Автор: Рахмонов Мирсаид
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Тоҷикистони имрӯза дар давоми беш аз 30 соли Истиқлолият аз зинаҳои поёнии давлатдории миллӣ ба зинаҳои баланд расида, дар партави Ваҳдати миллӣ сиёсат, саноат ва иқтисоду тиҷорати худро таҳкиму тавсеа бахшида, робитаашро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон барқарор сохт. Имрӯз Тоҷикистон мақоми хосаи худро дошта, дорои адабиёту забон ва фарҳанги қадиму бостонӣ ғанист, ки омӯзишу шиносоии он хело муҳим арзёбӣ мегардад.
Тавсифу таърифи Тоҷикистон ва осори бузургони адабу ходимони давлатии он аз ҷумла аз Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва Президенти имрӯзаи кишвар Эмомаль Раҳмон пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад. Тоҷикситони имрӯза бо минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ дорои пайванди ҷуғрофӣ дошта, дар чаҳорчӯбаи созмону ташкилотҳои минтақавиву байналималӣ ҳамкории дипломатӣ дорад.
Санаи 16-уми ноябр Рӯзи Президент дар Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 2016 аввалин маротиба қадрдонӣ шуда, таҷлил гардид. Моҳи апрели соли 2016 Қонун дар бораи таҷлили Рӯзи Президент аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид. Маҳз 16-уми октябри соли 1994 аввалин инаугуратсияи президенти навинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар воқеъ тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, мактаби Сулҳу созандагӣ ва солимандеширо ба вуҷуд оварданд. Тоҷикистон имрӯз дар роҳи рушди устувор ва босубот қарор дошта, бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Дар ин зимн, санаи 14.11.2023 дар "Маркази омӯзиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат"-и АМИТ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз нишасти илмиро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар замони муосир дар дилхоҳ давлат ба Президенти кишварҳо ва нақши ӯ дар таҳия ва роҳандозии сиёсати дохиливу хориҷӣ эътибори хосса медиҳанд.
Сипас директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор Фарангис Шарифзода маърӯзаи илмӣ пешниҳод сохт.
Ҳамин тариқ, дар мавзуи "нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳангнигории тоҷик" доктори илмҳои филология, забоншиноси шинохта Сайфиддин Назарзода сухан намуда, иброз дошт, ки китоби "Забони миллат - ҳастии миллат" имкон медиҳад моро, ки нақши Пешвои миллатро дар такмили фарҳанг ва тақвиятёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳор кунем.
Ҳамин тавр, ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзуи "Эмомалӣ Раҳмон-мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик" маърӯза кард ва дар анҷоми ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким шеъри "Номаи фахру сипос”-ро қироат карда, сипосгузории хешро аз роҳбари соҳибтафаккур изҳор намуд.
Дар партави ин мактаби сулҳу созандагии Пешвои Миллат муҳаққиқони Институти Осиё ва Аврупо дар бораи шахсияти Президент ва нақши ӯ ҳифзи кишвар ва муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мақолаҳои илмиву оммавӣ навишта аз ин санаи таърихӣ пайваста арҷгузорӣ мекунанд. Дар мақолаҳо донишмандону муҳаққиқони Институти Осиё ва Аврупо симову чеҳраи воқеии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳозирин бештар муаррифӣ карда, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олиро барои пешниҳоди чунин фарзанди фарзонаи миллат аз беҳтарин дастовардҳои замони Истиқлол ҳисобиданд. Бозгашти фирориён, қатъи ҷанги таҳмилӣ, суботи сиёсӣ, таҷлил аз бузургон, таъмиру таъмини макотибу дабистонҳо ва муаррифии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар аз муҳимтарин нақшу корнамоиҳои Президент арзёбӣ мегардад. Дар ин зимн, аз ҷониби нашриёти “Дониш”-и АМИТ китоби “Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир” дар ҳаҷми 168 саҳифа нашр гардид. Китоби мазкур иборат аз феҳристи ихтисорҳо, муқаддима, 3 боб ва хулосаву рӯйхати адабиёт буда, муаррифии Тоҷикистони муосир ва равобити байналмилалии он бо зикри аҳамияти геополитикии минтақа ва дурномаи кишвар дар ҳаллу кашфи масоили мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва адабу фарҳанги мардуми тоҷик саҳми арзанда дошта, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шудааст. Дар муқаддимаи китоб муаллиф Азимҷон Раҳмонзода чанд нуктаи муҳим оид ба низоми муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти кишвар ва дурнамои он ишорат карда, мавзуъро хело кашшофона таҳқиқу баррасӣ намуда, бо далелу аснодҳо аз дипломатия ва сиёсати хориҷӣ нақл кардааст.
Муаллиф замони Истиқлолро дар таърихи Тоҷикистони навин давраи худшиносии миллӣ дониста, муносибату ташаббусҳои баёналмилалии кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ мекунад. Ин ҳама пешқадамиҳо дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар аз ҷумла Президенти кишвар роҳҳу восита ва заминаҳоро дар озодӣ, ободӣ ва оромии Тоҷикистон поя мегузорад, ки муаалиф тамоми рушду нумуи онро воқеъбинона тасвир намудааст.
Ҳамин тариқ, воқеаҳои даврони озодихоҳӣ ва кашмакашҳову муборизаҳои мардуми кишвар дар эҷоди Ваҳдати миллӣ ва худшиносӣ бозгӯӣ шудаанд, ки муаллиф дар китоб онро бо мисолҳои хуб пешниҳоди хонанда кардааст.
Миллати мо ифтихор аз он мекунад, ки дар худ фарзандони фарзонаеро тарбият кардааст, ки ояндабин ва дурандеш буда, дар ҳама ҳолот талош кардаанд, ки халқу ватани худро аз вартаи ҳалокат раҳо дода, дасисаву макри душманони ватанро ошкор созанд, то мардуми кишвар роҳи дурусту устуворро пеша карда, аз паси макру ҳиллаи нохалафони дохиливу хориҷӣ нараванд ва ё ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ таъкид менамояд, ки роҳбари дилсӯзу хирадманд касест, ки ҳамеша ба Ватану миллат хидмат мекунаду барои озодиву оромиву ободии он саҳм мегузорад.
Барои мо ифтихор аст, ки ин фарзанди фарзонаи миллат бори дигар бо кӯмаки мардуми шарифи кишвар ва дуои модарону падарони меҳрубон бори дигар чун сарвари давлат интихоб ва пешниҳод гардид. Боварӣ дорем, ки талошу муборизаҳо барои ҳифзу нигаҳдории ватан зери роҳбарии ин шахси ботаҷриба бори дигар мақому симои кишварамонро, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон чун кишвари соҳибфарҳангу мутамаддин шинохта шудааст, болотар хаҳад бурд.
Ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои хуби роҳбари давлати Тоҷикистон дар даврони 31 соли Истиқлолият аз ҷониби тамоми мардуми кишвар ва сиёсатмадорони ҷаҳон мавриди пазириш қарор гирифта, то ба имрӯз қадрдонӣ мешаванд.
Ба ин муносибат олим, ориф ва муаллифи китоби “Меҳроби меҳр” марҳум Мирзо Юсуфи Фозилзода (1956-2016) ба унвони туҳфа дар партави ҳифзи озодиву оромиву ободии Ватану миллат Президенти кишварро дар шеъраш чунин тавсиф кардааст:
Эмомалӣ, ки пайи ҷашни мавлиди Нуъмон,
Талош кард хирадманду поквиҷдон аст.
Барои ваҳдати миллат талош месозад,
Гирифта дарс зи таърихи Оли Сомонаст.
Зи раҳнамуди ниёгон барои худсозӣ,
Кушода мадрасаву мактабу дабистонаст.
Худо ҳидояту тавфиқро кунад ёраш,
Ки саъи ӯ пайи таъмири Тоҷикистон аст.
Зи файзи Нуъмон дар ин диёри мо,
Ҳумои бахт ба лутфи Худо парафшонаст.
Аз ин паём ҳар озода шодмон гардид,
Чи ҳиндӣ ё чи араб ё чи турку афғонаст.
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки Институти Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба масоили дохиливу хориҷии кишвар ва нақши Президент ва сулҳу ободиву оромии Тоҷикистон пайваста бо мақолаҳо ва баромадҳо дар матбуоти даврӣ ва ВАО вокунишҳо навишта, дар пешрафти илму фарҳанги кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Мо донишмандону муҳаққиқон ва тамоми аҳолии кишварро зарур аст, то дар партави ҳамин мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистони азиз, тарвиҷу тарғиби сулҳу субот, рушди иқтисодӣ, фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо ҳамкориву ҳамзистиро тақвият бахшида, муштаракона хатару таҳдидҳои ҷомеаро бартараф намуда, аз зиракии сиёсӣ моҳирона истифода карда, Ватан, минтақа ва ҷаҳонро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ дошта муҳофизат намоем.
Мирсаид Раҳмонов,
таҳлилгар ва ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ