Автор: Давлатова Фарида
Парчам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон буда, дар баробари Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод доранд. Аз ин ҷост, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он мебошад!”
Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз аҳамият ва ҷойгоҳи бузурги парчам дар ойини давлатдории халқу миллатҳо гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърихи тӯлонӣ дорад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ гузаштагони мо ҳанӯз 4000 сол муқаддам соҳиби парчам буданд, ки дар адабиёти қадимаи мо он бо номи дирафш ёд мешавад. Дирафши ковиён нахустин парчамест, ки дар ривоёти асотирӣ, порчаҳои манзуми паҳлавӣ ва достонҳои адабиёти классикӣ, хусусан асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ – “Шоҳнома” аз он ба маротиб ёд шудааст.
Дирафши Ковиён то замони инқирози давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони мо буд. Чуноне ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо низ дирафши хоси худро доштаанд, ки бо рамзҳои ба худи паҳлавонон хос зинат дода мешудааст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона аз рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст, ба хотираи ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо намудаанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчамҳо дар Чини қадим, Мисри қадим ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Дар китоби муқаддаси ниёгони мо “Авасто” дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст.
Дар таърихи муосир парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Моҳи феврали соли 1947 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тавсия дод, ки парчамҳои давлатии худро шабеҳ ба парчами Иттиҳод қабул кунанд.
Парчами давлатии Тоҷикистон пас аз расидан ба Истиқлолият, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид. Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Ҳамчун рамзи эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намуданд ва инак 14 сол мешавад, ки ин ҷашни давлатӣ дар кишвари сиҳибистиқлоламон бо меҳру муҳаббати ватандӯстона ва шукӯҳу шаҳомати хосса дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо дарназардошти аҳамияти фавқулоддааш дар таҳкиму таблиғи ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ваҳдату ягонагии тамоми мардуми Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе, дар паҳлӯи Қасри Миллат парчами Тоҷикистон дар пояи баланд барафрохта шуд. Баландии он 165 метр буда, баландтарин пояи парчами давлатӣ дар ҷаҳон мебошад, ки дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шудааст ва назираш дар дунё дида намешавад.
Тавассути парчам натанҳо кишварҳоро дар арсаи ҷаҳон мешиносанд, балки парчам ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва омили ифтихорофарини давлату миллатҳо дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва мусобиқоти варзишии бонуфузи бийналмилалию минтақавӣ барафарохта мешавад.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо буда, ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва ифтихор аз рамзҳои давлатии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.
Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст !”
Имрӯз мо ҳамчун насли ояндасози Ватан вазифадорем, ки дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якҷон муттаҳид гардида, ба ормонҳои миллии ниёгони хеш содиқ монда, эътибори Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Давлатова Фарида,
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик