Автор: Давлиёрова Сафаргул
Яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир таъмини рушди устувор маҳсуб меёбад. Ин масъала дар қаринаи фазои геополитикӣ мазмун ва моҳияти махсус ба худ касб намуда, ҷавҳари онро таъмини амнияти саросарӣ ташкил медиҳад. Ногуфта намонад, ки чунин рушди устувор ва амнияти саросарӣ бидуни робитаҳои густурдаи илмиву фарҳангӣ ғайриимкон мебошад. Ин аст, ки имрӯз мо ба равандҳои густурдаи ҳамгироӣ зарурат дорем. Танҳо аз ҳамин лиҳоз ва бо ҳамин роҳ мо метавонем дар минтақаи Осиёи Марказӣ рушди устувор ва амнияти саросариро таъмин намоем. Маҳз дар ин замина робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон рӯ ба инкишоф ниҳода, дар беҳтар амалӣ шудани нақшаҳои созандаи ҳамгироӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мутақобилан судмандро бо Туркманистон дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстиву бародарӣ ва шарикӣ, инчунин мавқеъгирии якҷоя оид ба масъалаҳои мубрами байналхалқӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда истодааст.
Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро аз рӯи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Туркманистон тақозо мекунанд.
Роҳбарияти Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо намоиш додааст.
Аз лаҳзаи барқарор гаштани муносибатҳо ва ҳамкориҳои гуногунҷанба таҳким ва тавсеаи минбаъдаи онҳо дар маркази диққати сарони ҳар ду давлат қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо Туркманистон муносибати худро дар самтҳои гуногун бисёр ривоҷу равнақ дода, ба дастовардҳои муҳимми сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мушарраф гардида истодааст.
Зикр намудан зарур аст, ки ин авомил боиси он гаштааст, ки сиёсати минтақавии ин ду кишвар бо назардошти ба ҳам монанд будани таҳдидҳо дар ҳифзи манфиатҳои миллии тарафайн ба ҳам наздик аст.
Аз ин ҷост, ки дар аксари чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ ин ду кишвар якдигарро дастгирӣ менамоянд. Ин нишонаи он аст, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Туркманистон на танҳо дӯст, балки як шарики муҳим, ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Қобили тазаккур аст, ки дар Туркманистон аз қадимулайём ба адабиёти форсу тоҷик эҳтиром доштанд. Асосгузори адабиёти классикии туркман - Махтумқулӣ асарҳои адибони классикии форсу тоҷик, аз ҷумла шоҳкориҳои Умари Хайёмро на танҳо дақиқкорона омӯхтааст, балки дар эҷодиёти худ истифода намуда, ба бисёр шеърҳои шоирони классикӣ низ назира ҳам гуфтааст. Дар давраи шӯравӣ хонандагони туркман бо осори Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва дигарон тавассути тарҷумаи русии онҳо ошно гардида буданд. Баъдтар повестҳои «Бухоро» ва «Мактаби кӯҳна»-и С.Айнӣ, достони «Ҳасани аробакаш» - и М.Турсунзода, достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и М.Миршакар ва дигарҳо ба забони туркманӣ баргардонида шуданд. Махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ муносибатҳои кишварҳои тоҷику туркман хусусияти сифатан навро касб намуданд.
Ҳадаф аз доир гардидани сафарҳои мутақобила ин ҳал намудани масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб муфид мебошад.
12 октябри соли 2001 дар шаҳри Ашқобод Маркази фарҳангӣ ва сафоратхонаи Эрон дар якҷоягӣ бо сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон маъракаеро гузарониданд, ки мақсади он аз баргузории чорабинии фарҳангӣ бо номи «Рӯзҳои бузургдошти Ҳофиз» буд. Ба ифтихори ин ҳодисаи муҳимми фарҳангӣ буклети хеле зебо оро дода шуда бо унвони «Ҳофизнома» интишор гардид. Буклет бо маводи рангорангу ғании ёддоштҳои мутафаккирони ҷаҳон дар бораи ин шоири бузурги тоҷик зиннат дода шудааст.
Соли 2003 Маркази фарҳангии Эрон дар Туркманистон асарҳои фалсафии Абӯалӣ ибни Синоро дар ду ҷилд ба забони русӣ ба табъ расонид. Зикр намудан боиси ифтихор аст, ки ин асарҳоро олими маъруфи тоҷик, профессор, доктори илмҳои филология Саидраҳмон Сулаймонов тарҷума кардааст ва Пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба чоп омода намудааст.
Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони сафоратхона ва олимони тоҷик оид ба тарғибу ташвиқи ҳаёт ва эҷодиёти адибону мутафаккирони форсу тоҷик дар Туркманистон кори бузургеро ба анҷом расонданд.
Нахустсафари Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2007 ба вуқуъ пайваста буд, ки дар он масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Воқеан, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Туркманистон муносибатҳои бародарона доранд. Собиқ президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов зимни баромадҳояш борҳо чунин таъкид намудааст: «Дӯстии мо аз санҷиши вақт бо сари баланд гузашта, бо таҷрибаи муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд ва самаранок дар давраи ташаккулёбӣ ва рушди истиқлолияти кишварҳоямон мустаҳкам гардидааст».
Аз ибтидо пойдевори муносибатҳои дуҷониба бо ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бо назардошти манфиатҳои ҳарду кишвар асос ёфтанд ва имрӯз алоқаи байни кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва ғ. бомуваффақият густариш меёбад. Хусусияти хоси ҳамкориҳои дуҷониба ин ҳузури ҳамешагии рӯҳияи эътимоди мутақобила, мувофиқати том ё наздикии мавқеи ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии дорои хислати аҳамияти мутақобила мебошад. Маҳз шартномаҳои байналмилалӣ имконият медиҳанд, ки низоми мураккаби муносибатҳои гуногунҷанба ба танзим дароварда шаванд.
Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санад ташкил медиҳад, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.
Барои ҳарчи зудтар муваффақ гардидан ва даст ёфтан ба ин ҳадафҳо, ҳарду ҷонибро мебояд, ки ҳарчи бештар аз пайи иҷрои онҳо шаванд.
Равобити фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор созанда аст. Дар равобити фарҳангӣ ва илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санаду созишномаҳое ба имзо расидаанд. Албатта ҳамаи ин санадҳо гувоҳ аз онанд, ки равобити фарҳангӣ ва илмиву техникии кишварҳои мазкур дар сатҳи олӣ қарор доранд.
Омӯзиши томи ташаккул ва таҳаввули равобити минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон ва Туркманистон дар замони имрӯза собит месозад, ки баъди эълони истиқлолияти ду кишвар дар таърихи тӯлонии равобит ва ҳамкориҳои ду халқи дӯст даврони сифатан нав, даврони барқарории ташаккул ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи давлатҳои соҳибистиқлол оғоз гардид.
Муносибатҳои ду кишвари бо ҳам дӯст ва шарик дар соҳаи фарҳанг дар сатҳи баланд қарор дошта, бо ибтикороти тарафайн рӯзҳои фарҳангии кишварҳо баргузор мегардад.
Соли 2010 Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, худи ҳамон сол рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мавриди таъкид аст, ки моҳи июни соли 2013 дар Ашқобод зимни оғози расмии сохтани роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Чунончи моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки теъдоди зиёди донушҷӯёни туркман дар донишгоҳҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки барои рушду равнақи муносибатҳои илмиву фарҳангӣ миёни ду кишвар “Ҷамъияти туркманҳои ҷаҳон” ташкил карда шудааст.
Дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо саҳму азми сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мебошанд, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунсамтаи тарафайн бо фарогирии манфиатҳои миллии ҷонибҳо мусоидат намуда истодаанд. Мавриди тазаккур аст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қумсангир (Дӯстӣ), Қабодиён, Шаҳритус ва Рудакӣ шаҳрвандони туркмантабор зиндагӣ доранд ва якчанд мактабҳои ба забони туркманӣ фаъолиятдошта низ арзи вуҷуд дорад. Хатмкунандагони онҳо дар макотиби олии ҳарду кишвар ҳаққи таҳсилро доранд. Ҳукумати Туркманистон барои туркмантаборони худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд мактабҳои таҳсилоти миёна сохта, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ба забони туркманӣ таъмин кардааст. Дар донишгоҳҳои кишварамон теъдоди зиёди донишҷӯёни туркман дар асоси қарордодҳои байниҳукуматӣ таҳсил мекунанд.
Дар умум метавон гуфт, ки ҳарду кишвар нуктаҳои омӯзишро дар робитаашон ёфтаанд ва чунин ҳамкориҳои судманд низ дар таҳкими минбаъдаи робитаҳои дутарафаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илм, маориф ва соҳаҳои дигари гуманитарӣ саҳифаҳои нав хоҳад кушод. Дар оянда низ ин ду кишвар ҳамкориро натанҳо дар самти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ ва савдо ба роҳ мемонанд, инчунин муносибатҳоро дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ду кишвар рушду инкишоф хоҳанд дод.
Давлиёрова Сафаргул,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Осиёи Марказии
ИОМДОА-и АМИТ