Рӯзи илми Тоҷик

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Аввалан, ман, Рӯзи илми тоҷикро ба аҳли илм табрик гуфта, барояшон комёбиҳо орзу менамоям. Боварии комил дорам, ки илми тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон барои таҳкими асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар хидмати арзанда карда истодааст, вазифаи пурифтихори худро дар назди халқу Ватани азизамон бо сарбаландӣ иҷро менамояд.
  Мавриди зикр аст, ки саҳми олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ, аз ҷумла тарғиби масъалаҳои илмӣ, дастовардҳо ва ҷаҳонбинии илмӣ, дастгирии сиёсати давлатӣ оид ба мустаҳкамсозии сохти демократию дунявӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми динӣ назаррас буда, мунтазам вобаста ба мавзӯъҳои муҳим барномаҳо, суҳбатҳо бо ҷалби онҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ пешниҳоди хонандагону тамошобинон ва шунавандагон гардонида мешаванд.
  Мехоҳам, қайд намоям, ки саҳми олимони тоҷик дар сиёсати давлатӣ ба рушди илму техника беназир аст. Аз ҷумла, саҳми Фарҳод Раҳимӣ, Улмас Мирсаидов, Мамадшо Илолов, Раҳим Масов, Мӯсо Диноршоев, Хаёл Додихудоев, Акбаршо Искандаров, Муҳаммад Абдураҳмон, Шоназар Шоисматуллоев, Мирганд Шаҳбозов, Муҳиба Яқубова, Гулчеҳра Қаҳорова, Хикмат Муминов, Мардонӣ Тоҷиддин ва дигар кормандону олимони ҷавоне, ки имрӯз даст ба илм зада истодаанд, назаррас мебошад.
  Натиҷаҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳо дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, масъалаҳои об, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт, демография ва ҳуқуқ ба даст оварданд, аз қобилияту имконоти зиёди илми тоҷик шаҳодат медиҳанд. Бештар аз 300 коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд, ки бештари онҳо ҳоло дар корхонаву муассисаҳои мамлакат истифода мешаванд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимони соҳаи ҷомеашиносии Академияи миллии илмҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар нақши муҳим доранд.
  Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илм. Дар самти илм таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020” аз 30 майи соли 2015, №354, “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», ”Барномаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020” “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
  Гузашта аз ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфт ва баъд аз тасдиқи Низомномаи муассисаи мазкур ибтидо аз сентябри соли 2015 бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос шурӯъ гардид. Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, то таъсиси ин муассиса олимони кишвар барои дифои рисола ва гирифтани унвони илмӣ такя ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Федератсияи Россия  мекарданд. Ва мутаасифона бисёр ихтисосҳо аз сабаби кам будан ва ё надоштани мутахассис Шӯрои дифоъ дар кишвар вуҷуд надошт аз ин сабаб кормандони илмӣ (муҳаққиқон) барои дифои рисолаҳои илмӣ ба хориҷӣ кишвар, аз он ҷумла ба Федератсияи Россия, Белоруссия, Украина, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо мерафтанд. Барои ин ҳам вақти зиёд ва маблағи калонро сарф мекарданд. Хушбахтона бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушкилотро бартараф кард. Имрӯз олимони тоҷик имкон доранд, ки дар ихтисоси интихобкарда ва бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ кунанд ва соҳиби унвони  илмӣ гарданд.
  Ногуфта намонад, ки хушбахтона 14 уми апрели соли 2021 шабакаи телевизионии Тоҷикистон ТВ Илм ва табиат бахшида ба рӯзи илми тоҷик дар Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Таъсиси телевизиони мазкур бо Қарори Ҳукумати Точикистон аз 30 июни соли 2020 тибқи “барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021—2025» тасдиқ гардид. Дар баробари ин, Қарори Ҳукумати мамлакат "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида буд.
  Тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабакаи ТВ Илм ва табиат нашр мешаванд, ҳама ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд.”
  Аз ҷумла, «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака пешниҳод мешаванд.
  Минбаъд ҳамаи чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар олимпиадаҳо тариқи ин телевизион пахш карда мешавад.
  Бори дигар, тамоми шаҳрвандони кишвар махсусан кормандони бахши илмро самимона ба ин рӯзи саид табрик мегӯям. Умедворам, ки илми муосири тоҷик боз ҳам бештар рушд намуда, дар раванди эҷоди давлатсозии миллии мо, таҳкими сулҳу субот, рушди устувор ва некӯаҳволии мардумон саҳмгузор хоҳад буд.
 
Дороншоева Н.Ш.
н.и.сиёсӣ, мудири шуъбаи
Осиёи Марказӣ

НАЗАД