Пешвои миллат ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, феномени беназири сиёсии Роҳбари тоҷикони ҷаҳон - Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кӯтоҳ давлати миллии тоҷикон дубора эҳё шуд ва шиддати ҷанги бародаркӯши шаҳрвандӣ дарҳам шикаст ва ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид.
Дар ин замина Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмиллалиро ҷиҳати фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод [2, 358-369].
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон  робитаҳои дипломатӣ барқарор кард ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфт ва дурнамои он дар ҷараён аст.
Ҷаноби Олӣ дар Паёми соли 2021 қайд намуданд, ки “Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд” [3].
Хидматҳои шоистаи Роҳбари давлат буд, ки кишвари мо ҳадафҳои дарозмуддати стратегӣ, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда шуд.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст, ки ин ҳам аз сиёсати муваффақи хориҷии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ аз ҳадафҳои вижаи Роҳбари тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад. Ҳамагон шоҳиди он будем, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дошт ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро раисӣ мекард ва яке аз масъалаҳои муҳимми ин нишаст роҳи ҳалли мушкилоти тоҷикони Афғонистон буд, ки раисиҷумҳур барои нуфуз ва мавқеъи тоҷикони Афғонистон пофишорӣ мекард ва дар ниҳояд аз ҷониби аъзои ин созмонҳо пешниҳоду ташаббусҳои Президенти маҳбуби мо хуш пазируфта шуд.
Пешвои миллат ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст. Ҷаноби Олӣ ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар ин замина, ӯ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси сиёсатмадори ҷаҳонӣ пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.
Тавре ки борҳо ӯ таъкид мекунад ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.
Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Ва чигунае, ки зикр гардид масъалаи сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон яке аз масоили мубраму ҳассос ба ҳисоб меравад ва ҷойгоҳи тоҷикони ин кишвар бояд назаррас бошад ва ин ҳолат мо тоҷикон ва хусусан раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар канор гузошта наметавонад. Аз ин рӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки Ҳукумати Афғонистон аз ҳама қавму халқиятҳо ташкил карда шавад, вагарна ҳукумати мардсолоронаи имрӯзаи таъсисдодаи Толибон, ки ҳуқуқи занонро поймол кардааст, дер намепояд.
Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла бо Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо, Шарқи Миёнаву Наздик ва Амрикову Аврупо, ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ ва дурбинонаи раисиҷумҳур аст.
 Роҳбарияти ҷумҳурӣ бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои рӯз, давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро таҳрезӣ намуд. Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти дипломатӣ» аз ҷумлаи онҳост, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат дар ин давра таҳия ва эҷод гардиданд. Сарвари давлат ишора намуданд, ки «Дар вақти таҳия сохтани консепсияи сиёсати берунаи кишварамон мо бояд ба назар бигирем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳқими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад, Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад, фазои зисту амали давлатҳои форсизабон, доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ, ҷомеаи байналмилале, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд» [4, 20]. Мутобиқи нишондод ва ҳидояти Сарвари давлат Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли 2002 ва Қонун «Дар бораи хадамоти дипломатӣ» 2 декабри 2002 ба тасвиб расид. Дар Консепсия моҳият, мундариҷа, дурнамоии сиёсати хориҷӣ ва самтҳои авлавиятҳои он инъикос меёфтанд. Дар он ҳифзи манфиатҳои миллӣ, самтҳои афзалиятҳо, минтақаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои шарик ва дуру наздик ва дигар масъалаҳои муҳими роҳандозии сиёсати байналмилалии кишвар муайян гардида буд. Мутобиқ ба ин Консепсия бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва вазъи кунунии ҷаҳонӣ Президенти мамлакат, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шуруъ аз соли 2003 сиёсати «дарҳои боз» эълон намуд, ки ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷӣ аст. Сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар тӯли солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд. Барқарор ва рушди мутавозини робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад. Стратегияи «дарҳои боз» имкон дод, ки кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ ба кишвари мо ба ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ҷалб карда шуда, як қатор лоиҳаи муҳими иқтисодӣ, энергетикӣ, инфросохторӣ таҳия ва татбиқ гардидаанд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоидро фароҳам сохтанд.
Сиёсати  «дарҳои боз» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст. Чунин сиёсати созанда ва муваффақ дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад.
Дар даврони истиқлолият яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, тарғиб ва ташвиқи ғояҳо ва арзишҳои олии инсонпарваронаи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ба василаи тарғиби арзишҳои воло, асолат ва маърифати исломӣ, доир намудани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ доир ба мероси мутафаккирони Аҷам - Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам Тоҷикистон тавонист асолати аслии исломро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар ҷаҳони ислом мавқеи сазовор ва арзишмандеро дастёб гардад [2, 361-362].
  Имрӯз аҳли башар ба кишварҳои олам ба таҳдидҳо ва хатарҳои нави аср рӯ ба рӯ гардидаанд. Қисме аз сиёсатмадорони ғарб зуҳури терроризмро ба дини мубини ислом мепайванданд. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризмро қотеъона маҳкум намуда, ба ҳимояи дини ислом бархеста аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ борҳо хитоб намуданд, ки «ислом ба терроризм ҳеҷ алоқаманд нест, террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва терроризмро ба ислом пайвастан дуруст нест ва ҳама кишварҳои олам бояд якҷоя, муташаккилона бо ин вабои аср мубориза баранд» [4]. Дар ин росто Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таъсиси маркази мубориза бо терроризм дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад, ки он фаъолона амал мекунад. 
  Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои анқариб 50 созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст. Намояндагиҳои ҷумҳурии мо дар СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ғайра фаъолона ширкат варзида, ҳузури худро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вусъат мебахшад. Ҳамчунин Тоҷикистон дар ин давра санадҳои муҳимтарини байналмиллалӣ аз ҷумла Ойинномаи СММ (соли 1945) Санади хотимавии Хелсинки (соли 1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948) Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, (соли 1948) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ мешуморад.
Ташаббусҳои оқилона, озмудашуда ва мутавозини Пешвои миллат дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё роҳбарон ва сарварони Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Япония, Австрия, Полша, Венгрия, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон ва ғайра ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ, муншиҳои умумии СММ Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антонио Гутериш ва дигарон ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва мавқеи рузафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ илм ва олимонро низ дар мадди назар гузошта, дар тамоми ҳамоишҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ муҳаққиқони хориҷиро ба Тоҷикистон даъват мекунад, то ба чашми сари хеш рушд, пешрафт, инкишоф, тараққӣ ва мудернияти кишвари моро бубинанд ва аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик бохабар гарданд, ки ин арҷгузории Роҳбари кишвар нисбат ба илм ва олимон мебошад.  
Заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳиҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист [2, 368-369].
Барои тоҷикони кулли ҷаҳон мояи ифтихору сарафрозист, ки чунин Пешвои баҳиммат ва кордон имрӯз Тоҷикистони моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, бо сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷӣ муносибатҳои башардӯстона ва инсонпарваронаро бо кишварҳои олам ба роҳ монд ва инчунин густариши ҳамкориҳо ва дурнамои он низ бо ҳазорон орзӯҳо ба роҳ монада хоҳад шуд.

                            Адабиёт:
  1. Аслов С. Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ. Сиёсати хориҷӣ, №2, 2016.–С. 3–11.
  2. Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо. Тоҷикон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо // Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузор ва раҳнамои сиёсати муваффақи хориҷии Тоҷикистон. – Маводи Симпозиуми байналмилалии илмӣ. – Душанбе: Дониш, 2021. – С.358 – 369.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», http://www.president.tj/node/25005.
  4. Раҳмонов Э.Ш.Тоҷикистон:чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ. Душанбе,1995. – С. 20.
  5. Эмомалӣ Раҳмон.-Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ.-Д.,1995.-С.187.
  6. Раҳмон Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён.Душанбе: Ирфон, 2009. — 704 с.
 
Зиёев Субҳиддин Насриевич,
номзади илмҳои филологӣ, мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД