Сарвазири Полша Иттиҳоди Аврупоро дар таҳдид (шантаж) муттаҳам кард

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Сарвари Ҳукумати Полша бартарияти қонуни миллиро бар қонунгузории Иттиҳоди Аврупо муҳофизат мекунад.
Сарвазири Полша Матеуш Моравески дар қаринаи баҳсҳо оид ба бартарияти қоидаву қонунҳои миллӣ бар қонунгузории Иттиҳоди Аврупо ин иттиҳодро ба таҳдид (шантаж) айбдор намуд.
Ба ҳамин муносибат Раиси Ҳукумати Полша Моравеский рӯзи сешанбеи 19 октябр зимни суханронӣ дар порлумони Аврупо дар Страсбург гуфт: "Ман розӣ нестам, ки сиёсатмадорон мехоҳанд Полшаро таҳдид (шантаж) ва таҳқир кунанд". Даъво ба номувофиқатии эҳтимолии конститутсияи ҷумҳурӣ бо қонунгузории Аврупо дахл дорад.
Суди конститутсионии  Полша рӯзи панҷшанбеи 7 октябр принсипи қонунгузории мазкурро бо қонунҳои Иттиҳоди Аврупо эътироф кард. Муқаррароти алоҳидаи қонунгузории Иттиҳоди Аврупо бо Конститутсияи Полша мувофиқат надоранд, қарор дод суд. Ба гуфти онҳо, узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо ба мақомоти ИА бартариятро дар арсаи додгоҳӣ намедиҳад ва маънои соҳибихтиёрии он аз ҷониби Варшаваро надорад.

Комиссияи Аврупо метавонад қарори Додгоҳи конститутсионии Полшаро мавриди баҳс қарор диҳад

Қарори мазкур аз тарафи мақомоти роҳбарикунандаи Иттиҳоди Аврупо мавриди танқиди шадид қарор гирифт. "Мо наметавонем ва намегузорем, ки арзишҳои муштараки мо зери хатар бошанд. Комиссия фаъолиятҳояшро дар ин бобат идома хоҳад дод. Ва шумо аз ин гапҳо хабар доред",- гуфт раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен дар ҷаласаи Парлумони Аврупо.
Ба гуфтаи вай, Иттиҳоди Аврупо метавонад ба таври қонунӣ қарори Додгоҳи конститутсионии Полшаро мавриди баҳс қарор диҳад, механизми маблағгузории шартӣ ва дигар механизмҳои молиявиро истифода барад ё моддаи 7-и Паймони Иттиҳоди Аврупоро истифода барад, ки изҳороти таҳдиди вайронкуниро дар назар дорад. Дар чунин маврид изҳорот қарор қабул кардан мумкин аст, ки муомилоти муайяни ин давлатро боздорад.

Парлумони Аврупо ният дорад, ки механизми волоияти қонунро истифода барад

Дар ҳамин ҳол, вакилони парлумон мехоҳанд аз механизми ба истилоҳ волоияти қонун истифода кунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, то тақсимоти маблағҳои ИА дар сурати сӯиистифодаи ҷиддии буҷаи блок ва маблағ барои барқароршавӣ аз пандемия боздошта шавад.
Дар ИА механизми волоияти қонун аз аввали соли 2021 амал мекунад. Он ҳуқуқи Комиссияи Аврупоро дар бораи коҳиши ҷудо кардани маблағ аз буҷаи умумӣ ба он кишварҳое пешбинӣ мекунад, ки дар он ҷо хатари истифодаи нодурусти пул бинобар вайрон кардани волоияти қонун вуҷуд дорад.
 
Тарҷума аз сомонаи расмии DEUTSCHE WELLE https://www.dw.com/ru/premer-ministr-polshi-obvinil-evrosojuz-v-shantazhe/a-59546902

Ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико
Юсуфӣ Ф.Ш.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

НАЗАД