Автор: ИИПСАЕ
(Дар мисоли тарҷумаи осори Робиндронат Такур ва дигар адибони ҳинд)
Мавриди омӯзиш қарор додани робитаҳои адабии Ҳиндустон ва Тоҷикистон барои шинохти амиқтар, муаррифии вежагиҳо, дарки тағйири арзишҳои зебоишиносӣ ва дар маҷмӯъ барои рушди минбаъдаи адабиёт мусоидат хоҳад намуд. Баррасаи паҳлуҳои гуногуни тамоюлҳои тозаи ҳунарӣ дар насри Ҳиндустон дар мисоли осори тарҷумашудаи Р. Такур аз зумраи он масъалаҳоест, ки аз назари муҳаққиқон дур мондааст ва бисёр ҷанбаҳои ҷадиди ҳунарии он ба таври боиста ба риштаи таҳқиқ кашида нашудаанд.
Бинобар ин робитаҳои адабии ин ду кишвар тамоюлҳои тозаи ҳунарии насри муосири ҳинду тоҷик дар мисоли насри Р. Такур ба нависандагони муқтадири тозаназаре тоҷик чун Бозор Собир, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Сайф Раҳим ва Муаззама Аҳмадова, ки тавассути ҳар як аз онҳо бо ибтикорот, бардошти нав аз омӯзиши адабиёти Шарқу Ғарб хусусан аз осори лирикии Р. Такур ва татбиқи ин ангезаҳо дар офаридаҳои худ, тарзу услуби хоссаи нигориш ва тафаккур, ҷаҳоншиносӣ ва салиқаи эстетикии тозае ба наср ва адабиёти муосири тоҷик ворид оварданд, шоиста ба таҳқиқи муфассали илмӣ мебошад.
Дар осори нависандагони мазкур арзишҳои гуногун аз адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва адабиёти Шарқу Ғарб омезиш ёфта, дар ин замина падидаҳои тозаи адабӣ шакл гирифта истодааст, ки бояд аз дастовардҳои насри тоҷик ба шумор раванд.
Маҳз тавассути ҷӯяндагии насрнависони навҷӯ бори аввал нигоҳи зеҳнгароёнаи суреалистӣ, носенонализм, ки Р. Такур шадидан тарафдор буд, бо тасвири воқеъгароёна омезиш ёфта, андешаҳои динию мазҳабӣ дар шинохти ҷодуӣ ва воқеӣ пайваста, таркиби тозаи адабиро шакл дода истодаанд, ки ин нукта дар насри Муҳаммадзамони Солеҳ равшан ба чашм мерасад, ки аз осори Р. Такур ва аз ақидаҳои инсонпарваронаи М. Гандӣ то ҷое бозтоби маъно дар миёни насри муосири Шарқу Ғарб ва эҷодиёти нависандагони зикршуда ғулув кардааст, ки гоҳе хонанда дар шинохти асарҳои онҳо ба пиндор як навъ такрори аз адабиёти бузурги Шарқро мебинад.
Ҳамин тавр, шинохти ҷанбаҳои тозаи адабии ин ду кишвар дар насри муосири тоҷик дар мисоли насри нависандагони баркамоле чун Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Сайф Раҳим ва Муаззама Аҳмадова ва дигарон, ки бори аввал аз диди навназарӣ ва пайвандҳои Шарқу Ғарб мавриди таҳқиқ қарор меёбад, мубрамияти таҳқиқи моро муайян менамояд.
То ба имрӯз роҷеъ ба тамоюлҳои тозаи адабии Ҳинд дар насри муосири ҷаҳон, аз ҷумла насри муосири тоҷик, аз ҷониби як қатор муҳаққиқону адибони Ғарб ва тоҷику рус аз қабили Н. И. Конрад, Г. Белая, И. С. Брагинский, А. И.Чагин, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Т. Зеҳнӣ, М. Шакурӣ, Ҳ. Раҷабов, А. Сайфуллоев, А. Набавӣ, А. Хуросонӣ, Ш. Сӯфизода, Ш. Солеҳ ва дигарон пажӯҳишҳои зиёди илмӣ рӯи кор омадаанд, ки ба сифати такягоҳ ва раҳнамо дар ин таҳқиқиқоти мо ба истифода гирифтаем.
И. С. Триполский роҷеъ ба тасвири тозаи симои зан дар адабиёти ҳинд дар мисоли асари «Регреза»-и Р. Такур, Р. Ҳабибулло оид ба масъалаи «Ҳикоя ва таҳаввулоти он дар адабиёти ҳинд», «маҷмӯи дастурҳои тасвири бадеии инсон» ва тадриҷан мустаҳкам гардидани асоси реалистии насри муосири ҳинд ва тоҷик ва зуҳури романҳои психологӣ ва тасвири олами ботинии қаҳрамон, А. Набавӣ дар бораи инъикоси рӯҳи давр, замон на танҳо дар амалиёти қаҳрамонҳо, балки дар ҳиссиёт, орзу ва омоли онҳо дар насри психологӣ дар мисоли романи «Завол»-и Р. Такур ва романҳои “Девори Хуросон”, “Сармаддеҳ” қисме аз дастовардҳои тозаи насри тоҷикро зикр намудаанд.
Дар сарзамини паҳновари ҳинд, мардоне бо андешаҳои гаронқадри башарӣ хостаанд, ки камтар касе тавони дастёбӣ ба мақоми ононро доштааст. Ҳиндустон сарзаминест, ки Робиндронат Такур (07.05.1861-07.08.1941) шоир, файласуф, мусиқидон ва наққош дар он ҷо чашм ба ҷаҳон кушодааст. Исми Робиндронат Такурро имрӯз метавон дар радифи Гёте (1749-1832) Виктор Гюго (1802-1885) аз бузургтарин сухангӯёни гузаштаву имрӯзаи ҷаҳон ба шумор овард. Зеро Робиндронат Такур шахсияти мумтозест, ки ниҳоли озодӣ ва растагории ҳинд аз гуфтаҳои шӯрангези ӯ болида гардидааст. Сурудаҳои вай дар саросари кишвари паҳновари ҳинд сари забонҳост ва аз он ҷумла суруди миллии ҳинд. Аз ин рӯ метавон Робиндронат Такурро дар дунё ба унвони яке аз бузургтарин шуарои давронаш муаррифӣ кард ва ӯ ба унвони як достоннавис, драмманавис ва мусиқидон донист. Ба таври хулоса ӯ як ҳунарманд ба мафҳуми комил ва ҷомеи ин калима дар таърих бесобиқа аст.
Аммо имрӯз бисёриҳо намедонанд, ки Робиндронат Такур дар заминаи омӯзиш ва парвариш, иқтисод, сиёсат ва масоили иҷтимоӣ саҳме дошт, ки на танҳо барои Ҳиндустон, балки барои тамоми дунё қобили қабул аст. Вусъати фикру ҳуши ӯ ва таъсире, ки дар ҷунбиши илмӣ ва адабии ҳинд дошт, ҳанӯз дар хориҷ аз Ҳиндустон хусусан дар миёни аҳли адаби Тоҷикистон дарк ва мавриди тақдири воқеӣ қарор нагирифтааст. Дар Тоҷикистон ба ҷуз осори «Завол» (1958), «Регреза» (1986), «Маҷмӯаи ҳикояҳо» (2006) ва «Гора»(2014) дигар чизе дастраси хонандаи тоҷик нагардидааст, ба ҷуз ҳикояҳои нотамом. Дигар, ҳикоя ва мақолаҳояш аслан аз забони русӣ нотамом тарҷума гардидаанд. Дар ҳоле ки муҳаққиқони Робиндронат Такур осори ӯро дорои 1000 қитъаи манзум, 2 000 тарона ва теъдоди бешуморе достонҳои кӯтоҳ ва баланд ва осори драмавӣ, мақолаҳои дар бораи мавзуоти мухталиф ва 3 000 тоблуи наққошӣ донистаанд.
Сабаби дигари пурра омӯхта нашудани осори Робиндронат Такур дар ин аст, ки исми вай барои хонандаи рус соли 1913 ва барои хонандаи тоҷик танҳо солҳои 60-уми асри гузата ошност. Аввалин тарҷумонҳои осори Робиндронат Такурро дар ҳавзаи адабии тоҷик: М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Ҳ. Ирфон, Б. Собир, Ш. Пӯлодова, Ф. Абдулло, С. Зарафшофар, Ҳ. Раҷабов, М. Усмонов, З. Раҳматуллоева, З. Афсаҳзода, С. Меҳринисо ба анҷом расониданд. Ва тарҷумонҳои мазбур танҳо осори бадеии Робиндронат Такурро тарҷума намуданду халос.
Дар ин замина метавон ёдовар шуд, ки дар таърихи инкишофи адабиёти аксар халқҳои мутамаддин ва аз ҷумла ақвоми ҳинду эронитабор нуфуз ва нақшу таъсири сиёсатҳо ва низомҳои сиёсию идеологиро, ки воқеияти рӯзгори одамонро тағйир медиҳад, кам набудааст. Аз ҷумла нуфузу нақши дудмони Оли Сомон, Салчуқиён ва Темуриёни Ҳинд дар инкишофи адабиёти форсии тоҷикӣ далели равшани таъсири мутақобилаи адабиёт мебошад. Иртибот ва ҳамтаъсирии ин ду кишвар дар рӯзгори сиёсию фарҳангии ҷомеа дар давраи нав, аз ҷумла дар садаи XX, бисёр равшан эҳсос мешавад. Ин иртибот солҳои охир яке аз мавзуъҳои муҳим ва доғи мавриди баҳси муҳаққиқони улуми инсонӣ аст. Онҳо дар сари як масъала, ногузир будани таъсири муҳити маънавию сиёсии ҷомеа ба адабиёт ва анвои дигари ҳунар, итифоқи назар доранд ва онро таҷрибаи сад соли охири инкишофи адабиёти тоҷикӣ, ки дар муҳити мафкура ва сиёсатҳои комилан ҷадид сурат гирифт, исбот месозад. Мисоли равшани ин падида ё ҳодисаи адабӣ ҷунбишҳои солҳои шасту ҳафтоди садаи XX-и тоҷик мебошад.
Дар ҳамин солҳо бо ба майдони эҷод омадани як зумра адибони тозаназар, ки дар баробари эҷодои осори адабӣ ба тарҷумаи осори адибони хориҷӣ машғул буданд, на танҳо қолаби мавҷудаи тафаккури адабӣ шикаста шуд, балки дар ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва кашфи имкониятҳои тозаи анвои адабӣ, зарфиятҳои тозаи шаклию мазмунии адабиёт ҷустуҷӯҳои муҳимму бобарор сурат гирифт, ки онҳо дар маҷмӯъ тамоюлоти асосии назму насри тоҷикиро тағйир додаву нав карданд.
Дар натиҷа адабиёт аз маҳдудиятҳои мафкуравии қаблӣ, ки муҳити адабиро зери назорати сахт гирифтан буд, нисбатан раҳо гардид. Дар ин замина метавон қайд намуд, ки таъсири осори лирикии Робиндронат Такур барои як зумра адибони навовари тоҷик нақши бориз бозидааст.
Чи тавеаре худи Робиндронат Такур иқрор мекунад:
Эрон, тару тоза ҳар гули ту,
Ҳар гулшану боғу булбули ту.
Дардода навои шодӣ бо ҳам,
Табрик намуд зодрӯзам.
Эрон, писарони пурдили ту,
К-афрохта аз гили ту.
Бо ман ба меҳр сухан биронанд,
Саводасарои хеш хонанд.
Эрон, ки бузургиву барифъат,
Ин дам ту маро фузудӣ шуҳрат.
Маънои амиқ зодрӯзам,
Бигрифт ҳамеву ин сурудам.
Орои ҷабини поки ту бод,
Эрон бизӣ нурбору озод.
(Омӯзгор. 8-май-1991. Тарҷумаи С. Зарафшонфар)
Робиндронат Такурро ду бор дар ҳаёт муяссар гардида, ки ба Эрон сафар намояд. Ӯ 70-умин солгарди баҳори умри худро аз Эрон ҷашн гирифтааст ва ҳар ду дафъа низ ба зиёрати қабри Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдӣ мушарраф гардидааст. Абёти мазбур муҳаббати Робиндронат Такур ба мардуми эронинажод бармало месозад. Ва ин муносибати Робиндронат Такур ба адибони тоҷик бетаъсир намонд. Аз солҳои 60-ум то инҷониб ҳикояҳояш кам бошанд ҳам нашр мешаванд.
Имрӯз шароите пеш омада, ки осори тарбиявиву ахлоқӣ ва сиёсиву иҷтимоии Робиндронат Такур, ки перомуни Шарқу Ғарб, озодии зан, тақлиди кӯркӯрона накардан аз Ғарб, аҳмият ба шаҳру деҳот омӯхта ва дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем.
Абдуҷалили Амон,
корманди Институт