Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия, як кишвари африқоӣ дар минтақаи қарни Африқо воқеъ гардида, маҳсури хушкӣ буда, ба баҳр баромад надорад. Пойтахти он Аддис-Абеба (Гули нав) буда, дар таърих ин кишвар ба номи Ҳабашистон шинохта мешуд. Эфиопия дар шарқ бо Ҷибутӣ ва Сомалӣ, дар шимол бо Эритрея, дар шимолу ғарб бо Судон, дар ғарб бо Судони Ҷанубӣ ва дар ҷанубу ғарб бо Кения ҳамсарҳад мебошад. Инчунин Эфиопия бо сарбанди бузурги обанбори “Эҳё-Renaissance Dam”, дар гузашта ҳамчунин ба сарбанди “Ҳазорсола” маъруф мебошад. Ин сарбанд дар паҳлуҳои Нили кабуд дар Эфиопия сохта шудааст, ки шуруъ аз моҳи апрели соли 2011 сохтмонаш идома дорад. Дақиқан ин сарбанд дар минтақаи Бенишангул-Гумизии Эфиопия, дар 15 км сарҳади шарқи Эфиопия ва Судон ҷойгир аст. Пуркунии оби обанбор дар моҳи июли соли 2020 оғоз шуда, интизор меравад, ки анҷоми ниҳоии он аз 5 то 15 сол тӯл кашад. Аддис-Абеба, масъалаи лоиҳаи бунёди сарбанди нерӯгоҳи обии “Эҳё”-ро ҳамчун масъалаи содда ва марбут ба истиқлолияти Эфиопия дониста, бо кишварҳои ҳамсоя Миср ва Судон машварати оғози сохмони онро накардааст, ки ба ноамнӣ ва тезутунд шудани вазъи минтақа гардидааст. Инчунин Шариф Муҳйиддин - муҳаққиқи масъалаҳои фаромарзӣ, фарҳанг ва рушди устувор дар Миср ва Африқои Шимоли Марказӣ ва Шарқи Наздики бо номи Малколм Керр-Карнегӣ, таърихи ин масъаларо миёни кишварҳои минтақа ба таври васеъ низ таҳлил намудааст. Айни замон Эфиопия ба марҳилаи сеюми бунёди сарбанди нерӯгоҳи обии “Эҳё” наздик омода, музокироту гуфтушунидҳо ва кӯшишҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ аз мураккабшудани вазъ, бо мақсади дубора баргаштан ба истиқрор, амн ва суботи минтақа қадам мегузоранд. Аз ин лиҳоз, тарҷумаи мақолаи сомонаи (CNN)-и арабии Дубай, Аморати Муттаҳидаи Арабиро зери унвони «Саргузашти пурра.. Сабабҳои ихтилоф миёни Миср, Эфиопия ва Судон роҷеъ ба сарбанди “Эҳё-“и бузурги Эфиопия дар чист?» 13.08.2020 барои огоҳ шудан аз авзои минтақа дар масъалаи об пешкаши хонандагон менамоем, ки мегӯяд:
Аз музокирот, гуфтугӯҳо ва кӯшишҳову миёнаравии байналмилалӣ миёни Миср, Эфиопия ва Судон дар бораи иншои сарбанди обии “Эҳё” ва ҷадвали муддати пур кардани ин сарбанд 9 сол мегузарад. Ба сабаби ба вуҷуд омадани ихтилофи назарҳо, иттиҳоми мутақобилаи тарафҳо бо таҷовузҳои лафзӣ ба истиқлолияти кишварҳо шуда, таҳдид ба ҷони миллионҳо нафар оварда расонидааст.
Аз ин лиҳоз, ҳафтаи гузашта дар пайи ихтилофи назарҳо, музокирот миёни се кишвари истифодабарандаи об (Миср, Эфиопия ва Судон) дар масъалаи пур кардани сарбанди обии “Эҳё” дубора мутаваққиф шуда буд. Аммо охирин ҳодисаи пурсарусадо, вақте ки аксҳои фиристодаи моҳвора аз ширкати амрикоии “Maxar Technology” дар моҳи июли соли 2019 як аксеро ирсол намуд, ки дар обанбори Сарбанди обии “Эҳё”-и Эфиопия ҷамъ шудани обро нишон медод, дубора вазъро тезу тунд намуд, ки мақомоти Мисрро водор кард, аз мақомоти Эфиопия талаби тавзеҳи фаврӣ намояд, зеро кишвари Судони ҳамсоя низ он замон аз коҳиши сатҳи об дар соҳили рӯдхонааш хабар дода буд.
Акнун чунин ба назар мерасид, ки боришоти шадиди борон обанборро пур кардааст, аммо изҳороти батакрори Эфиопия дар бораи нияти пур кардани Сарбанди обии “Эҳё”, новобаста аз он ки миёни тарафҳо созиш вуҷуд дорад ё на, нигаронии Миср ва Судонро барангехтааст, зеро ду кишвар аз он нигаронанд, ки бо суръати баланд пур кардани сарбанд, ба обёрии кишварҳои онҳо таъсири амиқ хоҳад расонид. Худи ҳамон рӯз, се кишвар натавонистанд дар мавриди идомаи иҷрои ин лоиҳа ба созиш бирасанд ва даври дигари музокироти миёни онҳо ҳам барҳам хӯрд.
Сарбанди обии “Эҳё”, як лоиҳаи бузурги нерӯгоҳи барқи обии 4,5 миллиард доллар аст, ки нишондоди ҳадафи Эфиопия барои табдил ба як бозигари бузурги минтақавӣ шудан мебошад. Ҳадафи лоиҳаи сарбанд, ба пушиши 60% фоизи эҳтиёҷоти нерӯи барқи мардуми Эфиопия нигаронида шудааст, зеро ҳанӯз минтақаҳое вуҷуд доранд, ки берун аз шабакаи барқ мондаанд. Ин лоиҳа низ ҳамчун бахши як қисми нақшаи сарвазир Абий Аҳмад Алӣ барои табдил додани кишвар ба содиркунандаи асосии энергия дар минтақа равона шудааст.
Берхану Лингесу - шарики муассиси Пажӯҳишгоҳи сиёсати Африқои Шарқӣ, ба CNN гуфт, бо сабаби набудани нерӯи барқ, бисёри аз мардуми Эфиопия ба кам кардани ҳаҷми ҷангалҳо ба истифодаи ҳезум такя мекунанд. Дар ҳоле, ки 40 дарсади дигари аҳолӣ аз қатъи бардавоми барқ азият мекашанд. Ичунин ӯ илова намуд: "Ин вазъият, хеле аламовар ва душвор аст, ки мо садсолаҳо дар он зиндагӣ дорем. Мо 85% оби Нилро таъмин мекунем ва аз ин об истифода намекунем."
Аммо ҷониби роҳбарияти мисрӣ бошад, сарбанди обии “Эҳё”-и Эфиопия ба яке аз сарватҳои бебаҳои Миср таҳдид мекунад. Зеро аксари мисриҳо, ки шумораи онҳо беш аз 100 миллион нафар аст, дар атрофи водии Нил дар канори ин дарё зиндагӣ мекунанд ва ҳаёти онҳо аз оби нӯшокӣ сар карда, то саноат ва обёрӣ ба он вобаста аст.
Аҳмад Абдулваҳҳоб, як кишоварз дар ҷануби Миср ба CNN гуфт: “Падару бобоям дар канори дарёи Нил зиндагӣ мекарданд ва фарзандону наберагонам низ дар паҳлӯи он зиндагӣ хоҳанд кард”. Ӯ интизор дорад, ки бинои сарбанди обии “Эҳё”, 60% фоизи ҳосили солонаи кишоварзиашро коҳиш дода, арзиши қимати обро афзоиш медиҳад. Ҳамчунон афзуд, “мо хеле нигарон ҳастем.. ва тамоми кишоварзони дигар низ нигаронанд”.
Аммо нисбати ҷониби Судонӣ бошад, эҳтимолан, аз арзон шудани нархи нерӯи барқи сарбанд ва ҷараёни муътадили об, ки хатари обхезиро дар Судон коҳиш дода, обёриро зиёд мекунад, баҳра баранд, тибқи гуфтаи Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон. Аммо, наздикии сарбанди обии “Эҳё” ба Судон, ки дар масофаи 12,5 мил аз сарҳадаш ҷойгир аст, метавонад дар ҳолати набудани ҳамоҳанги байни ду кишвар (Судон- Эфиопия) сарбанди обии “Русайрес”-и Судонро ба хатари обхезӣ дучор кунад,
Селеши Бекеле - Вазири об, обёрӣ ва энержии Эфиопия дар изҳороташ ба CNN, гузоришҳои қаблиро, ки кишвараш ба пур кардани сарбанд оғоз кардааст, рад кард. Ҳамчунин илова намуд, ки борон сабаби ҷамъ шудани об дар он ҷо шудааст. Инчунин Бекеле гуфт, ки пуркунии фаъолонаи обанбор пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар давоми ду сол оғоз мешавад. Ҳамзамон қайд кард, ки барои гуфтушунид ҳанӯз вақти бештар вуҷуд дорад.
Таҳлилгарон ба иттифоқ расидаанд, ки обе, ки дар тасвирҳои моҳвораӣ нишон дода мешавад, ба эҳтимоли зиёд оби борон аст. Аз ҷумла Уилям Дэвидсон - таҳлилгари аршади “Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон”, ба CNN аз [Аддис-Абеба - пойтахти Эфиопия ва Иттиҳоди Африқо] гуфт: “ҳоло сарбанд дар марҳилаи пешрафтаи сохтмон қарор дорад, зеро ба сабаби боронгариҳои мавсимӣ дар паси дарёи Сарбанд, ин боришот ба эҷоди як манбаи дастгирии табиат табдил ёфтааст”.
Мудирияти дарозтарин дарёи ҷаҳон
Тааҷҷубовар нест, ки идоракунии оби Нил як кори печидааст. Зеро ин дарё ба масофаи бештар аз 6,650 км тӯл кашида, аз 11 мамлакат мегузарад. Ҷараёни дарё оғоз аз кӯли Тана дар Эфиопия, ба дарёи Нили кабуд, ки онро бо 80% фоизи об таъмин мекунад, бо Нили сафед дар Хартум вомехӯрад ва сипас ба самти Миср ҷорӣ мешавад.
Аксари муколамаҳо ҳоло дар атрофи ҷадвали замонии такмили сарбанд, суръати пур кардани обанбор ба мақсади коҳиш додани таъсири хушксолии кишварҳои ҳамсоя дар оянда таҳдид мекунад, сурат мегиранд. Ҳоло музокирот барои парешон кардани нигарониҳо, чӣ гуна ин хатар кам карда шавад, пешбинӣ шудааст. Эфиопия дар аввал пешниҳод карда буд, ки сарбанд дар давоми 3 сол пур карда шавад, дар ҳоле ки Миср талаб карда буд, ки муҳлати он аз 10 то 15 солро фаро гирад. Аммо Ҳафса Ҳалова - пажӯҳишгари Пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна дар Вошингтон, ба CNN гуфт, ки барои пур кардани сарбанд дар зарфи ҳашт сол, як тавофуқи шифоҳӣ баста шудааст.
Нигаронии Миср аз таъсири пур кардани босуръати обанбор ба камбудии саҳми худ дар оби Нил ҳарос дорад. Ин нигарониро Муҳаммад Абдулатӣ - вазири пешини обёрии Миср, дар соли 2018 ба Би-би-сӣ баён карда буд, ки 2% фоизи коҳиши оби Нил боиси аз даст додани 200 000 гектари кишоварзӣ ва тақрибан як миллион ҷойҳои корӣ мешавад. Аммо таъсири дақиқи сарбанд ба ҷараёни оби Нил то ҳол норавшан боқӣ мондааст.
Ба сабаби ихтилофи назарҳо се кишвар ба созмоне, ки таҳқиқоти муҳити зистро меомӯзад ва ваколатҳое, ки ба тадқиқотчиён дода мешаванд, то чӣ андоза натиҷаҳо ҳатмӣ хоҳанд дод, натавонистанд ба мувофиқа бирасанд. Пас аз он саволе ба миён меояд, ки агар минтақа ба муддати тӯлонӣ ба хушксолӣ дучор шавад, чӣ иттифоқ меафтад!
Бо мавсими боронгариҳои шадид ва созишномаи аввалия дар бораи ҷадвали муҳлати пур кардани сарбанд дар давоми 8 сол, ҳеҷ мушкилии фаврӣ вуҷуд надорад. Аммо Қоҳира аз ҳар гуна хушксолӣ дар оянда ва дигар лоиҳаҳо, ки метавонанд ба ҷараёни оби Нил монеъ шаванд, нигарон аст.
Вилям Дэвидсон гуфт, Эфиопия мехоҳад, ки ҳар як тараф масъулиятро барои коҳиш додани оқибатҳои хушксолии худ ба дӯш гирад. Мисли он ки Миср дар чунин ҳолат, метавонад захираи обии сарбанди “ас-Сад ал-олӣ”-и минтақаи ал-Асвони ҷануби Мисрро истифода барад. Ва илова намуд, ки “Эфиопия инчунин мехоҳад, ки ҳангоми ба миён омадани чунин мушкилот, бе ягон созишномаҳои қаблӣ, аз қабили озод кардани миқдори муайяни об аз обанбори “Эҳё” ҳангоми хушксолӣ, бидуни ӯҳдадорӣ ҳал кунад”.
Ҳалова бар ин бовар аст, ки “нуқтаи баҳс дар он аст, то дар оянда чӣ илова мешавад” ва ба гуфти ӯ “Эфиопия музокиротро ҳамчун як роҳи созиш барои пур кардан ва ба истифода додани сарбанди Эҳё мешуморад, на ҳамчун як масъалаи амнияти об ва созишнома дар бораи ҳиссаи об, чуноне ки Миср онро баррасӣ мекунад, ин ихтилофи муҳим аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ва техникӣ аст”.
Созишномаҳо аз "давраи зери мустамликавӣ"
Созишномаҳое, ки солҳои 1929 ва 1959 имзо шуда буданд, ба Миср ва Судон ҳиссаи бузурги обҳои Нилро дода буд.
Дар ҳоле ки Эфиопия ин созишномаҳоро ҳамчун “созишномаҳои замони мустамликадорӣ” рад карда, дар соли 2010 бо 6 кишвари ҳавзаи Нил барои бозпас гирифтани вето аз Миср ва Судон алайҳи таъсиси лоиҳаҳи бунёдӣ дар рӯдхонаи Нил қарордод имзо кард.
Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ - Раисиҷумҳури Миср соли гузашта дар Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд: “Мо ҳуқуқи Эфиопияро барои рушд эътироф мекунем, аммо обҳои Нил масъалаи ҳаёт ва наҷоти Миср аст”.
Дар аввали соли ҷорӣ Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба умеди дастёбӣ ба тавофуқ ба миёнҷигарии Амрико такя кард, аммо Эфиопия аз музокирот даст кашид ва иддао кард, ки тавофуқномаи пешниҳодкардаи Вошингтон пешниҳодҳоро ба нафъи Қоҳира анҷом дода, масъалаи ихтилоф роҷеъ ба коҳиши хушксолиро дар бар мегирад.
Дар як пажӯҳиши Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон гуфта шудааст, ки “Аддис-Абеба эътироз кард, ки ин созишнома онро вазифадор мекунад, ки оби обанборро дар сурати рух додани хушксолии тӯлонӣ ба сатҳи ғайри қобили қабул холӣ кунад ва қонунан вазифадор аст, ки сарбанди обанборро бидуни расидан ба созиш, пур накунад”.
Фитсум Арига - сафири Эфиопия дар ИМА гуфт, ки кишвараш “Ҳеҷ як созишномаеро имзо нахоҳад кард, ки боиси даст кашидан аз ҳуқуқи истифодаи обҳои дарёи Нил шавад”.
Иттиҳоди Африқо бо пайгирии Шӯрои Амнияти СММ дар моҳи июн як талоши дигаре ба сари мизи гуфтушунид овардани се кишварро роҳбарӣ намуд, аммо то ҳол созиш ба даст наомадааст.
Лоиҳаи ваҳдати миллӣ
Дар Эфиопия, муваффақияти лоиҳаи сарбанди бузурги “Эҳё”-и Эфиопия на танҳо барои таҳкими нақши Аддис-Абеба дар минтақа, балки барои муттаҳид кардани миллате, ки дар натиҷаи хушунати этникӣ аз ҳам ҷудо шудааст, зарур аст.
Дар авоили моҳи июли гузашта, даҳҳо нафар аз эфиопиягиҳо дар ҷараёни тазоҳуроти густурда, ки бар асари марги Ҳашалу Хундеса – овозхон, фаъоли сиёсӣ ва яке аз рамзҳои калонтарини мардуми Оромо, ки гӯё аз лиҳози сиёсӣ ба ҳошия гузошта шудааст, кушта шуданд.
Мунаққидон Абий Аҳмад – нахуствазири Эфиопияро ба нотавонии пешгирии хушунатҳои кишвараш ба он муттаҳам мекунанд, ки бо вуҷуди дар соли 2019 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуданаш барои нақши ӯ дар хотима додан ба ҷанги 20-солаи шаҳрвандии байни Эфиопия ва Эритрея, аз хушунатҳои қавмӣ дар кишвараш ҷилавгирӣ накардааст.
Лоиҳаи сарбанди “Эҳё” мояи ифтихори миллӣ гардид, зеро ин сарбанд аз ҳисоби вомбаргҳои 20% ва 80% фоизии пули андозсупорандагони Эфиопия худмаблағгузорӣ карда мешавад. Сарбанд дар муттаҳидсозии кишвар муваффақият нишон дод ва тамғакоғази (#Ин сарбанди ман) моҳи гузашта дар сайти Твиттер дар Эфиопия ба кор даромад.
Аддису Лашитию - муҳаққиқ ва корманди Барномаи Байналмилалии Иқтисод ва Рушди Институти Брукингс, ба CNN гуфт, “Сарбанди Эҳё як тарҳи миллӣ аст, ки пуштибонии ҳукумат, мухолифон ва мардумро ба даст овардааст. Он ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи Эфиопия ҳисобида мешавад, зеро он бо пули Эфиопия сохта шудааст”.
Манбаъ: Шабакаи ахбори арабӣ (CNN)
Дубай, Аморати Муттаҳидаи Араб
Саргузашти пурра.. Сабабҳои ихтилоф миёни Миср, Эфиопия ва Судон роҷеъ ба сарбанди “Эҳё-“и бузурги Эфиопия дар чист?
القصة الكاملة.. ما أسباب الخلاف بين مصر وإثيوبيا والسودان حول سد النهضة؟
https://arabic.cnn.com
13.08.2020
Таҳия ва тарҷума аз арабӣ:
Абдуҳалим Одинаев,
ходими пешбари илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик