қариб ки ҳамто надошт. “Муъҷизаи иқтисодии Корея” на танҳо бо шарофати бо диққат нақша кашидани рушди иқтисодиёт, балки натиҷаи фаъолияти ҳамаи ҷамъияти Корея, муносибати аъзоёни ӯ бо якдигар ба ҷаҳони беруна буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Корея тавонист чунин як формулаи рушди иқтисодиро дарёфт намояд, ки ба табиати миллии ҳаёти одамони Корея мувофиқат мекард.
Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Корея дар замони ба сари қудрат омадани Пак Ҷон Ҳи ба назар мерасад. Соли 1961 Пак Ҷон Ҳи ба сари қудрат омад ва дар он замон даромади солонаи аҳолии Кореяи Ҷанубӣ 72 доллари амрикоиро ташкил медод. Рақиби асосии Кореяи Ҷанубӣ дар он давра Кореяи Шимолӣ буд, ки дорои қудрати бузурги иқтисодӣ ва ҳарбӣ буд. Қисми зиёди корхонаҳои саноатие, ки дар давраи мустамликадорӣ сохта шуда буд, дар шимоли нимҷазираи Корея боқӣ монда буд. Аз ин рӯ Пак Ҷон Ҳи самти индустриалии ба содирот нигаронидашударо нигоҳ дошт. Президенти онвақтаи Корея Пак Ҷон Ҳи кишвари Японияро ҳамчун шарики стратегӣ қабул намуда, барои барқарор намудани муносибатҳои дӯстона, ҷонибҳо кӯшишҳои зиёд намуданд. Соли 1965 созишнома оиди ҳамкориҳо миёни Япония ва Ҷумҳурии Корея ба имзо расид ва дар ин замина дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва амният барқарор гардиданд.Ҷумҳурии Корея барои пешрафти иқтисодиёти кишвар аз модели рушди иқтисодиёти Япония ҳамчун намунаи махсус истифода намуд.Аз ин рӯ имконияти ҷалб намудани сармоя ва технологияи Япония барои рушди иқтисодиёти худ ба даст овард ва ИМА низ дар ин росто кӯмак расонд. Самтҳои асосии стратегияи рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, инфрасохтор ва низоми дастгирии давлатӣ, ки тақрибан 30 ширкати асосии хусусӣ ҳамчун локатҳои рушди технологии кишвар мебошад. Чебола - як шакли гурӯҳҳои молиявӣ ва саноатии Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Конгломерат, ин гурӯҳи ширкатҳои расмии мустақил буда, ба моликияти оилаҳои муайяне тааллуқ дорад, ки зери назорати ягонаи маъмурӣ ва молиявӣ мебошанд. Ширкатҳои расмии мустақил, яъне Чебола дар Кореяи Ҷанубӣ дар охирҳои ҷанги Корея ба вуҷуд омаданд, ки то кунун вуҷуд доранд. Хусусиятҳои асосии Чебола дар он аст, ки ин ширкатҳоро саҳмдорони асосӣ ва оилаҳои онҳо идора мекарданд ва инчунин сохтори ягонаи ташкилии конгломератҳои корхонаҳои соҳаҳои гуногунро муттаҳид месозад. Бояд қайд намуд, ки дар зери тобеъи онҳо корхонаҳои гуногун ва корпоратсияҳои фаромилӣ қарор доранд. Хусусияти дигари Чебола дар он аст, ки ҳукумати кишвар онҳоро муҳофизат ва дастгирӣ намуда, ба онҳо як қатор имтиёзҳо медиҳад. Принсипҳои фаъолият ва нишондиҳандаҳои савдои Чеболаи Корея бо принсипҳои фаъолияти ширкатҳои Япония монанд мебошанд[8].
Давраҳои баъдиҷангии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Кореяро ба якчанд марҳила тиқсим кардан мумкин аст. Марҳилаии аввал, нимаи дуюми солҳои 1950-ум ба шумор рафта, дар кишвар тағийротҳои муҳим ба вуҷуд омад, ки ин тағийротҳо кишварро барои боз аз нав ташкил додан омода намуд. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад заминҳоро бештар ба шахсоне, ки қаблан таҷрибаи кофии кишоварзӣ доштанд ҳамчун моликияти хусусӣ интиқол намуданд. Инчунин, усулҳои барҳам додани аҳолии бесаводиро то соли 1960 ҳукумати кишвар анҷом дод ва ба ҳар як нафар дар ин давра хондан, навиштан ва шумориданро омӯхтанд. Модели рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Корея ба самти рушди саноат ва пурра таъмин намудани бозори дохила равона гардида буд. Дар натиҷаи чунин сиёсати иқтисодӣ воридот нисбат ба содирот ба маротиб зиёд гардид. Агар кӯмакҳои башардӯстонаи ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ намешуд, ҳоло вазъияти иқтисодии кишвар хеле коста буд.
Марҳилаи дуюм, солҳои 1960-умро дар бар мегирад, ки дар ин давра Ҷумҳурии Корея аз саноати сабук шуруъ кард ва ба сиёсати саноатикунонӣ такя намуда, ба инкишофи саноат, махсусан ба нассоҷӣ, пойафзол, коркарди чӯб диққати махсус зоир намуд. Ҳангоми таваҷҷуҳ намудан ба саноати истеъмолӣ, барои кишвар қувваи корӣ лозим омад, аз ин рӯ бештар занҳоро ба кор ҷалб намуда, онҳоро ба заводҳо мефиристонданд. Ҳамзамон барои коҳиш додани сатҳи воридот ва густариши содирот дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуд, ки ин ба қобилияти харидории аҳолӣ ва норасоии пули нақд алоқаманд буд. То охирҳои солҳои 1960 кишвар фоизи содиротро якчанд маротиба зиёд намуд. Дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Корея сармоягузорони мустақими шарикони Ғарбии Ҷумҳурии Корея нақши муҳим мебозанд. Тавре ки қайд гардид, дар нимаи дуюми солҳои 60-уми қарни гузашта ворид шудани сармоягузорони мустақими хориҷӣ дар иқтисодиёти кишвар ба таври назаррас зиёд гардиданд. Маҳз ин сармоягузорон боис гардид, ки Ҷумҳурии Корея аз кишвари кишоварзии заиф ба кишвари саноатӣ мубаддал гардад.
Марҳилаи сеюм солҳои 1970-умро дар бар мегирад, дар ин давра Ҷумҳурии Корея ба марҳилаи нави рушди саноатӣ гузашта, ҳадафҳои асосии худро барои рушди саноати вазнин (металлургӣ, химиявӣ ва мошинсозӣ) равона намуд. Дар як муддати кӯтоҳ ин кишвар тавонист, чунин як соҳаеро ба вуҷуд орад ба монанди метарулгияи сиёҳ, ки барои зиёд гардонидани истеҳсоли оҳан ва пӯлод имкониятҳо ба вуҷуд омад. Дар асоси ин усули мошинсозиро дуруст ба роҳ монд ва дар мадди аввал мошинсозӣ ва киштисозиро гузошт. Дар солҳои 80-уми асри гузашта, сохтани киштиҳо панҷ маротиба зиёд гардид. Махсусан, соҳаи электроникаи истеъмолӣ, химиявӣ ва нафтохимиявӣ босуръат рушд кард. Ширкатҳои хориҷии фаромилӣ, ки истеҳсолоти худро ба саноати Ҷумҳурии Корея гузарониданд, дорои бартарии муҳим дар рақобатҳо бо сабаби меҳнати арзон буданд. Ҳамин тавр ширкати амрикоии “General motos corporation” ва ширкати кореягии “Sigin motos company” ҳамроҳ гардида як корхонаи муштарак бо номи “General Motos of Korea”-ро ташкил намуданд, ки дар чор завод сохта шуда, қисмҳои пайвасткунандаи афтомобилии “Опел”-ро истеҳсол мекарданд[2].
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Корея ягон захираҳои назарраси табиӣ надорад, ба истиснои конҳои ангишт, ки он ҳам дар кишвар ба миқдори хело кам мебошад (ҳамасола 3 миллион тонна-камтар аз 1%-и истихроҷи ҷаҳонӣ). Ба миқдори кам (камтар аз 1млн тонна) маъдани оҳан коркард карда мешавад ва аз ин рӯ, саноати истихроҷи маъдан дар иқтисоди кишвар нақши дуюминдараҷа мебозад. Вале ба “норасоии ашёи хом” нигоҳ накарда, Ҷумҳурии Корея тавонист пойгоҳи пурқуввати заминаҳои саноатии корхонаҳои коркардро таъсис диҳад ва ин корхонаҳо дар гуруҳи кишварҳои пешрафта ҷойи сазовор гарданд. Ширкатҳои бузурги саноатии Ҷумҳурии Корея инҳо мебошанд: Hyundai Heavy Industry, Shipbuilding Marine Engineering, Samsung Heavy Industry, STX Shipbuilding Offshore Engineering, Hundai Samho Heavy Industry, Hanjin Shipping. Ба инҳо наздик ширкатҳои SPP Shipbuilding Co, Ltd ва Sungdong Shipbuilding Marine Engineering Co ворид гардиданд, ки аз ин ширкатҳо сетои онҳо дар бозори ҷаҳонӣ мақоми роҳбарикунандаро ишғол намуданд[4].
Дар давраи рушдёбии кишвар ҳукумати Ҷумҳурии Корея як қатор муассисаҳои давлатӣ, ки барои рушди иқтисодиёти миллӣ ҷавобгӯ мебошанд, таъсис дод, аз қабили Шӯрои банақшагирии иқтисодӣ, Вазорати Савдо ва Саноат ва Вазорати Молия. Дар замони идоракунии Пак Ҷон Ҳи қадамҳои аввал дар модернизатсияи ҷомеаи Корея гузошта шуд. Дар солҳои охир Ҷумҳурии Корея дар соҳаи алоқа, технологияи иттилоотӣ ва электроникаи муосир бо шиддат рушд кардааст. Дар системаи таҳсилоти олӣ бошад, барои таъмин намудани коргарон бо маълумоти олӣ ва тадқиқоти пуршиддати рушди барномаҳо ин системаро васеъ намудан лозим омад. Инчунин дар он вақт инфрасохтори иттилоотии замонавии дорои технологияи баландсифат барои зуд паҳн намудани иттилоот аз хориҷи кишвар ба тамоми минтақаҳои ин кишвар оварда шуд[3].
Саноатикунонӣ ин раванди тағийр додани сохтори саноати кишвар мебошад, ки захираҳои истеҳсолӣ ба сохторҳо тақсимбандӣ шудаанд. Барои тарафдорони саноатикунонӣ, раванди мазкур барои омӯзиш ва бартарӣ доштан дар рақобат дар бозори ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст. Ҷумҳурии Корея мавқеи савдои бисёрҷонибаро зери назорати Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (минбаъд-СУС) пеш гирифтааст, ки эътироф ва дастгирӣ гардидааст. Чунин таъкид гардид, ки ҳамкориҳои минтақавӣ бояд тибқи қоидаҳои созишномаи тиҷоратӣ сурат гирад. Махсусан, Ҷумҳурии Корея шароитеро муқаррар намуд, ки Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бояд унсурҳои ҷудокунандаро кам намуда, назорати Шабакаҳои Савдои (Тиҷорати) Чакана пурзӯр карда шавад. Дар ин замина аз ҷониби Корея чунин пешниҳод шуд, ки созишномаҳои минтақавӣ ва музокироти минбаъдаи тиҷоратӣ бояд дар рӯзномаҳо нашр карда шаванд. Ҷараёни минтақагароӣ дар маҷлисҳои Кумитаи Тиҷорати Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Корея шомиланд, муҳокима карда шуд.
Бӯҳрони молиявии соли 1997 на танҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Корея зарбаи сахт расонд, инчунин тарафҳои заифи Чеболаи Кореяро ошкор намуд. Қарзҳои берунаи ширкатҳо ва бонкҳо аз 18 млрд доллари ИМА то 110 млрд расид. Ин ба пурзӯр кардани назорат аз болои ҷараёни молиявӣ дар дохили корпоратсияҳо, аз ҷумла барои пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуддат оварда расонид. Аз тарафи дигар бӯҳрони молиявӣ ба Чебола барои рушди фаъолияти мустақилонаи инноватсионӣ ва нигоҳ доштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои хориҷӣ такон бахшид. Дар айни замон бо кӯмаки марказҳои иқтисодиёти эҷодӣ тақрибан 2500 лоиҳаи нави тиҷоратӣ оғоз гардид, ки дар охирҳои соли 2016 ба 1,8 милиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ҷумҳурии Корея ба қатори кишварҳои панҷгонаи пешрафтаи инноватсионӣ дохил мешавад. Дар рӯйхати иқтисодиёти инноватсионии ҷаҳон, ки дар соли 2016 нашр гардид, (аз ҷониби таҳлилгарони Bloomberg таҳия гардид) Ҷумҳурии Корея дар ҷаҳон ҷойи аввалро ноил гардид, ки дар моҳи ноябр аз 100 хол 91 хол ба даст овард. Ҷумҳурии Корея бо нишондоди 4,48% аз рӯи “Сармоягузорӣ нисбат ба ММД” дар ҷаҳон ҷойи якумро ба даст овард[5].
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Корея чунин қайд гардидааст, ки “ҳуқуқи моликият бояд барои ҳар як шаҳрванд кафолат дода шавад”. Ба ибораи дигар ин кишвар системаи иқтисоди бозоргониро қабул кард, ки дар он ҳуқуқи шахсият ва корхонаҳо барои фаъолияти озоди иқтисодӣ ҳифз мешавад ва инчунин ҳуқуқи даромад ва амволи онҳоро кафолат медиҳад. Ҷумҳурии Корея бо суръати бесобиқа ба рушди иқтисодӣ ноил гашт. Нозирон ин муваффақиятҳоро “Муъҷизаи дарёи Ханган” меноманд, зеро бештари иншоотҳои саноатӣ дар давраи ҷанги сесолаи Корея хароб гардиданд ва кишварро дар ҳолати ногувор бе сармоя ва захираҳои табиӣ гузошт.
Пас аз бартараф намудани буҳрони иқтисодӣ, иқтисодиёти Ҷуммҳурии Корея устуворона рушд ёфт. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2001 аз 504.6 милиард доллари амрикоӣ буд ва то соли 2007 ба 1049.3 милиард доллари амрикоӣ расид ва ин нишондод далели он аст, ки ин кишвар суръати баланди афзоиши солона, 4-5 фоиз ба истиснои давраи бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ, доштааст. Аз соли 2008 то соли 2010 қисми зиёди ҷаҳон бӯҳрони молиявии харобиоварро аз сар гузарониданд, вале дар Корея суръати назарраси рушди иқтисодӣ, 6.3% ба қайд гирифта шуд. Расонаҳои асосии ҷаҳонӣ ин дастоварҳои Ҷумҳурии Кореяро “китоби барқарорсозӣ” номиданд[6].
Иқтисоди бозоргонии озод. Ҷумҳурии Кореяи сиёсати иқтисоди бозоргонии озодро дар кишвар ҷорӣ намуд. Дар доираи ин сиёсат, бо мақсади бастани созишномаҳои тиҷоратӣ бо таври шафоф бо дигар кишварҳо гуфтушунидҳои зиёд намудааст. Ба тоҷирони хориҷӣ иҷозат медиҳад то дар кишвар озодона сармоягузорӣ намуда, барои сармоягузорӣ ба кишварҳои хориҷа соҳибкорони ватаниро ҳавасманд гардониданд. Дар соли 2013 Ҷумҳурии Корея бо 46 кишвар оид ба тиҷорати озод созишнома баст, аз қабили Чили, Сингапур, Ассотсиатсияи савдои озоди Аврупо, АСЕАН, Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо, Перу, ИМА ва Туркия. Созишномаи имзошудаи тиҷорати озод бо Колумбия дар марҳилаи иҷроиш мебошад. Айни замон Ҷумҳурии Корея дар гуфтушунид вобаста ба созишномаҳои тиҷорати озод бо Шарикии ҳамаҷонибаи иқтисоди минтақавӣ Инданезия ва Ветнам иштирок мекунад[7].
Созишнома оиди тиҷорати озод қисми асосии созишномаҳои тиҷоратии минтақа ба шумор меравад. Тибқи маълумотҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо то моҳи ноябри соли 2015 дар ҷаҳон ҳамагӣ 404 созишномаи тиҷорати минтақавӣ имзо гардидаанд, ки аз онҳо 232-тои он созишномаи тиҷорати озодро дар бар мегирад. Таҳияи созишномаҳои тиҷорати озоди минтақавӣ аз замони таъсисёбии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шуруъ гардида, аз соли 1995 инҷониб созишномаҳои дар доираи СУС имзогардида ҳамагӣ 87,6%-и он эътибор пайдо намудааст. Ҷумҳурии Корея дар ин ҷанба пешқадам нест, вале дар аввалҳои соли 2016 ҳамаги 16 созишномаи тиҷоратии озод имзо гардиданд, ки 14-тои он дар амал татбиқ гардидааст. Як қатор созишномаҳо бо кишварҳои АСЕАН имзо гардидаанд, ки ҳамагӣ дар 55 кишвар амал менамоянд. Дар айни ҳол, ҳукумати кишвар созишномаҳои тиҷорати озодро ҳамчун ченаки самаранокии содирот ва рушди иқтисод истифода мекунанд, то бартариҳои раванди ҷаҳонишавиро истифода барад. Дар ин маврид бо як қатор давлатҳо, 11 созишномаи тиҷоратии озод дар марҳилаи таҳқиқот ва гуфтушунидҳо карор доранд[1].
Стратегияи Чебола ин истеҳсоли умумии миқдори муайяни маҳсулот бо нархи нисбатан арзон мебошад. Консетратсияи баланди молҳои содиротӣ (20%-дар ҳама категорияҳои маҳсулот, аз қабили таҷҳизот, мошинҳо, компютерҳо, киштиҳо, пӯлод, маҳсулоти пластикӣ 95%-и даромади маҳсулотҳои содиротиро ташкил медиҳад) ба конгломератҳои кореягӣ иҷозат медиҳат, то даромади калон ба даст орад, ва ба тадқиқотҳои илмӣ, сармоягузорӣ намоянд. Дар солҳои 2001 то 2007 ҳиссаи содирот дар рушди иқтисод 68%-ро ташкил медод. Хусусияти дигари Чебола дар он аст, ки қобилияти сохтори тиҷоратӣ, ташкили бозори дохилаи меҳнат ва имконияти сармоягузории ширкатҳои вобастаро дорад.[11] Профессори Мактаби олии тадқиқотии байналмилалӣ дар Донишгоҳи Чунан Ан Чун Ён сабабҳои рушди Чеболаро чунин қайд мекунад: бо вуҷуди он, ки дар аввал маҳсулоти ин ширкатҳо ба иваз намудани маҳсулоти воридотӣ равона гардида буд, бо шарофати идеологияи давлатӣ ва дастгириҳои ҳамаҷониба маҳсулоти конгломератӣ барои истеъмолкунандагони хориҷӣ дастрас гардидаанд (васеъшавиии бозорҳо ба Чебола имкон дод, то усулҳои истеҳсолот ва фурӯши молҳои босифатро такмилу афзоиш диҳад).
Роҳбарони ширкатҳои Samsung Group Ли Бён Чхол, Hundai Group Чон Ҷу Ён ва LG Group Ку Ча Кюн бо дастовардҳои худ дар идоракунии ширкатҳои хеш аз ҳамдигар фарқ доранд ва бо стратегияи тиҷоратии худ аз бӯҳрони иқтисодӣ пайваста берун мебароянд. Маҳз таваҷҷуҳи роҳбарони Чебола ба технологияи баландпоя буд, ки бисёре аз ширкатҳо аз бӯҳрони молиявии Осиё бо камтарин талафот тавонистанд, ки раҳо ёбанд. Хусусияти дигари Чебола дар он аст, ки бо шарофати ӯҳдадориҳои миллӣ ба таҳсилоти олӣ, ширкатҳо ҳамеша таъмини коргарон ва муҳандисони баландихтисосро кафолат медиҳанд. Солҳои охир зиёдшавии шумораи мутахассисони баландихтисоси муассисаҳои пешбарикунандаи таълимии Ҷумҳурии Корея дар байни коргарони Чебола мебошад, ки ин яке аз хусусиятҳои дигари Чебола аст[9].
Мавриди зикр аст, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Корея дар асри XXI бо шиддат рушд намуда истодааст. Новобаста аз надоштани захираҳои табиӣ, Ҷумҳурии Корея дар рушди иқтисод пешсаф буда, пайваста талош менамояд, то иқтисоди кишварро дар мувозинат нигоҳ дорад. Дар баробари Ҷумҳурии Корея, Япония ва Чин низ дар ин минтақа манфиатхоҳ буда, дорои иқтисоди пешрафта мебошанд. Албатта, дар минтақае, ки кишварҳои абарқудрат зиёд бошанд, дар он ҷо рақобатҳои сиёсиву иқтисодӣ бештар дида мешаванд. Ин се кишвар дорои техникаю технологияи навтарин буда, хусусиятҳои махсуси рушди иқтисодии аз ҳам фарқкунанда доранд. Метавон гуфт, ки дар ин минтақа рақобатпазирӣ бештар мебошад ва кишварҳои абарқудрат ҳамеша баҳри ҳифзи манфиатҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Тариқи қабул намудани Стратегияи рушд то соли 2030 ин кишварҳо дар ин минтақа нишон медиҳанд, ки қобилияти рақобат намуданро доранд ва бо дигар минтақахо низ омодаи рақобатҳои сиёсиву иқтисодӣ ҳастанд.
Хулоса, метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Корея, аз замони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар ҳамаи самтҳои фаъолияти сиёсӣ ба хусус дар самти иқтисод ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин хусус метавон қайд кард, ки дар ин кишвар ширкатҳои бузурги иқтисодии дорои стандартҳои ҷаҳониро бунёд намуданд. Айни замон якчанд ширкатҳои бузурги Кореяи Ҷанубӣ дар хориҷи кишвар низ намояндагиҳои худро доранд. Моделҳои бо суръат рушдкунандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Кореяро ҳамчун намуна ва роҳнамо барои кишварҳои рӯ ба инкишоф метавон истифода кард.
Адабиёт:
- Адрианов В. Южная Корея: как государство богатеет.// Азия и Африка сегодня. 2015, № 6.
- Суслина С.С. Экспансия иностранного капитала в промышленности Южной Кореи. М. Изд-во «Наука», 1978.166 с
- Суслина С.С. Республика Корея на постиндустриальной стадии развития. М.: ВОСТОЧНАЯ ЛИТЕРАТУРА РАН, 1997. 225 с.
- Русская пелагическая исследовательская компания Мировой судостроительный рынок. Сегмент рыболовных судов [электронный ресурс]// http://ruspelagic.ru/mirovoy_sudostroitelnyy_rynok._segm
- Н.П. Лешакова “Роль крупных национальных компаний в развитии иттоватционной экономики: Опыт Республики Корея”
- Корейской культурно-информационной службой,Министерства культуры, спорта и туризма «Корея:Вчера и Сегодня» 2015 г с. 246
- Корейской культурно-информационной службой, Министерства культуры, спорта и туризма «Корея:Вчера и Сегодня» 2015 г с. 248
- Lee S. M., Yoo S., Lee T. M. Korean chaebols: corporate values and strategies // Organizational Dynamics. – 1991. – Vol. 19. – № 4. – P. 36–50.
- Export generation: Republic of Korea. World Bank http://siteresources.worldbank.org/ECAEXT/Resources/258598-128406 1150155/7383639-1323888814015/8319788-1324485944855/06_korea.pdf (accessed 07.06.2017)
- Chung K-W. The miracle of Han River: Korean government policy and design management in the motor industry // Design Management Review. – 2015. – 40th anniversary issue (from vol. 4, 3: summer 1993). – P. 63–73.
- Ahn Choong-yong. Chaebol powered industrial transformation // The Korea Times - http://www.koreatimes.co.kr/www/news/biz/2010/09/291_ html (accessed 05.02.2017)
Файзуллоева Нигора
Ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо