САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШРАФТИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 31 – СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар давоми 30 соли истиқлолият на танҳо равобити судманду ҳасанаро бо мамлакатҳои хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи тоҷик, ки ба ҳифз ва арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааанд, ноил гардад ва ҳамчун як кишвари фаъоли соҳибистиқлол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Ба ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли мушкилоти муҳимми ҷаҳонӣ сиёсати хориҷии худро таҳия ва роҳандозӣ намуд. Бе ягон шакку тардид, меъмори ин тарҳи бузург Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин масир саҳми муҳим доранд. Талошҳои Пешвои миллат дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтӣ мебошад. [1]
  Пешвои миллат, 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи асноди ҳамоҳангсози муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон доштанд, ки Тоҷикистон инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.[6]
  Бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. [3]
  Тайи даҳсолаи охир бо шарофати сиёсати «дарҳои боз» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шудаанд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд.
  Сиёсати «дарҳои кушод» ба мо имкон дод, ки доираи муносибатҳоро бо кишварҳои хориҷӣ тавсиа бахшида, сафи шарикони анъанавӣ ва доимиамонро афзоиш диҳем. Дар ин росто корҳои зиёде дар пешанд ва дипломатияи иқтисодии мо бояд нақши фаъолтар дошта бошад. [5]
  Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё - Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд. Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ аъзо гардида, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.[2]
  Ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби нӯшокӣ, дар ин росто, эълон намудани соли 2003 - “Соли оби тоза” ва таҳияи барномаи дарозмуддати “Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки аз ҷониби СММ бо ҷонибдории 141 кишвар ба тасвиб расид, эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бурд. Тоҷикистон дар доираи ин барнома як силсила тадбирҳои муҳимми сатҳи байналмилалиро дар шаҳри Душанбе созмон дод, ки аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд. [4]
  Бо ташаббус ва саҳми Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои бузургеро дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуда, соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавонист ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардад ва соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуда, соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон” ба феҳристи Мероси табиии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид. [7]
  Бояд қайд намуд, ки имрӯз Тоҷикистон бо ташаббусҳо ва пешниҳодоти созандаву некбинонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ шуда, мавқеи хосро доро шуд.  
  Миллати мо тӯли солҳои аввали истиқлол рӯзҳои сангинро паси сар кард, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру хирадмандиву дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳаводис солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд.
  Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии бо эътимод бо кишварҳои шарик, ташаббус дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими сиёсатмадори волоназар – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд. [4]
  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
  Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки бо саҳми созандаву арзандаи Пешвои миллат дар тараққиёт ва пешравии ҷомеъаву кишвари азизи мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон мавқеи худро соҳиб шуда, тавонист ҳамчун давлати озоди соҳибистиқлол шинохта шавад.
  Пешвои миллат дар муддати 31 соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳаё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз мо бо шукургузорӣ аз оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ дар фазои ваҳдати миллӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти босуботи ояндаи кишвар азму талош мекунем. Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус мо ҷавонон ҳамчун ояндасози миллат бо ташаббусҳои созанда баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузорем.

                                                 Адабиёт
  1. Холиқзода А. Ғ. Пешво ва оини давлатсозӣ . – Душанбе: МН “Дониш”, 2021. 472 с.
                                      Сомонаҳои электронӣ:
  1. Валиев Давлатёр Сиёсати дарҳои боз-роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон https://www.tajmedun.tj (Санаи муроҷиат 29.05.2021)
  2. https://mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/  (Санаи муроҷиат 26.01.2022)   
  3. Мирзоев Н.М. Ба истиқболи 30 солагии истиқлолият: Бунёдгузор ва раҳнамои сиёсати муваффақи хориҷии Тоҷикистон. https://tnu.tj/index.php/tj/ (Санаи муроҷиат 08.05.2021)
  4. Мирзоев Ҳ. Сиёсати “дарҳои боз”: мазмун ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ https://osiyoavrupo.tj/ (Санаи муроҷиат 11.02. 2022
  5. Файзуллоева Н. Саҳми пешвои миллат дар рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  https://www.osiyoavrupo.tj/  (Санаи муроҷиат 18.01.2021.)  
  6. Юсуфҷонов Фаридун, Дороншоева Некбахт Дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ, https://anrt.tj/tj/khabar-o/1826 (Санаи муроҷиат 22.04.2022)
Давлатова Фарида Гулмаҳмадована
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик ва 
докторанти PhD соли дуюми Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ 
Соатова Комила Абдулмажитовна  
магистранти соли дуюми Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД