Шаҳодатномаи иқболи тоҷик

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   “Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт”.

Пешвои миллат, муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон

   Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранчкашидаи тоҷик соҳибистиклол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар овохири асри 20-ум ба даст омад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистон овард.

    Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

   Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Тусунзодаву Айнӣ, Рӯдакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад.

   Ин кишвар макони бузургону сарзамини фарҳангдустон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст.

   Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мубурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси мусалмон ва Ватандуст боши маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.

   Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки барои шуҳратёру шуҳратманд гардидани  Тоҷикистонхизматҳои арзанда кардаанд. Аммо имрӯз на ҳама кас ба қадри ин нозу неъматҳо мерасанд. Хиёнаткорони Ватан дар ҳамадавру замон буданд ва имрӯз ҳам боқи мондаанд, ба монанди Назарзода Абдуҳалим, роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ба монанди ин гуна шахсон садҳо нафарро қайд кардан мумкин аст, ки ба Ватану миллати худ хиёнат кардаанд.

   Мардум имрӯз бояд донанд, ин сулҳу ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Соли 1992 мардуми тоҷик рузҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Ин чӣ рӯзи сияҳ ба сари мо омад!? Ҷаҳолат, зулмот,бесарусомонӣ истибдод, кӯштор, шармандагӣ. Оре, барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо бадбахтие, шармандагие аз ин бештаре намешавад. Бародар бар сари бародар теғ мекашад Падар сӯи писар оташ мекушод. Мардумро ба маҳалу минтақаҳо ҷудо намуданд. Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромуш нахоҳад шуд.

   Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.

   Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем. Хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ хело калон аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ пешниҳодоти хело муфидро манзур сохтанд, ба монанди эълон кардани солҳои 2005 – 2015 соли “Об манбаи ҳаёт” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки ин ҳам ифтихори тоҷикистониён аст.

   Имрӯз ҳар яки мо чун як фарди Тоҷикистони бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эьтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст, дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, корхонаҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

   Тоҷикистон дорои фарҳанги бойу ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, расомӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – ро Соли “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам чун эҳтиром ба фарҳанги мардумӣ ва ҳифзи ҳунарҳои бостонии аҷдодон мебошад.

   Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони истиқлолият ба мардум қуввату нерӯ, тавонои бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.

   Самараи неки истиқлол аст, ки имруз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист. Мо бояд барои рушду такомули ин миллати баруманд аз дилу ҷон талош варзем.

   Тоҷикистони азиз имсол 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифт.

   27 соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир

   27 соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву сулҳу ваҳдат

   27  соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно

   27 соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф

   27  соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ

   27  соли комгор дар таъмир ва аз навсозии роҳҳои кишвар

   27  соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар.

   Ҷашни истиқлол муборак, Тоҷикистони азиз!

 Ҳабибҷон Мирзоев,

корманди Институт

НАЗАД