Автор: Рахмонзода Азимджон Шерали
РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ
(дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Таҳлили тағйирёбӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии хусусиятҳои ниҳодҳои сиёсӣ, меъёрӣ-ҳуқуқии ташаккули ҷумҳуриро тақозо менамояд. Таҳкурсии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 9 сентябри соли 1991 гузошта шуда буд, вақте ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард. Шӯрои Олӣ парлумонҳои ҷумҳуриҳои шуравӣ ва давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро даъват ба он кард, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намоянд. Ин рӯйдод ба самти муносибатҳои байналмилалии давлат таҳкурсии мустаҳакам ниҳод, чунки Эъломия аввалин санади ҳуқуқӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ гардид, ки аз пайравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ шаҳодат медод.
Муҳимтарин рӯйдод барои мустаҳкам гардонидани усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябри соли 1994 ба шумор меравад. Мутобиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 11 – и Конститусия чунин ифода ёфтааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».
Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа чун пештара хусусияти дӯстӣ, накуҳамсоягӣ ва бидуни мудохила ба корҳои дохилии якдигарро касб менамояд, ки амнияту эътимодро дар тамоми марзҳои кишвар таъмин менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла дар масъалаҳои сарҳадӣ, энергетика ва масъалаҳои об, ба музокироту гуфтушунидҳо такя менамояд ва амнияту бехатарии минтақавиро таъмин менамояд. Дар ҳалли масъалаҳои амният ва бехатарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти созмонҳои мухталифи байналмилалӣ ва минтақавӣ такя менамояд, зеро дар шароити имрӯза дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамгироии сиёсиву иқтисодии гуногунсамта афзалият пайдо намудааст.
Таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Осиё ба шумор меравад. Ин муносибатҳо бо ирода ва талошҳои ду ҷониб то ба сатҳи шарокати стратегӣ расидаанд ва заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ фароҳам овардаанд.
Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва омодагии хешро ҷиҳати барқарор кардани муносибатҳои гуногунҷабҳа эълон намуд.
Бо туфайли кушиши дипломатӣ, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳеҷ ихтилоф ё масъалаҳои ҳалношуда, ки ба рушди ҳамкорӣ монеа эҷод созад, вуҷуд надорад. Ин ду давлати ҳамҷавор дорои марзи муштарак буда, санадҳои танзимкунандаи масъалаҳои сарҳади давлатиро бо ба имзо расониданд. Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 1996 ба имзо расида буд.
Инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан манфиатбахш бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда тамосҳои наздики вазорату идораҳои мухталифи ду кишвар аз алоқамандии ҷонибҳо ба густариши робитаҳои фарогир шаҳодат медиҳад. Яке аз мураккабтарин масъалаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ - муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ҳаллу фасли мусбии худро ёфт. Дар моҳи январи соли 2011 Протокол байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой аз ҷониби Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷат ба тамоми мушкилоти марбут ба сарҳад миёни ду кишвар нуқта гузошта, фазои эътимоду бовариро миёни ҷонибҳо тақвият бахшид.
Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, тавассути кумаки ин кишвар лоиҳаҳое амалӣ мегарданд, ки дар пешрафти иқтисоди ҷумҳурӣ аз аҳамияти махсус бархӯрдоранд. Дар ин замина пеш аз ҳама бояд аз сохтмони роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, хатти интиқоли барқ ёдовар шуд. Бо кушода шудани роҳи автомобилгард аз тариқи ағбаи Кулма шароити мусоиде барои тавсеаи тиҷорати наздисарҳадӣ, афзоиши равуои шаҳрвандони ду кишвар ба вуҷуд омадааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мунтазам дар масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба ва мушкилиҳои мубрами байналмилалӣ мубодилаи афкор менамоянд. Ҳамчунин сиёсати роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ бетағйир ва қотеъона доиман Ҷумҳурии Халқии Хитой дастгирӣ намудааст. Муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳоли рушд қарор доранд.
Нуктаи аввалини пайдоиши дусти байни ин ду халқи таърихан бузургро давраи пайдоиши Шоҳроҳи бузурги абрешим ба ҳам мепайвандад ва то имрӯз дар як фазои якдигарфаҳмӣ қарор дорад. Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба таъмини амният дар минтақа, эҳтиром ба якдигар, муқобилият ба хатарҳои ҷаҳонӣ, мустаҳкамкунӣ ва фарохшавии ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ ва сиёсӣ равона гардидаанд. Дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, додугирифти иқтисодӣ ва молиявӣ миёни ду кишвар рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар асоси боварии якдигар то рафт мустаҳкам мегардад ва албатта ҳамин боварӣ ва эътимоди якдигар сабаб гардид, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки шуруъ аз соли 2006 инҷониб қарзҳои имтиёзнокро соҳиб бигардад ва ба татбиқи лоиҳаҳои асосии инфрасохтор хусни оғоз бахшида, барои расидан ба ҳадаҳои стратегии хеш қадамҳои устувор бигузорад.
Ҷумҳурии Халқии Хитой аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро дар миёни шарикони иқтисодӣ соҳиб мебошад. Вижагии робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой сатҳи устувору пойдори ҳамкориҳои ду давлат мебошад. То имрӯз бо маблағгузории ин ҳамсояи бузург силсилаи лоиҳаҳои стратегӣ, аз қабили шоҳроҳи Чанак-Хуҷанд-Душанбе, нақбҳои Шаршар, Чормағзак, Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон» ва дигар созандагиҳо анҷом ёфтаанд.
Дар ин росто сафари расмии давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2014, ки сиёсатшиносон ин сафарро, бо таваҷҷуҳ ба тавофуқҳои бадастомада «оғози марҳилаи нав дар ҳамкориҳои ду давлат» унвон кардаанд, саҳифаи тозаеро дар робитаҳои гуногунарсаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой боз намуд.
Дар татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаҳо бо Ҷумҳурии Халқии Чин аҳамияти басо муҳим дорад. Ба дипломатияи муосири тоҷик муяссар гардид, ки дар даврони истиқлолият бо Ҷумҳурии Халқии Хитой сатҳи баланди эътимодро миёни ду кишвари ҳамсарҳад ба вуҷуд оваранд ва заминаи густурдаеро барои ривоҷи ҳамкориҳои судманди тарафайн фароҳам созад. Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз омилҳои рушди иқтисодии кишвар ва тақвияти суботу амният дар минтақа ба ҳисоб меравад. Робитаҳо миёни ду кишвари ҳамсоя хамчунин дар чаҳорчубаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ба асоси беш аз 200 созишномаҳо босуръат ҷараён мегирад.
Рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой алҳол суръат ва вусъати беназир касб карда, ба пояи муътамади қарордодиву ҳуқуқӣ такя мекунад. Яке аз санадҳои ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар он зоҳир мешавад, ки онҳо ба таври фаъол ва муваффақона татбиқ мешаванд ва робитаҳои мухталифро аз энергетикаву коммуникатсия ва сохтмон то саноати сабуку кишоварзӣ дар бар мегиранд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой имрӯз ба яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, иштирокаш дар татбиқи лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаётан муҳим тавсиаи беш аз пеш меёбад.
Имрӯз яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шумор меравад, ки ин кишвар воқеан бо он сиёсати нарми хеш як мавқеи устувор дар сиёсати байналмилалӣ касб намуда, то рафт мавқеи бузургтареро соҳиб мегардад. Ҷумҳурии Халқии Хитой кишваре мебошад ки барои рушди иқтисодаш барномаҳои мушаххаси давлати қабул менамояд ва дар асоси ин барномаҳои давлатӣ амал намуда ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад ки барномаҳои қабулшударо пеш аз муҳлати ба итмом расиданашон ба поён расонад ва ҳамин хислати Чиниҳо имрӯз сабаби он гардидааст, ки ин мамлакати осиёӣ дар як муҳлати кутоҳ ба як абарқудрат на танҳо дар Осиё балки дар ҷаҳон мубаддал гардад.
Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз шарикони боэътимод барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун яке аз кишварони узви шурои амнияти Созмони Милали Мутаҳҳид ба шумор мебошад ки аз тасмимҳои вобасти ҷиҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда Пуштибонӣ намояд ва албатта ин ҳама танҳо дар асоси эътимоди дутарафа сурат мегирад. Инчунин, дар оянда метавонад баёнгари дустию бародарии ду кишвари таърихан бузургро ба намоиш гузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст воқеан дар як давраи мушкил дар солҳои 90 – ум ва аввалҳои солҳои 2000-ум қарор дошт. Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ин давра яке аз кишварҳое буд ки ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, худро ҳамчун яке аз шарикони боэътимод муаррифӣ намуд, ки барои рушди ояндаи муносибатҳо як заминаи боэътимод гузошт.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Халқии Хитой бузургтарин хамсоя аз байни чор кишвари ҳамсояи мо шинохта мешавад ва воқеан саҳми бузург дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Ҳамзамон, барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳарчӣ бештар шарикони боэътимод ба мисли ин Ҷумҳурии Халқии Хитой пайдо намуда, хамеша дар баробари рушди иқтисод дар дигар самтҳо низ корҳоро ҷоннок намоем. Ҷалби сармоя ва вусъат додани корҳову ташкили ҷойҳои нави корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа ба ҳамгироии кишварҳои минтақа, ривоҷи робитаҳои иқтисодӣ ва дар маҷмуъ ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа мусоидат хоҳад намуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ тағйирёбӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз як сӯ идома ва дар ҳоли ташаккул қарор дорад. Аз сӯи дигар, сафари навбатии давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон уфуқҳои нави ҳамкориро дар муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар арсаҳои гуногун хоҳад кушод.
Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврпуои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих