Муҳоҷират яке аз мушкилотҳои асосии мамолики дунё маҳсуб меёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷират бештар дар давлатҳои Ғарб, ба вижа дар Аврупо, Амрико ва Канада ба назар мерасад. То ҷое, ки коршиносони соҳа масъалаи мазкурро дар пажӯҳишҳои худ нишон доданд, зимни муҳоҷират рӯз ба рӯз бархӯрдҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба миён меоянд. Ин масъалаи муҳим ва мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, сайёраи Заминро ба таҳлука андохтааст. Зимнан қайд намудан ба маврид аст, ки ба раванди ин мушкилот ба низоми ҷаҳонишавӣ низ таъсирии худро гузошта метавонад. Роҷеъ ба ин масъала мо паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо дар яке аз давлатҳои абарқудрати Аврупо, Ҷумҳурии Федеративии Олмон (ҶФО) таҳлил намудем.
Имрӯз Олмон дар олам яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаи муҳоҷират буда, пас аз ИМА аз рӯи омори муҳоҷиратӣ, ки ба кишвар ба муддати дароз меоянд, дар мақоми дуюм меистад. Тақрибан 20 % аҳолии Олмон муҳоҷир ё наслҳои онҳо ҳастанд. Аз рӯи маълумоти расмии дафтари Федералии оморҳои Олмон, соли 2013 дар Олмон 16,5 млн. нафар муҳоҷир ва наслҳои онҳо (аз ҷумла 9,7 млн нафароне, ки шаҳрвандии Олмонро доранд) зиндагӣ мекарданд, ки 20 дарсади аҳолии онро ташкил медод. Аз ин шумора наздикии 6 млн. нафар наслҳои муҳоҷирон ва касоне, ки худ дар Олмон таваллуд шудаанд, мебошанд. То 31 декабри соли 2014 дар Олмон расман 8152968 муҳоҷир ба қайд гирифта шуд, ки шаҳрвандии хориҷиро доштанд.
Аз рӯи омори соли 2013 тақрибан 69,4 дарсади ҳамаи нафарони асли муҳоҷиридошта аз кишварҳои Аврупо буданд. Аз ҷумла, аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо-36,6%, аз кишварҳои Осиё-17,8%, муҳоҷирони Африқо -3,2 %. Дар соли 2013 кишварҳои калонтарине, ки муҳоҷирон аз он ҷо омадаанд, Туркия (12,8%), Лаҳистон (11,4), Россия (9,0), Қазоқистон (6,9), Руминия (4,4%), Италия (4,0%) ва Юнон (2,1%) буданд.
Мувофиқи оморҳои расмӣ, баъди соли 2015 тағйироти тақсимбандии муҳоҷирон дар Олмон ба назар расид. Ҳарчанд таъминкунандаи асосии муҳоҷирон ба Олмон Аврупо боқӣ монад ҳам, дар солҳои охир ҳиссаи муҳоҷирон аз кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ва Африқо низ афзудааст.
Тибқи нишондоди оморӣ дар соли 2017 тақрибан 18,6 млн. нафар (22,5% аҳолии Олмон) асли муҳоҷирӣ доштаанд. Аз онҳо 2,3% млн. нафар аслан аз Шарқи Наздику Миёна ва 740 ҳазор нафар аслан аз кишварҳои Африқо ҳастанд. Туркия мисли пештара кишвари асосии қисми зиёди муҳоҷирон дар Олмон боқӣ мемонад. Ин новобаста аз он аст, ки сол то сол ҳиссаи онҳо кам шуда истодааст.
Аз 8,1 млн. оилаҳои кӯдакдор (маълумоти соли 2013) тақрибан 2,5 млн. (31%) асли муҳоҷирӣ доштанд. Ҳамин тавр, ҳадди ақал яке аз волидайни муҳоҷир шаҳрвандии Олмон дошта, дуввуми муҳоҷири аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё Аврупои Шарқӣ омада мебошанд.
Аз рӯи маълумоти омории соли 2013 агар тақрибан 96,6% нафари асли муҳоҷиридошта дар заминҳои кӯҳна ё Берлин иқомат намоянд, танҳо 3,4%-и онҳо дар заминҳои нав зиндагӣ мекарданд. Новобаста аз ин ҳиссаи муқимони асли муҳоҷиридошта дар Гамбург 28,9% аҳолиро ташкил дода, камтарин нишондиҳанда дар Тюрингия (4,1% аҳолӣ) дида мешавад.
Калонтарин аққалияти этникӣ дар Олмон туркҳо мебошанд, ки шумораи онҳо 2,9 млн. нафарро ташкил медиҳад. Аз ин нишондод 1,7 млн. нафар шаҳрвандони Туркия ва тақрибан 1,3 млн. нафар шаҳрвандони Олмон мебошанд. Новобаста аз ин аз соли 2006 камшавии аҳолии асли туркидошта дида мешавад. Ҳамин тавр, дар соли 2012 ба Олмон аз Туркия 28 641 нафар омаданд ва 32 788 нафар тарк карданд.
Аз рӯи талаботи қонунгузории Олмон тартиби бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Олмон бо гузаштаи муҳоҷиридошта ба таври зайл ба роҳ монда шудааст. Онҳоро ба шаҳрвандони олмонии асли муҳоҷиридошта (олм. Deutsche mit Migrationshinter grund) ва хориҷиёне (олм. Ausländer), ки шиносномаи олмонӣ надоранд, ҷудо мекунанд.
Мувофиқи маълумоти дафтари Федералии омори Олмон, дар соли 2017 аз нисф зиёди нафарони асли муҳоҷиридошта шиносномаи олмонӣ доранд. Аз онҳо 33% “муҳоҷирони бозгашта”, олмониҳои баргардонидашуда аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (шаҳрвандии Олмонро дар раванди қабул аз рӯи барномаи баргардонӣ) ташкил мекунанд. Бисту панҷ дарсади онҳо шиносномаи олмониро дар асосҳои умумӣ дар натиҷаи шаҳрвандқабулкунӣ ба даст оварда, 42% аз замони таваллуд шаҳрванди Олмон (ба ин гурӯҳ кӯдакони дар Олмон таваллудшудаи хориҷиёни шаҳрванди Олмон гашта, “муҳоҷирони дер” ва хориҷиёне, ки дар Олмон муддати зиёд зиндагидошта ва шахсоне, ки ҳаққи бемаҳдуди иқомати доимидошта дохил мешаванд) мебошанд.
Тибқи маълумоти омории соли 2014 тақрибан 4,3 млн. нафар шаҳрванди Олмон ҳамчунин шиносномаи давлати дигарро доштанд. Аз ҷумла, 690 ҳазор нафар аз Лаҳистон, 570 ҳазор нафар аз Русия ва 530 ҳазор нафар аз Туркия буданд.
Дар соли 2013 112 350 афроди хориҷӣ шаҳрвандии Олмонро қабул намуданд. Аз онҳо 28 ҳазор нафар шаҳрвандони Туркия, 5,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Лаҳистон ва 4,5 ҳазор нафарро шаҳрвандони Украина ташкил менамояд. Аз рӯи маълумоти соли 2011 бисёри муҳоҷирони хориҷӣ (яъне шахсоне, ки асли муҳоҷирӣ доранд ва дорои шаҳрвандии Олмон нестанд) аз Туркия (24,4%), аз Итолиё (7,9%), аз Лаҳистон (6,2%) аз Юнон (4,1%) ва аз Хорватия (3,4%) омадаанд.
Мувофиқи тадқиқотҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Олмон имрӯз пас аз ИМА дар ҷаҳон аз рӯи нишондоди муҳоҷирони нав, ки ба Олмон ба муддати дароз, ки зиёда аз як солро дар бар мегирад (дар ин қатор донишҷуёни хориҷӣ ва коргарони муваққатӣ дохил намешаванд) дар ҷои дуюм меистад.
Тибқи маълумоти мавҷудаи оморӣ дар соли 2012 ба Олмон 400 ҳазор муҳоҷир ворид шуданд. Олмон ҳамчунин давлати писандида барои муҳоҷирати дохилиаврупоӣ низ мебошад. Тақрибан аз се ду ҳиссаи муҳоҷирони нав ба Олмон омада, шаҳрвандони кишварҳои Аврупо ҳастанд. Илова бар ин қисмати зиёдашонро шаҳрвандони Аврупои Шарқӣ ва Аврупои Марказӣ, махсусан аз Лаҳистон ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, шумораи воридшудагони муҳоҷирон ба Олмон дар соли 2012, ки дар кишвар зиёда аз як сол ҳастанд (ғайр аз донишҷӯёни хориҷӣ) ба таври зерин тақсимбандӣ шудаанд: Лаҳистон (85 ҳазор), Руминия (56 ҳазор), Маҷористон, (31 ҳазор), Юнон, (21 ҳазор), Итолиё, (19 ҳазор), Испания (13 ҳазор) ва ғ [2:1].
Аз рӯи маълумоти дафтари Федералӣ оид ба муҳоҷират ва гурезагон дар соли 2013 ба Олмон дар маҷмӯъ, 1 226.000 нафар омад, ки аз онҳо 1 108.000 хориҷиён ва 118 000 олмониҳо (ба ин гурӯҳ шаҳрвандони олмоние дохил мешаванд, ки ба Олмон баргаштанд, ҳамчунин муҳоҷирони олмонӣ, ки дар баробари ворид шудан ба Олмон ҳамон замон шаҳрвандии Олмонро ба даст меоранд). Дар ин омор ҳамаи муҳоҷирон, новобаста аз муддати иқомат ва мақсади воридшавӣ ба Олмон нишон дода шудаанд. Дар давраи аз соли 1991 то соли 2013 ба Олмон 21 млн. нафар ворид шуд ва 16 млн. нафар кам шуд. Ҳамин тавр афзоиши аҳолии Олмон аз ҳисоби муҳоҷирон 5,4 млн. нафарро ташкил намуд.
Сатҳи дониш ва тахассусии муҳоҷирон аз кишварҳои Аврупо дар солҳои охир хеле баланд шудааст, ки дар ҳиссаи зиёдшавии коргарон маълум гашта истодааст. Аз рӯи маълумоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд тақрибан 69 % муҳоҷирони аврупоӣ дар соли 2012 соҳиби кор гаштанд. Аз ин теъдод 34 % бо корҳои баландихтисос банд буданд. Миёни аҳолии аслии Олмон сатҳи ба кор банд будан ба 74 % мерасид. Аз он ҷумла 22 % аҳолӣ бо корҳои баландихтисос машғуланд. Миёни муҳоҷироне, ки аз “кишварҳои сеюм” омадаанд, танҳо наздикии 5%-аш ба муҳоҷирони меҳнатӣ рост меояд. Новобаста ба ин камшавии теъдоди муҳоҷирон аз “кишварҳои сеюм” ба Олмон ва дар тамоми Аврупо дида мешавад [3:27].
Лозим ба ёдоварист, ки фаъолияти гурӯҳҳо ва теъдоди зиёди муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон тибқи қарордодҳои байниҳукуматӣ сурат мегирад. Миёни гурӯҳҳои асосии муҳоҷирон дар Олмон зеринҳоро метавон қайд намуд:
- коргарони бурунмарзӣ (гастарбайтерҳо) дар солҳои 1955-1973 мувофиқи шартнома миёни ҶФО ва дигар кишварҳо ба Олмон воридшуда ва касоне, ки ба ватанашон бознагаштанд;
- муҳоҷирине, ки тибқи барномаи “пайванди хонаводаҳо” ба кишвар меоянд;
- муҳоҷирони олмонӣ ва муҳоҷирони дер ва ҳамчунин аъзоёни оилаҳои онҳо; - гурезагони сиёсӣ ба Олмон;
- шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо баъди қабули қонун оид ба ҳаракати озод.
Рушди иқтисодии Олмон ва қувваи кории Олмон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии давлатҳои хориҷа вобастагии қавӣ дорад. Бо сабаби рушди босуботи иқтисоди олмонӣ аллакай аз соли 1955 дар ҶФО норасоии қувваи корӣ дида мешуд ва ҳукумати Олмон соли 1955 қарор қабул намуд, ки коргарони хориҷиро ҷалб намояд. Дар давоми якчанд сол бо Итолиё (1955), бо Испания (1960), бо Юнон (1960), бо Туркия (1961), бо Кореяи Ҷанубӣ (1963) бо Португалия (1964) бо Тунис (1965) ва бо Югославия (1968) шартномаҳо баста шуданд. Дар натиҷаи ҷалби коргарон аз соли 1955 теъдоди хориҷиён дар ин кишвар аз 280 ҳазор нафар дар соли 1960-ум ба 2,6 млн нафар дар соли 1973-юм афзуд.
Дар ибтидо тахмин мерафт, ки коргарони мавсимӣ Олмонро баъди итмоми шартномаи дусола тарк мекунанд (сохтори гардиш), аммо норасоии сахти қувваи корӣ ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун ва ба аз байн рафтани он оварда расонид.
Сохтори гардиш бо нороҳатии зиёд алоқаманд буд. Зеро кадрҳои омӯзонидашуда баъди ду сол мерафтанд ва ба ҷои онҳо нафарони нав, ки барои анҷоми кор ихтисоси кофӣ надоштанд, меомаданд. Бо ҳамин сабаб аллакай дар соли 1964 ин қонун барҳам дода шуда буд ва ба коргарони хориҷӣ иҷозат дода шуд, ки дар Олмон ба муддати зиёд боқӣ монанд. Ба ғайр аз ин ба онҳо иҷозат дода шуд, ки оилаҳои худро ба Олмон биёранд. Баъди буҳрони нафтӣ дар соли 1973, ки ба иқтисодиёти ин кишвар низ таъсири худро расонид, ҷалби коргарони хориҷӣ ва пайвастани онҳо бо оилаҳояшон пурра манъ карда шуд. Аммо, одамон пеши интихоб гузошта шуданд: ё ба ватан баргарданд ва ё дар Олмон боқӣ монанд. Қисмати зиёди онҳо қарор намуданд, ки дар Олмон боқӣ мемонанд [4:1].
Соли 1953 дар ҶФО қонуне қабул карда шуд, ки ба нафарони миллати олмонидошта, ки дар ҳудуди Аврупои Шарқӣ ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ зиндагӣ мекарданд, имкон медод, ки ба ҶФО баргарданд. Ба ин гуна муҳоҷирон ҳуқуқҳои махсус дода мешуд. Ҳамин тавр онҳо хориҷӣ шуморида намешуданд ва мақоми “олмонӣ бе шаҳрвандии олмонӣ”-ро доштанд, ки онҳо аз рӯи ҳуқуқ баробар ба шаҳрвандони Олмон буданд. Ин гуна “олмониҳои мақомдор” имконияти бо як ариза бемамоният ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Олмонро доштанд. Агар дар солҳои аввали бозгашт ба ҶФО танҳо оилаҳои олмонӣ бармегаштанд, дар солҳои баъдӣ қисмати зиёди муҳоҷиронро аъзоҳои оилаи олмонӣ (ҳамсарони олмонӣ набуда ва кӯдаконе, ки забони олмониро намедонистанд) ташкил намуд. Аз соли 1993 имтиҳони ҳатмии забони олмонӣ ворид карда шуд, ки ба олмониҳои забони худро ҳамчун забони асосӣ дар натиҷаи омехташавӣ гумкарда барои бозгашт монеа шуд. Соли 2005 санҷиш барои донистани забони олмонӣ дар сатҳи пасттарин барои ҳамаи аъзои оила, ки ба ҶФО бозгаштро мехоҳанд, ворид карда шуд.
Аз соли 1950 ба Олмон ба ҳисоби умумӣ 4,5 млн. муҳоҷири олмонӣ ва аъзоҳои оилаҳои онҳо омаданд. Новобаста аз ин то охири солҳои 1980-ум афзалиётро муҳоҷирон аз Лаҳистон ва Руминия дар даст доштанд. Аз соли 1990 бошад гурӯҳи асосии муҳоҷиронро шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ташкил намуд. Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ аз кишварҳои дигари тобеи он муҳоҷирин ба Олмон ворид гаштанд. Дар соли 1990 ба ҶФО 397.073 нафар ворид гашта, муҳоҷират ба авҷи худ расид. Дар солҳои баъдӣ коҳиши оҳиста, аммо доимии шумораи муҳоҷирон ба қайд гирифта шуд. Дар соли 2000 шумораи онҳо бори аввал ҳатто ба 100 ҳазор нарасид. Дар соли 2011 ба Олмон танҳо 2148 нафар муҳоҷирин омаданд, ки ин нишондод аз ҳама пасттарин аз замони қабули муҳоҷирон дар таърихи он мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар масъалаи муҳоҷират, ки яке аз муҳимтарин масъалаҳои давлатӣ маҳсуб меёбад, пайвандгардии оилаҳо мебошад. Дар ҳоли ҳозир пайвандгардии оилаҳо аз рӯи қонунгузории муҳоҷиратии ҶФО ба тартиб оварда шуда истодааст. Ҳуқуқ барои ба ҳам пайвастани ҳамсарҳо ва фарзандони ноболиғи шаҳрвандони Олмон, (олм. Familiennachzug) ҳамчунин хориҷиёне, ки барои иқомати доимӣ дар Олмон ҳақ доранд, дода мешавад.
Ашхосе, ки шаҳрванди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нестанд ё дар фазои иқтисодии Аврупо нестанд бояд барои ба Олмон ворид шудан ҳуҷҷате дошта бошанд, ки ба онҳо иҷозати иқомат дар кишварро фароҳам созад. Новобаста аз ин, чунин ҳуҷҷатҳоро метавон дастрас намуд:
1.Visum-раводид, барои ворид шудан ва иқомати кӯтоҳмуддат иҷозат медиҳад:
2. Aufenthalseriaubnis-(дар вақт маҳдудшуда) иҷозатномаи муваққатии иқомат:
3. Blaue Karte EU-барои мутахассисони баландихтисос:
4. Niederlassungserilaubnis- корти иқоматии бемаҳдуд барои иқомат дар Олмон:
5. Erlaubnis zum Daueraufenhalt-EU-иҷозат барои иқомати дарозмуддат дар Иттиҳоди Аврупо.
Ба шаҳрвандони Швейтсария ва аъзоҳои оилаи Иттиҳоди иқтисодии аврупоӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ корти махсуси иқоматӣ (Aufenthaltskarte) дода мешавад, ки гардишӣ бемамонияти онҳоро тасдиқ мекунад.
Метавон гуфт, ки иҷозатнома барои иқомати муваққатӣ барои зиндагии минбаъда дар Олмон хизмат мекунад. Иҷозатнома барои иқомати муваққатӣ ба муддатӣ маҳдуд ба категорияҳои шахсони зерин дода мешавад:
- шахсоне, ки мехоҳанд дар Олмон таҳсил намоянд:
- шахсоне, ки мехоҳанд дар Олмон кор кунанд:
- гурезагон аз руи қонунҳои-байналмилалӣ, гуманитарӣ ё сабабҳои сиёсӣ:
- шахсоне, ки ба Олмон бо вазъи оилавӣ меоянд:
- шахсоне, ки ҳаққи иқомати дарозмуддатро дар дигар кишвари Иттиҳоди Аврупо доранд:
- хориҷиён ва собиқ шаҳрвандони Олмон, ки ба кишвар хоҳишӣ баргаштанро доранд [1:71].
Иҷозатнома барои иқомати муваққатиро инчунин, пас аз ба охир расидани муддати он метавон тамдид дод. Илова бар ин аз муҳоҷирин барои тамдиди он метавонанд талаб кунанд, ки дар курсҳои ҳамгироӣ (интегратсионӣ) иштирок намоянд.
Шаҳрвандони давлатҳое, ки аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Фазои ягонаи иқтисодӣ ё шаҳрванди Швейтсария нестанд, танҳо дар ҳолате ҳаққи кор карданро пайдо менамоянд, ки агар ин нукта дар иҷозатномаи иқоматӣ онҳо махсусан нишон дода шуда бошад. Шаҳрвандони аъзои Иттиҳоди иқтисодии аврупоӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ ва Швейтсария ҳаққи интихоби озодӣ ҷои корро доранд.
Ба иҷозатнома барои иқоматӣ бемаҳдуд хориҷиёне ҳақ доранд, ки зиёда аз панҷ сол мувофиқи иҷозатнома ва иҷрои як қатор шартҳо дар Олмон зиндагӣ кардаанд. Махсусан, номзад барои гирифтани иҷозатнома барои иқомат бояд доғӣ судӣ надошта бошад, худ ва оилаашро мустақилона таъмин намояд ва инчунин, забони олмониро дар сатҳи муайян донад. Иҷозатнома барои иқомат фавран ҳаққи кор дар Олмонро фароҳам меорад. Ба якчанд категорияҳои хориҷиён дар ҳолатҳои истисноӣ, масалан ба мутахассисони баландихтисос иҷозатнома барои иқомат бе дарназардошти муҳлати иқомат дода мешавад. “Иҷозатнома барои иқомати дарозмуддат дар Иттиҳоди Аврупо” бемуҳлат дода шуда, соҳиби он барои кор кардан ҳуқуқ пайдо менамояд. Шартҳои гирифтани ин ҳуҷҷат ба шартҳои иҷозатнома барои иқомат монанд аст. Фарқият дар он аст “Иҷозатнома барои иқомати дарозмуддат дар Иттиҳодӣ Аврупо” ба соҳиби он ҳуқуқи иқомати бемаҳдудро дар дилхоҳ кишварҳои Иттиҳодӣ Аврупо медиҳад.
Пеш аз оне, ки муҳоҷир фаъолияти кориашро дар Олмон ба роҳ монад, бояд меъёри ҳуқуқӣ бо номи “Корти кабуди Иттиҳоди Аврупо”-ро ба даст оварад. Корти кабуди Иттиҳоди Аврупо - ин иҷозатномаи маҳдуди 4 сола аст ва ба шаҳрвандони кишварҳое дода мешавад, ки соҳиби тахассуси баланд буда, ба Иттиҳоди Аврупо ва Фазои ягонаи иқтисодӣ дохил набуда, шаҳрванди Шветсария нестанд. Шарти асосӣ барои пешниҳоди “Корти кабуд” ин шартномаи корӣ бо маоши солонаи 48 400 евро мебошад (барои корҳои махсусан серталаб дар Олмон на кам аз 37 752 евро) (маълумотҳо аз 1 январи соли 2015). Ҳамсарони соҳиби “Корти кабуд” дарҳол иҷозат барои кор дарёфт мекунанд. Дорандаи “Корти кабуд” метавонад иҷозатномаи бемаҳдуди иқоматро аллакай баъди гузариши 21 моҳ дар ҳоли тасдиқи донистани забони олмонӣ дар сатҳи В1 ба даст орад.
Адабиёт:
- Миграционный кризис и формирование мусульманских общин в Европе: тенденции и последствия. 2016. М.: ИСПИ РАН., 116 с.
- В Европе придумали, как перевоспитать мигрантов [Электронный источник] Режим доступа: http://news.zborg.ru
- Ваккасова, М.В. Понятие «Иммиграции» и ее влияние на культурную безопасность Европы в работах Д. Биго // Новое слово в науке и практике: гипотезы и апробация результатов исследований. №21. – 2015. С 29-32.
- Германия сокращает пособия для мигрантов [Электронный источник] Режим доступа: http://tvzvezda.ru/
Шозиёева Г.П.,
котиби илмии Институт
Муродов Ф.,
магистранти Институт