САФАРИ ПУРСАМАР

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Ё сухане чанд перомуни сафари сарвазири Корея Ли Нак Ён ба Тоҷикистон

   15-уми июли соли 2019 ҳайати баландпояи кореягӣ таҳти роҳбарии сарвазири ин кишвар Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Душанбе ташриф овард. Сарвазирро 200 соҳибкори кореягӣ ҳамроҳӣ намуданд.
    Қабл аз ҳама мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии ҷонибҳо таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Корея Ли Нак Ён баргузор гардид. Зимни музокирот ҳар ду ҳайат масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамгироии Тоҷикистону Кореяро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ки ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат тайи панҷ моҳи соли 2019 маблағи 13 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.    Сарвазир Қ. Расулзода қайд кард, ки дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфта, фаъолият доранд ва дар онҳо барои соҳибкорону сармоягузорон як қатор имтиёзҳо дода шудаанд. Фароҳамоварии имконоту шароитҳои зарурӣ мусоидат намудаанд, ки дар аксарияти ин минтақаҳо сохтмони иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷараён доранд. Ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, коммуникатсия, фарҳанг, илму маориф, обу экология таъкид доштанд. Дар анҷоми мулоқоти ҳарду сарвазир лоиҳаи Созишнома оид ба расонидани кӯмаки бебозгашт ва лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба таъсиси гӯшаи Корея ба имзо расиданд.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоти худ бо Сарвазири Корея Ли Нак Ён таъкид намуданд, ки дар муносибатҳои байнидавлатӣ заминаҳои шартномавӣ ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ иқтисодӣ фаъолияти назаррас бурда истодааст. Президент таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии Агентии Кореяро оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Фонди Корея оид ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳаҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон ҳавасманд мебошад. Сардори давлат изҳори боварӣ намуданд, ки Форуми навбатии тиҷоратию иқтисодии Точикистону Корея тадбирҳои муштаракро дар ин самтҳо таҳким мебахшад. Дар мулоқот Президент, ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ, вазъи кунунии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилиро бо Сарвазири Корея мавриди баррасӣ қарор доданд.
   Мулоқоти минбаъдаи ҳайати Корея бо иштироки узви Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ким Тэ Сонг ва ҳайати вакилони Парлумони ин кишвар бо муовини Сарвазири Ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, ки ҷонибҳо дар ҷараёни музокирот масъалаҳои вобаста ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкили Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат, кишоварзӣ, авиатсия, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳиро муҳокима намуда, ин соҳаҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ намуданд. Ҳангоми ин мулоқот ҷониби Корея зикр намуд, ки бо назардошти вазъи бозори дохилӣ дар Корея, имзои санад оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо як зумра кишварҳо мавқуф гузошта шудааст, вале ба ин нигоҳ накарда, Корея бо Тоҷикистон дар ин самт ҳамкориро ба роҳ мемонад.
   Ҷониби Корея ба Тоҷикистон пешниҳоди бурсияҳо ва ҷалби мутахассисони ҷавони точикро барои иштирок дар курсҳои омӯзишии соҳаҳои мухталиф пешниҳод намуд. Ҳарду ҷониб таъкид карданд, ки таъсиси Намояндагии доимии KOICA дар Душанбе бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Бо истифода аз фурсат, муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ба имзо расонидани Созишномаи байниҳукуматии ду кишварро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ махсус таъкид намуд.
   Зикр карда шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ҳарду давлат аз 28 апрели соли 1992 оғоз шудааст. Аз рӯзи барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Корея ба соҳаи иктисоди Т тариқи сармояи мустақим 54 млн доллари ИМА дар шакли кӯмак маблағ ворид гардидааст.
   Яке аз чорабиниҳои муҳими байни ҷонибҳо баргузории Форуми сармоягузорони ҳарду кишвар буд. Дар ҷараёни ин Форуми муштарак, аз ҷониби Корея 200 р соҳибкор ширкат намуданд ва дар рафти он 6 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаи саноати сабук, соҳаи нассоҷӣ, дӯхти либос, инчунин ниҳолпарварӣ, муҳимтар аз ҳама роҳандозии фановарӣ ба имзо расид, ҳамзамон байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Инҷони Корея дар самти ҳамкорӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Дар рафти Форум гуфта шуд, ки соҳибкорони ҳарду ҷониб бо ҳам ба қароре расиданд, ки дар ибтидои фасли тирамоҳи соли ҷорӣ боз 30 қарордоди ҳамкории дуҷониба бо соҳибкорони Корея ба имзо расонида мешавад.
   Мулоқоти дигари хотирмоне, ки барои ҳарду ҷониб ояндаи хуб ва дурнамои манфиатбахш дорад, мулоқоти раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сарвазири Корея Ли Нак Ён буд. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ ҷонибҳо санади муҳимеро ҷиҳати бародаршаҳр эълон намудани Душанбе ва Сэул ба имзо расониданд.
Чизи дигари муҳим он аст, ки Сарвазири Корея дар арафаи ташрифи худ ба Душанбе оид ба ҷудо намудани 6 млн. доллар грант барои электрификатсияи деҳаҳои дараи «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат, ки теъдодашон 4 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад, эълон намуд.
   Илова бар ин мақомоти расмии ҳарду ҷониб розигӣ додаанд, ки дар Душанбе автомашинаҳои сабукрави сохти Корея, маркаи «Кия» дар шакли қисмҳои эҳтиётӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешавад ва дар пойтахти кишварамон ҷамъу таркиббандӣ гардида, барои фурӯш пешниҳод карда хоҳанд шуд.
   Бо дарназардошти гуфтаҳои боло лозим мешуморем, ки баъзе мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳоро манзур намоем:
   а) Дар чорчӯбаи АИ ҶТ байни Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хуб мешуд, ки як институти ҳамтою мушобеҳ дар Корея пайдо шавад, то байнашон қарордоди ҳамкории илмӣ ва табодули таҷриба мавриди имзо қарор гирад;
   б) Вобаста ба ҳамкорӣ байни соҳибкорони тарафайн дар самти нассоҷӣ ва дӯхти либос, бинобар санадҳои имзошуда, имкон дорад, ки Тоҷикистон парвариши навъҳои пахтаи сафед ва маҳиннахро дар Ватан васеътар ба роҳ монад, пиллапарварии мавсимиро низ дар шароити хона фаъол гардонад, то ки барои ҳамкорӣ бо кореягиҳо заминаҳои васеътар фароҳам оварда шавад, зеро монбаъд ин гуна ҳамкорӣ ба ҳалли масъалаи бекорӣ дарТоҷикистон, ҷалби занон ба кор дар шароити хона мусоидат карда метавонад;
   в) Барои истифодаи таҷрибаи рушди илм, ихтироъкорӣ ва фановарии Корея дар шароити Тоҷикистон, масъалаи ҷудо намудани маблағи на он қадар бузургро аз буҷаи давлат дар назар дошта, вале чун дар Корея маблағгузориҳои калонро аз ҳисоби соҳибкорону сармоягузорони хусусии ватанӣ ба роҳ мондан имконпазир аст, нақшу саҳми 10 технопаркҳои Кореяро дар тараққиёти саноат, рушди илму технология ва ихтироъкориву фановарии кишвар маълум кардан ва нишон додан лозим мешавад, ки маҳз онҳо ба пешравии илму маориф, техникаю технология ва фановарии Тоҷикистон таккони ҷиддӣ дода метавонад. Масалан, Корея бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 1 триллиону 337 млрд. доллар дар соли 2013 барои рушди илму технологияҳо 40 млрд. доллар маблағи ҷудо намудааст, ки ин аз 5% бештари ММД-ро ташкл медиҳад. Албатта ҳамаи ин аз ҳисоби буҷаи давлат нест, балки аксарияти маблағ аз ҳисоби ширкатҳои хусусӣ аст. Азбаски дар Тоҷикистон барои рушди илм ширкатҳои хусусӣ ҷалб карда намешаванд, бинобар ин маблағи ҷудошаванда бисёр ночиз аст ва аз ММД Тоҷикистон, ки баробари тақрибан 60 млрд. доллар мебошад, шояд 0,01 фоизро ташкил намояд, ки он баробари тақрибан 10-15 млн доллар мешавад;
   г) Таҷрибаи ҳамкории Ӯзбекистон бо диаспораи кореягиҳоро дар кишвари ҳамсоя омӯхта, бо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Корея дар моҳи ноябри соли 2017 бояд хуб шинос шуд ва омӯхт, ки чӣ гуна дар натиҷаи он сафар 75 қарордоди ҳамкорӣ ба маблағи 8 млрд доллар ба имзо расидааст;
   д) Таҷрибаи ҳамкориҳои Қазоқистон низ бо Корея зарур ба омӯзиш аст. Масалан, зимни сафари давлатии Президенти Республикаи Корея ба Қазоқистон, моҳи апрели соли 2019 ҷонибҳо 8 ҳуҷҷати ҷиддӣ ба имзо расониданд. Дар ҷараёни сафари давлатӣ ҳарду ҷониб Форуми соҳибкорону сармоягузоронро ташкил карданд, ки дар он 500 намояндаи доираҳои соҳибкории тарафайн иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти Форум 30 ҳуҷҷати ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозӣ, тибб, инфрасохтор ва саноати хӯрокворӣ ба маблағи 3.2 млрд. доллар ба имзо расониданд. Инчунин, қарор намуданд, ки дар минтақаҳои Шимкент ва вилояти Туркистон комплексҳои истиқоматӣ барпо менамоянд, сохтмони заводи нави автомашинабарорӣ дар Алмато, корхонаи лифтсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти баққолӣ, телевизорҳо, имплантҳои тиббӣ (аз пласмасса ва металл), кушодани муассисаҳои тиббӣ ва ғайраро ба роҳ мемонанд.
   Илова бар ин ҳарду дар намоишгоҳи лоиҳаҳои сармоягузории Корея иштирок намуданд, ки дар он ширкатҳои намоёну пешқадами Корея намунаҳои саноати худро дар соҳаи илму техника, технология, ихтирооту навоварӣ (инноватсия) пешниҳод намуданд.
   Хулоса, дар моҳҳои наздик натиҷаҳои назаррас ва зарурие, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Корея татбиқи онҳоро интизор аст, метавонад саривақтӣ ва дуруст будани икдомҳои сиёсии бисёрсамтаи гирифташуда ва истифодаи дипломатияи прагматикии Ҳукумати Тоҷикистонро дар рафти сафари расмии Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон исбот намояд.
Усмоналӣ САИДАЛИЕВ,
ходими калони илмии Институт

НАЗАД