2 октябри соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
3 октябри соли 2022 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Бегоҳи ҳамон рӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду давлат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Зимни мулоқот оид ба таҳкиму тавсеаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд, робитаҳо дар самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз қабили бахши тиҷорату иқтисод, соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати сабук, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахшҳо, ки имкониятҳои зиёдро доро мебошанд, табодули андеша сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи татбиқи босамари стратегияҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи “Дидгоҳи — 2030”, ки бар нафъи мардумони ҳар ду кишвар амалӣ мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба фаъолгардонии кори Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва Шӯрои соҳибкорони ду кишвар, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зимни баррасии масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ҳамкории судманд доранд ва таъкид шуд, ки кишвари мо аз узвияти Арабистони Саудӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳайси шарики муколама, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон сурат гирифт, истиқбол менамояд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд пас аз мулоқот бо Пешвои миллат бо намояндагони ВАО суҳбат намуд.
Ба гуфти ӯ, имрӯз равобити Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба таври афзоянда рушд мекунанд. Имсол ба барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни ду кишвар 30 сол пур шуд.
Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд зикр кард, ки имрӯз зимни мулоқот дуруду паёми ходими Ҳарамайни Шарифайн ва Валиаҳдро ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин салому шодбошии роҳбарияти олии кишварро ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии ҳамкории ду кишвар расонид.
«Бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошу ҳоҳиши ҷониби Саудиро дар хусуси рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст ва равнақи ҳамшарикии мавҷуда байни ду кишвар ва, аз ҳама муҳим, имконияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиву зербиноӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор додем», — тазаккур дод Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ.
Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд таъкид намуд, ки ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди номзадии Арабистони Саудӣ барои мизбонии ЭКСПО-2030 изҳори сипос намудааст.
«Умед дорем, ки ин намоишгоҳ дар Арабистони Саудӣ роҳандозӣ мешавад ва Тоҷикистон дар он иштирок мекунад»,- гуфт дар хотимаи суҳбат Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд.
Шоистаи зикр аст, ки сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни ин кишвари бонуфуз ва муқтадири ҷаҳони араб ба кишвари мо ба шумор меравад.
Таҳияи Шаҳлохон Муродалӣ,
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик