Автор: ИИПСАЕ
Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия аз нахустин давлатҳое буданд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро барасмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.
Ҳамзамон эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ андохт. Аммо раванди бунёдкорӣ, давлатсозӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон дере нагузашта дучори бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Бар асари он ҳазорҳо тан кушта ва садҳо ҳазор хонавайрон ва тарки ватан карданд. Теъдоди гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ анқариб як миллионро ташкил мекард. Хатари парокандагӣ, тақсим ва аз байн рафтани давлат ва миллат ба миён омад. Рукнҳо ва сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буд. Дар чунин лаҳзаҳои фоҷиабор хиради азалии халқи тоҷик боло гирифт ва барои раҳои аз бӯҳрони шадиди сиёсӣ вакилони халқ чун ифодагари иродаи кулли мардуми кишвар ба иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, сохторҳои нави давлатӣ, ҳукумати нави ҷумҳуриро бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуданд. Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, роҳи дарёфти сулҳу ваҳдат ва бунёдкориву созандагиро боз намуд. Дар иҷлосия пояҳои давлатдории навин гузошта шуда, ҷӯстуҷӯи роҳҳои дастёбӣ ба сулҳ ва созиши миллӣ оғоз ёфт. Вале роҳи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар иҷлосияи Хуҷанд тарҳрезӣ гардид, басо пурпечутоб, тулонӣ ва пурмашаққат буд. Он сабру таҳаммул, аз худгузариҳо, муколама ва музокироти бардавомро тақозо мекард. Нахустин санадҳои ичлосияи XVI -Муроҷиатномаҳо ба гурезагон, ба парламенти Федератсияи Россия ва давлатҳои Осиёи Миёна, қонун дар бораи авфи умумӣ ва санадҳои баъдинаи иҷлосияи XVII Шӯрои олӣ масъалаи дарёфти роҳҳои музокироти тарафҳои даргирро баррасӣ мекарданд. Бо ибтикори ҳукумат пояҳои нахустини истиқрори сулҳ гузошта шуданд. Пояи дигари истиқрори сулҳ марбут ба ҷониби мухолифин буд. Се омили асосӣ-ҳавасмандии ҳукумат, ҳусни тафоҳуми мухолифин, миёнаравии созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои дӯст имконияти музокироти тоҷиконро фароҳам овард.
Дарки масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои имрӯзу фардо, арҷгузории манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, ташфиқу ҳамдастии созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои дӯст, тарафҳои даргири тоҷиконро ба сари мизи музокирот овард ва моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Москва гуфтушунид миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик оғоз ёфт, ки то соли 1997 ҷараён дошт. Музокирот 8 давраро дар бар гирифт, ки дар доираи он 8 мулоқот дар сатҳи олӣ бо иштироки роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик С.А.Нурӣ доир гардид. Музокирот ва мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Кобул, Ашқобод, Алмаато, Машҳад, Хосдеҳ, Бишкек баргузор гардиданд. Музокирот як силсила масъалаҳои мубрами сулҳофариро фаро мегирифт. Умдатарин масъала масъалаи дарёфти мусолиҳаи миллӣ ва ба имзо расондани аҳдномаи сулҳ буд, ки барои расидан ба ин ҳадаф гуфтушунидҳои хеле бардавом, мулоқотҳои гуногунсатҳ, дар маҷмӯъ роҳи басе пурпечубтобро тарафҳо тай намуданд.
Мулоқоти нахустини роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ 17-19-майи соли 1995 дар шаҳри Кобул бо миёнаравии президенти Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ доир гардид. Дар фарҷоми мулоқот изҳороти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик қабул гардид, ки дар он чунин омадааст: «Мо баргузории чунин як мулоқотро муфид мешуморем… Ҳангоми мулоқот ҳарду ҷониб омодагии худро ба ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини кишвар-роҳ надодан ба муноқишаи беохири миёни тоҷикон ва ноил шудан ба ҳусни тафоҳуми комили онон, таъмини оташбас алҳол барои се моҳ, бозгаштани ҳамаи муҳоҷирон ба ҷойҳои муқимии зист, эътидоли пурраи вазъи сиёсии Тоҷикистон собит намуданд. Мо изҳор менамоем, ки ҷонибҳои тоҷикон ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот, бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди худро дареғ нахоҳанд дошт.”
Мулоқоти Кобул қадами муҳим ва ҳалкунанда дар роҳи дарёфти сулҳ ба ҳисоб мерафт. Усули расидан ба он дар музокирот ва мулоқотҳои баъдина устувортар ва эътимодноктар мегардид.
Дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон мулоқоти навбатии сатҳи олӣ, ки 10-11 декабри соли 1996 дар минтақаи Хосдеҳи қисмати шимоли Афғонистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид марҳилаи ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Дар мулоқот президенти Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири мудофиа, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ширкат варзида, барои ба мувофиқа расидани тарафҳои даргири тоҷикон хеле мусоидат намуданд. Дар натиҷаи музокироти Хосдеҳ 2 санади хеле муҳим омода гардид:
1.Дар бораи танзими авзои низомӣ-сиёсии минтақаҳои доғ.
2.Созишнома ва протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои Комиссияи оштии миллӣ.
Ин санадҳо моҳият ва мақсади даври нави музокироти тоҷиконро муайян намуда, таъсиси комиссияи оштии миллӣ, мақсаду маром ва принсипҳои фаъолияти онро равшан сохта дар минтақаҳои даргири Қаротегин ва Тавилдара оташбас эълон намуд. Қабули ин санадҳо дар рафти музокирот дастоварди хеле арзишманд буда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳои такон мебахшид. Дар изҳороти муштараки Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ чунин омадааст: “Мо 10-11 декабри 1996 дар шимоли Афғонистон дар ҳузури президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва намояндаи махсуси муншии умумии СММ Г.Д.Меррем мулоқот доир намудем, ки ҳадафи он ҳалли мусаламатомези масъалаи ояндаи халқи тоҷик аст, ки тавонем мушкилоти халқи азияткашидаи тоҷикро рафъ созем ва дар мамлакат созиши миллиро пойдор намоем.”
Омилҳое, ки боиси наздик шудан ва бо ҳам омадани мавқеи тарафҳо шуд
Аввалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат ислоҳотҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҷараён гирифта, рукнҳои асосии давлатдорӣ эҳё мегардид. Қабули конститутсия, интихоботи президент ва парламент, дар амал татбиқ намудани сиёсати мусолиҳаи миллӣ, бозгардонидан ва ба манзилу замин, ҷои кор таъмин намудани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ дар дили мардум тухми умед корида, роҳу равиши ҷомеаро ба сӯи бунёди давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд муайян намуд. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ устувор мегардид. Омили дигаре, ки ба рафти ҷараёни музокирот таъсири мусбӣ расонид, тағйир ёфтани вазъи сиёсии Афғонистон буд.
Солҳои 1995-1996 ҳаракати толибон дар кишвар васеъ доман паҳн карда, неруҳои толибон қисми зиёди мамлакат ва пойтахти Кобулро ба тасарруфи худ дароварданд. Чунин сурат гирифтани ҳодиса ба вазъи боқимонда фирориёни тоҷик, ки дар шимоли Афғонистон мезистанд, хатар эҷод мекард. Омили саввум мавқеи созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои нозир буд, ки ҷараёни музокиротро назорат ва самаранокии онро тақозо мекарданд. Ин ва дигар омилҳо боиси он гардиданд, ки 27-июни 1997 дар Москва дар ҳузури намояндагони СММ, намояндагони давлатҳои нозир Афғонистон, Россия, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон Созишномаи умумии истиқрори умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Созишнома ба муқовимати ҳарбии байни тоҷикон хотима гузошт, пояи давлати тозабунёдро қавӣ сохта, барои ҳалли масъалаи сиёсӣ иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳанги роҳи фарохро боз намуд. Бо имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарзамини азияткашидаи тоҷикон сулҳи деринтизор пойдор гардид.
Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон натанҳо аҳамияти миллӣ балки аҳамияти ҷаҳонӣ низ дорад. Он ҳамчун мисоли хуби ҳаллу фасли низоҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ба ватан баргардондани қариб 1 млн. гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз аз ҷумла СММ, САҲА ҳамчун модели нодири сулҳофари эътироф гардид. Қобили қайд аст, ки музокирот миёни тоҷикон ва ниҳоят пойдории сулҳ дар кишвар бо ибтикор ва иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад ва саҳмашон ӯ дар эҷоди сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон хеле калон аст.
Дар бунёди сулҳи тоҷикон саҳми бевоситаи Созмони Миллалӣ Муттаҳид ва давлатҳои нозир ва кафил Афғонистон, Россия, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон низ хеле назаррас аст.
Имруз аз файзу баракати сулҳ халқи тоҷик баҳра бардошта дар роҳи бунёди давлати мутараққӣ ва мутамаддин қадамҳои устувор бардошта истодааст.
Ҳ. Мирзоев,
ходими хурди илмии
Институт