Автор: ИИПСАЕ
Барои рушд ва тавсияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат доштани Истиқлолият ва таҳкими равобитаҳои байни давлатҳо шарти асоси ба шумор меравад.
Барои тақвият ва таҳким бояд ҳамаи онон талош намоянд, то ба мақсади асосии худ ноил гарданд. Дар ин масир бояд, ҳар яке аз онҳо барномаҳои афзалиятноки худро ба таври ду ҷониба, сеҷониба ё муштарак анҷом бидиҳанд.
Инҷо мехоҳем, назаре ба ҳамкорӣ ва равобити кишварҳои Осиёи Ҷануб-Шарқ ва Осиёи Миёнаро баррасӣ намоем, то имконот ва тавоноиҳои номакшуфи ин манотиқ бароямон равшантар гардад.
Бояд дониста шавад, ки Осиёи Ҷанубу Шарқ аз ҷумла кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Чин аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна хусусан бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон пайванди сарҳадӣ дошта, минтақаро ба уқёнуси ҳинд васл мекунад ва лизо таҳким ва рушди равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратии он аз барномаву лоиҳаҳои умдаи ин минтақа арзёбӣ мешаванд.
Қабл аз ҳама бояд қайд кард, ки Осиёи Миёна баъд аз фурӯпошии шӯравӣ дар санаи 1991 аввалин маротиба вориди ҷаҳон гашт. Аз ҳамон сана инҷониб ин минтақа аҳамияти стратегии худро дар шарқу ғарб нишон дод.
Мавҷудият ва мавқеи ҷуғрофӣ ва сиёсии ОМ, бо бозкушоии масирҳои тиҷоратии он бо манотиқи ОҶШ кумак мерасонад.
Лизо лоиҳаи "даҳлези иқтисодии Чину Покистон" яке аз барномаҳои муштараки иқтисодии ин манотиқ мебошад, ки тавассути амалисозии он масири тиҷоратии онҳо тавсиа ва рушд меёбад. Дар ин росто лоиҳаи мазкур аҳамияти муҳими тиҷоратӣ дошта, аз ҷониби роҳбарони ин кишварҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст ва амалисозии он имконоти нави иқтисодиро дар пайвасти роҳи тиҷоратии Қазоқистон, Қирғистон ва Тоҷикистон, ки бо Чин, Узбекистон ва Туркманистон марзи мустақим доранд, мепайванд. Дар ин масир тамоми роҳҳо аз самти Покистон ба ОМ тавассути масири Кобул ё долони Вохон дорои хат сайри муштараки тиҷоратии қадимӣ мебошанд, ки дар минтақа ҳамто надорад. Ва лизои бозсозии ин масири тиҷоратии таърихӣ ба манфиати иқтисодӣ тамоми кишварҳои минтақа буда, симои аслии Роҳи Абрешимро дубора зинда мегардонад.
Лоиҳаи "Даҳлези иқтисодии Чину Покистон" василаи навест, ки тавассути он ОМ бо тамоми ҷаҳон дар фурсати кӯтоҳ ва муносиб тавлидот ва содироти худро ба ҷаҳон мерасонад, ки бо истифода аз бандари "Гводар"-и минтақаи Балучистон ба самти Қирғистон пайваст шуда, манфиати иқтисодӣ ба кишварҳои ҳамсоя ва ҳаммарз меорад.
Оид ба аҳамият доштани ҳамкорӣ ва таҳкими рушди иқтисодии лоиҳаи мазкур ахиран як семинаре таҳти унвони "Покистон-манбаъи имконот барои кишварҳои Осиёи Миёна" дар соли ҷорӣ дар шаҳри Исломободи Покистон баргузор шуд. Дар семинар таҳлилгарони минтақа бо гузоришҳои илмӣ баромад намуда, арзиш ва манофеъи иқтисодии минтақаҳои ОҶ ва ОМ баррасӣ карданд, амалисозии онро ба рушди иҷтимоии ҳамаи кишварҳо аз ҷумла Чин низ медонанд.
Дар ҳошияи ин семинар ҷаноби Мамнун Ҳусайн раиси ҷумҳури Покистон суханронӣ карда, таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаи "Даҳлези иқтисодии Чину Покистон" аҳамияти стратегӣ дошта, равобит ва роҳи бастаи кишварҳои ОМ бо кишварҳои ҷаҳон боз мекушояд. Тавассути ин лоиҳа роҳи кӯтоҳ ва осони иртиботӣ аз бандаргоҳи Гводар ба минтақаи Қирғиситон чун масири ягонаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ арзи вуҷуд мекунад, ки ба ҳамаи минтақа манфиати рушди иҷтимоӣ меоварад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи дигар роҳбарон низ мавриди баррасӣ гардид, аз ҷумла вазири рушд ва банақшагирии Покистон ҷаноби Аҳсан Иқбол ба ин нуқта ишора карда, чунин гуфт "Покистон ва Осиёи Миёна аз ин лоиҳа манфиати хуб ба даст оварда, аз серсохтор ва барномаҳои он истифодаи тиҷоратии минтақавӣ пайдо мекунад".
Дар ин масир лоиҳаи дигар ба монанди масири тиҷоратии Пешовар-Кобул- Тоҷикистон ва Кувейта-Ҳирот ва Туркманистон низ ба нақша гирифта шудааст, ки ба манфиати минтақа ва аз ҷумла кишвари Руссия тамом мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳамаи кишварҳои ОМ ба амалишавии лоиҳаи мазкур хушбин буда, метавонанд аз дороиҳои худ ба мисли газ, нафт, тилло ва дигар маводҳои дар саноати он сармоягузорӣ кунанд. Аксари коршиносон ба он назаранд, ки созишномаҳои дуҷонибаи ахири Руссия ва ОҶ далели субути он метавонад бишавад.
Кишварҳои Осиёи Миёна, ки роҳи озоди тиҷоратии баҳрӣ надоранд, тавассути амалисохтани ин лоиҳо, метавонанд ба тамоми ҷаҳон аз ҷумла уқёнуси ҳинд бипайванданд. Ва ба итмом расондани масири роҳи оҳани Чину Покистон, сабаби роҳ ёфтани Тоҷикистон ба баҳр мегардад.
Аммо барои таҳким ва устувории лоиҳаи мазкур ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ байни кишварҳои ОҶ ва ОМ хело муҳим буда, бидуни он натиҷаи дилхоҳ ба даст нахоҳад омад. Аз тарафи дигар Ҳиндустон кишварҳои ОМ чун "наздикони берунии мо" ва "ҳамсоягони замимашуда" шинохта, равобитро бо ин манотиқ аз авлавиятҳои барномаи худ медонанд. Барои амалисозии лоиҳаи "Даҳлези иқтисодии Чину Покистон" ягона роҳ ин ҳамгироии дарунии кишварҳои зи дахл аз ҷумла Покистон ва Ҳиндустон ҳатмӣ буда, натиҷаи мусбатро дар минтақа нишон хоҳад дод.
Ва то андозае дар ин масир Ҳиндустон қадамҳои неки худро гузошта, амалисозии лоиҳаи "бандари Чоҳбаҳор" ки ба нафъи ОМ ва ОҶ аст, оғоз кард. Бояд қайд кард, ки ин лоиҳа зиёдтар ба фоидаи кишвари Афғонистон буда, татбиқи он кишварро азбӯҳрони иқтисодӣ мебарорад.
Тибқи баъзе сарчашмаҳо кишвари Чин, ки таърихи қадима ва таҷриби хуби иқтисодӣ дорад, барои таҳким ва ҳакгироии кишварҳои ОҶ ва ОМ талошҳои пайваста карда, дар амалисозии лоиҳаиҳои иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии онон ҳамкорӣ карда, аз пешравиҳои ҳамгироии минтақавӣ хушбин аст.
Як нуқтаро бояд қайд кард, ки минтақаи Осиё дар асри 21, яке аз бозингарони асосӣ ба ҳисоб рафта, 52% саҳмияи худро дар ММД ҷаҳон мерасонад. Ва лизо кишварҳои ОҶ аз ҷумла Покистон дар даҳлез ё остонаи се минтақа яъне ОМ, Чин ва ОҶ қарор дошта, метавонад чун мадори геополитикӣ дар Осиё нақш биофарад ва талош дорад, то дар радифи 25 калонтарин кишварҳои иқтисодии ҷаҳон низ шомил гардад.
Хулоса метавон чунин арзёбӣ кард, ки сармояҳои асоси кишварҳои ОМ аз ганҷинаҳоеанд, ки лоиҳаи мазкурро маблағгузорӣ карда, равобити иқтисоди аз ҷумла тиҷоратӣ ва минтақаро дар оянда таҳким бахшанд.
Мирсаид Раҳмонов
Ходими калони илмӣ
Манобеъ
https://www.thenews.com.pk/print/323064
http://www.cpecinfo.com/news/cpec