Сафари президент Байден ба Аврупо: паёмҳо ва паёмадҳо

Автор: ИИПСАЕ

Расм

 
Ҳамин чанд рӯз қабл, дар авохири моҳи октябр Президенти ИМА Ҷо Байден (Joe Biden) ба Аврупо сафари панҷрӯза анҷом дод. Ин сафар дар шароите сурат гирифт, ки авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои мухталиф дар асари оқибатҳои буҳрони маводи нафту газ ва сӯзишворӣ дар арсаи ҷаҳонӣ хеле тезу тунд гашта буд. Аз тарафи дигар, муносибатҳои байни ИМА ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар ҳамин замина ба андозаи назаррас коҳиш ёфта, муноқишаи байни ИМА ва Фаронса дар бобати қарордоди бисёрмиллиардаи марбут ба киштиҳои зериобии ҳаставии Австралия ба оташи ин ҳама ҳамдигарнофаҳмиҳо равған рехт. Ҳамчунон, Иттиҳоди Аврупо дар маҷмӯъ ва махсусан кишварҳое чун Лаҳистон ва Украина аз Ҳукумати Амрико сахт домангир буданд, ки ба иловаи иқдомҳои номақбули президенти собиқи кишвар Доналд Трамп (Donald Trump) дар бобати андози иловагӣ ба содироти оҳан ва алюминий аз Аврупо дар ҳаҷми 25%  ахиран Президент Байден чанде аз санксияҳои иқтисодии зидди Россияро перомуни лӯлаи газбари “Маҷрои Шимолӣ-2” (North Stream-2) бекор кардааст. Ва ниҳоят, мавқеи расмии ИМА дар бобати ҳифзи муҳити зист ва паст кардани шиддати иқлими саросари курраи Замин, ки бо эътироф накардани Тафоҳумномаи Париж ва хориҷ шудани ИМА аз ин қарордод ва дигар иттиҳодҳои фаромиллӣ дар даврони президент Трамп таҳти шиори “Аввал Америка” (America First) сурат гирифтанд, ба чунин фазои номусоид дар муносибатҳои ИМА ва Аврупо боис гаштанд.
Аз ин рӯ, дар доираи силсилаи мулоқотҳо ва нишастҳои расмие, ки дар ин сафар пешбинӣ шуда буданд, вазифаи ниҳоят муҳими президент Байден аз он иборат буд, ки муносибатҳои ҳасанаи анаъанавии кишвари худро бо Аврупо ба низом дароварад, сардиҳо ва адами бовар ба ҳамдигарро аз миён бардорад. Гузашта аз он, Аврупоро ҳамчун шарики асосӣ ва стратегии худ дар фаъолиятҳои байналмилалии хеш мутмаин созад.
Чунон ки мебинем, бори сафари Президент Байден ба Аврпупо ин дафъа сабук набуд. Оё ҷаноби Байден аз уҳдаи ин ҳама вазифаҳои пешбинишуда тавонист барояд? Паёмҳо ва паёмадҳои асосии ин сафар кадоманд?Оё ин сафар гардише буд дар тағйири куллии муносибатҳои байналмилалӣ дар бобати масъалаҳо ва мушкилиҳои мубрами замони муосир, аз чумла ҳалли мушкилиҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ ё на?
Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Президент Байден ҳамчун шахси диндори католик сафари худро аз мулоқот бо сарври католикҳои дунё Папа Франсис оғоз намуд. Ва ин рамзист, чун солҳои ахир дар ИМА дар партави озидиҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон корҳое сурат гирифтанд, ки чандон мақбули мардуми диндори ҷаҳон набуд, масалан, иҷозати расмии исқоти ҳамл дар ИМА, издивоҷи ҳамҷинсон аз ҷумлаи онҳоянд. Дар ин мулоқот Президент Байден, дар баробари баррасии масъалаи ҳамкорӣ дар бораи талошҳо дар заминаи эҳтиром ба шаъну шарафи инсонӣ, хотима додан ба пандемияи COVID-19, мубориза бо буҳрони иқлим ва ғамхорӣ ба камбизоатон, ба ҳама католикҳои дунё паём расонд, ки ӯҳамчун як фардаз арзишҳои аслии мазҳаби худ пайгирӣ менамояд, аммо масъулияти давлатӣ ва ҷамъиятияш метавонад аз ин мавқеи инсонии ӯ тафовут дошта бошад. Ин паём то чӣ андоза мавриди писанд ва қабули муқобилони падидаҳои номбурда қарор хоҳад гирифт, гузашти айём нишон медиҳад.
Мулоқоту нишастҳои расмии дигар, аз қабили мулоқот бо Президент Макрон ва дигар сарону сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо зери шиори “Амрико баргаштааст” (America is back) сурат гирифтанд. Чунон ки пештар ишора рафт, ахиран дар асари муноқишаи марбут ба қарордоди тиҷоратии байни Фаронсаву Австралия муносибатҳои ИМА ва Фаронса хеле сард гашт. Кор ба ҳадде расида буд, ки кишвари Фаронса расман намояндаи давлати худро аз Вашингтон боз хост, ки дар амалияи дипломатияи расмӣ ин кори андак нест. Аммо Президент Байден тавонист зимни мулоқоташ бо президенти Фаронса роҳбарити сиёсии ин кишварро мутмаъин созад, ки ИМА дар оянда дар муносибатҳояш бо ин кишвар дӯсти содиқ ва шарики стратегӣ боқӣ хоҳад монд. Чунин ранг гирифтани қазия барои ҳарду кишвар ҳам муфид аст, чун онҳо метавонанд дар иттиҳод бо ҳам бо чолишҳо ва хатарҳои даҳшатовари замони муосир, аз қабили муборизаи зидди терроризми байналмилалӣ, истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддар, таъмини амният ва фазои солим барои рушди устувор ва ғайра муваффақона ҳамкорӣ намоянд. Мусолиҳа бо Фаронса, аз тарафи дигар, паёмест ба дигар кишварҳои Аврупо, ки ИМА зери роҳбарии сиёсии Президент Байден минбаъд манфиатҳои ин кишварҳоро сарфи назар нахоҳад кард, идеология ва мавқеъгирии ИМА ва кишварҳои Аврупо тақрибан як аст.
Суханрониҳои Президент Байден дар чавкот ва ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои аъзои “Гурӯҳи 20” (G20) низ асосан ба тавсеа ва таҳкими ҳамин гуфтаҳо ва мавқеъгириҳо ихтисос дода шуда буданд. Ногуфта намонад, ки вазъи нобасомон ва печидаи дохилии кишвари Амрико, мухолифатҳои афзояндаи байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон, дар ҳамин замина авҷ гирифтани норозигиҳои шаҳрвандон ва мушкилиҳои иҷтимоии табақаҳои васеи аҳолии ИМА чунин мавқеъгирӣ ва ҳолати Байденро ҳамчун роҳбари сиёсии кишвар хеле гарон сохта буд. Аммо Президент Байден то андозае тавонист ин холигиҳоро пӯшонад, миёни ИМА ва Аврупо як пули боварӣ ба хотири ҳамкориҳои оянда бисозад. Албатта, сарони кишварҳои Аврупо боварии комил ба он надоранд, ки Байден метавонад муваффақона ин нақшаҳоро амалӣ созад, аммо омодагии худро барои чунин ҳамкорӣ ва гардиши куллӣ дар муносибатҳои тарафайн намоиш доданд. Чаро? Онҳо намехоҳанд, ки дар асари заъфи маъмурияти Байден дар интихоботи соли 2022 ҷумҳурихоҳон дар Конгресс дастболо шаванд ва чун натиҷа, баъд аз ду соли дигар, сарвари навбатии Кохи Сафед дубора Доналд Трамп ва ё шахсе ҳаммонанди ӯ гардад. Хулоса, Байден ваъда дод, ки Иёлоти Муттаҳида пас аз чаҳор соли ҳукмронии Доналд Трамп зери шиори “Аввал Амрико" ба шарики содиқ ва пешбинишавандаи Аврупо табдил хоҳад ёфт ва ин сиёсат зери шиори нав таҳти унвони “Амрико баргаштааст” анҷом дода хоҳад шуд.Аммо чунин аксуламали Аврупо ва адами бовар ба Амрико беҷо нестанд. Ҳанӯз дар оғози раёсати ҷумҳурии худ Байден муттаҳидонашро дар арсаи байналмилалӣ ноором кард ва дарҳол мавриди танқиди шадиди мухолифонаш ҳам шуд. Ин нокомиҳо ба хуруҷи бесарусомони Амрико аз Афғонистон, ҷанҷоли дипломатӣ бо Фаронса перомуни  нақшаи ИМА барои муҷаҳҳаз кардани Австралия бо киштиҳои зериобии ҳаставӣ, пайгир набудан дар сиёстаи дохилии худ роҷеъ ба ҳаллу фасли мушкилиҳои иҷтимоии дохили ИМА ва ғайра вобастагӣ доштанд. Ҳамчунон, Байден ҳампаймонҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Лаҳистон ва Украинаро бо тасмими худ дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи ширкатҳои олмонии марбут ба лӯлаи гази “Маҷрои Шимолӣ- 2” ноумед кард.
Нуктаи охирон. Ин ҳама барои ҷаҳониён, аз ҷумла барои мардумони Осиёи Марказӣ чӣ паёмадҳое хоҳад дошт? Маълум, ки ҷаҳон барои мубориза бар зидди хатарҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии замони муосир ва оянда як қадами ҷиддии мусбат ба пеш гузошт. Ба мувофиқа расидан дар бобати ҳифзи муҳити зист, иқлим, истифодаи босамари захираҳои табиӣ аз тариқи таваҷҷуҳи бештар ба нерӯҳои барқароршаванда ва “иқтисоди сабз”, муборизаи зидди  COVID-19 ва оқибатҳоион аз ҷумлаи ин иқдомҳои мусбатанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ин ҳама иқдомҳоро аз ҷумла барои он рӯи кор гирифтаанд, ки роҳи инкишоф ва нуфузи рӯзафзуни ҳарифони доимии худ – Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро боз доранд. Мухолифатҳои мавҷуда дар ин бобат наметавонанд ба зиндагии орому осоишта, амният ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир монанд. Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарураст, кидар доираи иттиҳодҳои мавҷуда, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони қарордоди амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ғайра боз ҳамзичтар муттаҳид гардида, бештар сафарбар шаванд. Аз тарафи дигар, лозим аст, ки дар идомаи сиёсати “Дарҳоибоз” фаъолиятҳоихудро бо доираи васеътари кишварҳо (“многовекторная политика”) ва тарафҳои алоқаманд барои таъмини рушди устувори минтақа вусъат бахшанд. Ин мавзӯъ махсусан дар партави изҳороти ахири Пешвои миллат доир ба Толибон ва мавқеъгирии усулии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёр ва мустақил аҳамияти бузурге касб менамояд.
 
               Сарчашмаҳо
 
  1. A Biden Trade Win in Europe //The Wall Street Journal – WSJ, November 1, 2021. https://www.wsj.com/articles/a-biden-trade-win-in-euroupe-steel-aluminum-tariffs-11635781086
  2. Back in Europe, Biden tries to show allies US is with them//Associated Press – AP, October 31, 2021. https://apnews.com/article/climate-g-20-summit-joe-biden-business-lifestyle-a568d035e775f35f8ab8b7f7e637d213
  3. Biden's looming European high-wire act //CNN, October 22, 2021. https://edition.cnn.com/2021/10/22/politics/biden-g20-rome-pope-francis-cop26-summit/index.html
  4. Джо Байден в Европе // https://ru.euronews.com/2021/10/29/eu-usa-biden-in-europe
 
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии Шуъбаи Аврупо ва Амрико,
доктори илмҳои сиёсӣ

НАЗАД