Автор: ИИПСАЕ
Решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буд. Таърих гувоҳи он аст, ки ин ду миллат дар якҷоягӣ сарзамини худро, борҳо аз ҳуҷуми аҷнабиён наҷот дода, онро аз харобазор ба гулистон табдил карда, ба насли имрӯзу фардо ва ҷаҳониён-Шоҳроҳи бузурги абрешим ва марказҳои тамаддуни худро дар симои Бухорову Самарқанд, Ҳеваю Балх, Тошканд, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор ба мерос гузоштанд.
Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими робитаҳо бо ҳамсоядавлати ӯзбек буд.
Садсолаҳои охир халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд ва ин омил низ дар ба ҳам омадани сарнавишту шеваи зиндагии онҳо бе таъсир намондааст. Иттиҳоди Шӯравӣ ин ду халқро аз нав дар ҳайати як давлат муттаҳид намуд ва барои рушди онҳо шароити мусоид фароҳам сохт. Пошхӯрии давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ боиси таъсиси давлатҳои нави соҳибистиқлол гардид. Халқҳои тоҷику ӯзбек баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои мустақили худро эълон намуданд. 1 сентябри соли 1991 Ӯзбекистон, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд. Дар сарнавишти халқҳои тоҷику ӯзбек давраи нав, давраи бунёди давлатҳои нави миллӣ оғоз ёфт. Сароғози давлатдории навин барои ҳарду халқ пешомади хушбинона ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд, ҳамзистии осоишта дарак медод. Дар аввалин суханрониҳои худ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 28 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи ХVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуда буданд: «Барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист».
22 декабри соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардид. Аз соли 1995 сафорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар шаҳри Тошкент оғоз намуд.
Аз соли 1992 то имрӯз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 111 созишнома, аҳднома, қарордод ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ илмиву фарҳангиро фаро мегиранд. Дар миёни силсиласанадҳое, ки байни ду давлат дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расиданд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 2000 ба ҳисоб мераванд.
Аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расида, аввалин Аҳдномаи дӯсти ба шумор меравад, ки Тоҷикистон бо давлати хориҷӣ баъди дарёфти Истиқлолияти давлатӣ имзо намудааст.
Дар санад «принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба аз ҷумла, эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, кӯшишҳои мутақобила ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои шарикии иқтисодӣ барои ҳарду ҷониб судманд ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам дар сатҳи субъектҳои хоҷагидории ду кишвар дарҷ шуданд.
Дар Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ «ҷонибҳо бо назардошти дурнамо барқарор кардани шакли нави муносибатҳо миёни кишварҳои минтақа,уфуқҳои ҷадиди ҳамкории давлатиро муайян намуданд ва усулҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистонро моҳиятан васеъ карданд». Дар заминаи ин ва даҳҳо санадҳои қарордодӣ ва ҳуқуқӣ Тоҷикистон пайваста мекушад, муносибатҳои ду ҳамсоякишвар дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд инкишоф ёбанд.
Аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 октябри соли 1994 сурат гирифт. Дар ҷараёни сафар «Эъломия дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба имзо расид.
4 январи соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Ӯзбекситон бори дуюм сафари расмӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни сафари расмӣ байни ду мамлакат 4 санади байниҳукуматӣ ба имзо расид. Сафари Президенти Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон такони нав бахшид ва муносибатҳо дар самтҳои гуногун фаъолтар гардиданд. Сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон У. Султонов феврали соли 1998, вазири корҳои хориҷӣ А.Комилов майи соли 1999, вазири корҳои дохилӣ З. Алматов соли 2000 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол гардидани Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, Комиссияи муштарак оид ба сарҳад ва имзо гардидани созишнома оид ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон июли соли 2000 падидаҳои мусбии ҳамкориҳои дуҷонибаи ин марҳила ба ҳисоб мераванд.
Аз 29 июн то 5 июли соли 1998 дар Ӯзбекистон рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Оғози фаъолияти сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе июли соли 1998 умеду эътимодро ба таҳаввули робитаҳои байнидавлатӣ афзуд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон 15 июни соли 2000 дар таърихи робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад. Мулоқот ва вохӯриҳои сарони ҳарду давлат аз майлу рағбати тарафҳо дар мавриди таҳким бахшидан ба раванди муносибатҳои некуҳамсоягии ду кишвар башорат медод. Идомаи мантиқии чунин сиёсат имзои «Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ» буд, ки сарони ҳарду давлат 15 июли соли 2000 имзо намуданд. «Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ» санади фаъолсозандаи робитаҳои ду кишвар ба ҳисоб мерафт, ки майлу хоҳиши ҳар ду халқҳои ҳамсоя манфиати онҳоро ифода мекард. Ҳангоми сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 27 декабри соли 2001 сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор намуд, ки «халқҳои ду мамлакати мо таърихи умумӣ доранд ва асрҳо паҳлуи ҳамдигар мезистанд… бо ҳам будан сарнавишти мост ва мо бояд бо кушишҳои якҷоя ин мушкилиҳое, ки мардумони кишварҳои мо бо онҳо рӯ ба рӯ омадаанд бартараф намоем».
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тайи бисту шаш соли истиқлолияти худ, дар асоси муносибатҳои дипломатии пайгирона мекӯшад, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сиёсати дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро пеш барад, ки ба манфиати ҳар ду халқҳост.
Бо иваз шудани роҳбарии олии ҳамсоякишвар ва Президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев муносибатҳо байни ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳоданд, ки пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати хайрхоҳона, некбинона ва дурандешонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва хусусан иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Умед аст, ки сафари давлатии дар пеш истодаи Президенти Ӯзбекистон дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар робитаҳои ду кишвар саҳифаи нав боз хоҳад намуд ва ба рушди муносибатҳои ин ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад дод.
Умедворем, ки дар рафти ин сафар пеш аз ҳама ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад:
- таъмини бехатарии сарҳадот;
- ҳамоҳангсозии ҳамкории дуҷонибаи қувваҳои сарҳадӣ ва артиши миллӣ;
- барномарезии муштарак оид ба баррасии масъалаи таъмини бехатарии сарҳадот дар Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- ба роҳ монии ҳамкориҳои дуҷонибаи башардустона;
- ба роҳ монии ҳамкорӣ бар зидди зуҳуроти номатлуб, мисли ифротгароиву терроризм;
ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
- оид ба барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ; бунёди бонки муштаракӣ ҳисоббаробаркунӣ;
- оид ба барқарор намудани қарордоди хариду фурӯши гази табиӣ;
- аз нав эҳъё намудани ҳамкори дар соҳаи туризм ва куҳнавардӣ;
- дида баромадани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ду давлат;
- ҳифзи бозори дохила дар ҳолати воридоти маҳсулот аз кишвари ҳамсоя.
ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
- оид ба барқарор намудани хатти барқи баландшидати ягонаи Осиёи Марказӣ;
- оид ба таъмини аввалиндараҷаи аҳолии Ӯзбекистон бо барқ;
- оид ба сармоягузории дуҷонибаи иншоотҳои энергетикӣ;
ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
- оид ба роҳ мондании ҳамкорӣ дар соҳаи саноати вазнин ва кимёӣ;
- оид ба истифодаи таҷрибаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи истихроҷи тилло ва металҳои ранга (нуқра, мис, қалъагӣ, рух, цинк ва боксит);
ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
- оид ба роҳмонии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди он;
- оид ба истифодаи таҷрибаи бой истеҳсоли пахта ва ғалладона;
ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон:
- оид ба вусъат додани ҳамкории фарҳангӣ;
- баргузории вохӯриҳои адибон ва нависандагони Тоҷикистон бо Ӯзбекистон;
- эъҳё намудани барномаҳои дуҷонибаи телевизионӣ;
- тақвияти марказҳои фарҳангии тоҷикон дар маҳалҳои тоҷикнишин ва марказҳои фарҳангии ӯзбекӣ дар маҳалҳои ӯзбекнишин;
- баргузории муштараки ҷашнҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ;
- номгузории дуҷонибаи хиёбон ва муассисаҳои илмӣ ба номи шахсони маъруфи ду миллат;
- боз намудани бахши тоҷикӣ дар иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон.
ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
- оид ба ҳамкори дар соҳаи барқарор намудани мактабҳои тоҷикӣ дар маҳалаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ва мактабҳои ӯзбекӣ дар маҳалаҳои ӯзбекнишини Тоҷикистон;
- оид ба муайян намудани квотаҳои давлатӣ барои донишҷуёни донишгоҳҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон;
- ба роҳ мондани чопи китобҳо ва маҷалаю рӯзномаҳо бо забон тоҷикӣ ва ӯзбекӣ;
- афзоиш додани шумораи донишҷуёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо назардошти таъмини мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо муалимон.
Шуъбаи ИДМ