Ҳудудҳои қитъавӣ ва ҷазиравии байни Ҳиндустон, Чин ва Австралияро минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ меноманд. Инчунин нимҷазираи Ҳиндухитой, галаҷазираҳои Малай ва қисми осиёгии ҳавзаи уқёнуси Оромро ҳамчун минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мешиносанд. Дар мафҳуми имрӯзаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ёздаҳ давлати мустақил Ветнам, Камбоҷа, Лаос, Мянма, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Индонезия, Бруней, Тимори Шарқӣ ва Филипин шинохта мешаванд. Давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ду гурӯҳ - қитъавӣ ва ҷазиравӣ ҷудо карда мешаванд ва 4,500,000 километри мураббаъ масоҳат дорад. Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо Чини Ҷанубӣ, Ҳиндустони Шарқӣ, Гвинеяи Ғарбӣ ва Австралияи Шимолӣ ҳамсарҳад аст ва дастрасии комил ба роҳҳои баҳрии ҷаҳониро дорад. Дар ин минтақа зиёда аз 100 халқияту миллат ва зиёда аз 650 млн. одамон сукунат доранд, ки он 8,62 %-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, пайравони дину мазҳабҳои мухталиф ҳастанд ва бо забонҳои гуногун муошират мекунанд.
ОҶШ аз нигоҳи афзоиши иқтисодӣ ба яке аз марказҳои пешрафтатарини ҷаҳон мубаддал гардидааст ва ин кишварҳо тавонистаанд дар баробари комёбиҳои иқтисодӣ, ҳамчунин ба дастовардҳои бузурги илмиву технологӣ ноил гарданд. Дар ин самт давлатҳои Малайзия, Сингапур, Филиппин ва Индонезия пешсаф мебошанд, ки дар доираҳои тиҷоратии ҷаҳон ҳамчун як блоки тиҷоратӣ шинохта шудаанду тарзу усули пешрафти иқтисодии худро доранд ва аз таваҷҷуҳи таҳлилгарони иқтисодӣ ва минтақавӣ дур нестанд.
ОҶШ маркази иқтисодиву тиҷоратии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, нуфузи геополитикии он тадриҷан меафзояд. Аҳамияти иқтисодиву тиҷоратии ОҶШ пеш аз ҳама дар он зоҳир меёбад, ки ба роҳҳои баҳрии тиҷоратӣ дастрасӣ дорад ва минтақа бевосита ба уқёнуси Ором роҳ дошта, мавқеи геостратегии муҳимро ишғол намудааст. Бо дарназардошти ин омил ОҶШ маҳалли сармоягузории ширкатҳои фаромиллӣ ва сармоягузориҳои мустақими давлатҳои хориҷӣ гардидааст.
Дар ин раванд аз рӯи 4 омили бунёдӣ, таҳлили минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо таваҷҷуҳ ба кишварҳои пешрафтаи он пешниҳод мешавад.
Бояд қайд кард, ки яке аз омили асосии рушди кишварҳои ОҶШ омили демографӣ мебошад. Зеро аҳолии ин кишварҳо истеҳсолкунадагони асосӣ ба ҳисоб мераванд. Тибқи ҳисоботи охирини WORLD ECONOMIC AND FINANCIAL SURVEYS шумораи аҳолии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 667 393 019 (2021) нафарро ташкил медиҳад, ки ин тақрибан 8,62 %-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ дар ин минтақа дар соли 2022 ба 145,9 нафар дар як километри мураббаъ баробар буда, тақрибан 47%-и аҳолии кишварҳои ин минтақаро сокинони шаҳр ташкил медиҳанд [1]. Гарчанде ки нишондиҳанда аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ дар ин минтақа паст аст, аммо суръати он дар солҳои охир ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта истодааст ва шаҳрнишинӣ дар се кишвар - Малайзия, Таиланд ва Индонезия дар сатҳи мусоид рушд дорад (Сингапур дохил карда нашудааст, зеро шумораи аҳолии шаҳрнишини он аз сабаби шаҳр-давлат ба ҳисоб рафтанаш 100% ҳисобида мешавад). Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои дигари минтақа фоизи аҳолии шаҳрнишин камтар аст (ниг. ба ҷадвали 1;2). Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, аҳолии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 2050 ба беш аз 790 миллион нафар мерасад ва синни миёна аз 38 сола поён хоҳад буд. Аз нигоҳи дигар, таваллуд ба сари ҳар зан дар ин кишварҳо коҳиш ёфта, аз 2,33 кӯдак дар соли 2020 ба 1,94 дар соли 2050 хоҳад расид. Нишондиҳандаҳои демографии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз гузориши Созмони Милали Муттаҳид тартиб дода шудааст (ниг. ба ҷадвали 1) [2; 17].
Ҷадвали 1: Пешгӯии нишондиҳандаҳои демографӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ то соли 2050
Сол
|
Аҳолӣ (ҳазор нафар)
|
Қисме аз аҳолии ҷаҳон
|
Сину соли миёна
|
Зичии аҳолӣ (км2)
|
Фоизи аҳолии шаҳр
|
Шумораи муҳоҷирон
|
Сатҳи таваллуд
|
2020
|
667,627
|
8.60 %
|
30.2
|
153.8
|
50.56 %
|
Тамоюли афзоиши манфии 1,128,000 манфӣ то соли 2025 ва дар ниҳоят миқдори доимӣ 1,131,000 то соли 2050.
|
Раванди камшавии давомдор аз
2,25 дар як сол 2020 ба
1,94 дар як сол 2050
|
2030
|
724,847
|
8.52 %
|
33.1
|
167
|
55.80 %
|
2040
|
766,623
|
8.37%
|
35.5
|
176.6
|
60.25 %
|
2050
|
792,139
|
8.14 %
|
37.6
|
182.5
|
64.47 %
|
Бо баррасии муфассали нишондиҳандаҳо оид ба нуфузи аҳолии кишварҳои ОҶШ, Индонезия дар байни кишварҳои минтақа бо зиёда аз 273 миллион аҳолӣ дар ҷойи аввал аст. Таҳлили пирамидаи аҳолии ин кишвар нишон медиҳад, ки он дар ҳоли рушд қарор дошта, нишондиҳандаи таваллуд ва марг низ баланд аст. Бо дарназардошти сатҳи баланди таваллуд (18,45 аз 1000 нафар) ва синни миёна тақрибан 30,2 сол пешгӯӣ мешавад, ки Индонезия дар 50 соли оянда яке аз кишварҳои нисбатан ҷавон хоҳад буд [15]. Аз нигоҳи дигар, Сингапур яке аз кишварҳое аст, ки бо буҳрони пиршавии аҳолӣ рӯ ба рӯ аст, аммо сарват ва техналогияи пешрафта дар ин кишвар дарозумриро афзоиш додааст. Ҳамчунин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз тамоюли коҳиши суръати афзоиш ва таъсири манфии он дар соли 2050, афзоиши аҳолии ин кишвар аз ҳисоби нишондиҳандаи таваллуд идома хоҳад ёфт [3; 16]. Дар ҷадвали 2 нишондиҳандаҳои демографии кишварҳои муҳимтарини ин минтақа оварда шудааст (ниг. ба ҷадвали 2) [4].
Ҷадвали 2: Нишондиҳандаҳои демографии кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 2020
Давлат
|
Масоҳат (км²)
|
Аҳолӣ
|
Зиччии аҳолӣ (дар 1 км²)
|
ММД бо $ (2020)
|
ММД ба сари аҳолӣ бо $ (2020)
|
Рушди инсонӣ
|
Пойтахт
|
Бруней
|
5,765
|
437,479
|
74
|
12,455,000,000
|
$85,011
|
0.845
|
Бандар-Сери-Бегаван
|
Камбоҷа
|
181,035
|
16,718,965
|
90
|
26,730,000,000
|
$5,044
|
0.581
|
Пномпен
|
Тимори Шарқӣ
|
14,874
|
1,267,974
|
85
|
2,938,000,000
|
$5,321
|
0.626
|
Дили
|
Индонезия
|
1,904,569
|
267,670,543
|
141
|
1,111,713,000,000
|
$14,841
|
0.707
|
Ҷакарта
|
Лаос
|
236,800
|
7,061,507
|
30
|
19,127,000,000
|
$8,684
|
0.604
|
Вентян
|
Малайзия
|
329,847
|
31,528,033
|
96
|
365,303,000,000
|
$34,567
|
0.804
|
Куала-Лумпур
|
Мянма
|
676,578
|
53,708,320
|
79
|
65,994,000,000
|
$7,220
|
0.578
|
Нейпидо
|
Филиппин
|
300,000
|
106,651,394
|
356
|
356,814,000,000
|
$10,094
|
0.712
|
Манила
|
Сингапур
|
719.2
|
5,757,499
|
8 005
|
362,818,000,000
|
$105,689
|
0.935
|
Сингапур
|
Таиланд
|
513,120
|
69,428,453
|
135
|
529,177,000,000
|
$21,361
|
0.765
|
Бангкок
|
Ветнам
|
331,210
|
95,545,962
|
288
|
261,637,000,000
|
$8,677
|
0.693
|
Ханой
|
Аз таҳлили нишондиҳандаҳои демографӣ кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бармеояд, ки рушди давлатҳои минтақа аз он вобастагии калон доранд.
- Омили рушди илм ва фановарӣ
Вазъи илм ва фановарӣ дар мамлакатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хеле гуногун аст. Суръати пажӯҳиш, коркард, навоварӣ ва бақайдгирии патенту шаҳодатномаҳои байналмилалӣ дар ин кишварҳо аз сатҳи рушди иқтисодии онҳо вобаста аст. Бахши давлатии илм ва фановарӣ бозингари асосӣ дар таҳқиқот ва рушди илму техника дар се кишвар, Сингапур, Малайзия ва Филиппин буда, аз сохтори (модели) бахши илм ва фановарии кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (Оrganisation for Economic Cooperation and Development, OECD) пайравӣ мекунанд. Инчунин, дар Сингапур ва Малайзия рушди дастовардҳои илму техника аз ҳисоби зиёд намудани ҳиссаи хароҷот дар соҳаи таҳқиқот ва коркард, аз нав ташкилдиҳӣ ва ворид намудани тағйирот дар идоракунии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ба даст оварда шудааст, вале мутаассифона, дар дигар кишварҳои ин минтақа ин ислоҳот то ҳол ба таъхир афтодааст [5].
Дар ин минтақа Сингапур бо тафовути бузург аз дигар кишварҳо дар бахши илм ва технология пешсаф аст ва аз ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷаҳон мавқеъи назаррасро ишғол мекунад. Сингапур бо беҳтарин системаи таҳсилоти олӣ ва таълим дар ҷаҳон ба макони қабули технология, такмили ихтисос ва навовариҳои илмӣ-техникӣ табдил ёфтааст. Айни замон Сингапур чорумин маркази иқтисодӣ ва сеюмин маркази коркарди нафт дар ҷаҳон аст ва дар бахшҳои электроника, фармасевтика (дорусозӣ) ва астрономия фаъолияти густурда дорад [6]. Ин кишвар дар роҳи дурнамои ояндаи худ то соли 2065, ба сӯи табдил ёфтан ба аввалин "кишвари интеллектуалӣ" дар ҷаҳон ҳаракат мекунад ва яке аз ҳадафҳои он истеҳсоли мошини ниҳоии интеллектуалӣ мебошад. Дар соҳаи маориф, ин кишвар низ ба дастовардҳои нав ноил гардида, ба таҳсилоти гуногунҷанба сармоягузорӣ мекунад [7] ва аз дигар кишварҳои минтақа дида, ба соҳаи илму фанноварӣ диққати махсус ва баҳои баланд медиҳад. Сингапур дар робита ба ҳаҷми содироти технологияҳои пешрафта, ҳаҷми хароҷоти тадқиқот ва коркард, омори бақайдгирии моликияти зеҳнӣ ва шумораи тадқиқотчиён аз Малайзия ва Индонезия пешрафтатар аст ва дар даҳсолаҳои охир дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор дорад [25]. Дар кишварҳои дар боло зикршуда намудҳои минтақаҳои озод, яъне паркҳои технологи давлатҳо ташкил намудаанд, ки дар натиҷа онҳо бо дастовардҳои илмӣ-фановарӣ ба даст оварданд.
Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз захираҳои зеризаминӣ, маҳсулоти хоҷагии ҷангал ва маҳсулоти кишоварзӣ хело бой аст. Гулӯгоҳҳо, роҳҳои обӣ ва дастрасӣ ба захираҳои обӣ дар ин минтақаи ҳосилхез шароити хеле мусоид фароҳам овардаанд. Ҳарчанд дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ баландтарин фоизи заминҳои кишоварзӣ ба Таиланд (43%) ва ҳиссаи баландтарини кишоварзӣ бо фоизи ММД дар соли 2020 ба Камбоҷа ва Мянма тааллуқ дорад. Аммо дар натиҷаи фаъолият намудани вулқон кӯҳҳои оташафкан ба вуҷуд омада, боиси ноустувор шудани вазъияти хоҷагии кишлоқи баъзе аз минтақаҳо гардидааст. Кишвари Индонезия дорои заминҳои ҳосилхез буда, бо тавлиди бештари ғалла бахши кишоварзии он дар соли 2020 беш аз 145 миллиард доллар ба буҷаи давлат даромад овардааст, ки зиёда аз 15%-и ММД Индонезияро ташкил медиҳад [9].
Нафт, гази табиӣ, қалъагӣ, никел, чӯб, боксит, мис, ангишт, тилло ва нуқра аз сарватҳои табиии Индонезия маҳсуб шуда, дар феҳристи кишварҳои содиркунандаи никел, мис, алюминий, ангишт ва нафт қарор дорад. Малайзия инчунин тавонистааст яке аз кишварҳои содироткунандаи нафти хом ва гази табиӣ бошад [10]. Зимнан, кишвари кӯчаки Сингапур аз лиҳози манобеъи табиӣ ва захираҳои кишоварзӣ дар ин замина бо дигар давлатҳои минтақа дар як категория қарор нагирифтааст ва ба далели илму навоварӣ дар ин самт иқтисоди дигар дорад. Ҳамчунин, ин минтақа, ки аз ҷазираҳо иборат аст ва ба хати экватор наздик будани он макони сайёҳӣ эълон гардидааст. Бо рушди сайёҳӣ, Таиланд, Малайзия, Индонезия ва Сингапур тавонистаанд шуҳрати байналмилалӣ пайдо кунанд ва иқтисоди худро боло баранд.
Инкишофи сайёҳӣ дар бисёр кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва пеш бурдани фаъолияти тиҷоратӣ нақши муҳим дорад.
Дар фаҳмиши сиёсии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойгиршавии ҳудудҳои ёздаҳ давлати мустақил, ки ба ду гурӯҳ давлатҳо: қитъавӣ ва ҷазиравӣ ҷудо карда мешаванд, фаҳмида мешавад. Ба гурӯҳи давлатҳои қитъавӣ - Ветнам, Камбоҷа, Лаос, Мянма, Таиланд, Малайзия ва ба гурӯҳи давлатҳои ҷазиравӣ – Сингапур, Индонезия, Бруней, Тимори Шарқӣ ва Филипин шомил мебошанд. Қисмати ҷанубии нимҷазираи Малака ва қисмати шимолии ҷазираи Калимантанро (Борнео) Малайзия ишғол намудааст.
Ин минтақаро Чини Ҷанубӣ, Ҳиндустони Шарқӣ, Гвинеяи Ғарбӣ ва Австралияи Шимолӣ иҳота кардаанд ва ба фазои кушоди баҳриву хушкӣ дастрасии хуб доранд. Наздик будан бо кишварҳои Чин ва Амрико боиси эҷоди имконоти вижаи тиҷоратӣ барои онҳо шудааст ва тамоми минтақа аз фазилати бархе аз кишварҳо, ки аз шарикони тиҷории ин минтақа маҳсуб мешаванд, баҳра бурдаанд.
Солҳои охир дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ як услуби нави ҷуғрофиёи сиёсӣ ташаккул ёфтааст, ки дар натиҷаи рақобати Чин ва Иёлоти Муттаҳида ба вуҷуд омадааст. Тибқи гузориши Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар соли 2016 беш аз нисфи ҳаҷми содирот ва воридоти ҷаҳонӣ дар се минтақаи асосӣ сурат гирифтааст, ки ба онҳо Иттиҳодияи Аврупо, Ассотсиатсияи тиҷоратии озоди Амрикои Шимолӣ (NAFTA) ва Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (ASEAN) шомиланд [11]. Аз ин омор метавон хулоса кард, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳамчун як ниҳоди мустақил бо истифода аз захираҳои худ тавонистаанд дар байни абарқудратҳои тиҷоратии ҷаҳон нақши ҳалкунанда дошта бошанд.
Бо баррасии макростратегияҳо дар бахши тиҷорати Сингапур, мо дарёфтем, ки ин кишвар пас аз як муддати кӯтоҳи воридот барои саноати ба содирот нигаронидашуда, ки аз сармоягузории ширкатҳои фаромиллӣ вобаста буд, озод гардад. Пас аз як даҳсолаи фаъолияти ширкатҳои саноатӣ (асосан саноати васлкунии қисмҳои электронӣ) ва навсозии сохтори саноати кишвар, ширкатҳои фаромиллӣ ба фаъолиятҳои дорои арзиши иловашуда равона карда шуданд ва саноати Сингапурро махсус гардонида, ба сохтори бозори ҷаҳонӣ муттаҳид гардиданд [12]. Албатта, Сингапур танҳо аз як шаҳр ва якчанд ҷазираҳои мустақил иборат аст, ки он як кишвари хурди муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо аҳолии зиёда аз 650 миллионаи худ, чаҳорумин шарики тиҷоратии Амрикост. Барои дар ин минтака нигоҳ доштани мувозинат дар солҳои наздик имконоти муфид ё душвориҳои ҷиддӣ барои сиёсати берунаи ИМА хоҳад шуд. Манзур ин аст, ки Амрико бо дарназардошти манофеи Хитой ва ҳар як мамлакати Осиёи Ҷанубу Шаркӣ то чӣ андоза муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар минтақа хоҳад дошт. Баҳри Чини Ҷанубӣ як ҷузъи пойгоҳҳои стратегии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва уқёнуси Ором маҳсуб мешавад ва дар таъмини амният дар минтақа нақши муҳим дорад. Сиёсати ИМА дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва уқёнуси Ором бар тавозуни қудрати фаъолони минтақавӣ тавассути эҷод, таҳким ва тавсияи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақа асос ёфтааст. Ин равиш, яъне кӯшиши эҷоди як меъмории сиёсӣ, иқтисодӣ-амниятӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба назар мерасад дар солҳои оянда тамоюлу шиддати худро афзоиш хоҳад дод.
Иёлоти Муттаҳида ва Чин солҳои охир равобити дар бахшҳое чун сиёсати хориҷӣ ва тиҷорат аксаран муташанниҷ гаштааст. Дар давоми солҳои гузашта ҳукумати Амрико бо кӯшиши вусъат додани муносибатҳо бо мамлакатҳои ин минтақа, аз ҷумла бо Бирма, Ветнам ва Филиппин ва муқаррар намудани иттифоқҳои стратегӣ бо баъзе давлатҳо, аз ҷумла Индонезия, як тартиботи нави амниятиро ташкил кардааст, ки он аз ҷиҳати тиҷоратӣ ва иктисодӣ фоидаи калон меорад. Тартиби нав, ки ба манфиатҳо ва ҳадафҳои муштарак асос ёфтааст, ба рушди ҳамкориҳои дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии кишварҳои мавриди ҳадаф ва муқовимат бо чолишҳои дар минтақа мусоидат мекунад. Қисми ҳадафҳои ин тартиботи нав тағйир додани рафтор ё нигоҳ доштани Чин дар минтақа, назорат бар бозори тиҷорат ва иқтисодиёти рушдёбандаи минтақа ва дар ниҳоят таҳкими мавқеи Иёлоти Муттаҳида дар соҳаи нақлиёти баҳрии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.
Низоъҳо ва тафовутҳои тавонмандӣ байни фаъолон дар минтақаҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ аз як тараф ва рақобат байни фаъолони фароминтақавӣ аз ҷониби дигар дурнамои ояндаи муносибатҳои Чину ИМА-ро мушкил кардааст. Ҳатто шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнуси Ором, рақобат ва нобаробарии манфиатҳои бозингарон дар минтақаи зикршуда, боиси печида шудани тамоюлҳои ояндаи сиёсӣ-амниятӣ гаштааст [13]. Дар ин сурат рафтори кишварҳои пешрафтаи минтақа бештар ба устувории сиёсати тиҷоратӣ ва пулии Амрико вобаста хоҳад буд. Зеро ҳар кадоме аз онҳо нишон доданд, ки бо ваҳдати бесобиқаи худ низоми тиҷорати ҷаҳониро ба нафъи Чин ва ё кишварҳои дигари осиёӣ тағйир диҳанд ва онро метавон дар занҷираи таъминоти ҷаҳонӣ як меъёри нав арзёбӣ кард.
Хулоса, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо пешрафти худ ба маркази тиҷорати ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо далели рушди босуръати иқтисодӣ ба истеҳсолкунандаи минтақавӣ ва маркази илму фановарӣ табдил ёфтааст. Васеъ ва амиқтар кардани иқтидорҳо дар соҳаи илм, технология ва инноватсия ба як қатор кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ имкон дод, ки аз он истифода намуда, иқтисодиёти худро баланд бардоранд ва фоидаи калон ба даст оранд. Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳарчи бештар ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид мешаванд ва ба сохтори тиҷоратии минтақа ва ҳатто ба ҷаҳон таъсир расонида, бартарии худро дар соҳаҳои муайяни саноат мустаҳкам кардаанд. Ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми ММД кишварҳои минтақа ба ҷадвали 2 нигаред.
Тибқи дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, то соли 2050 шоҳиди тағйироти ҷиддие дар ҳайати қудратҳои олии иқтисодии ҷаҳон хоҳем шуд ва иқтисодиёти кишварҳои дар ҳоли рушд, ба мисли Индонезия, ки дар минтақа нақши муҳим дорад, дар қатори 10 қудрати иқтисодӣ ҷой хоҳад гирифт. Муқоисаи ММД-и номиналии кишварҳо ва пешгӯии онҳо нишон медиҳад, ки то соли 2050 иқтисоди Индонезия дар ҷаҳон пас аз Чин, Амрико ва Ҳиндустон дар ҷои чорум қарор мегирад ва ин масъала шакли нави тақсими сарватро дар ҷаҳон нишон медиҳад [14; 18].
Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо назардошти тамоюлҳои нав ва шароити эҷодшуда, дар ҷустуҷӯи саноатикунонӣ (индустриализатсия) ва ба даст овардани сарвати бештар ҳастанд, ки майли онҳоро барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ равона кардааст. Аз ин рӯ, бо идомаи ҳамкориҳо ва мавҷуд будани шароити мусоид дар минтақа, беҳтарин кишвари намуна дар баробари Чин барои онҳо ИМА аст. Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик, агар монеае эҷод нагардад, ҳаҷми содироти ин кишварҳо ба ИМА афзоиш меёбад ва кишварҳое чун Малайзия ва Индонезия низ дар мисоли Чин дар мавриди содирот чунин вазъро қабул хоҳанд кард.
Воқеан, стратегияи Амрико нисбат ба кишварҳои ин минтақа бо назардошти нерӯи корӣ, аҳолӣ, содироти арзон ва ғайра ва бо ислоҳи сиёсати худ дар давраи муайян дар оянда вазъиятро беҳтар мегардонад ва ба мавқеъи Чин дар минтақа монанд мешавад. Барои мувозинати неруи фаъолони минтақавӣ дар солҳои наздик ба ин минтақа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Ин омил водор месозад, ки дар ояндаи дур кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ муносибатҳои дуҷонибаи худро бо ИМА нигоҳ хоҳанд дошт. Ба далели ҳаҷми бузурги содиротӣ минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барои Иёлоти Муттаҳида як обанбори хубе барои нигоҳ доштани доллар аст ва дар сурати эҳтимоли сар задани буҳрони иқтисодӣ метавон дар оянда қаноатмандии комили кишварҳои минтақаро ба даст оварад. Албатта, тибқи омори Вазорати молияи Амрико дар соли 2017, кишварҳои Ҳонконг, Тайван, Сингапур, Филиппин ва Таиланд пас аз Чин ба феҳристи кишварҳои қарздиҳанда шомил шудаанд ва набудани муомилоти молӣ ҳаҷми қарзи онҳоро ба доллар афзоиш додааст.
АДАБИЁТ
- World economic and financial surveys // Report for Selected Countries and Subjects: October 2021 / https://www.imf.org/en/Publications/WEO/weo-database/2021/October/weo-report?c=516,522,536,544,548,518,566,576,578,537,582,&s=NGDP_RPCH,NGDPD,PPPGDP,NGDPDPC,PPPPC,PPPSH,&sy=2021&ey=2026&ssm=0&scsm=1&scc=0&ssd=1&ssc=0&sic=0&sort=country&ds=.&br=1
- Jones, Gavin. the population of southeast Asia. Asian research institute. Singapore: National University of Singapore, 2013. pp. 3-15.
- Revision of World Population Prospects. Population Division of the Department of Economic and Social Affairs of the United Nations. 2015. https://esa.un.org/unpd/wup.
- Юго-Восточная Азия , Население https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%AE%D0%B3%D0%BE-%D0%92%D0%BE%D1%81%D1%82%D0%BE%D1%87%D0%BD%D0%B0%D1%8F_%D0%90%D0%B7%D0%B8%D1%8F
- The OECD and Southeast Asia. Innovation in Southeast Asia. https://www.oecd.org/southeast-asia/regional-programme/#d.en.433115
- EBD. Future of manufacturing of Singapore. Singapore: EBD, 2014.
- Chiat, Lee Chew. Singapore in 2065. Singapore: Deloitte & Touche LLP, 2015.
- World Bank. Data World Bank. World Bank. 2016. http://www.worldbank.org
- Иван Кушнир Сельское хозяйство Индонезии // https://be5.biz/makroekonomika/agriculture/id.html
- Статистика внешней торговли Малайзии https://trendeconomy.ru/data/trade_my/2709
- WTO. World Trade Statistical Review. Geneva: World Trade Organization, 2016.
- Lall, Sanjaya. Learning from the Asian Tigers. s.l.: Palgrave Macmillan UK, 1996.
- 13 Юго-Восточная Азия как зона столкновения интересов Китая и США // доклады риси // Проблемы национальной стратегии № 4 (49) 2018. С. 3-40.
- Economist Intelligence Unit. Long-term macroeconomic forecasts, Key trends to 2050. s.l.: The Economist, 2015.
- Central Intelligence Agency. Indonesia. The World Factbook // https://www.cia.gov/library/publications/the-world-factbook/geos/id.html
- PWC. The World in 2050, Will the shift in global economic power continue? s.l.: Pricewaterhouse Coopers (PWC), February 2015.
- United Nations, Department of Economic and Social Affairs, Population Division (2019). World Population Prospects 2019, Online Edition. POP/DB/WPP/Rev.2019/POP/F01-1.
- OECD. Looking to 2060: Long-term global growth prospects. s.l.: OECD, 2012.
ҚУДРАТЗОДА КОМРОН
н.и.т., мудири шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
СОҲИБИ БАҲРУЛО
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ