ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ
Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
- Мудири шуъба – 1 ҷой;
- Сарходими илмӣ – 2 ҷой;
- Ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;
- Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
- Ходими илмӣ – 1 ҷой;
Шуъбаи Осиёи Марказӣ
- Мудири шуъба – 1 ҷой;
- Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
Шуъбаи Аврупо ва Америка
- Мудири шуъба – 1 ҷой;
- Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
- Ходими илмӣ – 1 ҷой;
- Ходими хурди илмӣ – 2 ҷой;
Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
- Мудири шуъба – 1 ҷой;
- Ходими хурди илмӣ – 2 ҷой.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
Дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии сарходими илмӣ – шахсоне, ки дараҷаи илмии доктори илм ва доктор ҳабилитат доранд, иштирок карда метавонанд; ба вазифаи ходими пешбари илмӣ – шахсоне, ки дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос, ки на камтар аз 5 (панҷ) сол собиқаи кории илмӣ доранд; ба вазифаи ходими калони илмӣ – шахсоне, ки дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва ба таври истисно кормандоне, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон на кам аз даҳ сол собиқаи кории илмӣ доранд; ба вазифаи ходими илмӣ – шахсоне, ки номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва шахсоне, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва ҳадди аққали собиқаи кории илмӣ на кам аз 3 (се) сол дошта бошад; ба вазифаи ходими хурди илмӣ – шахсоне, ки номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва шахсоне, ки маълумоти олии касбӣ (магистр ё мутахассис) ва лаёқати пеш бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доранд.
Инчунин донистани яке аз забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла итолиёӣ, испанӣ, индонезӣ, даниягӣ, кореягӣ, ҷопонӣ ва хитоӣ ҳатмӣ мебошад.
Барои озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари Институт;
- варақаи шахсӣ (бо дасти худ пуркарда) бо 4 дона расми 3х4;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва унвони илмӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038 УЕ);
- дафтарчаи меҳнатӣ;
- варақаи ҷои истиқомат;
- маълумотнома дар бораи доғи судӣ;
- папка-файл;
- маълумотнома (CV);
- СИН ва РМА
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз баъди нашри эълон дар матбуоти даврӣ.
Телефон барои тамос: 221-03-40, 987-66-57-37.